Главная / Чамъият / Ситонидани таъминоти гаравии манкул

Ситонидани таъминоти гаравии манкул

Таъминоти гаравии манкул дар се холат ситонида мешавад:

      а) Агар карзгиранда бо тартибу интизоми худ нишон медихад, ки у ният надорад бо бонк хамкори намояд;

    б) Агар дар рафти мониторинги тичорат ва хочагии манзилии карзгиранда, эксперти карзи бовари хосил менамояд, ки батаъхирафтии карзи мазкур хатарнок мебошад ва гуфтушунидхои минбаъда барои пардохтани карз натичахои дилхох намедиханд;

amvol-sitonidan

    в) Агар карзгиранда созишномаи навро, ки аз руи натичахои мониторинги фавкулодаи кабли мувофика шудааст, риоя накунад.

Дар ин мархила эксперти карзи набояд бо карзгиранда бахсу мунозира кунад, у бояд танхо равад ва дар доираи шартномахои бо карзгиранда басташуда ва конунгузорихои амалкунандаи Чумхурии Точикистон, таъминоти гаравии манкулро ситонад.

Ситонидани гарав бояд дар чояш, бо Санади кабул ва супурди амволи ба гарав гузошта шуда, ки дар он руйхати ашёхои дода шуда истода, нишонахои фарккунандаи он, халоти ашё, аз ки ба ки ашёхо супорида мешаванд,  барасмият дароварда шавад. Чониби дода истода (гаравдех) ва чониби кабул карда истода (Бонк, дар шахси эксперти карзи ва дигар корманди он) дар ин Санади кабул ва супурд имзо мегузоранд.

Хангоми ситонидани амволи ба гарав гузошта шуда, бояд хадди акал ду корманди бонк – эксперти карзи, ки ба сандуки карзии  у ин карз дохил аст ва корманди дигари вохиди амалиёти / Саридораи Бонк, иштирок намоянд.

Ба таври расми ситонидани таъминоти гаравии манкул, танхо маънои тагйир ёфтани чои нигахдории ашёхои ба гарав гузошташударо дорад. Ашёи ба гарав гузошташуда аз махалли нигахдории карзгиранда (манзили истикоматии карзгиранда, махалли тичорати у ва гайра) барои нигахдори ба бинои Ташкилот мегузарад.

Санади кабул ва супурд дар ду нусха барасмият дароварда шуда, як нусхаи он ба парвандаи карзии карзгиранда духта шуда, нусхаи дуюмаш ба шахси гаравдех дода мешавад.

Фуруши ашёхои гарав,  ба хисоби пардохти карзи батаъхир афтода, баъд аз кабул гардидани карори дахлдори Кумитаи карзи, дар мархилаи нисбатан дертар, бо риоя намудани тартиботи дар Ташкилот амалкунанда ва конунгузорихои Чумхурии Точикистон, сурат мегирад.

Ташкилот хукук дорад амволи манкули гаравро (яктарафа, бе ризоияти карзгиранда / гаравдех), танхо баъд аз сипари шудани 20 рузи таквими, аз рузи пешниход намудани Огохинома доир ба масъалаи мазкур ба гаравдех ва карзгир, фурушад.

Фурухтани амволи ба гарав гузошташуда

Амволи ба гарав гузошта шударо метавон бо ду рох фурухт:

а) Бо рохи мувофика намудан бо карзгиранда:

– Дар ин холат ё карзгиранда ё худ ташкилот, ё харду харидори эхтимолиро пайдо менамоянд ва чонибхо шартхои фурушро мувофика намуда, ашёхои ба гарав гузошта шударо мефурушанд. Далели фурухта шудан – хардори шудан, бояд ба таври зарури дар Санади харид – фуруши амволи манкули ба гарав гузошта шуда барасмият дароварда шавад, ки дар он гаравдех ба сифати фурушанда ва шахси ашёро харида, ба сифати харидор баромад мекунад.

–  Дар холате, ки карзгир / гаравдех дар чараёни фурухтани ашё иштирок кардан намехохад, пас у бояд ба таври хатти, бо гузоштани имзо, барои фурухта шудани ашёхои мазкур, бо нархи мувофикашудаи хадди акал, розигияшро дихад.

– Маблагхои воридшаванда, бо тартиби зерин барои чуброн намудани харочотхо аз руи фуруши гарав (чойгир намудани эълонхо дар рузномахо, аз чое ба чое бурдан ва гайра), барои пардохти фоизхои чаримави, фоизхои мухлатнок ва карзи асоси, равона карда мешаванд.

б) Ба таври мачбури, бе розигии гаравдех.

– Шартномаи карзи ва Шартномаи гарав, ки миёни Ташкилот ва карзгир / гаравдех баста шудаанд (дар доираи конунгузорхои Чумхурии Точикистон), имконият медиханд, ки таъминоти гаравии манкул, бо тартиби гайрисуди фурухта шавад.

– Дар чунин холат, Ташкилот метавонад баъд аз гузаштани бист рузи таквими, аз лахзаи ба карзгир ва гаравдех пешниход намудани Огохинома доир ба фуруши гарав, вобаста ба фуруши амволи манкули ба гарав гузошта шуда, тадбирхо андешад.

– Маблагхои воридшаванда, бо тартиби зерин барои пардохтани харочотхо аз руи фуруши гарав (чойгир намудани эълонхо дар рузномахо, аз чое ба чое бурдан ва гайра), барои пардохти фоизхои чаримави, фоизхои мухлатнок ва карзи асоси, равона карда мешаванд. Дар холати ризо нашудани карзгиранда бо тартиби фуруш ё мусодира намудани гарав, барои кумак ба Мудирияти хукук мурочиат намудан зарур аст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …