Главная / Чамъият / Сирри маълумот (сирри андоз)

Сирри маълумот (сирри андоз)

Моддаи 93-и Кодекси Андоз. Сирри маълумот (сирри андоз)

  1. Макомоти андоз, агентхои андоз ва кормандони онхо (дар давраи кор ё баъди аз кор озод шудан) вазифадоранд, ки сирри хама гуна маълумотро оид ба андозсупорандагон (ба истиснои маълумот дар бораи раками мушаххаси андозсупоранда ва дигар маълумоти вобаста ба бахисобгирии андозсупорандагон), ки хангоми ичрои ухдадорихои мансабиашондастрас намудаанд, пинхон нигох доранд.
  2. Макомоти андоз ва агентхои андоз хукук доранд маълумотро оид ба андозсупоранда тибки тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати танхо ба шахсони зерин пешниход намоянд:

-ба дигар кормандони макомоти андоз бо максадхои ичрои ухдадорихои мансаби;

-ба макомоти хифзи хукук бо максадхои тибки конун санчиш намудани шахсе, ки конунгузории андози Чумхурии Точикистонро вайрон намудааст ё чиноят содир кардааст;

-ба судхо дар рафти баррасии парванда оид ба муайян намудани ухдадорихои андози андозсупоранда ё чавобгари барои содир намудани хукуквайронкунии андоз;

-ба макомоти андози дигар давлатхо мутобики санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон;

-ба макомоти молия дар хамон хачме, ки барои ичрои конунгузори оид ба бучет зарур аст;

-ба макоми ваколатдори давлати оид ба корхои хизмати давлати нисбат ба шахсоне, ки ухдадоранд оид ба даромадхояшон эъломия пешниход намоянд;

-ба макомоти гумрук барои татбики конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон, инчунин ба макоми ваколатдоре, ки мутобики Кодекси мазкур барои максадхои амали намудани андозбанди дорои хукуки ситонидани андозхо мебошад.

  1. Шахсоне, ки мутобики кисми 1 хамин модда маълумот гирифтаанд, тибки тартиби мукарраргардида нигох доштани сирри онро таъмин менамоянд.
  2. Хисоботи андоз ва хамагуна дигар хуччатхо, ки дар чараёни фаъолияти макомоти андоз ташкил мешаванд (парвандахои шахсии андозсупорандагон, санадхои санчишхои андоз, огохиномахо ва дигар хуччатхои барои амали намудани назорати андоз зарур), наметавонанд ба дигар макомоти давлати дода шаванд, ба истиснои холатхои дар сархати дуюми кисми 2 хамин модда пешбинишуда.
  3. Хангоми риоя намудани талаботи кисми 1 хамин модда ба макомоти хифзи хукук ва судхо тибки дархости хаттии онхо дар холати мавчуд будани парвандаи чинояти, ки нисбат ба хамин андозсупоранда огоз карда шудааст, метавонанд нусхахои асли хуччатхое, ки дар кисми 4 хамин модда пешбини шудаанд, дода шаванд.
  4. Хамзамон нусхахои хуччатхои ба макомоти хифзи хукук ва судхо додашуда, ки мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба расмият дароварда шудаанд, ба таври хатми дар макомоти андоз нигох дошта мешаванд.
  5. Хангоми катъ намудани парвандахои чиноятии огозкардашуда бо сабаби мавчуд набудани таркиби чиноят ё бо дигар асосхои конуни ё эътибори конунипайдо намудани хукми суд, нусхахои аслии хуччатхои дар боло пешбинишуда дар давоми 30 рузи таквими аз рузи катъ намудани парванда ё эътибори конунипайдо намудани хукми суд бояд ба макомоти дахлдори андоз баргардонида шаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …