Савол: Сири Бонки чист?
Сири бонки мувофики моддаи 48-уми Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи «Фаъолияти Бонки» ки аз 19-уми майи соли 2009 тасдик карда шудааст чунин маънидод карда мешавад:
- Маълумот дар бораи фаъолият ва холати молиявии муштари, ки ба ташкилоти карзи хангоми хизматрасони ва муносибат бо муштари ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштари зиёни модди ё маънави расонад, сирри бонки мебошад. (КЧТ аз 26.12.2011с., № 782)
- Маълумоти зерин сирри бонки махсуб мешавад:
– дар бораи мавчудияти суратхисобхои бонки, сохибони онхо, дар бораи маблагхои пулии дар онхо мавчуда ва амалиёти бо ин суратхисобхо ичрошавандаи муштариён;
– дар бораи интиколи маблагхои пули аз тарафи шахсони вокеи бе кушодани суратхисоб ва дар бораи фиристонандагони (гирандагони) онхо;
– дар бораи маблагхои пули ва ашёи киматбахои муштари, ки дар ташкилоти карзи нигох дошта мешаванд. (КЧТ аз 26.12.2011с., № 782)
- Маълумоте, ки ба сирри бонки мансуб мебошад, танхо ба шахсони зерин дода мешавад:
– ба сохиби суратхисоби бонки ва сохиби ашёи киматбахо ё намояндаи онхо;
– ба фиристонандагон ва гирандагони интиколхои пули;
– ба Бонки миллии Точикистон бо талаби он;
– ба Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти карзи дар кисми хизматрасонии маблагхои бучети давлати, фондхои давлати ва карзи давлати дар асоси мактуби раиси Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 12.11.2013с.,№1029)
– ба судхо – дар асоси карори (таъиноти) суд (судя); (КЧТ аз 26.12.2011с., № 782)
– ба ичрочии суд дар асоси карори ичрочии суд вобаста ба хуччати ичро; (КЧТ аз 21.07.2010с.,№623, аз 26.12.2011с., № 782)
– ба бюрои таърихи карз мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таърихи карз (кредит)»; (КЧТ аз 26.12.2011с., № 782)
– ба макомоти тахкик ва тафтишоти пешаки аз руи парвандахои чинояти нисбат ба муштариёни ташкилоти карзи – дар асоси карори (таъиноти) суд (судя) мутобики Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 26.12.2011с., № 782)
– ба макомоти андоз аз руи масъалахои пардохти андози шахсони хукуки дар асоси мактуби рохбари макоми андоз бо пешниходи нусхаи фармони макоми андоз оид ба санчиши онхо, агар ин бо Кодекси андози Чумхурии Точикистон пешбини шуда бошад.
- Мукаррароти мазкур дар холати бо сабабхои гуногун катъ гардидани муносибатхо байни муштари ва ташкилоти карзи низ эътибори худро гум намекунанд. (КЧТ аз 26.12.2011с., № 782)
- Маълумот дар бораи сирри бонки дар сурати вафоти муштари дода мешавад:
– ба шахсоне, ки аз тарафи муштари дар васиятнома зикр шудаанд;
– ба судхо, идорахои нотариали ва муассисахои консулгарии хоричи аз руи парвандахои меросии муштарии фавтида.
- Ифшои сирри бонки бе риояи шартхои дар кисми 3 моддаи мазкур мукарраршуда манъ аст, ба истиснои холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур. (КЧТ аз 27.11.2014 № 1154)
- Барои гайриконуни ошкор намудани сирри бонки шахсони гунахкор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
- Ташкилотхои карзи бо максади таъмини амнияти молу мулк ва сирри бонки хукук доранд хадамоти махсуси худро таъсис диханд ва бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи силох» силох ва воситахои зарурии техникиро дастрас намуда истифода баранд. (КЧТ аз 26.12.2011с., № 782, аз 3.08.2018с., № 1549)
- Маблагхои дар суратхисобхои бонки ё маблагхои ва дороихои дигари дар ташкилотхои карзи нигохдошташаванда дар асоси карори (таъиноти) суд (судя), карори ичрочии суд вобаста ба хуччати ичро хабс карда мешаванд. (КЧТ аз 26.12.2011с., № 782)
- Хангоми хабс намудани маблагхои пулии дар суратхисобхои бонки буда, ташкилоти карзи фавран амалиёти додани онро дар доираи маблаге, ки хабс карда шудааст, катъ мекунад. (КЧТ аз 26.12.2011с., № 782)
- Хангоми хабс намудани ашёи киматбахои дигаре, ки дар ташкилоти карзи нигох дошта мешаванд, ташкилоти карзи додани онхоро ба сохибонаш катъ менамояд. (КЧТ аз 26.12.2011с., № 782)