Главная / Маданият ва санъат / Силаи рахм бо акрабо

Силаи рахм бо акрабо

Силаи рахм бо акрабо

 

Расули акрам (с) фармуданд: – Хар касе имон дорад ба Худованд ва ба рузи киёмат, пас бояд, ки силаи рахмро нигох дораду бипайвандад бо хешони худ.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дохили бихишт намешавад касе, ки аз хешони худ бибурад.

Дар хадиси Расули акрам (с) омадааст, ки хар ки хохад умри у дароз гардаду зиндагонии у хуш гузарад, бигу, ки силаи рахмро нигох дорад, яъне хешовандонро хабар гирад.

Хикоят. Яхё ибни Сулаймон гуфт: – Дар Макка будам. Марди Хуросонии пархезгоре он чо буд. Мардумон назди вай амонатхояшонро, яъне чизхояшонро мегузоштанд ва у чизхои онхоро то омадани онхо нигох медошт.

Марде ба назди вай омада дах хазор динор амонат ниходу бирафт. Чун он мард ба Макка бозомад, Хуросони мурда буд. Аз ахди у пурсид, гуфтанд, ки намедонем, ки аз ки пул гирифтааст ва ба кучо мондааст?

Аз донишмандони Макка савол карданд. Онхо гуфтанд: -Умед дорем, ки Хуросони ахли бихишт бошад.

Чун сеяки аз шаб ё нимаи шаб бигузарад, ба сари чохи замзам раву сари худро ба он чох поён кун ва Хуросониро фарёд куну бигуй: амонати маро дар кучо монди? Хамчунин то се шаб фарёд кун.

Он мард чун се шаб Хуросониро бихонду чавоб наёфт, боз ба назди донишмандон омад.

Гуфтанд; – Метарсем, ки у аз ахли дузах набошад. Дар Яман водие аст, ки онро Бархавон гуянд ва дар он води чохе аст. Саратро дар он чох фуру куну уро фарёд кун.

Баъд аз нимаи шаб он мард бар сари он чох рафт ва уро фарёд кард. Хуросонй аз он чох чавоб доду гуфт: – Моли ту дар фалон чо аст. Рафта бигир.

Он мард пурсид, ки чи чиз туро дар ин чох гирифтор кард?

Овоз омад, ки маро дар Хуросон хешон буданд ва аз онхо бибурида будам. Худованд аз хамин сабаб маро бад-ин чох  андохт.

Он мард омаду ахли уро хабар дод. Он чо, ки гуфта буд, биканданд ва мард моли худро ёфта гирифт.

Бидони, ки силаи рахм нигох надоштан сабаби гирифтории « дузах аст ва силаи рахм нигох доштан сабаби халосии дузах аст.

Илохо, аз хар коре, ки сабаби гирифтории мо бошад, моро нигох дор ва он чи сабаби начоти мо бошад, моро каромат  фармои, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …