Главная / Гуногун / Шикоят ба Падар

Шикоят ба Падар

Яке аз фузало таълими маликзодае хамедод ва зарби бемухобо зади ва зачри бекиёс карди. Боре аз бетокати шикоят пеши падар бурд ва чома аз тани дардманд бардошт. Падарро дил бахам баромад, устодро бихонду гуфт:
Писарони оходи раиятро чунин чафову тавбих раво намедори, ки фарзанди маро! Сабаб чист?
Гуфт:
skazka– Сабаб он, ки сухан андешида бояд гуфтан ва харакат писандида кардан хама халкро алалумум, ва подшохонро, алалхусус. Ба мучиби он ки бар дасту забони эшон хар чи рафта шавад, хароина ба афвох бигуянд ва кавлу феълиавомунносро чандон эътиборе набошад.

Агар сад нописанд ояд зи дарвеш,
Рафиконаш яке аз сад надонанд.
В-агар як базла гуяд подшохе,
Аз иклиме ба иклиме расонанд!

Пас вочиб омад муаллими подшохзодаро дар тахзиби ахлоки худовандзодагон: анбатахуму-л-лоху наботан хасанан (худо онхоро нихоли нек руёнад) ичтиход аз он беш кардан, ки дар хакки авом.

Хар ки дар хурдияш адаб накунанд,
Дар бузурги фалох аз у бархост.
Чуби тарро, чунон ки хохи, печ,
Нашавад хушк чуз ба оташ рост!

Маликро хусни тадбири факех ва такрири чавоби у мувофики рой омад, хилъату неъмат бахшид ва пояи мансаб баланд гардонид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …