Главная / Маданият ва санъат / Шикастанафси ва бе кибр будан

Шикастанафси ва бе кибр будан

Шикастанафси ва бе кибр будан

Пайгамбар (с) фармуданд: – Дар дили хар касе заррае аз кибр бошад, дар бихишт дохил намешавад.

Пайгамбар (с) фармуданд, ки нишонаи бандаи мутавозеъ ин аст: – Пасмондаи бародари муъминро хурдан, дар болои хок сачда кардан ва ба музаву чома порги андохтан ва либосро шуста пушидан, бо камбагалон нишастан ва бо ахлу аёли худ’ таъом хурдан ва бо бародари муъмин ибтидо ба салом кардан, дар чамъомадхо дар хар маконе, ки чо ёбад, нишастан ва  монанди инхо шикастанафси аст, дур аз кибр. Аллох таъоло ба ин гуна банда хафтод савоб ато карда, хафтод гунох аз номаи аъмоли у нобуд гардонад ва дарачаи уро баланд гардонад.

Овардаанд, ки амирулмуъминин Умар бинни Хатоб  разияллоху анху дар вакти подшох буданаш ба суи вилояти Шом сафар кард. Дар байни гулом ва он бузургвор як уштур буд, ки хар кадом ба навбат савор мешуданд ва они дигар  лачоми уштурро мекашид.

Гуянд, ки дар вакти даромадани вилояти Шом навбати савории гулом буд, ки Амирулмуъминин лачоми уштурро гирифта назди дарвозаи шахр расид. Абу Абидаи Чарох (р) дар он замон хокими Вилояти Шом буд, ба пешвози у баромада  дид, ки Умар разияллоху анху пиёда, лачоми уштурро ба даст гирифта меояд.

Пештар омада гуфт: – Ё Амирулмуьминин, хамаи калонони Вилояти Шом ба пешвози шумо омада истодаанд. Бо ин хол шуморо бинанд хуб нест, бояд, ки шумо ба уштур савор шаведу гулом лачоми уштурро кашад.

Амирулмуъминин Умар гуфт: – Ё Або Убайда, Аллох таъоло маро иззат додааст дар ислом ва аз иззат доштан ва  надоштани мардум боке надорам.

Пас бо хамон хол дохили Вилояти Шом шуданд.

Илохо, ба фазлу карами худ хамаи бандагони муъмин ва муъминотро мутавозеъ гардонида, аз кибру хаво, ки хислати шайтон аст, нигох дори, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …