Главная / Гуногун / Сиёсати тачовузкоронаи хоричии ИМА

Сиёсати тачовузкоронаи хоричии ИМА

Сармоядорони Англия, Фаронса ва Германия дар охирхои асри XIX ба хорича кариб 35 млрд доллар сармоя бароварданд, вале ИМА бошад. Дар хамин давра ба хорича хамааш 500 млн доллар бароварданд. Сабабаш он буд, ки хануз дар худи ИМА барои фурухтани мол имкониятхои калон мавчуд буданд. Аз хамин лихоз сармояро дар дохили худи мамлакат хам гузоштан мумкин буд. Хочати ба хоричи кишвар баровардани он набуд. Вале охиста-охиста барои сармоядорони ИМА бозори дохили танги кардан гирифт. Дар аввал ИМА ба забти мустамликахо майл надошт. Акнун бошад, аз ракибони асосии худ акиб мондани набуд. Вай хам барои забткунии мустамликахо cap кард. ИМА асосан хавзаи Укёнуси Атлантика ва дар он чо хусусан Кубаро ба даст даровардани буд. Аз он чумла махз барои ин чазира соли 1898 бар зидди Испания чанг хам кард.

1372324977_vashington-20-vek

Аз руи акидаи президенти ИМА Монро бояд хусусиятхои географии китъаи Америка ва пеш аз хама, Америкаи Лотиниро ба хисоб гирифта, таъсири худро дар мамлакатхои он пурзур кунад. Ин акида ба сиёсатмадорони Америка маъкул шуд. Соли 1889 бо ташаббуси котиби давлатии ИМА Д. Блейн дар шахри Вашингтон конференсияи аввалини давлатхои китъаи Америка баргузор гардид. Конференсияи Вашингтон иттифоки байналхалкии давлатхои Америкаро таъсис дод. Ин иттифокро ИМА дар оянда барои сиёсати хоричии истилогаронаи худ истифода бурд. Аз хамин вакт cap карда Америкаи Лотини ба минтакаи манфиатхои доимии ИМА табдил ёфт. Он хукуки маънавии дахолат кардан ба корхои дохилии хамаи мамлакатхои китъаи Америкаро аз худ кард.

Минтакаи дигари истилогарихои империализми ИМА Шарки Дур буд. Дар ин чо ба вай лозим омад, ки бо Англия ва Германия ракобат кунад. Соли 1899 хар се давлат протекторати худро бар чазирахои Самоа чори намуданд. Соли 1893 ИМА чазирахои Гавайро пурра ба зери дасти худ даровард. Ба империализми Америка муяссар гардид, ки мавкеи худро дар Корея ва Чин хам мустахкам кунад.

Соли 1901 ИМА бо Англия созишномае баст, ки мувофики он хукуки сохтмону истифодаи Канали Панамаро ба даст даровард. Харчанд хукумати Колумбия ин созишномаро рад кард, аз дасташ коре наомад. ИМА зидди ин давлат исён ташкил намуда, ба ёрии исёнгарон сипох фиристонд. Колумбия мачбур шуд, ки ба такдир тан дихад. Аз хамин вакт cap карда империализми ИМА бар зидди ракибони камкуввати худ сиёсати “дарраи калон”-ро ба кор мебурдаги шуд. Бо хамин рох ба гардани як катор мамлакатхо шартномахои асоратоварро бор мекард. Масалан, соли 1907 нисбат ба Санто – Доминга хамин хел рафтор карда буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …