Главная / Гуногун / Сиёсати мустамликадории Русия дар Осиёи Маркази

Сиёсати мустамликадории Русия дар Осиёи Маркази

Сиёсати мустамликадории Русия дар Осиёи Маркази ду мархаларо дар бар мегирад. Мархалаи аввал аз ибтидои истилои Осиёи Маркази то анчоми он, яъне аз солхои 50-ум то солхои 90-уми асри XIX ва мархалаи дуюм аз солхои 90-уми асри XIX то соли 1917 (минбаъд Осиёи Маркази дар хайати давлати дигар буд, ки он ИЧШС ном дошт). Дар мархалаи аввал сармояи Русия хануз дар ин чо фаъолона амал намекард. Фаъолияти иктисодии индавраинаи Русия асосан бо амалиёти тичорати махдуд шуда буд. Дар мархалаи дуюм дар Осиёи Маркази дахолати фаъолонаи сармояи Русия сурат мегирад.

Дар солхои 70-ум ва 80-уми асри XIX дар Осиёи Маркази ба чои навъхои махаллии пахта парвариши навъхои нисбатан сермахсулу киматбахои он огоз меёбад. Осиёи Маркази барои саноати Русия ва пеш аз хама, барои саноати бофандагии он ба манбаи ашёи хом ва бозори фуруши молхои саноати табдил меёбад. Молхои косибони махалли дигар бо молхои саноатии аз Русия воридшуда ракобат карда наметавонистанд.

slide-7

Русия бе роххои охан наметавонист, ки ахамияти Осиёи Марказиро барои иктисодиёти худ баланд бардорад, барои хамин солхои 70-ум сохтмони рохи охани ин чоро ба Русия мепайвастаги ба миён омад. Соли 1885 аз сохили Бахри Каспий – Красноводск то Ашкобод, соли 1888 то ба Самарканд ва соли 1898 то Тошкент рохи охан сохта ба истифодадода шуд. Валетаъмини эхтиёчоти Русия дар Осиёи Маркази танхо бо сохта шудани рохи охан ичро намегардид. Ин рохи охани ба истифода додашуда Осиёи Марказиро ба нохияхои марказии Русия намепайваст. Ба воситаи ин рохи охан чандин маротиба фаровардану бор кардани мусофирону бор нокулай буд. Аз ин ру, дар ибтидои асри XX сохтмони рохи нави охан cap шуд, ки он бояд Осиёи Марказиро аз Тошкент бо Оренбург мепайваст. Ин рох зуд сохта мешуд. Соли 1905 аллакай хати рохи охани Каспий ба хати рохи охани Оренбург пайваста шуд. Сохтмони ин рохи охан имконият дод, ки дар байни Русия ва Осиёи Маркази мубодилаи мол бештар аз 10 маротиба афзояд.

Аз солхои 70-ум cap карла хукумати Русия ба хотири ба вучуд овардани такягохи ичтимои дар чойхои гуногуни Осиёи Маркази ба микёси васеъ мухочирони русро сокин кунонд.

Дар кишвари Туркистон таъсис намудани системаи маъмурии “Идораи харбии халки” ба максади мустамликадорони хукумати подшохии Русия хизмат мекард. Кишвари Туркистон ба панч вилоят таксим карда шуда буд: Сирдарё, Фаргона, Самарканд, Хафтруд (Семиречье) ва Закаспий. Хар як вилояти номбурдаро ба истиснои Закаспий, ки дар он чо сардори вилоят хукм меронд, губернатори харби идора мекард. Вилоятхо ба уездхо, уездхо ба волостхо ва волостхо ба приставхо таксим карда шуда буданд.

Баъди ба Русия хамрох карда шудани Осиёи Маркази бе- рахмона горат кардани бойгарии миллии халкхои ин чо огоз ёфт. Барои ин кор мустамликадорон корхонахои зиёде сохтанд. Конхои ангишти Сулукга, Кизилкиик, Шуроб, Андичон, конхои нафти Саню ва Чимиён дар водии Фаргона ва кони нафти чазираи Чалакони аз кабили хамин корхонахоянд. Хукумати Русия ба парвариши пахта ва коркарди аввалияи он диккати махсус медод. Бехуда нест, ки дар Туркистон дар аввалхои асри XX 230 корхонаи пахтатозакуни кор мекард, ки бисёрии онхо дар водии Фаргона буданд. Дар иктисоди Осиёи Маркази заводхои чармгари ва маъданкоркуни хам макоми махсус доштанд. Онхо асосан аз ширкати немисии “Дюршмидт” буданд.

Дар аксарияти шахрхои Осиёи Маркази шуъбахои банкхои Русия кушода мешаванд, аз он чумла дар Тошкент, Самарканд, Андичон, Куканд, Бухорои Нав (Когон) ва шахрхои дигар. “Бонки русии тичорати хоричи” ба савдои пусти карокули маблаггузори мекард. “Бонки Русу Азов” сохтмони рохи охани Бухороро аз пул таъмин менамуд. “Бонки Азову Дон”, ки аз сохибони саноати бофандагии Петербург буд, тамоми харид ва коркарди аввалияи пахтаро ба даст даровард. “Бонки хисобию карздихии Москва” низ дар ин мустамликаи дурдасти Русия фаъолият мекард. Кам хам бошад, ба иктисодиёти Осиёи Маркази сармояи Англия, Америка, Германия ва Белгия низ ворид мешавад.

Сиёсати мустамликадории Русия дар кишвари Туркистон ахволи халки махаллиро руз то руз вазнин мекард. Мардуми ин чо норозигии худро тавассути шуришхо изхор мекарданд. Калонтарини онхо солхои 1885 – 1886 дар Яхсу, соли 1885 бо сардории Восеъ дар Балчувон ва Кулоб, соли 1887 дар Ромит ва даххо шуришхои дигар буданд.

Шуришхои халкиро маъмурияти махалли ва мустамликавии Русия берахмона пахш мекарданд. Дар баъзе шуришхои мардуми махалли рухияи истиклолиятхохи низ мушохида карда мешуд.

Хамин тарик, хонихои Куканд ва Хева ба мустамликаи империяи Русия табдил дода шуданд. Харчанд Аморати Бухоро расман ба хайати империяи Русия надаромада бошад хам, пурра тобеи он буд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

maktabi-37

Мактаби №37-и ш. Душанбе (н. Сино)

Мактаби миёнаи №37 и шахри Душанбе вокеъ дар кучаи Маяковский хонаи 10. Ин мактаб солхои …