Главная / Гуногун / Сиёсат иктисодии Англия дар Хиндустон

Сиёсат иктисодии Англия дар Хиндустон

Сиёсати иктисодии Британияи Кабир дар Хиндустони нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX ба нафъи империализми англис нигаронида шуда буд. Ин сиёсат хам кишоварзи, хам саноат, хам наклиёт ва хам алокаро дар бар мегирифт.

Англисхо дар Хиндустон захираи заминро аз нав ба хисоб гирифта, пардохти андоз аз замин ва хукуки замин доштанро ба низом дароварданд. Мустамликадорон доир ба замин барои музофоти Бангола, музофотхои Шимолу Гарби, Панчоб ва музофотхои маркази конунхо кабул карданд. Ин чора зохири хам бошад, аз гарафн замимдорон (феодалхо) истисмор карда шудани кишоварзонро махдуд мекард.

Конунхои марбут ба замин кабулшудаи англиси дар Хиндустон хариду фуруши заминро ба вучуд оварданд. Заминхои зиёд ба ихтиёри судхурон мегузаштанд. Ин раванд дар Махараштра ва Панчоб бештар мушохида карда мешуд.

1330985739_process_tilaka

Дар нимаи дуюми асри XIX инхисорхои мустамликавию ашрофони феодалии махалли аксарияти заминхои Хиндустонро аз худ карданд. Кишоварзони Хиндустон акнун се бори гаронро бар души худ гирифта буданд: андозхо, рентаи замин (рента – даромад аз замин) ва карзи судхури.

Дар нимаи дуюми асри XIX ба манбаи ашёи хоми аграри табдил ёфтани Хиндустон ба охир мерасад. Ин сабаби худро дошт. Дар ин давра Англия макоми “устохонаи чахон”-ро аз даст дод. Истилогарихои Германия ва Фаронса дар Африка, Осиёи Чанубу Шарки за Океания мавкеи Англияро хамчун империяи бузургтарини мустамликави сусттар карданд. Ин холат ахамияти Хиндустонро барои иктисодиётн Англия баланд бардошт. Тараккиёти тичорат дар байни Хиндустон ва Англия рафти минбаъдаи таксимоти мехнатро дар байни саноати коркарди аввалияи Англия ва кишоварзию саноати кухкании Хиндустон ва дар байни шахрхои Англия аз як тараф ва дехоти Хиндустонро аз тарафи дигар инъикос мекард.

Моли асосии содироти хинди пахта, пашм, чут, нахи нахли биринч, гандум, индиго, гиёххои шифобахш ва афюн ба хисоб мерафтанд. Моли асосии содирот пахта буд. 80 фоизи он ба Англия фиристода мешуд. Арзиши умумии молхои содироти Хиндустон дар нимаи дуюми асри XIX се баробар афзуд; Хиндустон дар ин давра беш аз пеш ба бозори молфурушии Англия табдил меёфт. Ба Хиндустон ворид кардани молхои англиси 5 баробар афзуд. Аз Англия ба ин чо асосан газвор зарфхои филизи, маводи зебу зинат ва молхои дигари истеъмоли оварда фурухта мешуданд. Англия аз Хиндустон тавассути андоз хам даромади калон мегирифт. Маблаги даромади метрополия аз ин манбаъ бемайлон зиёд мешуд. Соли 1859 он 361 млн рупия ва соли 1890 кариб 851 млн рупияро ташкил намудааст.

Дар давраи имперализми Британияи Кабир усулхои истисмори Хиндустон тагйир ёфт. Он асосан чои маблаггузории сармоядорони англис шуд. Сохаи калонтарини маблаггузори дар  Хиндустон роххои охан буданд. Ин соха ба мустамликадорон даромади аз хад зиёд медод. Афзоиши дарозии роххои охани Хиндустон бо хамин сабаб ба амал меомад. Дар Хиндустон солхои 60-ум 1300 км ва то солхои 90-ум 25600 км роххои охан сохта шуданд. Дар Хиндустон сохаи дигари сердаромади маблаггузории англисхо иншоотхои обёрикуни буданд. Онхо дар чойхое бунёд мегардиданд, ки зироатхои содироти парвариш карда мешуданд. Махсусан, дар Синд ва Панчоб – музофотхое, ки барои парвариши пахта махсус гардонида шуда буданд.

Сармояи англиси ба сохтани корхонахои саноати низ гузошта мешуд. То охирхои солхои 90-ум дар Хиндустон 177 фабрикаи бофандаги ва 33 фабрикаи чут ба кор даромаданд. Аз он чумла, дар Калкутта фабрикахои чут ва комбинати металлурге ва дар Канпур фабрикахои калони бофандаги сохта шуданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …