Главная / Маданият ва санъат / Сиёсати кадри (Низомнома – Дастурамал)

Сиёсати кадри (Низомнома – Дастурамал)

 

сиёсати кадриМукаррароти  умуми.

  1. Сиёсати кадрии мазкури ЧСП «Сити Бонк»    (дар оянда Сиёсати кадри) дар асоси Кодекси мехнатии ЧТ,    санадхои  меъерии хукукии Чумхурии Точикистон  ва Оинномаи ЧСП «Сити Бонк»    ва дигар  санадхои дохилии ББТ тахия гардида аст.
  2. Максади асосии сиесати кадрии мазкур тагйир намудани коргузории кадри дар низоми идоракунии  захирахои инсони,  таъмин намудани тахкурси  барои идоракунии  бо самари кадрхо  бахри  тез ва бо сифат ноил гардидан ба мксадхои стратегии  гузошта шуда,  инчунин таъмин намудани  каноатмандии кормандон бо шароити мехнат.
  3. Сиесати кадри низоми  идоракуни, принсипхо,  самтхои мухим ва  усулхоро барои рушди  иктидори  кадрии ЧСП «Сити Бонк»    муайян намуда,  талаботи асосиро дар идоракунии захирахои инсони,  низомномаро оиди муносибатхои дутарафа миёни  ЧСП «Сити Бонк»    ва кормандон,  сар карда аз интихоб то  мукаррар намудани муносибатхои мехнати ва бекор намудани шартномахои мехнатиро дар бар  мегирад.
  4. Низоми идоракунии кормандон, хамчун низоми томи идоракунии самти кадрии фаъолияти бонк, барои халли се вазифаи мухим (стратеги) тамоюл дода шудааст:
  • ба таври фаври ва пурра конеъ гардонидани талаботхои бонк ба захирахои мехнатии дорои тахассуснокии зарури ва дарачаи тахассуси;
  • ташаккул додан ва дастгирии мачмуи корхои ташкили, иктисоди, инчунин шароити ичтимоию равони, ки барои ичрои пурсамари вазифахои ба зиммаи кормандони бонк гузошташуда мусоидат менамоянд;
  • таъмини сатхи зарурии робитаи мутакобилаи байни идораи кормандон ва самтхои дигари менечменти бонки;
  1. Риояи Сиесати кадри барои хамаи кормандони ЧСП «Сити Бонк»    хатми мебошад.
  2. Идоракунии бо самари захирахои инсони дар асоси нишондихандахои  дар банди 40-и Сиёсати кадри дарч гардида,  бахогузори карда мешавад.

 Истилохот ва ихтисорхо.

6.Дар сиёсати мазкур истилоххои зерин истифода бурда мешаванд:

Бонк – ЧСП “Сити Бонк”

Корманди маъмури– корманде, ки  корманди рохбарикунанда набуда, ки барои амали намудани масъалахои гузошта шуда аз тарафи корманди рохбарикунанда масъул мебошад.

Вакансия– чои холии кори, ки ба ба он корманд кабул карда мешавад.

Вазифа– басти кори дар сохтор, ки ба он дар асоси санадхои мукурраргардидаи дохили, ухдадорихои вазифави (мехнати) вогузор карда шудааст.

Маоши вазифави – хачми мукарраргардидаи  музди мехнати корманд, барои  ичрои ухдадорихои мехнати дар як мох .

Кадрхо/ захирахои кадри – тамоми кормандони Бонк.

Раёсат– макоми ичроияи Бонк

HR– захирахои инсони

Довталаб – шахсе, ки барои иштирок дар озмуни ишголи чои холии кори анкета пешниход мекунад.

 7.Бонк  метавонад шахсонро бо принсипхои  доштани тачрибаи фаолияти мехнати  бахогузори намояд, инчунин  кормандонро бо пайдо гардидани  эхтиёчот барои ноил гардидан ба максадхои дар назди Бонк гузошта шуда,  ба кор кабул намояд. 

Чустучуй ва интихоби довталабон барои ишголи вазифахои холи

  1. Дар бонк чои холии кори дар холатхои зерин таъсис дода мешавад:

а) тибки накшаи интихоби кормандон (то санаи 01-уми октябри соли чори барои соли оянда тахия карда мешавад);

б) хангоми гузариши корманд ба вазифаи дигар;

в) хангоми аз кор озод шудани корманди бонк;

г) дар сурати ба чадвали мансабии бонк ворид шудани вазифаи нав;

д) хангоми тагйиротхои сохтори дар Бонк;

е) хангоми муваккатан набудани корманд (рухсатии давраи хомиладори ва таваллуд ё дигар);

ж) хангоми афзудани сарбории шуъба.

  9.Технологияи интихоби корманд.

 Технологияи интихоби корманд ба чои кории холи бо тартиби зерин сурат мегирад:

а)  интихоби анкетахо;

б)  гузаронидани санчишхо

в)   мусохиба;

г)  бастани шартномаи (карордоди) мехнати

  1. Интихоби корманд асосан тавассути озмун гузаронида мешавад.

Мухлати умумии интихоб аз рузи пур кардани Дархост набояд аз як мох зиёд шавад. Бо назардошти минтака ва вазифа, мухлати интихоб метавонад бо дархости сохторхо  тамдид карда шавад. Барои вазифахои хайати рохбарикунанда мухлати интихоб фарди муайян карда мешавад.

  1. Корманди масъули шуъбаи кадрхо чустучуи кормандро бо назардошти пешниходи сохторхо ташкил мекунад.
  2. Корманди шуъбаи кадрхо чустучу ва интихоби довталабро бо истифода аз манбаъхои гуногун аз руи аввалияти зерин ба рох мемонад:

– Манбаи электронии маълумотхои довталабони потенсиали;

– Истифодаи сомонаи корпоративии www.iиt.tj;

–  Тавсияи кормандон;

–  Истифодаи васоити ахбори омма;

–  Истифодаи тахтаи эълон дар сохторхо (филиалхо, марказхои хизматрасонии бонки,)

–  Истифодаи варакахои маълумоти (хусусан дар минтакахо)

–  Хамкори бо мактабхои оли.

  1. Маълумот дар бораи вакансия бояд талаботхои зеринро дар бар гирад:

– Номи вакансия;

– Ухдадорихои асосии вазифави;

– Талаботи тахассуси;

– Ба рох мондани  каналхои алока миёни Бонк бо довталабони шавк зохиркард -барои пешниходи анкетахо.

– Санаи  ба анчом расидани кабули анкетахо.

  1. Дар сурати мавчуд набудани талаботхои махсус аввалияти зерин риоя карда мешавад:
  2. Интихоби дохили;
  3. Интихоби беруни.
  1. Кабули анкетахо бояд аз руи намунаи ягона сурат гирад . Дар холати аз тарафи довталаб пешниход намудани анкета дар дигар намуд, ки тамоми маълумотхои заруриро дарбар мегирад, кабули он ичозат дода мешавад.
  1. Довталабони бехтарин, ки дар вакти тахлили анкетахое, ки ба талаботхои тахассуси чавобгу мебошанд интихоб мегарданд, барои иштирок дар санчиши тести даъват карда мешаванд.
  2. Санчиши тести бо максади муайян кардани:

–  тафаккури мантики ва  кобилияти зехнии довталаб;

–  динишхои касби.

  1. Ба мусохиба асосан довталабони бо бахохои «Аъло» ва «Хуб» даъват карда мешаванд, дар холати набудан ва нокифоягии ин гуна довталабон, барои интихоб довталабони бо бахои «Каноатбахш» даъват карда мешаванд.
  2. Максади гузаронидани мусохиба ин муайян намудани мувофикии довталаб ба вазифаи интихобшаванда буда, мархилаи охирини интихоби довталабон барои кабул ба кор мебошад. Довталабони аз мархилахои кабли бомуваффакият гузашта ба мусохиба даъват карда мешаванд.
  3. Мусохиба бо довталаб бо иштироки Раиси Бонк, рохбарони сохторхо/кураторхо корманди шуъбаи кадрхо гузаронида мешавад.
  4. Сардорони сохторхо метавонад кормандони тобеи худро бо назардошти лаёкат ва тачрибаи хизматии онхо барои ишголи вазифаи холи дар дохили сохтори худ тавсия диханд. Дар ин сурат тавсия бояд ба намуди хатти ба номи Раиси Раёсат пешниход гардад.
  5. Хангоми махдуд будани чои холии кори, довталабоне, ки ба талаботхои асосии вазифа чавобгу хастанд, аммо бахои баландтаринро сохиб нашудаанд, бо карори комиссия метавонанд ба руйхати «Захира» ворид гарданд. Агар Раиси Раёсат, Раиси комиссия ё рохбари бевосита ба хулосае оянд, ки ягон довталаб ба талаботи асосии вазифа чавобгу нестанд, новобаста аз бахои чамъбасти дар тесту мусохиба, карор дар бораи рад кардани хамаи довталабон бароварда шуда метавонад.
  6. Бо максади мутобикшави ва шиносои бо раванди асосии кор дар бонк, корманди нав ба кор кабул гардида, ки мутахассиси чавон мебошад, ба шахси масъул (мурабби) вобаста карда мешавад.

Омузиш ва рушди ибтидоии хайати кормандони нав ба кор кабул кардашудаи бонк.

  1. Омузонидани кормандон дар бонк бояд бо максадхои зерин равона карда шаванд:

– баланд гардидни донишхои касби;

– дастрас намудани донишхои нав барои пешрави дар кор “бо талаботи замон”;

– кушода шудани иктидори  кормандон;

– баланд бардоштани каноатмандии кормандон;

– ба шакли матлуб овардани рафтору ахлоки кормандон.

  1. Хар як корманди Бонкро зарур мебошад, ки малакаи касбии худро тавасути гузаштани курсхои махсус баланд бардорад.
  2. Омузиши аввалин ва асоси дар чои кор гузаронида мешавад.
  3. Омузонидани кормандон мувофики “Тартиби ташкил намудани омузонидан ва баланд бардоштани тахассуси кормандони ЧСП “Сити Бонк”, ки аз тарафи Раёсат тасдик карда шудааст, ба рох монда мешавад.

 Ташкили пардохти хакки мехнати кормандон

  1. Зерсохтори мазкур на танхо яке аз чузъхои сиёсати кадри, балки воситаи таъсирноки амалии менечменти кормандон мебошад, ки ичрои вазифахои мушаххасро аз тарафи шахсони алохида таъмин менамояд. Максади стратегии зерсохтор аз он иборат аст, ки хар як корманди бонк барои ноил шудан ба натичахои мукарраршудаи фаъолияти мехнати хамеша хавасманд бошад ва аз руи имконият барои бехтаркунии ин натичахо нисбати натичахои пешниходшуда кушиш намояд.
  2. Вазифаи дигари зерсохтори мазкур иборат аз мухайё намудани шароит барои таъмини фазои мусбати психологи дар коллективи мехнати, ки барои фаъолияти муътадили бонк мусоидат менамояд, мебошад.
  3. Дар Бонк мувофики «Низомнома дар бораи шартхои пардохти музди мехнат дар ЧСП «Сити Бонк» усули бисёрзинагии пардохти музди мехнати кормандон кабул шудааст:
  • Пардохти аввал – барои вакти дар асл коркардашуда мувофики маоши вазифави;
  • Пардохти дуюм – пардохти иловагии музди мехнат аз руи натичахои кори мохона;
  • Пардохти сеюм – мукофотпули дар чамъбасти кори солона (музди мехнати 13-ум);
  • Пардохти чорум – мукофотпули барои собикаи кор дар низоми бонки

          Пардохти аввал андозаи хадди акали музди мехнати хармохаи ба корманд кафолатдодашуда мебошад, ки дар Шартномаи (карордоди) мехнатии корманд баён шудааст. Пардохтхо мувофики маълумоти табели бахисобгирии вакти кори (барои рузхои кории коркардашуда) дода мешаванд. Хисоби пардохти аввал дар охирин рузи кории мох амали мешавад.

Пардохти дуюм мукофоти иловагии пули мебошад, ки дар чамъбасти кори якмоха пардохта мешавад, ба шарте ки натичаи он мусбат арзёби шавад.

Пардохти сеюм мукофотпулии иловаги мебошад, ки аз руи чамъбасти кори яксола пардохта мешавад, ба шарте ки натичаи он мусбат арзёби шавад. Пардохти сеюм пас аз барраси ва баходихии хисоботи солонаи бонк дар Бонки миллии Точикистон хисоб карда мешавад.

Пардохти чорум мукофотпулии иловаги мебошад, ки ба хар як корманд бо назардошти собикаи умумии кори дар низоми бонки пардохта мешавад.

Хисоботхо

  1. Бо максади гузаронидани мониторинги холати идоракунии захирахои инсонии Бонк, аз тарафи  Сохтори HR  ба  унвони Шурои нозирон хар сол, барои баррась маълумоти зерин  пешнищод мегардад:
  • Руйхати шумораи умуми ва миёнаи кормандон.
  • Шумораи кормандони ба кор кабул ва аз кор озод шуда барои давраи хисоботи:
  • Шумора ва микдори вазифахои холи:
  • Шумора ва мухлати варакахои корношоями, рухсатихои бемузд;
  • Шумораи мучозотхои интизоми;
  • Шумораи ходисахои фалокати дар чои кор;
  • Шумораи кормандони рохбарикунанда;

Мукаррароти хотимави

41.Тасдики Сиёсати кадрии мазкур, инчунин ворид намудани тагйиру иловахо ба он дар асоси карори Шурои нозирони Бонк амали мегардад.

42.Агар дар натичаи тагйир ёфтани конунгузории Чумхурии Точикистон, бандхои алохидаи Сиёсати кадрии мазкур ба он мухолифат намоянд, ин бандхо эътибори худро гум карда, Сиёсати кадри дар кисме, ки ба конунхои Чумхурии Точикистон мухолифат намекунад, амал менамояд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …