Главная / Гуногун / Сиёсати иктисодии Холландия дар Индонезия

Сиёсати иктисодии Холландия дар Индонезия

Солхои 50 ва 60-уми асри XIX дар Индонезия муносибатхои сармоядори ба вучуд омаданд. Бо шарофати хамин дар зарфи солхои 1850 – 1880 даромади Холландия аз Индонезия хеле афзуда, сеяки бучаи мамлакатро ташкил кард. Дар ин солхо Холландия аз Индонезия зиёда аз 850 млн гулден даромади холис гирифтааст.

Буржуазияи саноати охиста-охиста пуркувват шуда, бар зидди буржуазияи тичоратию молияви ба мубориза бархост ва аз хукумати Холландия талаб кард, ки монеахои ба у халал расонанда аз байн бардошта шаванд. Окибат ин гурухи буржуазияи Холландия ба максад расид. Соли 1864 парламент мамлакат “Конун дар бораи хисобот”-ро кабул кард, ки мувофики он идораи Индонезия аз зери хокимияти яккаю танхои шох бароварда шуд. Акнун бучаи ширкати Ост-Индро парламенти Холландия тасдик мекард.

borobudur

Барои фаъолияти озодонаи буржуазияи саноати ва молиявии Холландия дар Индонезия системам “зироатхои мачбури” халал мерасоннд. “Конуни канд’’-и соли 1870-и Холландия ба даст кашидан аз “зироатхои мачбури” ибтидо гузошт. Соли 1891 ин конун бо пурраги ба кор даромад. Соли 1870 “Конуни замин” хам кабул карда шуд. Мувофики ин конун давлат, яъне Холландия сохиби олии хамаи заминхои Индонезия мукаррар гардид ва“заминхои хусуси”, ки хукумат ба ашхоси алохида тухфа карда ва ё фурухтааст, истисно буданд. Аввал ин конун асосан ба заминхои Ява ва Мадура дахл дошт. Баъдтар – соли 1875 он нисбат ба мулкхои бокимонда хам татбик карда шуд.

Барои холландихо моликияти хусуси эълон карда шудани замин окибат ба он оварда мерасонид, ки дар ин сарзамин хох нохох давлатхои дигари империалисти хам сохиби замин шуда, хукмронии Нидерландияро дар Индонезия ба зери хатар мегузоштанд. Барои хамин соли 1875 хукумат фурухтани заминро ба шахрвандони давлатхои хоричи катъиян манъ кард.

Хамин тарик, солхои 70 асри XIX дар Индонезия инхисори давлати бар замин бекор карда шуд. Баъди ин сармояи хусуси ба Индонезия ба таври васеъ ворид гардид. Акнун чои инхисорхои тосармоядории Ост-Индия ва давлатию крепостнойии шохи Нидерландияро инхисорхои молияви гирифтанд. Дар солхои 70-ум ва 80-уми асри XIX барои ба корчаллонхои хусуси карз додани банкхо Бахри истифодаи самараноки бойгарии табиии Индонезия дар ин чо ширкатхои рохи охан, трамвай, киштигарди, саххоми ва гайра ташкил карда шуданд.

Агар системаи “зироатхои мачбури”-и дар соли 1830 чоригардида фаъолияти сармоядорон ва сохибкоронро махдуд карда бошад, пас ислохоти солхои 70-ум барои сармоягузори ва корчаллонию тичорати шароити мусоид фарохам овард. Ин ислохот, пеш аз хама, ба мустамликадорони Нидерландия нафъовар буд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

1362470141_pero

Адабиёти реалисти

Адибони реалистии нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX камбудихои чомеаро нотарсона фош мекарданд. …