Главная / Чамъият / Сертификатсияи махсулот ва хизматрасони

Сертификатсияи махсулот ва хизматрасони

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Дар бораи сертификатсияи махсулот ва хизматрасони

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 1996, № 23, мод. 337; соли  2002, № 4, кисми 1, мод. 227 соли 2007, №7, мод.669)

Конуни мазкур асосхои сертификатсияи хукуки ва иктисодии махсулот, кор, хизматрасони ва дигар объектхоро (минбаъд – махсулот) дар Чумхурии Точикистон, хамчунин хукук, вазифахо ва масъулияти иштирокчиёни сертификатсияро муайян месозад.

1020875496

ФАСЛИ I

КОИДАХОИ УМУМИ

  Моддаи 1. Мафхуми умуми ва максади сертификатсия

Сертификатсияи махсулот (минбаъд – сертификатсия) фаъолиятест, ки мутобикати махсулотро ба талаботи мукарраршуда тасдик менамояд.

Системаи давлатии (миллии) сертификатсия системаест, ки дар сатхи давлати амал намуда, дорои коидахои худии усулу идораи гузаронидани сертификатсия мебошад.

Сертификати мутобикат (минбаъд – сертификат) хуччатест, ки мутобики коидахои системаи сертификатсия барои тасдики мутобикати махсулоти сертификатсияшуда ба талаботи санадхои меъёри дода мешавад.

Аломатхои мутобикат – нишонаест, ки ба тартиби мукарраргардида ба кайд гирифта шудааст ва бо он мутобикати махсулоти тамгадори сертификатсияшуда ба талаботи мукарраргардида тасдик карда мешавад.

Сертификатсия ба максадхои зайл татбик мегардад:

химояи манфиатхои истеъмолкунандагон дар масъалахои бехатарии махсулот барои хаёту саломати ва амвол, хифзи мухити зист, мутобикати ахбороти ва бо хам кобили табдил будани махсулот;

фарохам овардани шароит барои фаъолияти корхонаю муассисахо, ташкилотхо ва сохибкорон дар бозори ягонаи моли Чумхурии Точикистон ва инчунин чихати иштирок дар хамкорихои иктисоди, илмию техники ва тичорати байналхалки;

мусоидат ба истеъмолкунандагон дар интихоби боэътибори махсулот;

тасдики нишондихандахои сифати махсулоте, ки истехсолкунанда (фурушанда) пешниход намудааст.

Сертификатсия метавонад дорои хусусиятхои хатми ва ихтиёри бошад.

Моддаи 2. Конунгузори оиди сертификатсия

Муносибатхои сохаи сертификатсия бо ин Конун ва санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, ки мутобики он бароварда мешаванд, танзим мегардад.

Моддаи 3. Карордодхо ва мувофикатномахои байналхалки

Агар дар карордодхо ва мувофикатномахои байналхалкии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон назар ба конунгузории Чумхурии Точикистон коидахои дигари сертификатсия мукаррар шуда бошанд, он гох коидахои карордодхои байналхалки истифода бурда мешаванд.

Моддаи 4. Системаи сертификатсия

Системаи сертификатсия аз тарафи макомоти идораи давлати, корхонахо, муассисаю ташкилотхое, ки сертификатсия мекунанд, дар асоси коидахои дар системаи мазкур мукарраршуда, тибки ин Конун, таъсис дода мешавад.

Сохтори ташкилии системаро инхо созмон медиханд:

макоми давлати (милли) оиди сертификатсия, макомоти марказии минтакави оиди сертификатсия, макомоти сертификатсияи махсулот ва сифати он, лабораторияхои (марказхои) санчиши корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин ташкилотхои чамъияти.

Системаи сертификатсия мутобики тартиби мукарраргардида бояд ба кайди давлати гирифта шавад.

Моддаи 5. Салохиятхои макоми давлати (милли) оиди сертификатсия.

Вазифаи макоми давлати (милли) оиди сертификатсия дар Чумхурии Точикистон ба зиммаи макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон гузошта мешавад.

Макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон мутобики ин Конун вазифахои зайлро анчом медихад:

сиёсати давлатиро дар сохаи гузаронидани сертификатсия дар каламрави Чумхурии Точикистон ташкил ва чори намуда, расман дар бораи он хабар медихад;

дар бораи системахои сертификатсия ва аломатхои мутобикати дар Чумхурии Точикистон амалкунанда маълумоти расми нашр менамояд ва онро мувофики тартиби мукарраргардида ба ташкилотхои байналхалки (минтакави) оид ба сертификатсия пешниход мекунад;

бакайдгирии давлатии системаи сертификатсия ва аломатхои мутобикат, макомоти сертификатсия, лабораторияхои (марказхои) санчишро мегузаронад;

тибки тартиби мукарраргардида таклифхоро оиди хамрох гардидан ба системаи байналхалкии (минтакавии) сертификатсия тахия менамояд, инчунин метавонад тибки тартиби мукарраргардида бо ташкилотхои байналхалки (минтакави) оиди эътирофи мутакобилаи натичахои сертификатсия мувофикатномахо бандад;

тибки тартиботи мукарраргардида Чумхурии Точикистонро дар ташкилотхои байналхалки (минтакави) оиди масъалахои сертификатсия намояндаги мекунад;

ба ташкилотхои байналхалки (минтакави) оиди сертификатсия дар бораи системахои сертификатсия ва макомоти сертификатсияи дар кишвар амалкунанда хабар медихад.

ФАСЛИ II

СЕРТИФИКАТСИЯИ  ХАТМИ

Моддаи 6. Сертификатсияи хатми

Сертификатсияи хатми дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Ташкил ва гузаронидани корхо оиди сертификатсияи хатми ба зиммаи макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон, дар баъзе холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оиди баъзе навъхои малсулот метавонад ба зиммаи дигар макомоти идораи давлати гузошта шавад.

Шакли сертификатсияи хатмии махсулот аз тарафи макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон бо дарназардошти тачрибаи мавчудаи байналхалки ва хоричи сурат мегирад.

Реклама кардани махсулоте, ки бояд хатман сертификатсия шавад, вале сертификати мутобикат надорад, манъ аст.

Моддаи 7. Иштирокчиёни сертификатсияи хатми

Иштирокчиёни хатмии сертификатсия инхо мебошанд: макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон, дигар макомоти идораи давлатии Чумхурии Точикистон, ки барои гузаронидани корхои сертификатсияи хатми салохият доранд, лабораторияхои (марказхои) санчиш, истехсолкунандагони (фурушандагон, ичрокунандагони) махсулот, инчунин макомоти марказии систе­маи сертификатсия, ки дар холатхои зарури барои ташкил ва хамохангсозии кор дар системаи сертификатсияи махсулоти якхела муайян кар­да мешаванд.

Барои гузаронидани корхо оиди сертификатсияи хатми иттиходия ва ташкилоти бакайдгирифташудаи гайритичоратии шаклхои гуногуни моликият, бо шарти аккредитатсияи онхо аз чониби макоми дахлдори идора, иштирок карда метавонанд.

Моддаи 8. Хукукхои макомоти идораи давлати

Макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон ва дигар макомоти идораи давлати, ки мутобики санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ба зиммаи онхо, дар доираи салохияташон, ташкил ва гузаронидани корхои сертификатсияи хатми гузошта шудааст, чунин хукукхо доранд:

системаи сертификатсияи махсулоти якхеларо таъсис дода, коидахои тартиб ва идораи гузаронидани сертификатсияро дар ин системахо мукаррар менамоянд;

усули интихоби тарзи тасдики мутобикати махсулотро ба талаботи санадхои меъёри (навъи сертификатсия) муайян месозанд;

макомоти марказии системаи сертификатсияро муайян мемамоянд;

макомоти сертификатсия ва лабораторияхои (марказхои) санчиширо аккредитатсия намуда, ба онхо ичозат медиханд, ки корхои муайянеро анчом диханд;

фехристи давлатии иштирокчиён ва объектхои сертификатсияро тартиб медиханд;

коидахои эътирофи сертификатсияхои хоричи, аломатхои мутобикат ва натичаи санчишро мукаррар менамоянд;

тартиби аккредитатсияро мукаррар менамоянд;

назорати давлатиро амали намуда, тартиби назорати инспектсиониро дар мавриди риояи коидахои сертификатсия ва махсулоти сертификатсияшуда муайян мекунанд;

арзу шикоятхоро оиди масъалахои сертификатсия барраси мекунанд;

барои истифодаи аломати мутобикат сертификат  медихад.

 

Моддаи 9. Вазифахои макомоти маркази ва минтакави оиди сертификатсия

Макомоти маркази ва минтакави оиди сертификатсия:

дар системаи сертификатсияи тахти рохбариашон карордошта, корхоро ташкил ва хамоханг месозанд, коидахои тартибу идораро муайян менамоянд;

арзу шикояти аризадихандагонро оиди фаъолияти макомоти сертификатсия, лабораторияхои (марказхои) санчиш мавриди барраси карор медиханд.

Моддаи 10. Вазифахои макоми сертификатсия

Макоми сертификатсия:

махсулотро сертификатсия мекунад ва барои истифодаи аломати мутобикат сертификатсия  медихад;

амали сертификатхои додашударо бозмедорад ё аз эътибор сокит мекунад;

ба аризадиханда, мутобики дархости у, дар доираи салохияти худ маълумоти зарури медихад.

Моддаи 11. Вазифахои лабораторияи (маркази) санчиш

Лабораторияи (маркази) санчиш, ки мутобики тартиби муайяннамудаи сертификатсияи дахлдор аккредитатсия шудааст, махсулоти мушаххасро месанчад ва ё намудхои мушаххаси санчишро анчом медихад ва ба максади сертификатсия протоколхои санчишро тартиб медихад.

Моддаи 12. Вазифахои истехсолкунандагон (фурушандагон, ичрокунандагон)

Истехсолкунандагони (фурушандагон, ичрокунандагон) махсулоте, ки бояд хатман сертификатсия карда шавад, вазифадоранд:

махсулотро танхо дар сурати мавчуд будани сертификати аз тарафи макоми салохиятдор додашуда ва ё эътирофгардида метавонанд ба фуруш расонанд;

мутобикати махсулотро ба талоботи санадхои меъёри, ки аз руи онхо сертификатсия сурат гирифтааст ва мувофикати аломати онро ба аломати мутобикат таъмин намоянд;

ба санадхои пашниходкунандаи мол оиди сертификатсия маълумот дода, ба истеъмолкунандагон расонидани ин маълумотро таъмин намоянд;

агар махсулоти сертификатсияшуда ба санадхои меъёри мутобик набошад, дар холати гузаштани мухлати амали сертифкати мутобикат ё дар холате, ки амали сертификат бо карори макомоти сертификат боздошта шудааст ё бекор карда шудааст, фуруши чунин махсулотро боздоранд ва ё катъ намоянд;

ба шахсони сохибмансаб ва макомоте, ки сертификатсияи хатмии махсулот ва тафтиши махсулоти сертификатсияшударо ба ухда доранд, барои ичрои бемамонияти вазифахояшон шароит фарохам оваранд;

макомоти сертификатсияро оиди тагйироте, ки ба санадхои техники ва ё чараёни технологии истехсолоти махсулоти сертификатсияшуда ворид гардидаанд, огох созанд.

Моддаи 13. Шартхои воридоти махсулот

Дар шартхои карордодхои (шартномахои) ба Чумхурии Точикистон ворид намудани махсулоте, ки бояд хатман сертификатсия шавад, бояд мавчудияти сертификат ва аломати мутобикат, ки мувофикати онро ба талаботи мукарраргардида тасдик  менамояд, пешбини карда шавад.

Ин сертификатхо бояд аз тарафи макоми ба ин салохиятдори Чумхурии Точикистон дода ё эътироф карда шаванд.

Сертификатхо ва ё санахо дар бораи эътироф кардани сертификатхо якчоя бо декларатсияи гумрукии мол ба макомоти гумруки пешниход гардида, барои ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид намудани махсулот санади зарури ба шумор мераванд.

Макомоти назорати гумруки дар сурати мавчуд набудани санади тасдиккунандаи бехатарии махсулоти воридоти, воридоти онро то халлу фасл гардидани масъалаи гузаронидани сертификатсия ва ё эътирофи сертификати хоричи манъ намуда, дар ин маврид макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон огох месозанд.

Моддаи 14. Назорати давлатии риояи коидахои сертификатсияи хатми ва махсулоти сертификатсияшуда

Назорати давлати барои риояи коидахои сертификатсияи хатми ва махсулоти сертификатсияшудаи онхо аз чониби истехсолкунандагон (фурушандагон, ичрокунандагон), лабораторияхои (марказхои) санчиши ва макомоти сертификатсия аз тарафи макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон, ё дигар макомоти идораи махсуси салохиятдори давлати, дар доираи салохияташ, анчом дода мешавад.

Моддаи 15. Маблаггузори барои кори сертификатсия ва контролу назорати давлати

Маблаггузории хатмии давлати бояд барои корхои зайл карда шавад:

тахияи пешгуии инкишофи сертификатсия, коида ва тавсияхо оиди татбики он; таъмини маълумоти расми дар сохаи сертификатсия;

иштирок дар фаъолияти ташкилотхои байналхалки (минтакави) оид ба сертификатсия ва корбари бо макомоти миллии хоричи оиди сертификатсия;

тахия (ё) ва иштирок дар тахияи санадхои байналхалки (минтакави) оиди сертификатсия;

контролу назорати давлати кардан ба риояи коидахои сертификатсия ва махсулоти сертификатсияшуда;

тартиб додани фехрасти давлати оиди сертификатсия, аккредитатсия ва хифзи бойгонии материалхо;

пардохти пули корхои оид ба сертификатсияи хатмии махсулоти мушаххас аз чониби аризадиханда ба тартибе анчом дода мешавад, ки макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон бо ризояти Вазорати молияи Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст.

Маблаге, ки аризадиханда барои сертификатсияи хатми ва аккреди­татсия сарф кардааст, ба арзиши махсулот зам мегардад.

ФАСЛИ I I I

СЕРТИФИКАТСИЯИ ИХТИЁРИ

Моддаи 16. Сертификатсияи ихтиёри

Махсулоте, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мавриди сертификатсияи хатми карор намегирад, бо ташаббуси шахсони хукуки ва шахрвандон дар асоси карордоди байни аризадиханда ва макоми оид ба сертификатсия метавонад мавриди сертификатсияи ихтиёри карор гирад.

Моддаи 17. Ташкили сертификатсияи ихтиёри

Сертификатсияи ихтиёриро хар шахси хукукие, ки вазифаи макоми сертификатсияи ихтиёриро ба ухда гирифтааст ва дар макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон тибки тартиби мукарраргардида системаи сертификатсияро аз кайд гузаронидааст, хак дорад амали намояд.

Дар сурати риояи шартхои зикргардида сертификатсияи ихтиёриро макомоти сертификатсияи хатми низ хак доранд анчом диханд.

Моддаи 18. Хукуки аризадиханда

Хангоми бастани карордод барои гузаронидани сертификатсияи их­тиёри аризадиханда хак дорад аз макоми оид ба сертификатсия дар хусуси коидахои сертификатсияи махсулот маълумот гирад ва хамчунин шакли сертификатсияро муайян намояд.

ФАСЛИ IV

ЧАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ КОИДАХОИ КОНУНИ МАЗКУР 

Моддаи 19. Чавобгарии чинои, маъмури ё гражданию хукуки

Ашхоси хукуки ва вокеи, инчунин макомоти идораи давлатие, ки барои вайрон намудани коидахои сертификатсияи хатми гунахкоранд, мутобики конунгузории чори ба чавобгарии чинои, маъмури ва гражданию хукуки кашида мешаванд.

 

Президенти

Чумхурии Точикистои                                         Э. РАХМОНОВ

ш. Душанабе  13 декабри соли 1996

№ 313

 

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Оид ба тартиби мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи сертификатсияи махсулот ва хизматрасони»

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1996, №23, мод. 338)

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сертификатсияи махсулот ва хизматрасони» аз рузи нашр шуданаш мавриди амал карор дода шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон:

бинобар кабули Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сертификатсияи махсулот ва хизматрасони» дар сурати зарурат оид ба даровардани тагйироту иловахо ба санадхои конунгузори мувофики тартиби мукарраргардида таклифхо пешниход намояд;

Карору амрхои Хукумати Чумхурии Точикистон ба Конуни мазкур мутобик гардонида шаванд.

 

 

Раиси Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                С. РАЧАБОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996

№314

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …