Главная / Гуногун / Шеърхои Точики

Шеърхои Точики

Шеърхои точикие, ки аз хама бехтарину маъруфтарин ба забони точики мавчуданд дар ин сахифа оварда шудаанд.

  1. Шеърхои Ошики ва чудои
  2. Шеърхо аз Умари Хаём
  3. Шеърхо дар васфи Модар ва 8 март
  4. Шеърхои Лоик Шерали
  5. Шеърхои Шоирони бузурги Точик
  6. Шеърхои Рудаки
  7. Шеърхои Мирзо Турсунзода
  8. Шеърхои Наврузи
  9. Шеърхои Исломи
  10. Шеърхои Бахори
  11. Шеър барои Падар
  12. Шеърхои Кудакона
  13. Шеър дар бораи Ватан
  14. Шеър дар бораи мактаб

Кудакон

Шеърхои Ошики ва чудои

Бе сухбати ту чахон нахохам,
Яъне, ки дигар чон нахохам.
Гар хастии ман ту мебихохи,
Бе номи ту ман амон нахохам.

Чонро бидихам ба як нигохат,
Лекин зи ту ройгон нахохам.
Ман богу бихишти ин чахонро
Бе номи ту човидони нахохам.

polosa-ornamen

 

 

ЯК НИГОХ

Бо шумо бахшем чонро, бахри мо бас як нигох,
Бо яке наззора бинмоед моро истилох.

Бар даме з –ин мархамат махрум мехохед кард,
Не ачаб созед дунёро ба чашми мо сиёх.

Чашм не чашми шумо, бал чашмаи оби хаёт,
Бо чи санъат кимиё ангехт дар ин чашм илох.

Мо факат дорем чону мехр аз моли чахон,
Садкаи чони шумо дорем он беиштибох.

polosa-ornamen

 

 

Нозукнихоли мои,
Эй чони мо, кучои?
Мо дустдорад астем
Гулгункакбо, кучои?

Зулфи батоб дори,
Чашми бахоб дори.
Рахме ба мо надори,
Гулгунакабо, кучои?

Чун ошики ту хастам,
Нози туро парастам.
Ман масту масту мастам,
Гулгункабо кучои?

polosa-ornamen

 

 

Агар он турки шерози ба даст орад дили моро.
Ба холи хиндуяш бахшам Самарканду Бухороро.
Бидех соки, майи боки, ки дар чаннат нахохи ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фигон, к-ин лулиёни шухи ширинкори шахрошуб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони Ягморо.
Зи ишки нотамоми мо чамоли ёр мустагнист.
Ба обу рангу холу хат чи хочат руйи зеборо!
Ман аз он хусни рузафзун, ки Юсуф дошт донистам,

polosa-ornamen

 

 

Шеърхо аз Умари Хаём

Гар як нафасат зи зиндагони гузрад,
Магзор, ки чуз ба шодмони гузарад.
Зинхорки сармояи ин мулки чахон
Умр асту бад-он сон гузарони гузарад.

polosa-ornamen

 

 

Онон ки кухан буданду онон ки наванд,
Хар як паи якдигар якояк бишаванд,
Ин мулки чахон ба кас намонад човид,
Рафтанду равему боз оянду раванд. 

polosa-ornamen

 

 

Ё раб, ту гилам сириштаи ман чи кунам?!
Пашму касабам ту риштаи ман чикунам?!
Хар неку бадеки аз ман ояд ба вучуд,
Ту бар сари ман набиштаи ман чи кунам. 

polosa-ornamen

 

 

Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи аргувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имруз тамошогахи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогахи кист.

polosa-ornamen

 

 

Он кас, хубон лаби хандон додаст.
Хуни чигаре ба дармандон додаст.
Гар кисмати мо надод шоди, гам нест,
Шодем, ки гам хазорчандон додаст.

polosa-ornamen

 

 

Шеърхо дар васфи Модар ва 8 март

Гуянд маро чу зод модар.
Пистон баз дахон гирифтан омухт.
Шабхо бари гахвораи ман.
Бедор нишасту хуфтан омухт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи рох рафтан омухт.
Лабханд ниходу гуфтан омухт.
Пас хастии ман зи хастии уст.
То хастаму хаст дорамаш дуст!

polosa-ornamen

 

 

Модарам мегуфт доим вакти хоб:
«Хоб кун, албатта, бо пахлуи рост!
Он хама коре, ки ният мекуни,
Сар бикун бо кувваи бозуи рост.

Нонро доим ба дасти рост гир,
Пуш аввал остини ростро,
Гар бибанди ахд, дасти рост дех,
Дасти чап не хайр дорад, не бако».

Хурд будам, бехабар будам хануз:
Фарк байни дасти чаппу рост чист?
Хоб кардан, сер будан муддао,
Муддао дар дасти чаппу рост нест.

Баъд фахмидам, муроди модарам
З-ин насихатхош дигар будааст:
Бо чунин панду насихатхо ба ман
Ростиро тарбият бинмудааст.

polosa-ornamen

 

 

Азизу мехрубонам кист? Модар
Фуруги дидагонам кист? Модар
Забони модари омухт бар ман
Хамеша дар забонам кист? Модар

Сафои руи одам офтоб аст
Сафои хонадонам кист? Модар
Маро бехтар зи чон донист модар
Гиромитар зи чонам кист? Модар

polosa-ornamen

 

 

Шеърхои Лоик Шерали

Гах дар гами чон, гах дар гами нон,
Дог аз паи дог, зарб аз паи зарб.
Гох аз паи ин, гох аз паи он –
Яъне хамеша харб аз паи харб…
Ба дустони хасаки
Донам хамаро: намакхаромеду дурушт,
Дар бутаятон на рушд дореду на мушт
Санги багали кух маро шоир кард,
Санги багали шумо маро хохад кушт…

polosa-ornamen

 

 

Он кадар чон мафишон, то тани бечон нашави,
Он кадар сар мафикан, то сари сарсон нашави.
Эй азизон, тухмати нохак навиштан хуб нест,
Одами дарёдилеро ташна куштан хуб нест.
То ба ёдат будаам, дар ёди олам будаам,
То зи ёдат рафтаам, аз ёди олам рафтаам.
Бахору ишку чавони барои хар кас нест,
Ба руи сабза нишастан насиби хар хас нест.
То туи дар барам, эй махбубам,
Мушт бар фарки ачал мекубам!
Як замон то буди поку софтар,

polosa-ornamen

 

 

Шеърхои Рудаки

Касоиду газалиёт ва китъаот
«Гар ман ин дустии ту бибарам то лаби гур…»
«Пупак дидам ба хаволи(и) Сарахс…»
«Чахоно, чунини ту бо баччагон…»
«Зихи, фузуда чамоли ту зебу ороро…»
«Ба хак нолам зи хичри дуст зоро…»
«Гирифт хохам зулфайни анбарини туро…»
«Кас фиристод ба сир-андар айёр маро…»
«Ба номи неки ту, хоча, фирефта нашавам…»
«Дило, то кай хамечуйи манеро…»
«Бо ошикон нишину хаме ошики гузин, …»

polosa-ornamen

 

 

Рубоиёт
«Хар руз бар осмон-т бодо мурво! …»
«Дар рахгузари бод чароге, ки турост…»
«Бо он ки дилам аз гами хичрат хун аст…»
«Чое, ки гузаргохи дили махзун аст…»
«Дил хаставу бастаи мусалсал муест…»
«Такдир, ки бар куштанат озарм надошт…»
«Чашмам зи гамат ба хар акике, ки бисуфт…»
«Бунлоди ту шуд тарбияти хоча, валек …»
«Бе руйи ту хуршеди чахонсуз мабод…»
«Зулфаш бикаши, шаби дароз андозад…»

polosa-ornamen

 

 

Шеърхои Мирзо Турсунзода

Чи буи форам, эй дуст, мерасад андар машоми мо,
Мароми табрикоти наврузи, дар хар каломи мо.

Хама андар Ватан, доранд чашни иди наврузи,
Вале афсус, дар гурбад, бувад имруз макоми мо.

Дар “интарнет” ки мо бо хамдигар табрик мегуем,
Аз оне, ки Ватан бошад умеди мо, мароми мо.

Гариби куи дигар гаштаем имруз мо ёрон!
Тамасхур мекунанд, инхо, ба ному эхтироми мо.

Агар чанде, ки “Гастарбайтр”-он гуянд, чун моро!
Валекин дар Ватан, донанд кадру эхтироми мо.

Ту, ки “Гастарбайтр”-он мегуиву “Чамшуду-Равшан” хам,
Аз он, ки зиндаги талх гаштааст, имруз ба коми мо.?!

Ту, эй аблах намедони, ки Точик кисту, кадраш чист?!
Чахон бин, фахр дорад бо Синову бо Хайёми мо.

polosa-ornamen

 

 

Бахор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндаги охиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гушту нохун ман хамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри бехтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар хар кучо омад ба сар форам хавои ту,
Ман аз он суи укёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён туфону мавчи бахрхо буданд,
Вале омад ба гуши ман садои рудхои ту.
Ба вакти бозгаштан чун расидам бар худудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар хавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оханги сурудат ман.
Агарчи борхо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёхи маро карданд гарчи дустон машхур,
Вале ман дар хама чо, дар хама кунчу канори дахр
Хамеша бо Ватан будам, хамеша бо Ватан масрур

polosa-ornamen

 

 

Шеърхои Наврузи

Омад бахору бар кафи соки пиёла ку?
Бар сахни бустон гулу бар дашт лола ку?
Гул кард гунчаи кафас аз чуши навбахор,
Эй мурги болбаста, туро оху нола ку?
Гардидаанд ром ба сайёд охувон,
Он вахшие, ки буд ба чашми газола, ку?
Карди чу сафха номаи аъмоли худ сиёх,
Эй булфузул мард, китобу рисола ку?
Бахри хавои нафс зи хилват бурун шуди,
Эй шайхи шахр, тоати хафтодсола ку?
Хат омаду гирифт зи ёр интикомро,
Эй он, ки буд сохиби чандин хавола, ку?
Эй Сайидо, зи ишк нишоне ба дахр нест,
Доге, ки буд дар чигари мову лола, ку?

polosa-ornamen

 

 

Навруз лола орад,
Май дар пиёла орад,
Пайгоми навбахорон
Бар куху ёла орад.
Наврузи навбахорон бар дустон муборак,
Чашни гулу мухаббат дар бустон муборак.
Навруз навчавон аст,
Навруз човидон аст.
Аз рузгори дерин
Зеботарин нишон аст.
Наврузи навбахорон бар дустон муборак,
Чашни гулу мухаббат дар бустон муборак.

polosa-ornamen

 

 

Шеърхои Исломи / точики

Хамди бехад маар худои покро,
Он ки чон бахшид мушти хокро.
Он ки дар одам дамид у рухро,
Дод аз туфон начот у Нухро.
Он ки фармон кард кахраш бодро,
То сазое дод кавми Одро.
Он ки лутфи хешро изхор кард,
Бар халилаш норро гулзор кард.
Он худованде ки хангоми сахар,
Кард ками Лутро зерузабар.
Суи у хамсе, ки тир андохти,
Пашшае кораш кифоят сохти.
Он ки аъдоро ба дарё даркашид,
Нокаро аз санги хоро баркашид.
Чун иноят кодири кайюм кард,
Бар кафи Довуд охан мум кард.
Бо сулаймон дод мулку сарвари,
Шуд мутеи хотамаш деву пари.
Он яке пушида санчобу самур,
В-он дигар хуфта барахна дар танур.
Он яке бар бистаре кимхобу нах,
Дигаре ба хоку хоре баста ях.
Турфатулайне чахон бархам занад,
Касс наметонад, ки он чо дам занад.
Он ки бо мурги хаво мохи дихад,
Бандагонро давлати шохи дихад.
Бе падар фарзанд пайдо у кунад,
Тифлро дар махд гуё у кунад.
Мурдаи садсоларо хай мекунад,
Ин ба чуз хак дигаре кай мекунад.
Сонее к-аз тийн салотин мекунад,
Начмро ра чми шаётин мекунад.
Аз замин хушк руёнад гиёх,
Осмонро бесутун дорад нигох.
Хеч кас дар мулки у анбоз не,
Кавли уро лахн не, овоз не.

polosa-ornamen

 

 

Шеърхои Бахори

Омад бахори ошикон, то хокдон бустон шавад,
Омад нидойи осмон, то мурги паррон шавад.
Хам бахр пургавхар шавад, хам шура чун кавсар шавад,
Хам санг лаъли кон шавад, хам чисм чумла чон шавад.
Гар чашму чони ошикон чун абри туфонбор шуд,
Аммо дил андар абри тан чун баркхо рахшон шавад.
Дони, чаро чун абр шуд дар ишк чашми ошикон,
Зеро ки он мах бештардар арбхо пинхон шавад.
Эй шоду хандон соате, к-он арбхо гирянда шуд,
Ё раб, хучиста холате, к-он баркхо хандон шавад.
З-он садхазорон каторхо як катра н-ояд бар замин
В-ар з-он, ки ояд бар замин, чумла чахон вайрон шавад
Чумла чахон вайрон шавад вв-аз ишки хар вайронае,
Бо Нух хамкишти шават, пас махрамитуфон шавад.
Туфон агар сокин буди, гардон набуди осмон,
З-он мавчи беруназ чихат ан шаш чихат чунбон шавад.
Эй монда зери шашчихат, хам гам бихур, хам гам махур,
К-он донахо зери замин як руз нахлистон шавад.
Аз хок рузе сар кунад, он бех шохи тар кунад,

polosa-ornamen

 

 

Шеър барои Падар

То падар буд шоди доштам хам нишот,
Гам ба чои шоди омад чашм пушид аз хаёт.
***
Бар сари болини у чандин табибон омаданд,
Лек сад афсус, нашуд имкон диханд аз марг начот.
***
Мушкилот дар зиндаги дар кори ман пайдо шавад,
Маслихат ман аз ки чуям аз барои мушкилот?
***
Баъди фавти у нагуянд нохалаф фарзанди уст,
Рохи ростро меравам бо эхтиёт, бо эхтиёт.
***
“Бо падар хурсанд будам бевафой кард умр,
Мехр бар модар ниходам ёфт модар хам вафот”.

Диргар шеърхои точики дар сахифаи : http://sherho.ortgk.ru/ 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …