Главная / Чамъият / Шеърхои Наврузи бо забони точики

Шеърхои Наврузи бо забони точики

Навруз омад

Зимистон рафтаву Навруз ояд
Башорат харкучо: Хушруз ояд!
Нидо омад зи пушти кухи фарёд
Ки имшаб назди мо Фируз ояд
Биё гулхои ишку мехрубони
Барои дустони чони чинем
Дар ин айёми Наврузи хучаста
Гаму шодии хамдигар набинем
Биё бо хам суруди ишк хонем
Ва аз чоми мухаббат комронем
Кунун гар мавсими бусу канор аст
Ба хам то иди дигар шод монем
Тамоми дашт дорад буи Навруз
Чи зебо хасту барно руи Навруз
Гулу булбул газалхону , табиат
Хаменушад фарах аз чуи Навруз
Биё гарду губори сина гирем
Бахор омад, биё то кина гирем
Дар ин фасли шукуфонии дилхо
Биё мо хам гами дерина гирем
Биё Навруз омад, шод бошем
Рахо аз гуссаву фарёд бошем
Дар ин дунёи танги бемуруват
Барои хамдигар озод бошем
Зиндаги дар чараён аст хануз
Олами пир чавон аст хануз
Пас биё мову ту бо хам бошем
Чун ба хар хол замон аст, хануз
Бубин ишки ману ту кур гашта
Ба сони орзухо дур гашта
Дигар харфе барои гуфтанам нест
Тамоми орзухо гур гашта

Шеър дар васфи иди Навруз

Навруз бар дар омада, ёрон, ба хам расед,
Ба хандахои бегаши ори зи гам расед.
Наврузро рисолати ишк офаридан аст,
Эй ошикон, ба киммати ишки санам расед.

Гар шоире чу хандаи гул шеъри  сабз гуфт,
Бар пешвози шоиру шеъри Ачам расед.
Ку, он таронае, ки чу ман охи шаб кашид,
Бахри саломи шабнами гул субхдам расед.

Эй шоирон ба нагмаи шево чу Мавлави,
Бар обшори кухи газал дам ба дам расед.
Аз чашми сурмасои шаб ашки сахар чакад,

Дар анчуман ба сурмаи чашми калам расед.
Чун руи гул шукуфта хама чехрахо кунун,
Бар базми ошиконаи Наврузи Чам расед!

ШЕЪРХОИ НАВРУЗИ

Навруз расид ёри дирузии ман
Як руз биё барои дилсузии ман
Гамхои ту кухнаанд, аммо имруз
Хуштар зи гами ту нест наврузии ман

Дар гирди хони Навруз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст чамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз хамро,
Бо хамдигар бисозанд, бо хамдигар бипоянд.

Дар руи хони Навруз бояд ки боз бошад
Хам шохаи гули тар, хам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.

Дар руи хони Навруз рамзи бахори дунё
Ё хафтсин бибояд ё хафт навдаи он –
То боги хафт иклим руи хазон набинад,
То боги умр бошад то човидон гулафшон.

Дар базми иди Навруз аз хафт навъи бода
Ман чоми хештанро пур мекунам, харифон,
Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми дахр
Руи гаме набинад то хафт пушти инсон!

Бародар иди Наврузат муборак
Баробар шуд шабуруз, муборак
Муборак бодат имсолу хама сол
Хумоюн бодат имрузу хама рузат !!!

СИМАЛАК

Суманаки нав,
халовати чон,
Меояд аз ту,
Буи бахорон,
Шабхо нишаста,
Хурсанду хушвол,
Модарам туро,
Мепазад харсол,

НАВРУЗИ

Навруз лола орад,
Май дар пиёла орад,
Пайгоми навбахорон
Бар куху ёла орад.
Наврузи навбахорон бар дустон муборак,
Чашни гулу мухаббат дар бустон муборак.
Навруз навчавон аст,
Навруз човидон аст.
Аз рузгори дерин
Зеботарин нишон аст.
Наврузи навбахорон бар дустон муборак,
Чашни гулу мухаббат дар бустон муборак.

Дигар назмхои навврузи дар сахифаи http://sherho.ortgk.ru/category/idona/navruz/

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

rishta

Ришта: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

Меърочиддини Камол менависад: Гар ришта ба хоби ту дарояд, сафар аст, Бар Каъба сафар ва …