Главная / Маданият ва санъат / Шеър дар бораи Модар

Шеър дар бораи Модар

МОДАРИ МАН

Чу аз модар ба дунё омадам ман,
Маро дар гохвора баста буданд.
Сари гахвораам биншаста ёрон,
Бароям номи нек чуста буданд.
Ду дасту пойи ман махкам бубастанд,
Ки донам кадри дасту пойи озод.
Дилам мисли асир озоди чуяд,
Бичуяд дар чахон пахнои обод.

Маро дар гохвора баста буданд,
Ки аз бахри халоси ёбам имкон,
Ки то дар чунбиши гахвораи хеш
Барои худ шавам такдирчунбон.
Маро дар гохвора баста буданд,
Ки кадри хонаободи бидонам.
Кушоям худ гирех аз мушкили худ,
Зи хурди кадри озоди бидонам.
Муаллиф: Лоик Шерали (29.1.1986)

Модар бо писараш - фарзанд


СИПОСНОМА БА МОДАР

Модарам, эй модари чонпарварам,
Пеши поят сар нихам, эй сарварам!
Кудакам ман дар нигохат то хануз,
Мегузори дасти шавкат бар сарам.

Дуст медорам туро, то зиндаам,
Бо хавасхои зиёдам зодаи.
Ту бароям номи Зебо мондаи,
Ту ба ман зебоии худ додаи

Рахнамову рахкушои ман туи
Дар рахи дури умед эй модарам.
Гашта гесуи сиёхи ту сафед,
То шавад бахтам сафед, эй модарам.

Мепарастам ман туро, то зиндаам,
Аз ту мепурсам дуои зиндаги.
Модарам, бодо нигахбонат худо,
Зинда боши аз барои зиндаги!
Муаллиф: Хатлони 

НАСИХАТИ МОДАР

Модарам мегуфт доим вакти хоб:
«Хоб кун, албатта, бо пахлуи рост!
Он хама коре, ки ният мекуни,
Сар бикун бо кувваи бозуи рост.
Нонро доим ба дасти рост гир,
Пуш аввал остини ростро,
Гар бибанди ахд, дасти рост дех,
Дасти чап не хайр дорад, не бако».
Хурд будам, бехабар будам хануз:
Фарк байни дасти чаппу рост чист?
Хоб кардан, сер будан муддао,
Муддао дар дасти чаппу рост нест.
Баъд фахмидам, муроди модарам
З-ин насихатхош дигар будааст:
Бо чунин панду насихатхо ба ман
Ростиро тарбият бинмудааст.
Муаллиф: Лоик Шерали  (1960)

ФАХРИ МОДАР

Аё модар – табиат, гар зи ман месохти кухе,
Паёпай ашкхоям мисли дарё паст мерафтанд.
Ва  армони дилам як порасанги сард мегардид,
Тамоми орзухо барабас аз даст мерафтанд.

Агар месохти аз ман гиёхистони атрогин,
Дарего, мешудам рузе хазону зард мегаштам.
Маро месохти сахро, вучудам аз шарар месухт,
Чу вулкон дарди ман месухт, ман бедард мегаштам.

Агар месохти сайёра, дар бурчи фалак аз ман,
Маро мемонди андар кунчи узлат бо сари танхо,
Якин донам, ки метаркидам аз танхоиям рузе,
Ба ту, модар – табиат, мешудам ман офате он гох.

Ба фаркат лахза-лахза боду бурон аз дилам мерехт,
Агар месохти бахри пур аз ошуб ту аз ман.
Ва ё абре маро месохти дар олами гардун,
Панах андар канорам менамудам мехри нурафкан.

Хазорон шукр, аз ман сохти инсони сохибдил,
Ба руям аз саодат, аз шарофат нур мепоши.
Хамефахрам, ки ман рузе тамоми дардхоятро
Даво созам, ки то дар хизмати ман рахнамо боши.
Муаллиф: Улмас Чамол

АЛЛАИ МОДАР

Хоб рав, нури ду чашмон,
Хобидаст олам,
Сабза, инсону хайвон,
Мургу мохи хам.

Танхо чуйхо равонанд,
Онхо ширинзабонанд,
То фарзандам бихобад,
Алла! мехонанд.
Алла, чон, алла!

Рохат хобад азизам,
Бе дарду хурсанд,
Бозичахои хубаш
Дар хобаш оянд.

Дар хобаш гулхо бинад,
Чамъи булбулро бинад,
Аз парешонхо танхо
Сунбулро бинад.
Алла,чон, алла!

Фардо модар ба гарми
Шуяд руяшро,
Шона занад бо нарми
Мушкин муяшро.

Гуяд зудтар калон шав,
Дар Ватан пахлавон шав!
Акнун, бо як табассум,
Осуда хоб рав!
Алла, чон, алла!

Муаллиф: Абулкосими Лохути 1943.

ХАЗОН ВА МОДАР

Хазон меруфти он руз, эй модар,
Хазон меруфти аз пешгохи кулбаи фартут.
Хазони умр аз ачзои ту мерехт,
Хазон меруфти…
Гарчи хазонрези хаётат буд.
Хазонхо руйи рох афтода буданд –
Хазонхои дарахтони хаёти дастпарвардат.
Ту меруфти хазонхорову гуйи бехабар буди
Зи рангу руйи монанди хазон зардат
Хазонхо зери по афтода буданд.
Хазон меруфти бо шохчоруби хазонруби,
Вале аз дасти ногирои ту чоруб меафтод.
Зи бедоди фалак, эй модари чон, сад фигону дод,
Забонам очизу гуфтан наметонам,
Хазони умрро руфтан наметонам…
Муаллиф: Лоик Шерали (29.1.1986)

НОНУ НАСИБ

Кучо рафтанд, эй модар,
Кучо рафтанд кафтархои навболу парат, модар,
Кучо рафтанд фарзандони навдилдодаат, модар?
Бисоти туй меандухти,
Бахри арусонат
Садаф мечустию гарди хазина, шаддаи марчон.
Чи шуд?
Бемодарии зумраи манхус боис шуд,
Ки рафт аз дасти ту ногах асои пирият, чонат.
Ба китфи хар яке ту орд пошиди, гуселонди,
Дуо карди, ки мисли орд бошад рохашон испед.
Ба ёдат хаст, аз нони тамоме порае доди
Ба онон, то ки ними дигараш бо чазбаи худ бозгардонад
Ба наздат рафтагонатро,
Кушои боз хони ид.
Кучо рафтанд, эй модар,
Кучо рафтанд он шахбозхои дурпарвозат,
Калиду куфли тиллоят, дари бозат,
Сад огози як огозат?
Ба ёдат хаст он нони насиби рафтагонатро
Ба рузи бенавоихо ба ман доди,
Ки чун захри халохил буд дар комам…
Ва омад навбати ман хам…
Маро хам дар рахи хидмат гуселонди.
Марезон ашк, эй модар,
Чахон дар бистари чун парниён нарме
Нафас осуда мегирад.
Пайи ин сон хаёти пурнишоте хар каси дилсуз
Агар мирад, намемирад.
Ба ман хам орд пошиди, ба ман хам ними нон доди,
Ва ними дигарашро дошти бо худ,
Ки чун баргардам аз хидмат, бихохам хурд.
Машав маъюс, эй модар,
Кунун нону насибамро каси дигар нахохад бурд.
Чу дар он орзуи синахои дог-доги модарон дарч аст,
Чу дар он мехру ёди чумлаи курбониён дарч аст.
Чу дар он хуни поки кахрамонон,
Номхои тобноки човидон дарч аст!
Муаллиф: Лоик Шерали  (1965)

ЧОМАИ ГАДОИ

Чу ман бар арсаи хасти кадам мондам,
Ту бо уммеди бисёре
Дари хар хонае рафти.
Гадои карди аз хар хонае як пора газворе –
Нахуст аз модарони серфарзанде,
Сипас аз пири ботадбиру солоре.
Нахуст аз токивори* мурдаи бодавлату бонанг,
Сипас аз махзани бори аруси бахтбедоре.
Ба руйи марзае в-онгах
Миёни пирзанхои худочуе,
Малофа бар малофа
Порахои чанд алвонро
Ба ният духти бо хам.
Тамоми халк гуйи бар кади ман чома пушонид.
Тамоми халк гуйи кисматам бахшид.
Ту гуйи, чома неву чавшани ман буд,
Ту гуйи, пора-пора мехри мардум дар тани ман буд.
Ман аз он руз, эй модар,
Ман аз он руз то имрузу то хастам
Зи мардум карздорастам.
Ман аз он чомаи садпораву садранг
Тамоми рангхои зиндагиро хуб санчидам,
Ва андар хидмати мардум камар бастам.
Кунун ман хам ба сони ту
Ба хар як хона руй орам
Барои порае такдир,
Барои порае тадбир.
Барои порае аз саргузашти халк,
Барои порае аз сарнавишти халк,
Ки бо ашъори девонам
Тамоми карзхоро пора-пора бозгардонам.
Ба чои пораи талбидаат хар бор
Орам порае ашъор,
Ки дар хар пораи ашъор
Бошад порае икбол…
Дар киёси гури мардон пештар
Гури занро жарфтар мекофтанд,
Гуйи у дорад гунохони азим –
Аз шариат хилахо меёфтанд.
Гури занро жарфтар мекофтанд,
То гунохаш жарфтар пинхон шавад.
То зи хоки у наруяд сабзае –
Боиси маъсияти покон шавад.
Бехабар аз он ки зан модар бувад,
Чурмаш он бошад, ки инсон зодааст.
Бар чунон одатшиносони дурушт
У насиби зиндагони додааст.
Бехабар аз он, ки модар холик аст,
Зиндаги ёбад аз у такрорхо.
Аз гунохи чумла фарзандони худ
Мекашад дар гур хам озорхо…
Бехабар аз он, ки зан – чони чахон
Чашмашонро бар чахон бикшодааст.
Гар гунохе дорад, он хам ин бувад,
К-он чунон нокадрдонон зодааст…
Муаллиф: Лоик Шерали  (1979 с.)

РОХНИШИН АЙ МОДАРАМ

Дар сари рох аст гурат,
Модари гамкуштаи ман,
Шеъри дарду охи чонам,
Байти хуногуштаи ман.
Бигзаранд аз пахлуи ту мардумон
Гох боло, гох поён,
Гах савора, гах пиёда
Бо такопуйи зиёда.
Он яке омин кунад суйи мазорат,
Модараш гуфти, ки бошад хамчаворат.
Дигаре парвои сад махшар надорад,
Гуйиё модар надорад…
Он яке гардунааш гардуннавард аст,
Сар ба гардун судааст.
Дигаре байни замину осмон
Будаи нобуда аст.
Бигзарад аз пахлуи ту
Хар касе, ки бехабар аз захми носури дил аст.
Бехабар аз он, ки гурат гури як мушт устухон нест,
Гури ту гури тапишхо, гури ту гури Дил аст…
Хар гахе оям тавофи хоки ту,
Чашмхоят аз даруни гур суям бингаранд.
Хонда печонхатти ожанги чабин,
Аз чахон суду зиёнам бишмаранд.
Чашм пушиди агар аз зиндагони,
Суйи ман боз аст чашми интизорат.
Суйи ман гирёну пазмон боз бошад
Чашми чорат аз мазорат…
Модари гамкуштаи ман, гарчи дар зери замини,
Боз хам дар зери гардун рохпою рахнишини…
Муаллиф: Лоик Шерали   (9.11.1988)

МОДАР ТУ АХТАРИ ОСМОН

Чу афтад ахтаре аз боми гардун,
Чунин ёбам, ки афтод ахтари ман.
Дарахти пир чун афтод вожун,
Бигуяд фоли холи модари ман.

Чу рохе кур гардад беравуо,
Бигардад кур рохи манзили ман.
Чу аз сарчашма хушкад оби дарё,
Бихушкад гуи дарёи дили ман.

Ту гуи мебуранд ангушти моро,
Агар бурранд нарти навдарахте.
Хурем афсус дида марди аъмо,
Ки шояд буд чашми курбахте.

Чу мирад аз казо фарзанди одам,
Хар он к-у бишнавад, озурда бошад.
Бигиряд чумла безурёти олам,
Ки гуи тифли у хам мурда бошад.

Чаро мо ин кадар дардошноем?
Кучо дардест, дарди худ бидонем,
Гами дунё хама андар дили мо,
Чахон дар мост ё мо дар чахонем?
Муаллиф: Лоик Шерали  (1970)

МОДАРИ МАН

Модарам, олихаи покии ишк,
Бо дили покиза покам зодаи.
Аз вучуди поки худ чун мехри пок
Шири поки модариям додаи.

Покият аз пушти поки ту бувад,
Пок оби дидаатро кардаи.
Дар лаби домони покат бо азоб
Кудакони поки худ парвардаи.

Чун сарандози сафеди бастаат
Гашта гесуи сиёхи ту сафед.
Ту ба бахти мо сафедиро хануз
Бо дуои поки худ дори умед.
Муаллиф: Хатлони

ВОЛОТАР АЗ ХАМА

Як дами чон костани модарон
Бех зи хама муъчизи пайгамбарон.
Як нигахи шуълавари модарон
Бех зи хама анчумани ахтарон.
Як сухани бонамаки модарон
Бех зи хама хикмати донишварон.
Як асари маслихати модарон
Бех зи хама доварии доварон.
Як хунари хамдамии модарон
Бех зи хама чодуи санъатгарон.
Як нафаси сухтани модарон
Бех зи хама сузи дили шоирон.
Як табусузи чигари модарон
Бех зи чигардории сарлашкарон.
Як мадади фотихаи модарон
Бех зи мададгории сохибсарон.
Як кадами беалами модарон
Бех зи хама шаш чихати бекарон.
Пас, ба кадамхои шумо, модарон,
Хок шаванд аз хама волотарон.
Пас, ба кадамхои шумо, модарон,
Кавну макон бод фидо, модарон!
Муаллиф: Лоик Шерали  (25.4.1982)

Киблагохам модарам!

Киблагохам!
Модари олампанохам!
Дастхо дар пеши бар дар пеши дар истодасти хануз.
Аз дару даргохи ман харчанд рафти зери хок,
Хамчунон тимсоли мехру эътикодасти хануз.
Пеши дар истодаи, эй модари чашминтизорам,
Эй сари сабзам, умеди зиндаам, субхи бахорам.
Пеши дар истодаи, гуё саропо зиндаи,
Бо хамон наззораиву бо хамон лабхандаи.
Модароне будаанд афзун ба олам, тифлаконе зодаанд,
Лек волотар зи модар будаи,
Будаи хам модару хам офаринанда,
Баски бо навзод тавъам шоире хам зодаи,
Шоире дилдодае, озодае.
Маншаи шеъри сафедам буда аз шири сафедат,
Модарам, баски сафедихо хама аз орзухои сафеди туст.
Одами гар орзуи зиндаги дорад,
Зиндагони гар умеди боз хам пояндаги дорад,
Пояаш бар орзую бар умеди туст.
Киблагохам!
Модари олампанохам!
Рафтаи гарчи зи дунёи дудар,
Дар сарат карси сафед,
Дар рухат нури умед,
Дастхо дар пеши бар дар пеши дар истодаи.
Пеши дар истодаи,
Гуйиё дар пешвози мехмон омодаи.
Гуйиё дар остона,
Рохпойи човидона
Хам маро,
Хам аз тамоми руйи дунё мехмонхои маро…
Муаллиф: Лоик Шерали (12.12.1985)

ДУБАЙТИХО — МОДАР

Аё модар, мадори ман ту буди,
Гули аввалбахори ман ту буди.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту буди.

Аё модар, ба курбони ту мирам,
Чу мухри мехри паймони ту мирам.
Чахон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар руйи дастони ту мирам.

Сиришти ман, ниходи ман ту буди,
Сафои бомдоди ман ту буди.
Аё модар, ба он сон бесаводи
Нахустин устоди ман ту буди.

Ту хушбахти зи кисмат, хохари ман?
Сарафрози ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман рози рафти, модари ман?

Чахонсозу чахоноройи, эй зан,
Сутуни гунбади минои, эй зан.
На танхо калъаи дилхои, эй зан,
Ки хатто калъаи дунёи, эй зан.

Дилам хохад, равам бар куйи модар,
Вучудам пур шавад аз буйи модар,
Тамоми руйи дунёро бигаштам,
Надидам руйи хуш чуз руйи модар.

Сари гури ту биншастам даме чанд,
Бигиристам зи андуху гаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: бахои одами чанд?

Дарего, модари пирам, дарего,
Чароги бахту такдирам, дарего.
Ту буди бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дарего.

Кучои, модари чонпарвари ман,
Худои умри ман, пайгамбари ман.
Сарам дар бистари марг аст имруз,
Биё аз гуру биншин бар сари ман.

Туи пирам, туи тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемири ту, эй модар, агар ман
Барои модари миллат бимирам!
Муаллиф: Лоик Шерали

ХАСРАТ БА МОДАР

Ту дигар ба пешвозам дами дар намебаройи,
Ту дигар ба лахчаи худ бари ман намесаройи:
«Писари азизам омад,
Писари газалнависам омад».
Ту дигар наметавони, ки миёни пиразанхо
Зи ман ифтихор сози ба хазору як таманно:
«Писари азизам омад,
Писари газалнависам омад».
Ту дигар фирор карди ба чахони сарду хомуш,
Ту дигар намекушои ба наберагонат огуш,
Ки дихи дуои икбол,
Ки бибахши неруи пару бол.
Зи канори хок буди, ба канори хок рафти,
Зи дехи Мазор буди, ба мазори пок рафти,
Шуди ёди човидони
Ба мадори бемадори зиндагони.
Чу ба хонаат дароям, хама буйи дард ояд,
Дили ман ба дард ояд зи хуручи дардхоят.
Шунавам фигони шабхот
Зи бахамфишурда лабхот.
Чу ба ёд оварам ман хама он азоби чонат,
Табу сузи устухонат, фалачи ачалнишонат,
Каламам фалач шавад зуд,
Хама хастиям кунад дуд…
Зи тавофи кулбаи ту дили ман зи хам бирезад,
Ба хама чахон ситезад писари газалнависат,
Ки кучост модари ман,
Ки кучост модари диловари ман?
Писари газалнависат акнун газали азо бигуяд,
Газале агар бигуяд, газали туро бигуяд,
Ки кучост модари ман,
Ки кучост давлати сари ман?
Ту кучои модари чон? Паси дар намебаройи,
Ва дигар ба шеваи худ бари ман намесаройи:
«Писари азизам омад,
Писари газалнависам омад…»
Муаллиф: Лоик Шерали (15.12.1985)

ДАР САРИ ГУР

Чашни фарзандони худ нодида рафти, модарам,
Донаи барчошро ночида рафти, модарам.
Пеш-пеши наварусу дастаи машъал ба даст
Шодмон, пирона нораксида рафти, модарам.
Ном мемонди ба ният бар хама навзодхо,
Рахт меорости дар туйи навдомодхо.
Точи тиллои арусонро ту мебасти мудом,
Атр меомехти бар накхати гулбодхо.
Дар рахи фарзандхо обу адо гашти ба мехр,
Дар чидоли модари бо чон фидо гашти ба мехр.
Ту сиришти мехру ишку зиндаги будию боз
Окибат аз зиндагони хам чудо гашти ба мехр.
Бе гулу гулдаста мактабхона мебурди маро,
Дошта аз дасти ман, шодона мебурди маро.
Баъди мактаб то дили шаб бо забони шаккарин
Бар чахони киссаю афсона мебурди маро.
Хотирам дарди дили пиронаи ту мебарад,
Як чахони киссаю афсонаи ту мебарад.
Ту дигар бар хонаи ман худ намеойи, вале
Бандаги охир маро бар хонаи ту мебарад.
Атласи рангинкамон пироханат ёд оварад,
Тундар аз фарёдату аз шеванат ёд оварад.
Занги мактаб хар сахар чун занги субхи баччаги
Аз маро то пеши мактаб бурданат ёд оварад.
Бориши борон зи ашки дидаат ёд оварад,
Баргрезон аз гули ночидаат ёд оварад.
Офтоби кури зери абр дар фасли бахор
Як-як аз рузи хуши нодидаат ёд оварад.
Модарам, имруз бо Модар-замин якто шуди,
Бо замин, бо чархи гардон хамраху хампо шуди.
Буйи ашку буйи доги сина дорад мадфанат,
Гарчи худ бо ашку доги сина нопайдо шуди.
Дидагони хирабину ашкборат – зиндагист.
Раъшаи дастони хушку бемадорат – зиндагист.
Омади танхою танхо рафти аз дунё, вале
Тору пуди бошу буду ёдгорат – зиндагист!
Зиндагии шоирона аз ту мероси ман аст,
Ин замину ин замона аз ту мероси ман аст.
Дар дехи танге агарчи халк карди ту маро,
Ин чахони бекарона аз ту мероси ман аст.
Гарчи аз он хавлии деворбаста рафтаи,
Дар дилу дар дидаю дар хотири ман зиндаи.
Дигар аз дарбачча сар берун наёзи суйи ман,
Лек дар даргохи чони шокири ман зиндаи.
Зиндаи, эй модари ошуфтачонам, зиндаи,
Дар равонам, дар газалхои равонам зиндаи.
То мани аз шири покат покбозу покчон
Зинда дар байни замину осмонам, зиндаи.
Кист рози буд аз дунёву мехнатхои он,
То ту рози хуспи андар синаи сарди замин?
Мехурад гарчи заминат, мехурад беэътибор,
Хамчу модар мекаши андар замин дарди замин.
Дастхои ту бурун аз хок суйи офтоб,
Чашмхоят боз бо хасрат ба руйи офтоб.
Шишаро бар чашмхои обрав бигзошта,
Мебаройи гуйиё бар чустучуйи офтоб.
Мебаройи пешвозам синакубон, модарам,
Бесиришку бесадо гирёну хандон, модарам.
Мебаройи бар гуселам то сари рохи калон,
Аз кафо бо сад хаёле дастафшон, модарам.
Модари хушбахту бадбахтам, замин ёри ту бод!
Гирдгардон рухбони покрафтори ту бод!
Пайрахе, ки бар мазори хоксорат мебарад,
Пойгохи зодагони номбардори ту бод!
Муаллиф: Лоик Шерали 

ХОНАИ МОДАРАМ

Ин шаби туршруйи борони
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Боми у мечакад зи боронхо,
Дар дилам оламе ба дод омад.
Дар чунин кулбаи факирона
Бо дили рост модарам дорост.
Кудаконаш ба хар кучо рафтанд,
Монда дар кунчи хонае танхост.
Шояд у бо умеди афви гунох
Рамазон асту руза медорад?
Вакти ифтор чак-чаки шибдор*
Хеч бар гуши у намефорад?
Ё ки дар чонамози фарсуда
Зикри Аллох мекунад дар дил?
Ё зи Парвардигор мехохад,
Ки зи чаннат дихад варо манзил?…
Буд вакте ки модари пирам
Тозару буд, милаи тар дошт.
Милааш дошт буйи чурготи,
Хайдарии хазинаи зар дошт.
Остини фарох то оринч
Барзада бо хазору як тадбир,
Гуйиё хакки кудаконашро
Меситонд аз каламкаши такдир.
Субхгохон чу гов медушид
Пушти уро ба мехр молида,
Дохили ширдуша меафтод,
Милахояш зи шона лагжида.
Хар гахе дар танури бозудор
Кулчахои башир мечаспонд,
Сари мижгону абрувонашро
Лахчахои танур месузонд.
Ширбу дастхои у шабхо
Ба сарам нарм-нарм мелагжид.
Бесухан пилкхои чашми маро
Ба сари панчахош мемолид.
Чи кадар дар дилам таманно буд,
Лек аз содаги намегуфтам.
Хамчунон дасти у ба руи дилам
Вассахоро шумурда мехуфтам.
Боз дар ин шабони борони
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Чак-чаки шифт… шиддати борон…
Дар дилам оламе ба дод омад.
Модарам! Модари бихиштиям!
Чойи ту дар бихишт таъин аст,
Лек холо, ки мечакад бомат,
Ман надонам, чи рузи сангин аст.
Модарам! Модари бихиштиям!
Нести ту аз он пушаймонхо.
Тирборон накушт агар моро,
Нест боке зи барфу боронхо!
Модарам! Модари бихиштиям!
Зиндаги гах ба хеш мегиряд.
Бар замин осмони бепоя
Гах ба холи пареш мегиряд.
Модарам! Модари бихиштиям!
Осмон боиси чи гирён аст?
Ашки ту бас набуд, ки дар дунё
Боз борону боз борон аст?..
Муаллиф: Лоик Шерали  1978

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …