Главная / Илм / Савсани кухи

Савсани кухи

savsani_kuhi-2-660x330Савсани кухи  — ин решаи савсани кухи аст, ки буяш буйи бунафшаро дорад. Гулаш мураккаб аз се ранг: сурх, сиёх ва зард омехта аст. Решааш пургирех, дарози ва гафсиаш ба андозаи ангушти даст аст. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар хушки камтар аз ин дарача мебошад. Ин хар чи кадар кухнатар гардад, куввати исхоловариаш, яъне дар давоги кавитар ва мизочаш хушктар мегардад.

Хислатхои шифобахши Савсан:  ин хусусиятхои мулоимкунандагии дарун, гарм гардонандагии бадан, кушояндагии гиреххо, пазонандагии моддахо, поккунандагии узвхои дохили, хоричкунандагии зардоб, моддахои савдо ва балгами гафс дорад. Хар чи кадар ин кухнатар гардад, куввати исхолкунандагиаш зиёдтар мешавад.

11 грамм решаи онро куфта, бо шахдоб бихуранд, моддахои гализи балгами ва моддаи сафроро аз бадан бо исхол дафъ мекунад. Решаашро куфта, бо равгани гули сурх хамир карда, ба сар гузошта банданд, барои дарди сари кухна даво мешавад. Гулашро куфта гузошта банданд, иллати сакта (мурдавор бехаракат мондан), чингак шудани аъзо аз сабаби зиёд гаштани балгам ва инчунин карахтиро ба ибро меоварад.

50 грамм решаи хушкашро шуста, дар 3,5 литр оби ширин бо оташи мулоим ним соат бичушонанду баъд он обро соф карда, хар шаб аз он пеш аз хоб 100 грамм бинушанд ва аз болояш як чойкошук асал хам бихуранд, паридани аъзо, карахти, иллати ларзак, сакта, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), суст ва нотавон гаштани узве ё аъзо, дар вакти хоб тарсидани кудак, исён (фаромушхотири) — ба хамааш шифо мебахшад; куввати хофизаро сара мегардонад.

Решаашро бо шароби райхони бихуранд ва мудовамат бар он намоянд, чингак шудани аъзоро, ки сабабаш аз хад бисёр гаштани балгам бошад, шифо медихад.

Решаи хушки онро ос карда дар бини кашанд, оби чашм ва рутубати зиёдатии ин узвро хорич мекунад. Баргхои хушкашро махин соида, се руз пай дар хам дар бини бирезанд, дарди нимсарро дафъ мекунад.

Решаашро дар об чушонида, дар он об камтар сирко дохил намуда, таъмашро нордон сохта, нимгарм дар гуш чаконанд, назлаи хунукмизочи дар он фурудояндаро катъ мекунад, чаранги гушхоро хам бархам медихад. Бо ин об дахонро чайконанд, дарди дандонро, ки аз хунуки бошад, яъне аз зиёд гаштани балгам бошад, таскин медихад ва агар бо он гаргара кунанд, забончаи халкро, ки афтода бошад, ба чояш мебардорад.

Оберо, ки дар он решаи ин гиёх чушонида шуда бошад, бо майи пухтаги даромехта бихуранд, дарди узвхои даруни сина ва шуш, зик-ун-нафас, дамкутахи, сурфа, душвории нафас, варами шуш, дарди гулуи балгами, дарди чигар ва дарди сипурз, ки аз сарди бошанд, истиско (водянка), зардпарвин, иркуннасо (радикулит), мондаги ва дарди рудахоро дафъ мекунад; ахлоти бегонаи дар раг ва фазохои бадан бандшударо хорич мегаронад, дахани бавосирро мекушояд ва зуд равон шудан, яъне омадани маниро хангоми мучомаат, ба ислох меоварад.

Хар руз аз решаи он 7 граммашро бо шароб биёшоманд, барои хамаи беморихои бачадон ва даридани он дору мешавад, гиреххои онро мекушояд, хайзи бандшударо равон месозад, инчунин сусту нотавон гаштани мушакхоро шифо мебахшад. Агар оби мазкурро бо сирко бинушанд, бар зидди захри чонварон тарёк мешавад, варам ва гирехи сипурзро дафъ мекунад ва ларзи табхои варачаро бархам медихад.

Решаи онро пухта, аз ру бар бачадон, яъне ба зери ноф гузошта банданд, дарди бачадонро дафъ менамояд ва сахтиашро, ки инро дар тибби хозира ноболигии бачадон меноманд, сихат ва болиг мегардонад; инчунин агар дахани бачадон аз гафс гаштани парда ва мушакхои он банд шуда бошад, мекушояд ва барои нутфаи мардро кабул кардану хомила шудан мухайё месозад. Инчунин инро ба варамхои сахти чохои дигари бадан низ гузошта банданд, онхоро мулоим мегардонад, ханозер (хукгардон)-ро тахлил медихад; бар ру гузошта банданд, рихинаки ин узвро дафъ мекунад ва решхои римнокро, ки дар хар чойи бадан бошанд, ба хам оварда сихат мебахшад.

Агар бо мудовамат онро дар оташ гарм карда, каме сирко низ бар он пошида, бо он гармбанди кунанд, иллатхои сипурз, истиско ва газидани чонварони захрнокро даво мешавад, варамхоро мегардонад, рутубати равони шармонанди решхоро катъ мегардонад, догхои кунчидак ва доги сафеди пустро дафъ мекунад; агар онро бо асал даромехта, гармбанди кунанд, инчунин куфта, бо асал хамир карда гузошта банданд, захмхои чукуррафтаро сихат мекунад.

Решаи хушки онро куфта бипошанд, бар устухоне, ки дар натичаи иллате луч гашта бошад, гушти солим меруёнад, захм ва решхои чукурро ба хам меоварад, инчунин бадбуйии захмхо ва захмхои бедаворо ба ислох меоварад.

Агар ин решаро дар об чушонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, сахтии бачадон ва макъадро шифо мебахшад, инчунин иллатхоеро, ки аз сарди ба амал омада бошанд, дафъ мекунад. Ва бо хамон об хукна (клизма) кунанд, иркуннасо, бадбуйии бавосир ва захмхои чукуррафтаи ботиниро дафъ менамояд; аз носурхо, яъне аз решхои кухнаи бедаво гушти харомро мебарад ва ба чояш гушти солим меруёнад.

Ин решаро куфта, бо асал хамир сохта, занхои хомила аз таг бардоранд, бачаи онхоро аз шикам меафтонад ва агар ин таркибро дар макъад бардоранд кирмхои рудахои ростро мерезонад.

Равгани онро ба узвхои чингакшуда, ки сабаби он бемори чамъ шудани балгам бошад, бимоланд, ислох мебахшад ва агар ба макъад бимоланд, дахани рагхои бавосирро мекушояд ва хуни бандшудаи онро равон мекунад. Ва агар инро бо сирко ва ё бо шароб даромехта биёшоманд, чингак шудани аъзоро, ки аз афзудани балгам бошад, шифо мебахшад, мушакхои даридаро ба хам меоварад. Аз хурдани занбуруги захрнок, банг, кашнизи девонакунандаи кухи захролуд шуда бошанд, низ ин равганро бо сирко биёшоманд, аз офати захрхои онхо начот медихад, инчунин табхои хунукхуронанда ва ларзонандаро дур месозад. 25 грамм аз ин равган бихуранд, дарунро бошиддат меронад.

Ин равганро бо шахдоб даромехта, бо он гаргара кунанд, дагалии касабаи шушро, ки дар илми хозира бронхит меноманд, ба ислох меоварад.

Оберо, ки решаи ин гиёх чушонида шуда бошад, бо каме сирко даромехта, нимгарм дар гуш чаконанд, чаранги даруни онро дур мекунад ва назлахои кухнаи дар гуш фурояндаро манъ менамояд. Агар ин обро батанхои дар бини чаконанд, бадбуйии даруни биниро дафъ месозад.

Решахои тари ин растаниро дар равгани зайтун бичушонанд, то он ки он решахо бипазанд, баъд ин равганро нимгарм дар гуш чаконанд, карии кухнаро бархам медихад. Агар бо ин равган хукна кунанд, иркуннасо ва иллатхои бачадонро шифо мебахшад.

Тухми ин гиёхро бихуранд, хоб меоварад. Камтареро аз решаи он ба сурохи дандоне, ки кирмхурда бошаду дард кунад, бигузоранд, он дандонро бе хеч гуна дард майда карда мерезонад, аммо бояд ба дандони дигар нарасад, ки онро мепусонад ва хамон тавр мерезонад.

Микдори як бор хурдан аз решаи ин гиёх дар як руз то 9 грамм аст. Аммо решаашро бояд бо асал бихуранд, вале агар танхо мехурда бошанд, зури мекунад, хатто аз хуш меравонад ва ё вахшатнок мегардонад. Инчунин ошомидани ин гиёх мумкин аст ба шуш зарар расонад. Дар ин холат асал бихуранд, зиёнаш дафъ мегардад ё бо асал хамрох карда бихуранд.

Аз ин равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Дар таносуби 100 грамм решаашро нимкуфта, дар хашт баробари вазни он оби борон ё оби мукаттар як шабонаруз тар карда, баъд дар зарфе то чоряки обаш мондан мечушонанд, пас хуб молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида, соф мегардонанд. Ва аз болои он об дар зарфе равгани зайтун дохил намуда, бо оташи мулоим мечушонанд, то он ки об бухор шуда раваду равган бимонад. Агар аз чуш бимонад — ин аломати тамом бухор шудани об аст.

Молидан ва хурдани ин равган барои ханозер, чарохатхо, иркуннасо, никрис (дард ва варами ангуштони дасту похо) ва дардхои бугумхо даво мешавад, варам ва бодхоро тахлил медихад; барои душвории шошидан, ки аз чамъ шудани балгам бошад, давост, бодхои гурда ва хичакро дафъ мекунад, иштихоро бармеангезонад, узвхои хозимаро, ки меъда, рудахо, чигар ва сипурз мебошанд, кувват мебахшад, гирехи сипурз ва гайраро мекушояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …