Главная / Илм / Савсан

Савсан

savsan_00-660x330Савсан — ин растани намудхои гуногун дорад: гулаш сафед, бунафш ва зард, ки ба хама маълум аст — дашти (кухи) ва бустони мебошад. Мизочаш дар дарачаи аввал гарм ва дар тариву хуши муътадил аст. Ба кавли баъзехо мизочи сафеди бустониаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст ва баъзехо дар севум гуфтаанд, аммо мизочи кухии он назар ба бустониаш гармтар ва хушктар мебошад.

Хислатхои шифобахши он: ошомидани он беморихои шуш, дардхои гуногуии сипурз, чигар ва бачадонро шифо мебахшад; барои бавосир ва ханозер дору мешавад, бечо ва бисёр равон шудани хайзро манъ мекунад, захмхоро ба хам меоварад ва римашонро хам нест мегардонад. Вале ин гиёхро хангоми истеъмолаш ба дарун бо асал, ки афзункунандаи куввати он аст, бояд биёшоманд.

Решаи инро куфта, бо асал хамир сохта бимоланд, доги сафеди пуст ва песро ба муддати шаш мох дафъ мекунад; кутури решгашта ва решхои тарро шифо мебахшад. Инро бо сирко ё бо барги банг (кирмрезонак) ва орди гандум хамир карда гузошта баыданд, варамхои гарми хояро тахлил ва сухтагии оби гармро даво мебошад, инчунин бо орди чав хамир карда бардавом гузошта банданд, низ хамин таъсирро дорад.

Бо оби хар як кисми ин растани руйро бишуянд, доги кунчидакро дафъ мекунад. Як микдор оби решаи савсан, панчяки вазни он сирко ва асал гирифта, дар зарфи мис то гафс гаштанаш бичушонанд, ин бисёр поккунандаи догхо ва бидуни дард хушккунанда мебошад, ба чарохати атрофи мушакхо гузошта банданд, шифо мебахшад.

savsan_Равгани савсани бунафшро ба кадри 25 грамм биёшоманд ва аз ру низ бимоланд, барои иловуси сафрови, ки варами дарди рудахои борик аз зиёд гаштани сафро мебошад, беморихои бачадон, афтодани бача аз шиками занони хомила, дарди рудахо ва дардхои дигари асабони дармон мешавад.

Агар 50 грамм решаи савсанро дар 3 литр об 20 дакика чушонида, хар руз аз он об 100 грамм бинушанд, низ беморихои номбурдаро даво мешавад.

Ин равганро бардавом бимоланд ва 38 грамм аз он биёшоманд, моддахои нодаркор ва зарарнокро ба воситаи исхол аз бадан дафъ мекунад, бар зидди захрхои банги сиёх ва кашнизи кухии девонакунанда, инчунин занбуруги захрнок тарёк мебошад. Ин равганро бимоланд, асабхо ва сахтихоро мулоим мекунад ва бачадони берунбаромадаро ба чояш мебарад.

Тарзи тайёр кардами равгани савсан чунин аст. Решаи хушки савсани бунафшро як микдор гирифта (аз тараш ду баробар), дар хован мекубанд. Баъд дар хашт баробар вазни он оби борон ё оби мукаттар як шабонаруз тар карда, сони хуб мемоланду дар зарфи сирандуд (эмалированный) то чоряки об мондан мечушонанд ва аз матоъи бофташ зич мегузаронанду обашро мегиранд. Ин оби софро дар зарфи покиза рехта, аз болояш ду баробари он равгани зайтун андохта, бо оташи мулоим то тамоман бухор шуда рафтани об мечушонанд. Эхтиёт кунанд, ки равган дог нагардад. Аломати батамом бухор гаштани об аз чушиш мондани равган аст. Хамин равган равгани савсан хисоб меёбад.

Агар тухми савсанро бихуранд, зарари газидани чонварони захрнокро дафъ мекунад. Решаашро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад, инчунин ин обро дар гуш чаконанд, дарди онро сокин мегардонад. Латтаеро дар ин об тар карда ба чохои дигари аъзо, ки дард мекарда бошад, гузошта банданд, низ шифо мебахшад.

Он обро, ки дар он решаи савсан чушонида шуда бошад, бинушанд, зехнро тез мекунад; зик-ун-нафас ва нафаси ростаро, ки бемораш хобида ё дароз кащида нафас гирифта наметавонад, шифо мебахшад; дардхои халкум, шахшули ва сахтии сипурзро дафъ мекунад. Агар ин обро бо шахдоб (асалоб) бинушанд, зардобро аз бадан хорич месозад, истискоро шифо мебахшад, хичакро аз рутубатхои часпак пок мекунад ва ташнагиро таскин медихад.

Решаи инро бихоянд, буйи аракро, ки нушида бошанд, аз дахан нест мекунад. Баргашро куфта гузошта банданд, бар зидди газидани чонварони захрнок даво мебошад ва аз оби гарм сухтагиро хамон дам ба ибро меоварад.

Равганеро, ки аз решаи ин тайёр карда шуда бошад, дар гуш нимгарм чаконанд, дарди гушро сихат мебахшад. Решаи хушки онро махин куфта бипошанд, нохунаки чашм ва гушти зоиди дар пилкхои чашм пайдошударо дафъ мекунад.

savsan_0000-300x225Решаашро дар равгани гули сурх чушонида, он равганро бимоланд, сухтагии оташро шифо мебахшад. Ва агар ин равганро бихуранд, беморихои бачадонро сихат мекунад. Ин решаро бо сирко дар зарфи мис чушонида бимоланд, захмхои кухна ва чарохатхоро шифо мебахшад.

Гулашро бибуянд, дил ва майнаро кувват мебахшад, хушхоли меоварад, бодхои майнаро пароканда месозад, дар ин бобат аз заъфарон кавитар аст. Инак, барои иллати бехушшави бехтар аз заъфарон аст.

Шароби савсан барои газидагии хамаи чонварони захрнок даво мешавад. Синфе аз савсан, ки дар соя хам меруяд ва гулаш зарди майдатар аст, решааш ба андозаи гафсии ангушт мебошад, хушбуй, бо каме талхи дар таъм, ки ин аз савсанхои сафед ва кабуд кавитар мебошад, вале заифтар аз савсани кухист. Мизочи гулаш гармтар аз хамаи кисмхои дигари он мебошад.

Решаи инро бихоянд ё онро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад. Барг ва гулашро куфта гузошта банданд, чарохатхоро сихат мегардонад. Барг ё решаи онро пухта, бо шароб хамир сохта гузошта банданд, варамхои балгамиро тахлил медихад, инчунин варамхои напазандаро, ки точикон куряра меноманд, шифо мебахшад, мепазонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …