- Дар як сол ба хисоби миёна 50-60 хазор наханг сайд карда мешавад. Агар вазни миёнаи як нахангро 50 тонна хисоб кунем, онгох шикори яксолаи китхо 2 миллиону 500 хазор тоннаро ташкил медихад.
- Дар Зеландияи Нав, дар чазирахои санглохи беодам гаттерия ном калтакалосхо зиндаги мекунанд. Ин калтакалосхо 75 см дарози дошта, кариб 200 миллион сол пеш пайдо шудаанд. Гаттерия 3 чашм дорад (дутояш дар пахлу ва яктояш дар фарки cap чойгираид). Гаттерия бо мурги туфон дусти наздик мебошад ва онхо дар як лона зиндаги мекунанд. Гаттерия тухмро бисёр дуст дорад хдм, ба тухмн ин паррандахо намерасад ва онро аз дигар хайвонот мухофизат мекунад. Худи вай хам дар хамин лона тухм мегузорад.
- Мори бахри, ки холо хеле зиёд шудааст, хаматарафа омухта иашудааст. Баъзе мутахассисон мори бахриро хазли дарёнавардон хисоб мекунанд ва даъво менамоянд, ки агар мори бахри дар хакикат вучуд медошт, онгох онро кайхо дастгир кардан мумкин буд. Барои равшан намудани ин масъала ба баъзе далелхои мавчуда мурочиат менамоем.
Соли 1879 майор Сенниор дар киштии «Балтимор» дар халичи Адан саёхат мекард. Дар байни мавчхои об хайвонеро дид, ки шакли он аз шакли дигар чонварони обии то хол маъдум тамоман фарк мекард. Аз руии гуфти майор, сари чонвари обии мазкур 6-9 м аз об берун баромада гарданаш ба ду тараф гафс шуда мерафт. Баданаш дар зери об пинхон буд. Чунин мавчудотро экипажи киштии харбии «Филблил» соли 1879 дар халичи Суэс низ мушохида карда буд. Сари ин мори бахри саёхи хокисгарранг буда, раххои сурху сиёхча дошт. Накл мекунанд, ки соли 1874 хайвони номаълуми обие киштии на он кадар калони «Перл»-ро бо чуссааш зада гарк намудааст. Ин вокеа чунин руй додааст:
Хангоми аз Коломбо ба Мадрас харакат кардан киштии «Перл» бо як хайвони чигариранги азимчусса дучор мегардад. Хайати командаи кипти мефахмад, ки ин хайвони ба чашм намоён ба ки ба обсабзхо монанди надорад. Бо вучуди ин, капитани киштй, аз милтик ба суйи вай тир холи мекунад. Дар натича ин хайвони бахри ба газаб омада, киштии «Перл»-ро бо осони чаппа менамояд.
Соли 1906 ду нафар зоолог Майл Никол ва Мид Уолдо дар сохили Бразилия хайвонеро дидаанд, ки сараш ба сари сангпушт монанд будааст. Вай баробари кишти харакат намуда, обро ба ду тараф медаронд ва мавчхои калоне ба вучуд меовард. Тамоми хайати кишти икрор шуданд, ки чунин ачоиботро бори аввал дида истодаанд.
Мисолхои мазкур нишон медиханд, ки исботи мавчудияти мори бахри кофтуковхои зиёдеро талаб менамояд. Харчанд дар бахру укёнугхо хазорхо киштию самолётхо рафтуо намуда, садхо пажухишгоххои илми-тадкикоти олами зиндаи укёнусхоро меомузанд, вале бисёр бошандагони зери об аз мушохидаи онхо берун мондаанд ва барои донистани тамоми мавчудоти каъри он Вакти зиёде лозим аст.
- Дар кисми шимолин Австралия, дар хавзаи дарёи Робинзон Намудхои гуногуни тимсоххо зиндаги мекунанд. Онхо бо ахолии ин чойхо ахл ва тифок мебошанд.
Истикоматкунандагони махалли дилпурона дар байни тимсоххо шино мекунанд, кудакон бошанд, хатго ба пушти ин даррандахо савор мешаванд. To хол вокеае руй надодааст, ки тимсох ба одамони ин чо хамла карда бошад.
- Кадом хайвон аз хама тезтар метозад? Баъзехо харгуш ва баъзехо саги шикорй гуфта чавоб медиханд.
He. Харгуш дар 1 соат факат 55 километр ва саги шикорй 65 километрро тай мекунад.
Вале дар Хиндустон ва Эрон хайвоне зиндаги мекунад, ки аз саги шикорй хам тезтар метозад. Ин хайвон Гепард ном дорад. Бошандагони Хиндустон ин хайвонро бештар ром карда, барои шикор истифода мебаранд. Суръати тохтани Гепард дар 1 соат 110 километр буда, вале тез монда мешавад. Вай баъзе охувонро. ки 90-95 километр дар як соат метозанд, дошта метавонад.
- Дар олами хайвонот тимсох аз хама бадхайбаггарин аст. Чойи хаётгузаронии тимсоххо Африкаи Маркази ва Чануби. Осиё, чазирахои тропикии укёнуси Ором, Австралияи Шимоли мебошад. Вакте, ки дандонхои тимсох меафтад, ба чойи он тез дандони нав мебарояд. Ин холат то охири хаёташ давом мекунад. Тимсох кариб хама чизро мехурад. Оби меъдаи он аз кислотаи хлорид иборат буда, хар хел хурокро хазм мекунад. Хатто дар муддати якчанд мох найзаи оханинро об карда мепартояд.
- Ин вокеа дар Англия руй дода буд. Рузе сангпушти дастпарваре аз хонаи хучаннаш гайб зад. Хучаин ба гум шудани сангпушт бовари надошт, зеро у бо ранг дар тахтапуштн сангпушт номи падар ва нишонаи худро навишта буд. Тахмини хучаин рост баромад. Сангпушт баъди ду сол аз кишлоки дурдасте ёфт шуд ва маълум гардид, ки дар ин муддат 385 километр рохро тай кардааст.