Главная / Биология / Саволхо аз фани ботаника

Саволхо аз фани ботаника

  1. МУАЙЯН КАРДАНИ РАСТАНИХО

Барои муайян намудани ном ва мавкеи таснифотии онхо китоби махсусе хаст, ки онро “Муайянкунандаи растанихо” меноманд. Барои муайян кардани растани аломатхои хоси сохти берунии растани ва истилоххои ба онхо далхдорро нагз донистан лозим аст.

Аз руи факту (далелу) ракамхои муайянкунандаи дар китоб дарчгардида аввал оила, баъд авлод ва намуди растаниро муайян кунед. Хар як фасли аломатхои хоси ба оила, авлод, намуд мансуббуда ду тараф (ё чихат) дорад ё аз ду кисм иборат аст: теза ва антитеза. Хар кадом раками мачмуи аломатхои хоси узвхои растаниро дарбаргиранда агар ба вазъи аломатхо мувофикат кунад, ба нишондоди раками теза нигох карда, аз руи он муайянкуниро давом додан лозим аст.

Агар нишонахои (аломатхои) дар теза омада ба аломатхои растании номаълум мувофик наафтад, он гох ба раками дар поён омада ё антитеза нигох карда, муайянкуниро аз руи ракамхои нишондодаи он давом дихед.

Аз руи навишгачоти болои амал карда, растании дар даст доштаатонро бо истифодаи китоби “Муайянкунандаи растанихо”, муайян кунед.

Барои ин сохти гулро аз назар гузаронед ва дакик омузед. Тавсифи онро ба тавсифи теза мукоиса кунед; агар аломатхои растани ба теза мувофикат накунанд, онро бо антитеза муоина намоед. Барои ин ба фасли дигар назар кунед ва аломатхои хоси узвхоро бо тавсифи китоб мукоиса кунед ва гайрахо. Чунин пайдархамии муайян кардани хар кадом хели растаниро нависед. Дар охир номгуи растанихои муайянкардаатонро тартиб дихед. Номи оила, авлод ва хели растанихои муайянкардаатонро дар хотир нигох доред.

СОХТИ ТАНАМЕВАИ ЗАНБУРУГХОИ ТЕЛПАКЧАДОР

  1. Танамеваи ягон занбуруги телпакчадори дар махалли зистатон меруидагиро аз назар гузаронед. Ба ин максад;метавонед аз муляжи тайёр истифода баред. Аломатхои хоси онхоро муайян кунед.
  2. Ба хусусиятхои сохти кисми гюёиии телпакчаи занбуругхои гуногун шинос шавед. Аз руи сохт ва аломатхои хосашон онхоро ба ду гурух: лавхаги ва найчаги чудо кунед.
  3. Бо ёрии муаллим ва аз руи расми занбуругхои дар китоби дарси инъикосшуда, занбуругхои махалли зистатонро ба гуруххои занбуругхои хурданибоб ва захрнок чудо кунед. Ва ба чорахои эхтиёти катъиян риоя кунед ва аз занбуругхои захрнок бархазар бошед.

ОМУЗИШИ ПУПАНАКЗАНБУРУГИ МАГОР

  1. Аз пупанакзанбуруги магори дар болои нон пайдошуда бо сузани махсус як бандчаи риштахои онро гирифта, дар болои шишачаи ашёгузор гузошта, микропрепарат тайёр кунед.
  2. Микропрепаратро бо пурбиии хурд ва калони микроскоп бубинед. Риштахои шохаронда, спорангия ва спорахоро нишон дихед.
  3. Расми сохти занбуруги магорро кашед ва кисмхои асосии онро номбар кунед.
  4. МУОИНАИ КОЛЛЕКСИЯИ ГУЛСАНГХО

(тачриба оид ба исботи он, ки гулсанг аз занбуруг ва обсабз ташаккул ёфтааст)

  1. Бо истифодаи коллексия ба гуногуншаклии гулсангхо шинос шавед. Аломатхои монаид ва фаркноки онхоро нишон дихед.
  2. Аз пояи гулсанги бутташакл ба таври кундаланги буриши тунук тайёр кунед. Онро ба болои шишачаи ашёгузор гузош- та, бо чакрарез як катра об чаконда, бо шишапардача пушонед. Сипас, бо пурбини хурд ва калони микроскоп бубинед. Ва аз кадом организмхо таркиб ёфтани гулсангро муайян кунед.
  3. Натичаи тачрибаи гузарондаатонро ботахаммулона тахлил карда, хулоса бароред.
  4. Дар дафтаратон шаклхои гуногуни гулсангро накшбанди кунед. Сохти буриши кундаланги онро аз руи нишондоди микроскоп дар дафтаратон тасвир кунед.

Дигар саволхо

ТАҶРИБАҲОИ ЛАБОРАТОРӢ

СОХТИ ОБСАБЗҲОИ РИШТАМОНАНДИ БИСЁРҲУҶАЙРА

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …