Главная / Чамъият / Шартномаи генералии карзи

Шартномаи генералии карзи

Шартномаи генералии карзи танхо бо карзгирандагони такрории таърихи хуби карзи дошта барасмият дароварда мешавад (Замимаи №16).

Максад аз барасмият даровардани шартномаи генералии хатти карзи дар он мебошад, ки бонк тавонад карзгирандаро дар давраи то 3 сол ба махсулотхои карзии худ вобаста намояд ва холати хардафъинаи барасмиятдарории амволи гаравро тарики идораи нотариали ва аз кайд гузаштанро дар макомоти адлия аз байн бардорад.

Маблаги шартномаи генералии карзи бо назардошти дурнамои оянда (то 3сол) дар асоси иктидори пардохтпазирии хакикии карзгиранда дар санаи бастани Шартнома муайян карда мешавад.

Агар маблаги шартномаи генералии карзи аз салохияти кумитаи карзии вохиди амалиёти зиёд бошад, онгох баррасии дархости карзи дар кумитаи карзии сатхи болои (вобаста ба салохият) доир мегардад.

Агар мархилахои баъдинаи шартномаи генералии хатти карзи аз салохияти кумитаи карзии вохиди амалиёти зиёд бошад, онгох пешниходи бокимонда мархилахо танхо бо мувофикаи намояндагони Мудирияти карзи амали гардонида мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …