Главная / Чамъият / Шартномаи  (Карордоди)  мехнати

Шартномаи  (Карордоди)  мехнати

НАМУНАИ Шартномаи мехнати

ш. Душанбе                                                                                     «03»  январи  соли 2018

Чамъияти сахомии пушидаи «Бонки Ало», дар шахси Раиси  БОНК Сафо Сафоев, ки дар асоси Оиннома амал карда минбаъд «БОНК» номида мешавад, аз як тараф ва аз тарафи дигар Мирзоев Рустам Расулович  минбаъд «Корманд» номида мешавад, шартномаи мазкурро бо шартхои зерин ба имзо расониданд:

moddai-310-kodeksi-mehnat

  1. Мавзуи шартнома

1.1. Тибки Шартномаи мехнатии мазкур «БОНК» – (дар асоси Кодекси мехнатии Чумхурии Точикистон   ва  Оинномаи Бонк),  кормандро ба ЧСП «Бонки Алиф» ба кор кабул менамояд.

1.2. Дар   Шартномаи (Карордоди) мехнати нишон дода мешавад:

– мухлати амали шартнома, вазифаи корманд ва музди мехнат корманд дар Замимаи №1-и шартномаи (карордоди) мехнати дарч мегардад, ки кисми чудонашавандаи шартномаи мазкур ба хисоб меравад.

1.3. Мирзоев Рустам Расулович

(ному насаби  корманд)     

1.4. Фаъолият намудан дар ЧСП  «Бонки Ало» хамчун чойи кори  асосии корманд хисоб меёбад.

1.5. Корманд ухдадор аст, ки аз рузи бастани шартнома  ба кор шуруъ намояд.

  1. Ухдадории тарафхо

2.1. Корманд ухдадор аст:            

2.1.1 Софдилона ухдадорихои вазифавии худ, инчунин фармону супоришхои Рохбарият ва Раёсати  БОНК-ро ичро намояд.

2.1.2. Риоя намудани тартиботи дохилии мехнати.

2.1.3. Катъиян хифз намудан ва махфи нигох доштани ахбору маълумотхое, ки сирри  БОНКИ, тичорати, хизмати ва давлатиро дар бар мегиранд. Дар сурати вайрон намудани ин талабот Корманд тибки конунгузории амалкунанда дар Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.

2.1.4. Зиёни моддии ба  БОНК расонида шудаашро тибки конунгузории амалкунанда чуброн намояд.

2.1.5. Саривакт ва босифат ичро намудани супоришу фармоишхои шахсони мансабдори рохбарикунандаи БОНК, ки мувофики   вазифахои сохавиашон дода мешаванд.

2.1.6. Бе ичозати Рохбарияти  БОНК надодани ахборот, нагузаронидани вохурихо ва гуфтушунидхо, ки ба фаъолияти  БОНК дахлдоранд.

2.1.7. Риоя намудани талаботхо оиди хифзи мехнат, техникаи бехатари ва санитарию гигиени.

2.1.8. Расонидани кумак оиди ташкили мухит  ва шароити кори дар Бонк.

2.1.9. Тамоми талаботхо, низомномахо ва тартибу дастурхои дохилиро дар Бонк, ки бо конунгузории амалкунанда мухолифат намекунанд шинос шуда, ичроиши хатмии онро риояи намояд.

2.2.   БОНК ухдадор аст:

2.2.1.Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Кодекси мехнат, конунхо, дигар санадхои меъёрии хукуки ва шартномаи мехнатии мазкурро риоя намояд.

2.2.2. Дар асоси шартхои хамин шартномаи мехнати ба корманд шароити кори  фарохам созад.  БОНК аз корманд ичрои ухдадорихоеро, ки дар шартномаи мехнати пешбини нашуданд, танхо дар холате хукуки талаб карданро дорад, ки он агар дар конунгузории  мехнатии амалкунандаи Чумхурии Точикистон нишон додашуда бошад.

2.2.3. Дар асоси чадвали басти ба корманд музди мехнат мукаррар намуда, мутобики Замимаи №1-и шартномаи мазкур, ки кисми чудонашавандаи шартномаи мехнати мебошад,  хар мох музди мехнати Кормандро сари вакт пардохт намояд.

2.2.4. Мутобики Кодекси мехнатии Чумхурии Точикистон ба Корманд рухсатии асоси ва иловагии харсолаи пардохтшаванда дихад, ки давомнокии рухсатии асоси 24 рузи таквими аст ва рухсатии иловаги вобаста аз собикаи кории умуми ва вазифаи ишголнамуда тибки низомномахои дохили дода мешавад.

2.2.5. Бо риояи талаботи моддаи 111-и Кодекси мехнати ЧТ, тибки мувофикаи тарафхо рухсатии мехнатиро ба кисмхо чудо кардан мумкин аст. Зимнан яке аз он кисмхо бояд аз 14-рузи таквими камтар набошад.

2.2.6. Дар холатхои пешбини намудаи конунгузории мехнат  БОНК вазифадор аст ба корманд рухсатии иловагии харсола дихад. Ба корманд бинобар вазъи оилави ва дигар сабабхои узрнок, мутобики аризааш рухсатии бемузд дода мешавад, ки давомнокии онро тарафхо муайян мекунанд.

2.2.7 Коргохи кормандро тибки коидахои мукаррарнамудаи Кодекси мехнат оид ба хифзи мехнат ва техникаи бехатари мучахаз намояд.

2.2.8.  Ба корманд нусхаи дастурамал оиди ваколатхои хизматиашро супорад.

2.2.9. Кори софдилонаи кормандро мутобики  шартхое, ки дар конунгузории чори ва санадхои меъёрии дохилибонкии ЧСП “Бонки Ало” мукарраршудаанд, эътироф намояд.

2.2.10. Тибки тартиби мукарраршуда кайдхои лозимаро дар дафтарчаи мехнатии корманд сабт намуда, онро нигох медорад ва хангоми аз кор озод шудани корманд, онро ба корманд сари вакт месупорад.

2.2.11. Дигар ухдадорихоеро, ки дар конунгузории мехнатии Чумхурии Точикистон пешбини шудааст ичро намояд. 

  1. Речаи кори.

3.1. Давомнокии вакти кори барои кормандони ЧСП “Бонки Ало”,  дар як хафта 40 соат ва хафтаи кори 5-руза мукаррар шудааст.

– Давомнокии кори харруза 8-соат;

– Рузи кори соати 08.00 огоз ва соати 17.00 анчом меёбад, танафус барои истирохат ва хурокхурии нисфирузи 1-соат

– дар арафаи рузхои ид тибки тартиби мукаррарнамудаи моддаи 76-и Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон давомнокии вактикории корманд  1соат ихтисор карда мешавад.

3.2. Дар холатхои истиснои корманд метавонад тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории мехнат ва созиши тарафайн ба изофакори чалб карда шуда, аз чониби  БОНК музди мехнати изофакори пардохт карда шавад.

3.3. Давомнокии рухсатихо бо рузхои таквими,  сарфиназар аз низом ва чадвали кори, ба хисоб гирифта мешаванд.                                                 

  1. Масъулияти тарафхо. 

4.1. Дар холати  аз чониби корманд ичро накардан ё ин, ки ба таври лозима ичро накардани ухдадорихое, ки дар хамин шартнома, Кодекси мехнатии Чумхурии Точикистон пешбини шудааст, инчунин зарари моддие, ки ба  БОНК расонидааст, тибки конунгузории амалкунанда ба у чавобгарии интизоми, модди ва ё дигар намуди чавобгари татбик мегардад.

4.2. Вайрон кардани интизоми мехнат – аз мафхумхо ва амалхои ичро накардан, кисман ичро накардани вазифахои ба души корманд гузошташуда, риоя накардани тартиботу коидахои дар Бонк чори шуда, ичро накардани конуну санадхои меъёрию хукуки, дохилибонки карорхои Раёсати Бонк, фармонхои Раиси Бонк ва сардорони филиалхо, супоришхои сардорони сохторхо, беахмияти зохир намудани корманд нисбати амалхои гайриконунии дигар кормандони Бонк, ки катъ намудан ё пешгирии он аз корманд вобаста аст, иборат мебошад.

4.3.  БОНК дар чунин холатхо тибки конунгузории амалкунанда ба чавобгарии модди ва ё дигар намуди чавобгари кашида мешавад:

а) гайриконуни аз кор озод намудан ё вайрон намудани тартиби мукарраршуда;

б)  дигар холатхое, ки конунгузории амалкунанда пешбини кардааст,  БОНК ухдадор мебошад товони зарари моддии ба корманд дар натичаи фаъолияти гайриконуни ба у расонидаашро баркарор намояд. 

  1. Мухлати амали шартномаи (карордоди) мехнати 

5.1. Амали шартномаи мазкур бо гузаштани мухлати он катъ карда мешавад.

5.2. Баъди  ба охир расидани мухлати  шартнома  бо розигии тарафхо он мумкин аст тамдид ёбад ё шартномаи нав баста шавад.

  1. Катъ гаштани шартномаи (карордоди) мехнати. 

6.1. Асосхои катъ гаштани шартномаи (карордоди) мехнати инхоянд:

6.1.1. Созиши тарафхо.

6.1.2. Ичрои корхое, ки дар банди 2.1.2. шартномаи мазкур нишон дода шудааст, кобилияти ичро накардани он ё ин, ки гузаштани мухлати амали шартнома.

6.1.3. Катъ гардидани шартномаи мехнати бо ташаббуси Корманд тибки нишондоди моддаи 41 Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон.

6.1.4.Катъ гардидани шартномаи мехнати бо ташаббуси  БОНК тибки нишондоди моддаи 42 Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон.

6.1.5. Холатхои дигари катъ гардидани шартномаи мазкур тибки конунгузории амалкунанда барраси карда мешавад.

6.1.6. Катъ гардидани шартномаи (карордоди) мехнати тарафхоро барои ичро накардани он аз чавобгари озод намекунад. 

  1. Шартхои махсус

7.1. Шартхои шартномаи мехнатии мазкур характери махфи дошта, ва набояд пахн карда шаванд.

7.2.  Корманд хукук надорад дар ду чой, инчунин дар асоси созишнома, шартномаи мехнати ва пудрати (ба истиснои фаъолияти омузгори) кор кунад.

7.3.Шартхои шартномаи мазкур барои тарафхо кувваи хукукии хатми доранд. Хамаи таъгйироту иловахо ба шартномаи мазкур бо рохи созиши хаттии дутарафа, ворид карда мешаванд.

7.4. Дигар холатхое, ки дар шартномаи мазкур пешбини нашудаанд, тарафхо тибки конунгузории амалкунанда барраси менамоянд.

7.5. Бахсхое, ки хангоми ичрои шартномаи мехнати пайдо мешаванд, тибки талаботу шартхои мукаррарнамудаи конунгузории амалкунанда барраси мешаванд.

7.6.Шартнома дар ду нусха тартиб дод ашуда, кувваи якхелаи хукуки доранд. Яке аз нусхахо дар ЧСП “Бонки Ало”  нигох дошта шуда, нусхаи дигараш ба корманд дода мешавад. 

Сурогаи хукукии тарафхо 

БОНК    

 

ЧСП “Бонки Ало”

Сурога: ш.Душанбе, н.И.Сомони  кучаи М.Турсунзода-84

КОРМАНД

 

Шиноснома:А00185024

Дода шудааст аз:29.04.2015с. ШВКД-1 н. Сино ш.Душанбе

Сурога: ш. Душанбе к. Ислом х. 93/2   ут.20

РМА: 045338874

      Раиси Бонк  

 

___________________  Сафоев А.                          _________________  Мирзоев Р..

 

Ч.М.

Замима №1 ба шартномаи мехнатии №_____

 

1.Вазифаи корманд ______________________________________________________________

Шуъба _________________________________________________________________________

 Сохтор__________________________________________________________________________

Мухлати амали шартнома: аз  «___» _________ соли 20__ то  «____» _________ соли 20__

(бидуни санчиш ва ё давомнокии мухлати санчиш нишон дода шавад).

Мухлати озмоиши  __________________  то ___________________________.

Музди мехнат _________ (___________________________________) сомони

 

«БОНК» ________«___»_________ соли 20___«КОРМАНД»________«__» _______соли 20__

Ч.М.      (имзо)                                                                                                           (имзо)

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …