Главная / Чамъият / Шартхои манъ кардани баистифодадихии корхонахо, иншоот ва объектхои дигаре, ки ба холати обхо таъсир мерасонанд

Шартхои манъ кардани баистифодадихии корхонахо, иншоот ва объектхои дигаре, ки ба холати обхо таъсир мерасонанд

Моддаи 17-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Шартхои манъ кардани баистифодадихии корхонахо, иншоот ва объектхои дигаре, ки ба холати обхо таъсир мерасонанд

1.Ба истифода додани объектхои зерин манъ аст:

-объектхои обистифодабарандагоне, ки ичозат барои истифодаи махсуси об ва хулосаи экспертизаи давлатии экологи надоранд;

-корхонахо, сеххо, агрегатхо, объектхои коммунали ва дигар объектхои наву тачдидгардида, ки бо дастгоххои пешгирикунандаи ифлосшавии обхо ва таъсири зараровари онхо таъмин нагардидаанд;

-системахои обёри ва оббарори, обанборхо ва каналхо то гузаронидани тадбирхои дар лоихахо пешбинигардида, ки зериобмони, ботлоку шуршави ва бодлесии заминхоро пешгири мекунанд;

-системахои захбуру захкаши то тайёр шудани обгирхо ва дигар объектхо мувофики лоихахои тасдикгардида;

-иншооти гидротехникии мачрои то тайёр шудани дастгоххо барои гузаронидани селобхо ва мохихо мутобики лоихахои тасдикгардида;

-иншооти хочагии об дар лоихахое, ки дар онхо чуброни зарари ба захирахои мохи, дигар хайвоноту набототи оби расонидашаванда, пешбини нагардидааст;

-чоххои барои об пармашуда бидуни тачхизонидани онхо бо дастгоххои танзими об ва дар холатхои зарури мукаррар намудани минтакахои хифзи санитари.

2.То анчом додани тадбирхои дар лоиха пешбинигардида оиди омода сохтани мачрову обрахахо пур кардани обанборхо манъ аст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …