Главная / Чамъият / Шартхои иктисодии ба истифода додани объектхои об

Шартхои иктисодии ба истифода додани объектхои об

Моддаи 31-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Шартхои иктисодии ба истифода додани объектхои об

1.Истифодаи умумии об дар Чумхурии Точикистон бепул аст.

2.Истифодаи махсуси об дар Чумхурии Точикистон пулаки сурат мегирад.

3.Пардохт аз хамаи истифодабарандагони об гайр аз истифодаи умумии об ва истифодабарандагони манбаъхои баркароршавандаи энергия, ки то 30000 кВт/соат энергияи барк истехсол менамоянд сарфи назар аз мансубияти идорави, шахрванди, намудхои моликият ва шаклхои хочагидори, ба истиснои мавридхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, ситонида мешавад. (КЧТ аз 28.06.11с., №744)

4.Пардохт ситонида мешавад:

-барои истифодаи захирахои об дар доираи меъёри (лимити) мукараргардида (гайр аз обёрии кишоварзи ва хочагии чангал, инчунин истифодаи об барои истехсоли энергияи барк то 30000 кВт/соат); (КЧТ аз 28.06.11с., №744)

-барои истифодаи аз меъёр (лимити) зиёд ва гайриокилонаи захирахои об;

-барои хизматрасонии вобаста бо чамъшави, интиколи об то сархади истифодабарандагон, таксим ва тоза кардани обхо;

-барои додани хукуки истифодаи захирахои об бо максади обёри;

-барои анчом додани дигар тадбирхои хочагии об (гайр аз обёрии кишоварзи ва хочагии чангал).

5.Тартибу шартхои мукаррар намудан ва ситонидани маблагро барои истифодаи объектхо ва захирахои об санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …