Главная / Чамъият / Шартхои чойгиркуни, балоихагири, сохтмон ва баистифодадихии корхонахо, иншоот ва дигар объектхои ба холатиобхо таъсиркунанда

Шартхои чойгиркуни, балоихагири, сохтмон ва баистифодадихии корхонахо, иншоот ва дигар объектхои ба холатиобхо таъсиркунанда

Моддаи 14-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Шартхои чойгиркуни, балоихагири, сохтмон ва баистифодадихии корхонахо, иншоот ва дигар объектхои ба холатиобхо таъсиркунанда

1.Чойгиркуни, балоихагири, сохтмон ва ба истифода додани корхонахо, иншоот ва дигар объектхои наву тачдидгардида, инчунин чори намудани равандхои нави технологи, ки ба холати обхо таъсир мерасонанд, бояд истифодаи сарфакоронаи обхо бо риояи талаботи бехатарии экологи ва хифзи саломати, дар навбати аввал конеъ гардонидани ниёзи ахолиро ба оби нушоки ва эхтиёчоти маиши таъмин намояд. Бо ин максад тадбирхои таъминкунандаи масъалахои зайл пешбини мегарданд:

-бахисобгирии оби аз объектхои об гирифта ва ба онхо баргардонидашаванда;

-хифзи обхо аз ифлосу олудашави, камшави;

-пешгирии таъсири зараровари обхо;

-махдуд кардани обзеркунии заминхо то андозаи хадди акали имконпазир;

-хифзи заминхо аз обзеркуни, ботлокшави, баландшавии сатхи обхои зеризамини, шуршави ва хушкшави;

-ташкили худуди хифзи об ва нигох  доштани шароитхои мусоиди минтакахои табии.

2.Хангоми ба лоихагири ва сохтмони корхонахо, иншоот ва дигар объектхое, ки ба холати обхо таъсир мерасонанд, вобаста ба шароити табии ва хочаги бояд тадбирхое сари вакт амали гардонида шаванд, ки хифзи мохи ва дигар хайвоноту набототи оби ва шароитро барои баркарор кардани онхо таъмин намуда, инчунин имкониятхои истифода аз объектхои об чихати истирохат ва варзишро ба инобат гиранд.

3.Хангоми балоихагири ва сохтмони иншоот ё азнавсозии объектхои мавчуда барои гирифтани обхои зеризамини низоми истифодаи ин иншоот бояд ифлосу камшавии онхоро истисно намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …