Главная / Чамъият / Шартхои ба вучуд омадани чавобгарии моддии тарафхои шартномаи мехнати хангоми расонидани зарар

Шартхои ба вучуд омадани чавобгарии моддии тарафхои шартномаи мехнати хангоми расонидани зарар

Моддаи 184-и Кодекси Мехнат. Шартхои ба вучуд омадани чавобгарии моддии тарафхои шартномаи мехнати хангоми расонидани зарар

  1. Чавобгарии моддии тарафхои шартномаи мехнати хангоми расонидани зарар ба тарафи дигари шартнома дар натичаи кирдори (харакат, бехаракатии) гайриконунии гунахгорона ба вучуд меояд, агар Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.
  2. Корфармо дар назди корманд чавобгарии модди дорад:

– барои зараре, ки ба корманд дар натичаи гайриконуни махрум намудани у аз имкониятхои мехнат кардан расонидааст;

– барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст;

– барои зараре, ки ба хаёт ё саломатии корманд расонидааст.

  1. Корманд дар назди корфармо чавобгарии модди дорад:

– барои зарари расонидашуда бо сабаби гум кардан ё хароб намудани молу мулки корфармо;

– барои зарари расонидашуда ба корфармо дар натичаи харакат (бехаракати) – и корманд.

  1. Корфармо ва корманд дар холатхои дигари мукаррарнамудаи шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи чавобгарии моддии баробар доранд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …