Главная / Илм / СаршавИ ва чараёни шуриш 1916

СаршавИ ва чараёни шуриш 1916

khujand-660x330Ошубхои аввалин дар шахри Хучанд сар шуданд. Аз руи таксимот мувофики вилоят ва уездхои кишвари Туркистон уезди Хучанд бояд 9 хазор мардикор медод. Ба мардикоргири 4(17) июли соли 1916 бояд шуруъ мекарданд. Опричники подшохи, губернатори харбии Самарканд Н.С.Ликошин (мисли хамвазифахои худаш дар вилоятхои дигар) руйрост тахдид мекард, ки дар сурати саркаши кардан мардикорон ба воситаи куввахои мусаллах сафарбар карда хоханд шуд. Хашму газаби омма уезди Хучандро фаро мегирад.

Дар бораи вокеахои минбаъдаи шахр рапорти сардори гарнизони махалли полковник И.Б.Рубах маълумоти муфассал медихад. Ин полковник аз ошуби мардум сари калобаи худро гум карда ва хатто тартиби ба кихо рапорт доданро хам аз ёд бароварда, рапортро рост ба номи подшох фиристодааст: «Ба Шумо аълохазрат императори аъзам бо таксиру камияти тамом арз мекунам, ки 4 июл, рузона, дар шахри Хучанд, мардуми шахр издихом карда, ба идораи пристави политсия омаданд ва талаб карданд, ки руйхати мардикороне, ки мувофики фармоишоти Шумо аълохазрати императори аъзам аз санаи 25 июни хамин сол бояд ба корхои акибгохи армия фиристода мешуданд, бекор кунем. хукуматдорони политсия хеле илтимосу зорию тавалло карданд, ки мардум хона ба хона раванд, вале касе ба гапи онхо гуш накарда ва хама баробар гавгову магал бардоштанд. Вакте политсайхо мардумро тела дода, дур кардани шуданд, ахолии махалли мукобилат карданд ва политсайхоро дошта заданд.

Аз посбонгохе, ки дар наздики вокеъ буд, панч нафар аскари катории дастаи каравулони Хучанд, ки барои рафъи бетартибихо омода меистоданд, ба сари гавго давида омаданд, вале издихом онхоро хам филхол печонида гирифт ва дар ин мобайн яке аз шахриён милтики аскарро кашида гирифтани шуд, дигарон бошад, аскаронро сангборон карданд.

Дар хамин лахза аз байни издихом касе тир кушода буд, ки ин аскарони катори ва шарикони онхо, ки дар болои девори калъа меистоданд, ба тарафи издихом 16 маротиба тир кушоданд, дар натича ду кас кушта ва як кас мачрух шуд – хар се ахолии махалли мебошанд. Издихом фавран пароканда шуд».[1]

Вокеахои Хучанд ба шуру ошубхои оммавии саросари кишвари Туркистон як навъ сарахбор шуданд. Шуриш шахри асосии кишвар Тошканд ва пас аз он тамоми дигар вилоятхоро фаро гирифт. Мо тамоми чузъиёти шуришро муфассал баён намекунем, зеро дар бораи он тадкикотхои махсус чоп шудаанд.[2] Мо факат дида мебароем, ки ин шуриш дар нохияхои точикнишин чи гуна зохир шуд ва ба зухуроти он чи гуна бахо додаанд.

Мо дар боло аз руи рапорти «бо таксиру камтарини» полковник Рубах дидем, ки шуриш аз нуктаи назари харбиёну политсайхо чи гуна гузаштааст. Албатта, ин рапорт бисёр тафсилоти вокеахои 4 июли соли 1916-уми Хучандро баён намекунад. хол он ки бояд махсус таъкид кард, ки дар шуриш нафакат ахолии шахр иштирок доштанд. Мардуми дехахои атроф хама аз чон сер шуда, ба газаб омада буданд ва садхо нафар дехконон хамон руз ба Хучанд омаданд. Вакте пристави политсия Устимович фармуд, ки бегохии 3 июл дар сахни масчиди Шайх Муслихиддин бо «калоншавандахои» мардум мулокот мекунад, ба он чо понздах-бист «калоншаванда» не, балки якчанд хазор одам чамъ шуд.

хозирон катъиян талаб карданд, ки тайёри ё худ сафарбарии мардикорон бекор шавад, ё мавкуф гузошта шавад. Устимович мачбур шуд, ки мачлисро катъ кунад, аниктараш, думро хода карда гурезад. Рузи дигар дар шахр як навъ намоише шуд. Марду зан, пиру кампир, хурду калон, баччаву качча хама ба суйи гузари Охун рафтанд, ки дар он чо идораи оксаккол вокеъ буд. Оксаккол Мирзо Муинов ва пристав Устимович ин кадар одамро дида, зуд ваъда доданд, ки дигар руйхат тартиб дода намешавад. Баъди ин мардуми оташину пургазаб, ки шумораашон ба 6–7 хазор расида буд, ба тарафи «шахри нав» равон шуданд.

Пешопеши ин намоиш Чура Зокиров, Додобой Машарифов барин одамон мерафтанд, ки баъдхо дар рохи галабаи хокимияти халк дар Точикистон муборизони машхур шудаанд. Кози Бузрукхуча ва Комилчон Олимчонов ном бойхои шахр пеши рохи издихомро гирифта аз рох гардондани ва пароканда кардани шуданд, вале мардум онхоро хам гурезонданду идораи приставро печонида гирифтанд ва талаб карданд, ки руйхати мардикорон фавран нобуд карда шавад. Политсайхо аз газаби мардум тарсида, андаруни бино пинхон шуданд.

Ана дар хамин лахза аскарон пайдо шуданд, дастаи посбонони Хучанд пеш баромаданд ва якчоя бо политсайхо тир кушоданд. Аз тирхои онхо пирамарди хаштодсола шайх Окил Неъматшайхов, чавони бистусесола Мухаммадхон Миробидов халок шуда, Мирзочон Мирфозилов мачрух гардид. Аммо аскар кам буд. хануз 7 июл Ликошин ба ичрокунандаи вазифаи сардори штаби Округи харбии Туркистон Н.Н.Сиверс мурочиат карда, бо исрор илтичо карда буд, ки ба вилоят тезтар солдату казакхоро фиристад. Гайр аз ин Ликошин навишта буд, ки сардори уезди Хучанд хам талаб карда истодааст, ки ба шахрхои Хучанд ва Уротеппа фавран яктоги пулемёт ва ягон панчохнафари казакхоро фиристодан даркор.[3]

Аммо аскарфиристони хеч натича надод ва ин кори хукуматдорони подшохи барабас рафт. Ба ин худи Ликошин хам бовари хосил кард. Барои тафтиши вазъият вай 12 июл ба сафари вилоят баромад. Вай баъдтар (17 декабри соли 1916) ба генерал-губернатори Туркистон навишта буд, ки дар вокзали Хучанд «ба вай издихоми бузурге маътал будаанд, ки аз дехахои Кистакузу Исфисор омадаанд, ман бозистодам, ки бо онхо гап занам. Гуфтам, ки хар каси дар чояш рост истодаги шинад, худам рост истода ба хозирон ахамияти фармоишоти аълохазрат императорро дар бораи мардикоргири ва тартиби мардикоргириро фахмонда додам. хама гап назада, гуш мекарданд, вале руи хама тираву кавокхо овезон буду аз сукути онхо касро вохима зер мекард».[4]

Дар омади гап, губернатор сонитар мегуяд, ки «на хама дар сукут буданд». Исфисорие баромада гуфт, ки Кауфман дар вакташ ваъда дода будааст, ки дар муддати 50-сол ягон касро аз ин чо ба аскари намегиранд. Пас аз ин Ликошин боз гапашро давом дода менависад:

«Ман ба он исфисорию ба издихом гуфтам, ки ин гап афсона асту маъно надорад ва зохиран гуё ки гапхои ман маъкул шуданд, вале окибати кор тамоман дигар баромад – муллое, ки бо вай гап мезадам, якбора ба издихом ру оварду гуфт: «Гапро кашол додан чи лозим, хой халоик, шумо гуфта будед, ки мардикор намедихед, рост аст?». Тамоми издихом ба якбораги басо босалобату бадвохима гурунгос зад, ки: «Рост, намедихем. Рост, намедихем»– ман бошам факат хаминро гуфта тавонистам, ки фармоиши аълохазратро дар бораи мардикори хар коре шавад, ичро кардан даркор».

Он чи аён аст чи хочат ба баён аст – магар аз ин зуртар манзараро дидан мумкин аст? Кай пештар мардум дида буд, ки худи губернатори харбии вилоят дар пеши дехконону косибони дехот гап занад?! Хайр, агар гап зада бошад хам, кай як одами олимансаби генерал-губернатори аз дахони ом ин кадар гапхои руйросту пухтаву бурро шунида буд?!

Минбаъд хам кистакузихову исфисорихо бо камбагалони Хучанд алокаи мустахкам доштанд ва дар зарурат фавран ба мадади онхо меомаданд. Масалан, вакте 21 июли 1916 хукуматдорони Хучанд чор касро ба хабс гирифтанд, ки онхо гуё мардумро ба шуриш даъват мекардаанд, тамоми кистакузихо ба мадади хучандихо шитофтанд. Хурду калон, хар касе ки гашта метавонист, ба рох баромаданд. Калонони шахр бо як азоб пеши рохи ин издихоми панчхазорнафараро гирифтанд ва намонданд, ки ба Хучанд дароянд.

Дар Уротеппаву дехахои атрофи он хам шуру ошубхо мешуданд. Ликошин ба генерал-губернатори Туркистон А.Н.Куропаткин 7 декабри соли 1916 мактубе фиристод, ки дар он навишта буд: «… 1 август ба шахр аз вулуси Гончи ду гурух дехконон омаданд – як гурух 200 нафар, гурухи дигар 250 нафар, онхо ба тартиб додани руйхат монеъ шудани буданд. Бо ёрдами посбонони савора ва политсайхо гончигихо пароканда карда шуданд».[5]

Сарфи назар ба хамаи ин, сардори уезди Хучанд полковник Рубах хавф дошт, ки мардуми ин чойхо боз шуриш мекунанд. Бинобар ин вай аз губернатори харбии Самарканд илтимос кард, ки ба вулуси Гончи «отряди чазодихандаи Шахристон фиристода шавад… ва он бояд хукук дошта бошад, ки дар зарурат таъзир хам кунад». Пас аз ин Рубах менависад: «…азбаски бетаъхир тезутунд амал кардан даркор, бинобар ин даххо ва садхо касро хабс карда, ба замми ин тамоми расмиятхоро (карори хабс, пурсишу тергав, маълумот ба идорахои болои) риоя кардан мумкин нест» [6] ва аз гапхояш маълум, ки шуриш хакикатан вусъат ёфта будааст.

Маъмурияти подшохи армияи худро ба манбаъхои шуриш бо азоб таксим мекард, зеро отрядхои чазодиханда намерасиданд. 9 август дар Кистакуз мардум боз шуриш бардоштанд. Худи хамон Ликошин ба Тошканд чунин хабар дода буд: «Издихоми бузурги мардум – хурду калон, марду зан ба хавлии идораи сардори вулус зада даромаданд ва сардори вулус, элликбоши (?) ва пос­бонро дошта заданд».[7]

«Солдату казак фиристед!», «Солдату казак фиристед!»–аз тамоми вулусу уезду вилоятхои кишвари Туркистон ба маркази он факат хамин гуна телеграммахо меомаданд. Зеро шуриш дар Хучанд сар шуда, саросари кишварро фаро гирифт ва то тирамохи соли 1916 дар манбахои асосии худ ва дар баъзе чойхо аз ин хам дертар давом кард. Факат пас аз он ки ба Осиёи Миёна кисмхои нави армия омаданд, шуриш пахш карда шуд. Кувваи асосии шуриш дехконон ва косибон буданд. Дар нохияхои зироаткори мукобилати шуришгарон ба дарачае сахт шуд, ки генерал-губернатори Туркистон он мукобилатро факат бо зури армия ва артиллерия рафъ карда тавонист.

Мувофики маълумоти архив дар аморати Бухоро хам шуру ошубхо аз ибтидои соли 1916 сар шуданд ва алалхусус, дар Китоб, Шахрисабз, Яккабог ва Чирокчи вусъат ёфтанд. Махсусан дехкононе ба шур омаданд, ки амир барои сохтмони рохи охани Бухоро-Тирмиз зуран сафарбар карда буд. Такрибан моххои март-апрели соли 1946 Агентии сиёсии Россия дар яке аз хабархои худ навишта буд: «Норозигии коргарон торафт зиёд шуда истодааст. Истисмору худсари хад надорад. Барои ду хафта кор сартхо хамаги як сум маош мегиранд ва хурду хурокашон аз худашон (дар мавзеи Калиф – Тирмиз). Овоза пахн кардаанд, ки рох давлати аст ва дар он бепул кор кардан даркор». Ахолии бекихои кухистон, масалан, ахолии Балчувон сар бардоштанд. [8]

Шуриши соли 1916 нехзати стихияви буд ва на дар хама махалхо хусусияти халки дошт. Шуришгарон на вазифаи шуришро дуруст дарк мекарданду на роххои галабаро медонистанд. Бисёр шуришхо чудо-чудои беробита буданд. Накшаи ягонаи амалиёт, рохбарияти ягона набуд.

Гарчанде мувофики маълумоти идораи политсия дар баъзе махалхо баъзе сотсиал-демократхо, ки дар баъзе шахрхои Осиёи Миёна зиндаги мекарданд, дар ин ё он шуриш ба ин ё он андоза дахл доштаанд, вале мо гуфта наметавонем, ки дар ин шуришхо рохбарии пролетари вучуд дошт, ин гуна рохбари набуд. Пролетариати махаллии милли холо камшумор ва ташаккул наёфта буд, барои рохбари кодир набуд. Пролетариати рус бошад, гарчанде ба онхо партияи болшевикон рохбари мекард, дар ибтидои шуриш бо мехнаткашони махалли, ки асосан аз дехконон иборат буданд, робитаи мустахкам надошт. Натичаи мухимтарини шуриши соли 1916 дар хамин, ки шуриш дар он чойхое, ки хусусияти хакикатан халкию озодкунанда дошт, пояхои хокимияти подшохи ва истисморгарони махаллиро суст кард.

Дар айни хол, бояд хатман кайд кунем, ки дар баъзе шахру нохияхои Осиёи Миёна чосусони империалистони Германия ва султони Туркия хеле чидду чахд карданд, ки шуришхои халкии зиддиподшохиро ба шуриши зидди умуман русхо табдил диханд. Дар навбати худ муллохои мутаассиб, алалхусус, пайравони ашаддии тасаввуф кушиданд, ки шуриш ба худ шакли «газовот»-ро гирад, ки дар ин сурат тамоми русхо бояд кир карда мешуданд.

Шохидон накл мекунанд, ки дар яке аз махаллахои Хучанд як гурух одамон, ки ё чосуси империалистони Германия ё султони Туркия будаанд, байроки халифаи Туркияро бардошта баромадаанд. Маълумоте хаст, ки султони Туркия Афгонистонро тахрик мекардааст, ки ба корхои аморати Бухоро ва кишвари Туркистон дахолат кунад.

Ба чосусони Туркия муяссар шуд, ки бо фиребу найрангу ришваю пора сардорони баъзе кабилахои туркманро аз рох бароранд ва дар ин хел махалхо шуру ошуби мардум ба фоидаи султони Туркия чараён ёфт. Дар нохияхои сархадди Афгонистон ва Эрон ходисахое руй доданд, ки шуришгарон ба рохиоханчиёни бегуноху муздури рус дарафтоданд, касабахои русхоро оташ заданд, посбонгоххо, воситахои алока ва гайраро хароб карданд. Бойхо ва муллохои туркман мехостанд, ки ба туфайли ин шуриш кабилахои туркманро ба Эрон ё Афгонистон ва баъдтар ба Туркия хамрох кунанд. Ин гуна ниятхои душманона дар дигар махалхои Осиёи Миёна хам чой доштанд.

Хулласи калом, хангоми бахо додан ба хусусияти шуриши соли 1916 шароити конкрети хар як махалли Осиёи Миёнаро ба хисоб гирифтан даркор. Анику равшан чудо кардан даркор, ки кадом шуриш стихияви буд, кадом шуриш хусусияти халкию озодкуни дошт, кадом шуришро феодалхои иртичои, муллоён ва дигар унсурхои зиддихалки ташкил кардаанд, ё ба манфиати худ истифода бурдаанд.

Баъди берахмона пахш кардани шуриши соли 1916 хукумати подшохи мардумро бемалол ба мардикори, аниктараш, барои кор дар акибгохи армия сафарбар кардан гирифт. Ин сафарбари бо худсарию бедодихои бешумор мегузашт. Ба мардикори факат фарзандони бенавоёну камбагалонро мегирифтанд, бойхо бошанд, расман хукук доштанд, ки ба чои фарзандони худ дигар касро киро карда фиристонанд. Фарзандони бойхо, амалдорон, муллохо пораву ришва хам дода, аз мардикори худро халос мекарданд. Дехконони бечора барои ришваю пора пул надоштанд, бинобар ин баъзан чунин мешуд, ки аз як оила якбора ду-се кас ба мардикори мерафт – яке аз руйи «конун», дигаре ба чои карз ва севуми худро мефурухт, ки зану кудаку пиру кампирони дар хона монда кути лоямуте дошта бошанд.

Касони ба мардикори сафарбаршуда дар сохтмони иншооти мудофиа кор мекарданд, дар корхонахои саноати хар гуна корхои сиёхро ичро мекарданд, баъзан онхоро дар заминхои помешикхо хам кор мефармуданд. На идорахои харби ва на сохибони заводу фабрикахо, ки бояд мардикорони осиёмиёнагиро кабул мекарданд, ба ин кор мутлако тайёри надида будаанд. хазорон хазор мардикорон дар бараку заминканхои хунуки бепечка зиндаги мекарданд, аз хунукию гуруснагию касалихо садхо нафари онхо мурда мерафтанд.

Вахшиёна пахш карда шудани шуриши соли 1916, худсарию бедодию беинсофихои бешумори тартиби мардикоргири, зиндагии мудхишу вазнину токатгудози мардикорон дар гариби – хамаи инхо нафрату адовати мехнаткашони Осиёи Миёнаро нисбат ба хукумати подшохи, хукуматдорони махалли ва тамоми золимон хеле сахттар кард. Дар айни хол, шуриши соли 1916 аз руи унсурхои буржуазии милли никобро канда партофт.

Таргиботчиёни пантуркия натавонистанд, ки халкхои Туркистонро ба рохи качи «иттиходи чамеи муслимин» равона кунанд, дар рохи «иттиходи миллию дини» аз муборизаи синфи дур созанд.

хамаи ин дар Осиёи Миёна дар вакти шуриши соли 1916 басо аён зохир гардид ва дар ин кор худи чадидхо хам кумак карданд. Маълум, ки онхо нехзатхои халкиро ба манфиати худ истифода бурдани мешуданд ва дар ахён-ахён чойхо (масалан, дар Чиззах) ба онхо муяссар шуд, ки эхтироси револютсионии оммаро ба мачрои таассуби дини андозанд. Аммо аксари ахоли – камбагалони махалли душманони аслии худро нагз шинохта гирифтанд. Кайд кардан лозим, ки аз худи аввали шуриш то пахш карда шудани он тамоми калонони «обруманд», бойхои махалли бо амалдорони хурду калони подшохи фаъолона хамкори мекарданд. Ба маъмурияти подшохи миллатчиёни буржуази–чадидхо хам харчониба кумак мекарданд. Ахвол хам дар Хучанду Уротеппа, хам дар Самарканду Маргелон, хам Дар Пишпеку Верний, дар хама шахрхо, нихоят дар худи Тошканд хам хамин буд.

Ин хоинон ба манфиатхои миллии халки худ хиёнат  карда, идорахои махсус таъсис медоданд, ки ба хукумати подшохи дар масъалаи мардикоргири мадад расонанд. Масалан, дар маркази генерал-губернатори «Комитети шахрии Тошканд барои ба кор даъват кардани ахолии махалли»[9] ном муассисае таъсис ёфт, ки ба он Мунавваркории дар боло номбурдаи мо, Хочаев ном як савдогари серпули корчаллон ва дигар намояндагони давлатманди бойхову чадидхо сарвари мекарданд. Дар вилояти Сирдарё намояндагони буржуазияи махалли ба губернатори харбии вилоят махсус ариза дода ичозат пурсиданд, ки «дар байни ахоли ташвикоту таргибот баранду онхо ба маъракаи гундоштани чизу чораву молу ашё барои эхтиёчи чанг мукобилат накунанд».[10]

Ин икдом ва дигар кирдорхои ба ин монанд равшан далолат мекунанд, ки чадидхо хам мисли тамоми буржуазияи миллии Туркистон аз оммави будан ва равияи муайяни синфи доштани шуриши соли 1916 ба харос афтода, дар гами мавкеи худ шуда, бо душманони ашадии тамоми халкхои мамлакат – хукуматдорони подшохи забон як карданд.

[1] Восстание 1916 года в Средней Азии и Казахстане». док. 53, с. 105.

[2] Ниг.: Рачабов 3., 1955; Турсунов Х., 1962; Усенбоев К., 1967; Кастелская 3.Д., 1972; нашрхои махсуси «Ахборот»-и АФ Точикистон ва АФ Узбекистон, «Рисолахо»-и Институти таърих, забон ва адабиёти АФ Rирuизистон ва uайра

[3] «Восстание 1916 года в Средней Азии и Казахстане», док. 56. с. 109.

[4] Дар хамон чо, с. 162–163, док. 92.

[5] «Восстание 1916 года в Средней Азии и Казахстане», док 92 с 170

[6] Дар хамон чо, док. 89, с.137, ахбороти Ликошин ба генерал-губернатор Куропаткин, 5 августи соли 1916.

[7] Дар хамон чо, док. 92, с. 170.

[8] Мухторов А., 1967, с. 33.

[9] ЦГА Узб. ССР, И. 1, оп. 31, д. 1128, лл. 5–8 ва uайра.

[10] ЦГА Узб. ССР, И. 17, д. 166, лл. 11 – 14.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …