Главная / Илм / Сарсабил дар Канзи Шифо (Китоб)

Сарсабил дар Канзи Шифо (Китоб)

sarsabil-2-660x330Сарсабил — Дар дашт, богистон ва кухсорхои Осиёи Маркази ду навъи сарсабили шифобахш меруяд. Як навъро шоххояш борик, баргаш монанди баргхои морчуба риштавор борик-борик, навъи дигараш бо хамон сифат, вале шоххояш хор дорад. Сохт ва намуди решаи хар дуяш хам кариб ба хамдигар шабохат дорад, яъне сиёх аст; самараш ба андозаи нахуд ва гирдак (кулула), дар хоми сабз ва бирасад, сурх мегардад, гулаш зардтоби хушбуй мебошад. Кувваташ то бист сол боки мемонад.

Мизочи гулаш дар охири дарачаи дувум гарм ва дар хамон дарача хушк аст ва агар кухна шавад, хушкиаш меафзояд. Мизочи решааш дар охири дарачаи севум гарм ва хушк аст. Кисмхои дигари ин гиёх дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: сарсабил тахлилдиханда, ракик (суюк)-кунандаи моддахои гафс, араковар, пешоброн, чорикунандаи хайз ва барои аксари беморихои сарди тармизочи майна, узвхои даруни сина, меъда, чигар, гурда, хичак, бачадон, дардхои пайвандхо ва монанди инхо дору мешавад.

Гулашро бибуянд, барои дарди сар ва дарди нимсари аз хунуки баамаломада шифо мебахшад. Гулашро дар об чушонида, он обро бо сиркои ангури даромехта, дар дахан гардонанд, дарди дандонро, ки аз хунуки сар зада бошад, таскин медихад. 12,5 грамм шох ё решаи онро дар 300 грамм об то нисфи об мондан бичушонанд, баъд соф карда, бо шакар ва монанди он чизхо бинушанд, барои иллатхои фолич, нотавон ва бемадоргаштаи узвхо, ки кухна шуда бошад, зик-ун-нафас ва сурфаи кухна дармон мешавад.

0,35 грамм решаи онро куфта, бо равгани бунафша сиришта, дар бини бирезанд, дарди нимсарро, ки сабабаш сарди бошад ва инчунин дарди бугумхоро шифо мебахшад. Хар руз аз куфтаи хушки сарсабил 4,5 грамм бо набот то як хафта ва зиёда аз он бихуранд, дарди бугумхоро, ки кухна шуда бошад, шифо мебахшад.

Куфтаи онро бо гулоб сиришта гузошта банданд, барои фолич ва таскин додани дардхои гуногуни бугумхо, иркуннасо, никрис, варамхои гуногун ва гайрахо шифо мебахшад. Куфтаи онро занхо аз таг бардоранд, пешоби бастаро меронад, бачаро аз шиками хомила меафтонад. Микдори як бор хурдан аз сарсабил дар як руз аз 4,5 то 9 грамм аст.

Вале хурдани сарсабил ба одамони гарммизоч, чавонон, дар фаслхои гармо, беморихои гарми монанди: табхои гарм ва сафрови, фишори баланди хун доштагон, сурхича, нагзак (гулак) ва амсоли инхо зарар дорад. Агар 10,5 грамм барг ва шохи онро дар об чуш дода, он обро бо мустако бихуранд, моддаи савдоро бе хеч гуна азият аз бадан бо исхол дафъ мекунад.

Камтареро аз барги он бо равгани зайтун биёшоманд, кайи сахт меоварад, барои газидани саги девона, махав, инчунин барои хамаи беморихои савдови, масалан, васвос, тарс, девонаги, молихулиё ва гайра давои кави мебошад, вале дар айни хол хатарнок хам хаст.

sarsabil-225x300Барги онро куфта гузошта банданд, реш ва захмхои хабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад. Решааш бисёр тез, захмовар ва сузонанда аст. Агар инро куфта бимоланд ва молиш диханд, доги сафеди пуст ва песро дафъ мекунад. Ва агар инро бо сирко даромехта бимоланд, иркуннасо (радикулит)-ро шафо мебахшад ва ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш ба хадде бимоланд, ки хунолуд гардад, дар як-ду дафъа муй меруёнад. 1,75 грамми онро, ки микдори муътадили хурдани он аст аз решааш, биёшоманд, сахт исхол меоварад, балгам ва савдоро аз бадан дафъ мекунад; агар ин микдорро бо оби тугмачагули тару тоза бинушанд, низ кайи башиддат меоварад.

4,5 грамм решаи онро батанхои бихуранд, кай кунонида, гамгин сохта ва рудахоро ба дард оварда мекушад. Агар касе аз решаи он ин микдор хурда бошад, давояш равгани бодоми ширин хурдан аст. Огох кунем, ки фоидаи сарсабил барои беморихои балгами равшан аст  — ин бинобар кайфиятхои гарми ва хушки доштанаш, ки зидди кайфияти балгам аст, аммо бар зидди хилти савдо, азбаски мизочи савдо хушк мебошад, ошомидани ин гуё зарар мекардааст, вале ин тавр нест. Бинобар он, ки моддаи гафсро тахлил медихад, вале ин бар зидди беморихои савдови фоидабахш мебошад, зеро ки хилти савдо хам гафс аст.

Аз сарсабил равган хам тартиб медиханд ба ин тарик. Як микдор сарсабили хушкро дар шаш баробари вазни он оби ширин як шабонаруз тар намуда, баъд то чоряки об мондан мечушонанд. Сони он обро соф карда, дар зарфе бо ду баробари вазни он равгани кунчиди нав ё равгани зайтун дохил намуда, бо оташи мулоим охиста мечушонанд, то ки об бухор шуда раваду равган бимонад. Аломати тамом шудани об аз чуш мондани сатхи равган аст. Вале эхтиёт кунанд, ки равган дог нагардад. Молидан ва хурдани ин равган барои иллатхои аз сарди сарзада, дамкутахи, сурфаи кухна, фолич, кач шудани руй ва гайра шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …