Главная / Гуногун / Сарнавишт

Сарнавишт

Хар шамъеро нуре, сузе. Хар киссаеро огозе. Хар чуйбору обшорро навое. Хар мургро садое. Хар инсонро кисмате, файзе, муроде, фарёде. Гахе курам, гахе бино, гахе морам, гахе рубох, гахе аблах, гахе доно, гахе пасту гахе боло, гахе хушкам, гахе дарё… гахе кухам, гахе майдон, гахе обод, гахе вайрон, гахе хушёр, гахе хайрон, гахе рахмон, гахе шайтон, гахе рохбар, гахе сарсон, гахе озод, гахе зиндон, гахе хамуш, гахе тугён, гахе дарвеш, гахе султон… гахе хокам, гахе мохам, гахе нурам, гахе торам, гахе безор, гахе зорам, гахе нарму гахе хорам, гахе шахдам, гахе захрам, гахе борон, гахе борам, гахе субху гахе шомам, гахе ин сон, гох он сон… Ба он хотир, ки инсонам, зиндаам, фикру андеша меронам.

oshno

Вакт ноаён ба каъри дили шаб фуру меравад. Аз равоки тиреза суи берун менигарам. Айёми тобистону осмон соф, абре ба назар наметобад. Мохи чахордахруза гуё танхо маро мебинаду танхо бар сари ман нур мепошад. Баргашта ба курси мешинам. Ру ба руям оинаи софу бегубор аст… Дурудароз бар симои хеш, ба умки чашмонам менигарам. Саманди хаёлам лачомгурехта мемонад. Шамъи ман зарра-зарра месузаду об мешавад, об мешаваду месузад. Мехохам шабро ба танхои бишканам. Хар киссаеро огозе. Хар шамъро нуре, сузе…

Овони хурдсоли, азбас аклаш намегирифт, калтак дар даст сангхои чуйи кучаашонро бечо намуда, тагашро мекофт. Боре аснои ин шугли бемаъни марди дехкон, ки савори хар рахгузар буд, гуфт:

– Ту писари ки?

– Писари дадом.

– Ин тавр бошад обро лой накун, ки гунох аст. Фахмиди?

– Ха…

– Баракалло!

Он мард кайхо аз наздаш дур рафта буд, вале у хануз сархам меистод… То ин дам касе аз калонсолон варо айб накарда буд. Хамон айём мавриди ба чуйи хушкида аз нав об омадан  хамрохи чурахояш сангхо дар даст аз паси сари об медавид, зеро гумони комил дошт, ки агар хар кас  сари обро бо санг занад, говашон хатто безурёт бошад хам, мезояд…

Баъдхо дар гармихои фасли тобистон аз даву тоз ба як холат расида, вакте, ки аз хадди бетокати тозон вориди дахлез гашта, косаи обро дам мекашид, падараш насихат карда мегуфт:

– Ташнагият, ки шикаст, шукр, бигу, шукри ин неъмати нотакрори худованду табиатро бигу…

Дар куллаи сарсафеди кух, ки аз чониби чапи дара бо амри даврон комат афрохтааст, барфхову тармахо сокит хобидаанд. Сукуташон зохири ва фиреби назар аст. Зеро аз банд-банди дили тармахо бо як мароми хоса катра-катра об мешорад. Оби мусаффову ширин, сардиаш дандоншикан суи води медавад. Обаки шухи чуйбори кухи ба сангрезахо бармехурад ва губори танаш тахшин мегардад. Суръати чоришавии он торафт меафзояд ва билохира, ба шохоби нисбатан калонтари дарёчае, ки андак поёнтар равон аст, мепайвандад…

Хайратангез шояд метобад, вале дар камари тарафи рости кухи дара чашмае мавчуд аст, ки оби он низ басо зулолу шаффоф ва бомазза аст. Чуш зада-чуш зада аз косахонааш берун меояд ва сари рохаш регрезахоро ба гардиш дароварда частухезкунон суи нишеби шитоб мекунад. Ва аз мобайни сагхои хурду калон, хору буттахо гузашта, нихоят ба яке аз шохобхои дигари дарёча меомезад.

Ба он маконе, ки чуйбору чашмаи кухи ибтидо мегирифтанд, танхо гох-гохе пою кадами мардуми кухнавард, шикорчи ва ё дахмардаро мерасад. Аз осмон бошад, тавлиди чуйбору чашмаро рузона офтобу шабона моху исторагон наззора мекунанд.

Саркорони махалла солорона дар тараддуди чанозаву гуру чуб буданд. У аз бахри видоъ вориди толори хона гашт. Устодро, ки кухансолтарин омузгори мактаб буданд, дар мобайн руи кати баланд хобондаанд…

Рост истода ашк мерехту ба хотираш расид, ки гирди он мизи дар кунч гузошта, борхо хамрохи Сайфизода нишаставу сухбат оростаанд…

Берун таги дарвоза баромад, то одамонро «истикбол гиред» гуяд. Гиря гулугираш менамуд. Охир дируз, пас аз анчоми дарсхо якчоя дар посгохи дабистон нишаста, самбусаи пудинаву алафи хурданд, чои кабуд нушиданд, устод шукри умру рузгор мегуфтанд… Камол он айём бача буд. Ёд дорад, Сайфизода бори нахуст ба синфашон даромаданд. Худро шиносонида гуфтанд, ки шумоёнро аз асрори кадимтарин илм — илми кимиё огох кардан мехохам. Номи талабагонро ба навбат ба забон оварданд. Баъд аз хонандаи чахоруми пурсиданд:

– Писари ки мешави?

– Писари Фозилбой…

– Аз кадом гузар?

– Махаллаи Тангак.

– Ха, бачаи Фозилбойи кассоб  гуй…

Ба исму номи падари чанд толибилмони дигар гуё ахамият надоданд.

– Ту духтари ки хасти? – суол карданд аз Гулсара ном толиба.

– Духтари Сангин Каримов.

– Апаат Мухаббат дар донишгохи пойтахт мехонад-а?

Касе пикиррос зада хандид.

– Ха, шумо аз кучо медонед?

– Чаро надонам, падарат Сангини нишоллопазро дарс додаам, рахмати бобоятро мешинохтам.

Сонитар, бо мурури замон Камол дарёфта буд, ки устод ачдоди кулли хамсабакхояшро ба ёд меовард. Тавба, ногахон Рахими пурхур пеши назараш омад. Синфи хафтум ё хаштум мехонданд. Дарси химия шуруъ нашуда, Рахим тахтаро тоза карду «Хозир Сайфизодаро боб мекунем» – гуён курсиро пахлуи мизи муаллим гузошт. Касе аз асли максад дарак надошт, вагарна шояд… Муаллим буру китоб дар даст вориди синф шуданд. Мавзуи навро фахмонданд, тарзи ифодаву рохи халлашро навиштанд. Ва бехабар руи курсии Рахим гузошта нишастанду якбора пуштаноки афтоданд… Сайфизода  бархеста гуё, ки хеч вокеа нашуда бошад, дарсашонро идома доданд…

Баъзан, Саттор ки устухонхоиро бехад дуст медошт, махлулхои кимиёиро иваз мекарду Сайфизода, ки ин гуна хазли густохонаи шогирдонро ба гушаи хотирашон рах намедоданд, аз омезиши хамдигар бетаъсир мондани моддахо ё натичаи бегона пайдо гардидан хайрон гашта асаби мешуданд. Заб беакл бачахо будем… Тавба… Кабиров, гохе, ки худ аллакай дар колхоз сарагроном шуда кор мекард, боре аз устод пурсид:

– Кайхо боз донистан мехохам, хамин чубуки шумо чи ширини дорад, ки хеч аз дахон як су намегузоред?

– Ту саросема нести?

– Не.

– Рафтем ин тавр бошад.

Хар ду баромада суи чойхона, ки ру ба руи мактаб вокеъ аст, хомушона кадам заданд. Сайфизода аз чойхоначи ахволи бачахояшро пурсиданду гуфтанд:

– Барои мо мехрубони карда камтар нон ва як-ду пора гушт зирбонда  биёред.

Дере нагузашта неъмати дастархон омода шуд. Устод аз дохили сумкаашон як шиша шаробро берун оварданд. Ба пиёлахо рехтанд.

– Одати тамокукаши аз давраи чанг, панч сол сарбоз, ки будам, боки мондааст. Лекин бо ту, Камол, кайхо инчониб танхо ба танхо нушидани будам. Имруз насиб будааст. Хеле мехостам, ки химик шави, аммо ту агроном шуди. Мухимаш чизи дигар аст, мебинаму хурсанд мешавам, ки одамон туро багоят хурмат мекунанд, ба ту бо чашми мехрбор менигаранд. Ин хушбахтии инсон аст. Гир, гир, нушем… Пир шудам, магар, ки захмхои чанги падарлаънат кам-кам азобам медиханд. Ист, ба ту як муъчиза нишон дихам…

Устод ба чайбашон даст бурда, дафтарчаи кайди багоят фарсударо кашиданд.

– Ин дафтарчаи одди барои ман хеле азиз аст. Баъзе сахифахояш, ки руи он замоне байти шеър, номи дуст ё зарбулмасал сабт ёфтаанд, акнун лахта-лахта шудаанд. Умри зиёда аз нимасра дорад. Ва доимо хамрохам. Хуб одами бохавсала-дия ман, Камолчон. Пеш аз чанг рафтан аз магазани кишлок харида будам. Гир, боз як кадахи нушем…

Камол дар тааччуб афтодаву намефахмид, ки ин дафтарча чи хосият доштааст? Сайфизода аз нав ба идомаи киссаашон пардохтанд:

– Аввалин маротиба ба мухориба даромадем. Ба сарамон борони тиру гулула мерехт. Чон ширин аст, дуруг нашавад, дилу дасту по хеле меларзид. Баъд одат мекунад одам. Як махал садои гулуларо шунидам. Даруни хандак фуру хобидам. Шуввосзанон омада, панч-шаш кадам дуртар таркид.

Хок танамро андак монда буд, ки тамоман гур кунад. Имкони калла бардоштан нест, тасаввур мекуни? Хаво омехтаи чангу дуд. Охиста пешониамро боло кардам. Хамин лахза дидам, ки ларзида-ларзида барги сабзи кадом дарахте руи кафам афтод. Думчааш хатто бутун. Баъдтар шикаст. Ва дарзамон аз дил гузарондам, ки ин барг маро зинда медорад. Хамон барг то хануз бо ман аст. Ана бин! Боварат намеояд…

Ду хафта кабл аз ин Камол Сайфизодаро сари рох дида буд. Аз ронанда хохиш кард, ки биистад, баъд аз ахволпурси кардан устодро ба мошин то хонаашон, ки чахор-панч дакика рох буд, бурд.

– Туро Мулло Камол худи фариштахо бо ман расонданд. Мушкили маро осон куни, як умр аз ту рози мешавам.

– Дурр шиканаду сухани шумо не, аз дастам ояд, ба чону дил, муаллим!

– Ту одами дидадаро, баобру, хохишу гуфтаатро касе рад намекунад. Аз ин хотир хамин хамсояи ман, Икромхучаро мешиноси, илоче карда ба хонаи мо мебиёри.

– Чаро ба зури? – хайрон шуд Камол.

– Мову Икромхуча, рости гап, тавба, одам хам то ин дарача мешудааст, кариб дувоздах сол инчониб ногап. Доим дар хичолатам. Ошти шавем, ба гузашта салавот гуям, не, кабул накард. Ба тую маъракахо низ хабар кунам, намеояд. Агар ту рози карда наовари, каси дигар аз ухдаи ин кор намебарояд.

– Сабаби чанчоли шумо чи буд, ки хусумат ин кадар тул кашидааст-а?

– Аслан гирем, кирои хархаша намекард. Хайр, хар касу хар чи-дия. Як вакт, тобистон буд, се-чор сар ангур кандани шуда болои бом баромадам. Икромхуча руи хавлиаш машгули кадом коре, ха, мавсими хосилбандии анор буд.

– Монда набошед, хамсоя – гуфт у.

– Ташаккур! – чавоб додам.

– Шумо хамсоя, муаллими химия, шояд ин сирро донед? – пурсид у.

– Он чи сир будааст? – кунчкови кардам.

– Соли гузашта хафтод-хаштод фоизи анорхоям тарс-тарс кафида буданд. Чи чора андешам, ки хосилашро безарар чинам? Анори сабилмонда, кафидагиро, охир фурухта нашавад…

– Хеч асроре надорад, – бепарво гуфтам ман, – анор чормагз барин, ки шуд, андак пахтаву як пиёла равганро мегиреду ба руи пусти хар яктоаш мемолед. Чон халос, вассалом! Хеч чин намезанад…

– Эха-а! – мад кашид Икромхуча. – Одди будаасту – барвактар пурсам мемурам магар…

– Худоё, худовандо! О ман аз кучо донам, ки Икромхучаи зудборвар хазли маро чидди мепиндорад. Гаранг набошад, бе ягон фикру хаёл равган молида будаасту хамаи анорхояш, пусташ шахшуда аз инкишоф бозмондаанд. Мебинад, ки анорхои хавлии мо бихи барин калон шудаанду аз они у не. Боз омада сабабашро пурсид. Ман хандида шухи карда будам, гуфтам. Икромхуча чун марди хирмансухта доду фигони бисёре карда таънаи бехад заду рафт ва бо хамин дигар пустинашро чаппа пушида салому алейкро низ канд. Бехуда нагуфтаанд, ки «аввал андеша, баъд гуфтор…».

Вокеан, Икромхуча бо вучуди он ки худро одами аз хамсоя фанд хурда мехисобид, илтимоси Камолро пушти по накард. Ё аз раис шармаш омада, ё ягон мулохизаи дигар намуд. Ба хар хол он бегох сари дастархони Сайфизода нишаста палави ошти хурданд…

Холо Камол Икромхучаро, ки чомаи банорас пушидаву миён баста таги дарвоза сукут меистод, диду киссаи он нишасти хамсояхову худашро ба хотир овард…

Писари бузурги Сайфизода, ки бахри овардани тобут ба масчид рафта будааст, баргашта омад. Камолро дида огуш кушоду гирист.

– Барвакт нахори хурдем. Падарам бепарвоёна гуфтанд, ки кадре худро бад хис мекунаду назди духтур рафта набзи дилашонро санчиданианд. Ба табакаи аввали беморхона медароянду аз афташ сактаи калб хуруч мекунад. Як духтарак, хамшираи шафкатро мебинанд. Духтарак хостааст, ки духтурро чег занад, бардошта бароранд. Вале афсус, ки ин тан надодаву якрави карда боло баромадаанд…

Камол гуфт:

– Падаратон харгиз якрав не, балки сохиби хислати нодир буданд: хеч гох намехостанд, ки бори касе бошанд.

Гулбарг аксар хангом сокит мемонд, ба каъри дунёи худ фуру мерафт ва сукуташ зохиран буду ботинаш талотум мезад, хешро мазаммат менамуд, ё таскин медод, ки хама бурду бохташ зич марбут ба омоли худаш аст, аз пофишориву чонфидоияш бармеоянд. Дигар кулли мамониятхо сохтаву бофта, бахонаву василаи худферебии махзанд. Дар хар лахзаи шикастадиливу костагии рух мутмаин мемонд, ки эчоди асил, озод, бунёдаш кави, равшан, нурпош дер ё зуд, хатман ба калбхову хотирахо рах меёбаду накш мебандад. Аз ин лихоз бахри обрую эътибори пучу муваккати хочати даст ба гиребон шудан несту чон кохондан маъно надорад. Зарур аст, ки рассом кадру киммати офаридаашро донаду шиносад, харгиз дар хеч холат аз хадду хадафи олиаш паст наравад, вагарна, рафта-рафта арзонбахои одат мешавад, хислати бепарвои зухур мекунад, кас бо мурури айём аз эчоди асил дилсард, зехнаш кунд мегардад ва он гох мурги илхоми илохию табии аз у ва коргохаш риштаи ошнои барканда мегурезанд, бебозгашт мегурезанд ва дар зиндагиву чодаи пешгирифтааш холигохи бефайзе ба миён меояд. Ва ин холигохро баъзан эхсосоти нотавонбини, хасуд пурра месозанд, бинобар ин, мугчаю магзи андешапарастиву тозакори, чустучупарвари, пазируфтани дарди инсони дигари чомеа хануз ташнагии офаридан нашикаста, пиру пажмурда мемонанд, танашро харорат тарк мегуяд, окибат хушкида мемирад. Мемираду шавку завкро аз даст медихад, он соат ба чашми одам тулуи офтобу дурахши мох одди метобанд, лаззати назокати субхро ёфта наметавонад. Садои суруди обшору сукути дарахтони солорро намешунавад, ба накхати сабзаву гулхо бетарафу карахт менигарад, одамро бесехру якранг, махдуду танг мебинад. Шояд аз ин касодии хунар, касодии шахсияти эчодкор ибтидоъ мегирад. Боз ки медонад, шубха мекард Гулбарг танхо нишаставу шаддаи риштаи андешахояшро якто-якто чида.

… Гулбарг ба руи когази калони сафед менигаристу хаёл меварзид. Ба асари наваш унвон мечуст. Худ хануз дакик намедонист, ки чи меофарад.

Чи шуду чи монд, ки ногахон он рузи бачаги ба хотираш расид. Бо хама тафсилоташ. Чаро?..

Тасвири як лавхи он руз шуруъ ёфт… Харчанд намедонист, ки ягон чизи шудани мебарояд ё не…

Фасли зимистон рехту баробари мугча бастани шохаи бодом барфу яххои кухна об мешуданд. Сари симхо ахён-ахён фароштурукхо ба назар мерасиданд. Мусичахо «ку-ку-ку» гуён аз эхёи табиат рух гирифта, хушнудона суруд мехонданд.

Падараш, ки хамаги ду хафта пеш ба нафака баромадааст, аз руи одати деринааш хануз чашми руз накафида аз хоб хест. Бо оби сард дасту руй шуст, чукур-чукур нафас кашиду таровати хавои субхро эхсос намуд. Хаёлан, баракати кори сахар дигар аст гуфту ба побелкунии як порча замини мобайни офтобрас пардохт. Боки хама атроф, гушаву канори хавли пур аз дарахтони зардолую себ, шафтолуву олуча, анору анчир буданд. Боги сабзу хуррам, ёдгор аз муйсафед, солхост, ки фарзанду наберагонаш аз шахду шакари мевахо халоват мебаранд.

Пагохи, хангоми ноништо, вакте хама сари дастархон нишастанд, у ногахон пурсид:

– Хамин шаб ак-аки сагро нашунидам. Гушкалон кучо бошад?..

– Намедонам, дируз сузан хурдаги барин гулу афшонда-гулу афшонда ин тараф он тараф гузашту… Хайр, хар кучо  бошад меомадагист, охир пештар хам як-ду руз гум шуда мерафт-ку… – посух дод модараш.

Гулбарг кунчи дури хавлиро, ки буттаи гулхову танаи дарахтон аз назар пинхон медоштанду он чо саг мехобид, вокеан худи Гушкалон интихоб карда буд, дида омад:

– Гушкалон, Гушкалон, бах, бах, бах.. Гушкалон!

Не, садои Гулбарг бечавоб монд, саги калони сиёхи чупони, ки гирди гарданаш догхои сап-сафед, думи дароз, гушхои пахни нугаш бурида дошт ва кариб дах сол боз посбони ин хонадон буд, холо чун пештара давидаву дум ликонда ва лунчашро боло карда наёмад.

Ними руз дар чустучуи Гушкалон гузашт. Бачахои кучаи махалларо канду курс, магзу мавиз, курут доданд ва бо кумаки онхо саросари чорсуи махалларо кофтанд, аз хар шиносу бегона пурсиданд, ки мабодо саги сиёхи сафеди гушбуридаро дидаанд ё не… Падараш шахсан мавзехои сахро, даруну беруни говхонаи колхозро кофт, лаб-лаби захкан, канали камоб, хар гуна чукуриву ковокихоро кофт. Аммо бенатича, на ном буду на нишон, касе вонахурдааст, хатто аккосашро нашунидааст. У бо хотири кохида баргашт…

Кампир авзои шавхарашро диду харфе нагуфт, вале чониби Гурбарг ру овард.

– Хез, духтарам, хамиратро рост кун, расидааст. Аз гум шудани саг мотам гирифта шинем, мурод хосил намешавад. Аз паси зиндаги бошем, ягон хисобаш ёфт мешудагист.

– Шумо танурро метафсонед? – пурсид Гулбарг.

– Ха, хозир ман ягон банд гузапоя гирам.

Ва кампир тарафи хезумхона рафт. Дари он доим кушода меистод. Ворид шуда равон дар нимторики пай бурд, ки дар хезумхона чизе мечунбад. Кадами дигар монд, ки саг дандон гич карда гуррос зад. Гушкалонро шинохт. Аз хурсанди хатто фикр хам накард, ки чаро ин чо хобидааст. Берун омад, хамаро хабар дод. Муйсафед аз хама пеш бетокатона тозон худро дохили хезумхона андохт. Тирезаашро, ки боз кард равшании нури офтоб ба кунч афтод. Саг базур гуррос зад, дуруст, гуё мачолаш набошад, сар хам набардошт.

– Гушкалон, бах! – гуфта муйсафед пайхас намуд, ки дахони Гушкалон пур аз кафк аст!

– Ана гап чию кор чи… Эх, Гушкалон, саги боакли ман, – ва бори охирин пушти сагро навозиш кард. Сони, аз чо бархоста суи кунчи дури хавли рафта обу нонашро бардошта овард, наздаш гузошт, тирезаро махкам кард ва аз берун дарро пушид.

– Ин боз чи одати нав, руи хавли пеш кунед, худаш мехурад, – гуфт хамсараш.

– Эх, кампири бедард, – охи вазнин баровард падараш, – Гушкалон девона шудааст, мабодо, ба ягон кас зарарам нарасад гуфта, дар хезумхона руст шудаги. Ту боши…

– Акнун чи илоч мекунем? – пурсид Гулбарг.

– Надонам, духтарам…

Падараш ба фикру хаёл фуру рафта чора мечуст. Хеле сукут варзид. Баъд хомушона ба дахлези мехмонхона даромад, тавассути он чо ба хучраи акиб гузашт, ки хидмати анборхонаро адо мекарду пур аз кухнаву колаи рузгор буд. Мобайни он руи девор туфанги думилаи шикори овезон меистод. Болояшро бо докаи харир пушонданд. Сенздах-чордах сол инчониб касе ба милтик кордор нашудааст, лоакл чангашро тоза накардаанд. Сари хамон мех халтачаи тирдон кашол буд, палмосида-палмосида бовар хосил намуд, ки хайрият, хатто зах накашидааст. Гарки андешаву побанди бахсу талоши ботини думиларо берун овард ва зери айвон нишаст.

– Дадо, чи гап, милтикро баровардед? – суол дод Гулбарг.

– Дилам мехохад, ки як чангу гардашро гирам, кисмхояшро равган молам.

– Нав аз танур кандам, гармакак, аввал як бурда нону каймок мехурдед, – хохиш намуд хамсараш.

– Баъдтар, хозир аз гулуям намегузарад…

Панч бахор кабл аз ин муйсафедро аз тарафи фермаи колхоз ба хотири мол овардан ба кухистон – пеши чупонхо фиристоданду хамон айём подабони мехмоннавозу хушчакчаке сагчаи пахмогмуи гушбуридаашро тухфа дода буд.

Охиста-охиста торафт калон шуда, ба ахли хонадон одат кард, дуст шуд. Солхо гузаштанду сухани подабон собит гардид. Гушкалон – ин саги зоти, вокеан, хушёру вафодор баромад. Аз хурди хамин, ки дарвоза так-так шавад ё касе чег занад, паст-паст аккос мезад, мехмонро, ки пешвоз гирифтанд, ачаб хислате, гирдо-гирди хама то бас гуфтан шодикунон медавид. Шабонгах хавлиро хуб бони мекард, аз чониби берун санге ё кулухе ба дарун афтад тамом, аккосзанон оламро ба сараш мебардошт. Рузона, баръакс, хаёл мекардед, аз вай дида чонвари оромтабиат вучуд надорад. Боре, чанд сол пештар аз дуст шуд ё душман, худашон хам намедонанд, гапи муйсафеду кампир гурехта сахт чанчол карданд. Муйсафед як махал пай мебарад, ки Гушкалон дари нисфи болояш оинадорро чонхолона мехарошад. «Гум шаве, бар падарат лаънат!» гуён пеш мекунад. Вале даме пас аз нав тахтаи дарро нохунхояш меканд. Тавба, хархашаи муйсафеду кампир интихо меёбаду саг хотирчамъона рафта канортар мехобад…

Падараш думиларо аз нав кушод, ду тирро чой кард, аммо то холо мекалавид, ба сад фикру хаёл мерафт, худро аз оташ гирифта ба об меандохт, бо вучуд сари кароре омада наметавонист. Зеро, ки саг девона асту хавфнок гуфта ба куча ронад, бечора чонвар саргардону бесохиб кучо меравад, бе хонаву як бурда нони аник хору зор мешавад, убол аст… Бале, убол… Сониян, Гушкалон чунин кисматро сазовор нест…

Падараш ба хотир овард, ки  модаркалони Гулбарг бемори  вазнин буду Гушкалон тамоми шаб зуд-зуд уллоси нолаомез мекашид. Мегуянд, ки уллоси саг хосияти хуб надорад, вале он гох ба назараш чунин тобида буд, ки Гушкалон уллос неву гиря мекунад. Хеч аз ёдаш намеравад, вакте дафн анчом ёфту муйсафеду чор-панч хешу табораш баъди хама аз кабристон берун шуданд, диданд, ки назди даромадгохи водии хомушон сархаму думчунбонда Гушкалон меистод…

Силох дар даст падараш вориди хезумхона шуд. Гушкалон бепарво хатто гурунгос хам назад. Аз лабу лунчаш кафки дахон мешорид. Думиларо боло бардошт, гуши сагро нишон гирифт. «Бубахш Гушкалон, бубахш чонвари мехрубон, дигар чора нест». Ва ду дафъа парронд. Дилаш ларзид. Саг ороми ёфт. Муйсафед ашки чашмонашро бо даструймол пок кард.

Падару духтар часади Гушкалонро руи замбаргалтак гузошта ба сахро – он мавзее, ки саг хуб мешинохт, бурданд. Пахлуи говхонаи колхоз зери девор чукурие кофтанд, сагро хобонда бехарф аз болояш хок кашиданд…

Хамон бегох падараш думиларо аз нав тозаву равган карда сипас, даруни шакархалта андохту ба кормандони шуъбаи умури дохила ихтиёри супурд.

Сабаб пурсидаанд, гуфтааст:

– Дигар кудрати шикор рафтан надорам…

Гулбарг хар гох асари нав, ки офарид, таърихи пайдоиши онро мухтасар дар рузномааш менависад. Умедвор аст, ки замоне фурсати мусоид фаро меояду чун «Рузномаи рассом» руи чопро мебинад. Ба хар хол тархи расм падид омад. Нуктахои асосиву нозукии онро Гулбарг бахри худ муайян намуд. Вале дарк кардан аз имконаш берун мемонад, ки чаро, чаро махз имруз ин хотираи бачагияш ру зад?

Ба суолаш чавоб наёфт. Занги телефон хама риштахоро канд. Аз ин хол кадом як раги хунгарди бадан, кадом як хучайраи хастияш гувохи медоданд ва у эхсос менамуд, ки хабари нохуше мешунавад. Уро даъват карданд, ки ба беморхона ояд. Фавран… Аввал бовараш намекард, вале хамон лахза гарчанде у ботинан омода, зеро иродааш кави буд, дар кунчи дилаш шубха пайдо омад, катраи ашки талх сари бари рухсораш овезону ларзон шуд. Ба назараш, ин хама хобу хаёл тофт, дере нагузашта бедор мешаваду… Гулбаргро дилаш мехост замину замонро чаппагардон кунаду илоче ёбад. Хама дустону шиносонашро бапо хезонаду боз се-чахор маротиба писаракашро аз назорат гузаронад. Натича бетагйир буд: бача гирифтори бемории саратони хун аст. Гулбарг фахмид, ки такдир захрханда мезанад, ба гумонаш, худованди кариму рахим, бахшандаю мехрубон дасти эхсони хеш аз сари оилаи онхо мебардорад. Гуё боги раънояшон оташ мегирифт… Забони кас намегардад, ки аллакай месузад гуяд.

– Мо хар кори аз дастамон меомадаро ба субут мерасонем. Вале, ман мачбурам руйрост бигуям, ки саратон яке аз бадбахтихои инсонияти карни бист аст. Мушкилоти бемори дар он, ки бемор дардро хис намекунад, лекин одам, ки дардашро эхсос намуду аломатхояшро дарёфт, табобаташ дер мешавад… Аз ман наранчед, ки ингуна берахмиву дилсардиро ба худ раво мебинам… Ман мачбурам… Узр…

Табиби машхур хомуш монд…

Гулбарг ин асно хуб эхсос кард, ки кулли мавчудоти ин олами кухан – хоку санг, дарахтону чорпоён, обу хаво, хатто деворхои сарди беморхона низ ракиби писараш хастанд… Чаро чашми фалаку ин замин ба хама гармиву хосилдихиаш аз марги одамон сери надорад?

– Бигуед, ки писарам чанд муддат… Харф ба лабхояш овард. Худоё…

– Касе дакик гуфта наметавонад, шояд панч мох ё панч сол…

– Фахмидам, ки кисмат ин навбат ёвари ман нест, вале ба хар ойина аз ки дасти мадад чуям?

– Медонед, то чон дар рамак хаст, одамизот набояд ноумед шавад. Ман ба шумо як санад медихам, онро гирифта ба идораи рузнома баред, сурати писарчаатонро хам гиред, бигузор, чоп кунанд. Ва аз мардум кумак бихоханд.

– Ба чи хотир? – пурсид Гулбарг.

– Илоче ёфта ба хорича баред, ман ду-се нишони медихам. Мактуб хам менависам, як руз бештар зиндаги бинад хам давлат, боз хисобу китоб мекунед… Одамони некрою бегараз бисёранд, бовар кунед. Харчанд, ки холо замонахо дигар аст… Гулбарг тахмин намуд, ки агар тамоми асархои офаридаашро ба киммати дучанд фурушад хам, ин микдор маблаг ба даст намеояд.

Вакте ки ин зани ситорасухтаи бетолеъ аз хучраи табиб берун шуд, дид, ки сохибхонаи кабулгох хамрохи писарчааш сухбат дораду кадом як мачаллаи рангаро варак мегардонад… Кани? Кучост он чубчаи сехрноки афсонавие, ки хангоми рафъи мушкилот муъчиза меофарад? Айёми хурдсоли модараш кисса гуфта буд, ки он гуна чубчаи сехрнок дар дасти муйсафеди садучандсола асту у сокини гори кухи мебошад. Духтарчаи содда буд, бовар дошт, вале пурсиданро аз ёд фаромуш карда, ки муйсафед чи ном дораду он куху гораш дар кучо вокеанд. Вагарна холо омода аст ба чустучуи он куху он гору он муйсафеду он чубчаи сехрноки афсонави пардозад.

Шохи хушк чарс-чарс садо бароварда, месухт зери таъсири гармии он оби кумгони чуянии лаби оташдон гузашта кариб ба чушидан мерасид. Камол диккак нишаставу харорати оташ ба дасту руяш мефорид. Дари яктабакаи ошхонаи бошишгох гичиррос зада боз шуд. Гафурамак ворид гардид. Палосу ду курпача бардошта овард, ба руи патгилеми кухна андохт, дастархони аз чити рангаш сурху рах-рахи зард духтаро пахн намуд, пиёлахоро хам монд. Боз берун рафт, ин дафъа зардолуи хушки мирсанчали, ки одам бинад, дахонаш об мепартояд ва мавизи кишмишу чормагз овард.

– Ташвиш накашед, амак! – гуфта Камол. – Ман рахгузар будаму шуморо бинам гуфтам.

– А? Ха… Шуморо бинам, дилам равшан мешавад, раис. Кани шинед, хозир ман чой дам мекунам. Мазаи чойи алов дигар… Кабуд мешавад ё сиёх? – Ин савол маъмули буду чавобаш хам.

– Фарке надорад, амак, мо дар сахро.

– Хардуяш хам хаст-дия раис, барои хамин пурсидам…

Онхо тахмин ним соат аз хар боб сухбат карданд. Гафурамак, вокеан, аз дидори Камол хамеша хушнуд мешуд. На хар кас аз ахли бригада бо у шишта бафурча гап мезаданд. Гашашон меомад. Гафурамак, ки марди хафтодсолаи кар буд, то баланд-баланд харф назанед, суханатонро намешунид. Солиёни зиёд ин одам посбон аст. Тамоми фаслхои сол шабро дар бошишгох руз мекунад. Тахмин бист харбузапаз кабл аз ин дар оилааш чи нохушие руй медихад, занаш, ки багоят махмадонои худхох будааст, Гафурамакро «ту кари балозадагиро чор тараф кибла» гуён аз дар меронад. Дили ду писару духтарашро хам аз падар як барин хунук мекунонад. Ва дар дами пири яке хам дастгиру такягох намешуд, фарзандонаш носолеху падарбезор баромаданд.

Гафурамак, ки аввалхо аробакаш буд, оброни мекард, азбас ба амри тасодуфу такдир хам бахри бошишгох посбон мекофтанд, ин корро ба ухда гирифт. Не, хар кас ба ин икдом чуръат намекард. То махалла чор панч километр рох,  дигар тараф, сахрои нопайдоканор, барфу борон, шамолу уллоскашиаш аст, шабхои торики пуртахлука аст. Зеро хама, шом, ки фаромад, хона ба хона мешитобанд, чудо химмат кунанд «панохатон ба худо, Гафур-амак!» мегуянд. Аз хотирашон барояд хам муйсафед намеранчад. Одат кардааст… Мардум, баъзехо аз хохиши Гафур-амак ба хайрат афтоданд. Вале мард сир бой надод, баъдхо миш-миш пайдо шуд, ки кари Гафурро занаш пеш кардааст. Аз ибтидо хам пурбардошт буд муйсафед. Камол медонист, кулли чузъиёти рузгори танхоии уро. Аз гамаш хам хабар дошту аз шодияш хам. Гох-гохе шакару орд ё равгану биринч меовард. Не, ин кумакаш хосили рахмхури ё дили пуршафкат не. Боз ки медонад? Шояд ман хато кунам. Сахехтараш ин як пахлуи кадршиносии уро шарх медихад. Чихати дигар низ дошт: падараш хам, ки хеле муддати мадид сардори бригада буд, ба холи муйсафед дилаш месухт. Гохо сари дастархон ногахон ба хотираш ояд, як дахон оши хурдагияш базур аз гулуяш мегузашт. Камол ёд дорад, ба ёд меовард он лахзахоро.

– Музаатон лойолуд шудааст, хеле пиёда гаштед-а, раис?

– Ха амак, ват-воти марза гашта замини хаштгектараву тутзорро хабар гирифтам, захканхоро дидам, хуб тоза кардаанд, баъд ду-се майдони зардолузорро тамошо кардам.

– Гулхои зардолу андак барвакт шукуфтанд, – афсусомез гап зад каровул, – аз авзои обу хаво маълум, ки зимистон ба осони дил кандани не. Камтар, ки сард шуд, хама гулхоро хунук мезанад.

– Ба хар хол ризку рузии мардум мемонад, амак. Табиат адлу адолатро риоя мекунад, то ки мувозинат вайрон мешавад.

– Хамту-куя…

Муйсафед нихоят сипосгузор монд, ки уро – як марди бечораву бекасро раис фурсатро дарег надониста, хабаргири омад, аз фарах хангоми хайру маъзур катраи ашк дар сари мижгонаш овезон шуд…

Гуё ба рахи дур гусел мекард раисро…

Хар касро дарди худу мушкилоти худ.

Имруз барои Камол рузи хоса буд. Чаро? Ин рози нихонро у медонаду худо. Хар сол, ки ин руз равшан гашт, дилаш гум мезанад, гаму азоби ботинаш аз нав хуруч намуда гул-гула меафканад, эхсоси танхои, ки бе ин хам доимо хамроху хамсоя аст, бошиддаттар таъкиб менамояд. Ибтидои решаи ин хиссиёт гохо чун устухони дар гулу банд монда метобад? Чаро, хатто баъди хонадор шудан хам ин вазъ тагийр нахурд? Чаро вай, ки хамеша миёни одамон, шарики тую чаноза мебошад, ба саволи садуяк пиру барно гохе бо сифати инсон, гохе чун раис чавоб мегуяд, аз ин эхсос рохи начотро ёфта наметавонад?

Кулфро кушодан замон у якбора дарро тела дода дохили хона даромад. Гулбарг аз тарс кариб буд фарёд занад, хайрият чарог равшан месухту шавхари собикашро зуд шинохт.

– Хаёл кардед, ки ба ворид шудан рох намедихам? – пурсид Гулбарг.

– Кори ту не! – гуфт сигарета гиронда, – писарам кани?

– Магар ба писарам гуфтан хак доред?

– Чогатро пуш! То хануз аз махмадонои дилсард нашудаи?

– Ба чудо шуданамон се сол зиёд шуд. Дар ин муддат як бор писарро хабар нагирифтед. Не, вай мухточи чизу чора набуд, лекин… Дарвокеъ чои гила не, мефахмам, зани чавон, ташвишхои нав ба нав…

– Ман одами ту барин бекор не, зуд-зуд ба сафар рафта меояд. Баъд, бе писханд гап зан.

– Маълум.

– Чи гап шуд? Чаро бисёр шиносхоям саломатии писарамро мепурсанд? Мегуянд, ки сураташ дар рузнома чоп шудааст.

– Дар беморхона. Дидан хохед, равед, бинои дахум, утоки шонздах…

– Бинои..о… он чо…

– Бале… Шояд ин такдир аст.

– Чи ёрдам кунам?

– Хеч чиз лозим нест. Як хафта инчониб аз ин идора ба ин идора, аз ин вазорат ба ин вазорат медавам. Хама дилбардори мекунанд, ваъда медиханд, доманамро бо чормагзи пуч пур карда мегуселонанд. Замоне шудааст, ки саг сохибашро намешиносад. Гуё дар олам мехру шафкат, рахму савоб намондааст. Хар кас аробаашро бояд худаш бикашад. Аз шумо хам чои гила нест.

– Ман ба аёдат меравам. Писарам шифо меёбад. Дар хона маслихат карда бинам, баъд пул мебиёрам.

Падари писари Гулбарг рафт.

Ягон эхсосоте дар дили Гулбарг ба галаён наомад. На рахм, на нафрат, на… Зохиран чунин метофт, ки онхо хамдигарро аз айёми донишчуи дар омузишгохи рассоми хуб мешинохтанду дуст медоштанд. Баъди як соли аруси мислу сагу гурба сояи хамдигарро аз девор метарошиданд. Харду алохида-алохида сохиби устохона, баробар узви иттиходи эчоди шуданд. Бадбини охиста-охиста аз он шуруъ шуд, ки хангоми интихоби асархо ба намоиш-озмун бо кадом сабаб аз дах офаридаи шавхараш хайати хакамон якеро хатто кабул накард. Хафт асари Гулбарг бошад бахои баланд гирифт, ба озмуни байналхалки фиристоданд. Шавхараш атояшонро ба ликояшон бахшидам гуфту аз корхои чидди даст кашид. Ман-манию лофзаниро аз хад мегузарондаги шуд. Пештар китобхоро оро медод, таъриф хам мекарданд, ин шуглро низ партофт. Бо театр хамкори дошт, лоакл ороиши нимтайёрро ба субут нарасонида коргардонро ранчонд. Кам-кам хар руз шароб менушид. Ба хар чизи майда-чуйдаи рузгор эрод мегирифт. Кахру аламашро фуру шинонда наметавонист. Ботинан ба хамааш Гулбаргро гунахгор мехисобид. Хирси шухратталаби сабру тахаммулро пушти по мезад. Рузе як кабза пулро оварда руи колини хона хаво доду «туф кардам ба озмунаш!» гуфт. Гулбарг пулхои пахну парешонро дида хайрон монд. Ва ба захми доги шавхар мабодо намак пошидаги барин нашавам, гуён тагпурси накард. Дертар фахмид, ки у дар маркази шахр сари рах тули си-сию панч дакика портрети рахгузаронро мекашидааст. Аз байн чор ё панч руз гузаштан пас андак сархуш омада, бидуни шаф-шаф гуфтан изхор намуд, ки аз Гулбарг чудо мешавад. Чунки духтари чавонтару зеботарро вохурдааст… Бахташро ёфтааст…

Гулбарг, ки аз бозихои шавхараш хаста буд, хомушона ризоият дод. Ва оила ба хок яксон гашт…

* * *

Ба ки бигуям, бугдаи дил пеши ки во кунам, пеши ки? Ай мардум!.. Ба ки? Шояд садое, мархаме аз дигар сайёрае бирасад? Шояд фигони ман ба осмонхо расаду… Эй худованд! Эй офаридгор! Чаро? Чаро? Чаро? У охир фаришта аст, писараки ман… Нигохаш саршор аз ташнаги бар зиндаги аст. Чи сон ман ба чехрааш назар дузам? Чи бигуям? Худро тасалли бидихам ё варо? Худро бифребам ё варо? Фирефтан уро аз имкони ман берун аст. Вай худро дар остонаи олами дигар мебинад. Харчанд дарку эътироф кардан намехохад. Табиати одам ё зохиран чунин аст? Дах сол умр бинад хам каму сад сол хам…

* * *

Гулбарг миёни биёбон ру-руи реги тафсида пойлучу бекулох рох мерафт. Кафи пойхояш шахшул шуда ва харорати чонкохи регзорро он кадар эхсос намекарданд, нурхои сузони офтоб майнаи касро ба чуш меовард, вале у парвои онро надошт, гуё чатре ба сараш соя меафканд. Хоб буд ё бедор, беёд буд ё хушёр, ба хар хол кадом як буттаи чонбахшро  мечуст. Худ гарчанде заррае тасаввурот надошт: ки он буттаи биёбон чи хосияту буеро дорост. Факат хаминро медонист, ки даво мекобад бахри писараш. Калтакалоси хурди ба хоки хушк хамранг чанд кадам онсутар харосида канор гурехту пинхон шуд. Муддате баъдтар сангпуштро дучор омад. Чонвари беозор Гулбаргро диду каллаю чахор пояшро даруни хонааш кашид ва  чо ба чо истод, бехуда хавф мебурд. Дар ягон кунчи осмони каб-кабуд пораи абр ба назар намерасид. Укобе, гуё сохиб ё посбони биёбон буд, бовикор болхои хешро кушода васеъ давр мезад, шояд чонзотеро мечуст, то лукмае биёбад. Укоб аз пеши назараш нопадид гардид, аниктараш чашмони Гулбаргро сиёхи пахш карданд. Аммо у беист пеш медавид, харосон ба чор тараф менигарист. Ба чои буттаи чонбахш мори калонро дид, ки кулча зада мехобид, парвои оламу одам надошт. Гулбарг  гузашт, тарс ба дилаш наёмад. Аъзои баданаш арак мекард, ташнаги ба дард меовард, лек хаёли буттаро мухимтар, заруртар мепиндошт. Кош меёфт. Аклаш дар чояш буд, хама  атрофро бо чузъиёташро дарк менамуду вале биёбонро шинохта наметавонист. Пештар биёбонро надида буд. Акнун ба хотири даво…

Биёбон ногахон интихо ёфту Гулбарг чашм кушод, чашм кушода дид, ки мобайни чангали касногузар аст, навдахои хушку тари дарахтонро хаму боло карда мегашт, «меваи нестандарчахонро пайдо мекунам, ба писарам даво мебарам» гуён аз гуруснаги бехолу бемадор пой мемонд, паррандахои кучаку бузург, рангоранг суруд мехонданд, аз шох ба шохе мепариданд. Гулбарг гуш ба хониши мургакон андохта, умед мебаст, ки шояд онон макони он меваи ноёбро бидонанд, барояш рахнамо бишаванд, лек хайхот, мургакон забони одамиро балад набуданд, аз ин чост, ки огохие аз хадафи гами зани саргумзада надоштанд. Пас магар дилашон месузаду рахмашон меояд? Охи Гулбарг бечавоб мемонд. Чанд маймунхои одамсурат аз дарахт ба дарахт чахида наздик омаданд. Хангома бардошта чиррос заданд, дастхои дароз-дарозашонро афшонданд ва хама гуё чунин амре гирифта бошанд ба симои офтобхурдаву лабхои парсинбастаи Гулбарг нигаристанд. Зан аз хас умед гуфта пурсид, ки он мева чи ном дораду мазааш чи гуна аст? Маймунхои одамшакл боз ба кию-чув даромада гурехтанд. Ва Гулбарг андешид: «Чаро худованд ба кулли мавчудоти олам як забон ато накардааст? Шояд мехост, ки абади бегона ва дар муносибат ба хам гунг бимонанд ва рахро ба макони он меваи нестандарчахон, ки ягона давост бахри бемории писаракаш, ёфта натавонанд? Хамин лахза наъраи шер чангалро ба ларза овард. Ва Гулбарг шохи хайвонатро побанди кафас неву озод дид. Ва хеч натарсид. Афсус хурд, ки писарашро хамрох нагирифт, агар не у хам аз тамошои шер бахра мебурд. Ва умуман, эхтимол у бо дарахтону парандагон, маймунхову шер забон меёфт. Мегуянд, ки кудакону чонварон зуд унс мегиранд. Чангал поён ёфт, аммо аз он меваи нестандарчахон дараке нашуд…

Бахр орому андешаманд Гулбаргро ба огуши худ гирифт. Каъри онро равшан ва баръало дидан мумкин буд. Мохихои хурду калон, ранг ба ранг, хел ба хел села-села аз паи зиндагии харрузаи худ шино мекарданд. Аз дур наханги тездандон хамаро сари рохаш ба чор тараф парешон сохта, шитобон гузашта рафт. Гулбарг ин лахзахо гулмохии зеборо мемонд, ки махину ором дар дили бекаронаи бахр шино мекунад. Ачабо, хайраташ омад якбора, чаро пештар аз ин кудрату тавонои ва имконият бехабар буд. Ва ба хотираш расид, ки пештар аз оббозигохи чукур мехаросид. Бинобар ин хамеша аз об дур мегашт. Кай ин тарз шиновариро омухтааст, хатто худаш бехабар. Тавба! Лек чаро хеч яке аз маскунини каъри бахр ба у лутфу эхсонро яксу гузорем, лоакл нимнигохе намекунанд. Мебинанд, кур нестанд-ку, ки Гулбарг ба хеч яке аз онхо хамчинс нест. Пас табии мебуд, агар марок зохир мекарданду мепурсиданд, ки чи матлабе уро то каъри бахр кашидааст? Наход инсонхо дар олами болои аз халли он очиз монда бошанд? Не, гуё кулли чонзоти бахр, вокеан хам ба дахон об гирифтаанд. Гулбарг музтар бимонд. Обсабзаи си-чихилметра баргхои пахн-пахни кабуду сиёхрангашро мечунбонид. Ки медонад, шояд омадани Гулбаргро хуш мепазируфт. Аммо обсабза низ безабон буд ва имкони гуфтугу кардан нест. Пас Гулбарг, ки танхо ва танхо ба хотири дарёфти ягона давои писаракашро начотдиханда худро ба коми бахр партофтааст, имдод аз киву чи чуяд? Аз мохиён? Наханги тездандон? Ё делфинхо? Аз аспи оби ё обсабзхо? Аз ки?… Саволаш бечавоб монд. Ва хис кард, ки оби каъри бахр ба талотум меояду у нафас гирифтан мехохад. Озодиву сабукиро, ки каблан дошт, лахза ба лахза гум мекард. Ва суи боло пой зад… Вакте чашм кушод, нурхои офтоб нигохашро рабуданд. Жарф нафас кашид. Ва дид, ки либоси оббози бар танашу дар сохил руи реги тар бехолу мадор хобидааст. Боди форам мевазид, бахр гуё хеч вокеае ба вукуъ напайваста бошад, чун пештара мавч мезаду хаёл мепарварид…

* * *

Он айём, пас  аз хашт бахори умедвори аз духтарак ранчид. Гумон дошт, ки духтарак ишку мухаббати уро напазируфт, дар алангаи кахру алам печида хаёл намуд, ки у нописанди кард, назараш нагирифту Камол аз ин хотир малол, хакиру зор монд, оламро тангу тор дид, хориаш омад. Ва шарики дуди гам гардид. Хатто зиндагии минбаъдаро барояш харом шуморид… Гох-гох ки хамту бахри хабаргириву ахволпурси ба хобгохи донишчуён мерафт, пай мебурд, ки гаши духтарак меояд. Харчанд, ки руйрост «набиё» намегуфт. Баъдтар аз дур истода мактубхо менавишт, сари хар сатр фикр меронд, азоб мекашид. Бехабар аз он ки изхори дилашро духтарак намехондаву ба даст хам намегирифтааст, кирои чавоби рад додан хам намедонистааст. Баъзе аз бонувони хамсабакаш се сол мешавад, ки хавою хаваси рабудани акли Камолро мепарвариданд, лек хайхот… агар ишорае мекард, болу пар кушода ба суяш медавиданд…

Камол талхии эхсоси танхои, навмедиро чашид. Руи кати хоб сару либос набароварда дароз кашида ба шифти сап-сафеди хобгохи худ менигарист, мижа намезад, гуё симои духтаракро гум мекарда бошад. Хост китобе бихонаду асабашро бад-ин восита ором созад, аммо харфхову чумлахову сахифахо аз пеши назараш мегузаштанду хаёлаш дар фазои арши фалак мепарид. Чунин мепиндошт, ки мобайни замину осмон муаллак мондааст, духтарак ба холаш механдид ва агар хамин холо нигохи мехролуд хадя накунад…

Хамдарсаш Тохир омад. Вай мавчудияти ишку ошикиро бофтаи шоирон ва хобу хаёл мехисобид, таъкид мекард, ки одами рухан сихату солим харгиз гирифтори ин гуна  дарди сар намешавад. Ва механдид. Рафики самими ва чидди буд. Ботинан ба Камол дилаш месухт.

– Наход гапи хамон дард рост бошад-а?

– Кадом мард? – хайрон шуд Тохир.

– Не, як хаёлам рафт-дия.

Истихола кард, ки харза напиндорад… Мардак масту аламзада буд дар он махфил. «Занак чиву як коса намак чи, харду баробар… Занро зан, намурад ба табар зан!» Чунин сафсатахо мегуфт у. Зарбаи корде ё сухане то банди устухонаш расида буд магар… Шояд аз ин лихоз касе аз нишастагон ба сифати тасдик ё инкори акидааш бахсро зарур нашуморида, лачоми сухбатро ба дигар бахш гардонданд. Ана хамон хукми хамон одамро ба хотир овард Камол.

Маъюсу дилшикаста буд у…

Танхову парканда буд у…

– Гам хурдан бас, аз ин корат тахкурсии шурзадаи ягон девори куча обод намешавад, чон накан. Хез, як ба оби хунук сар шуй, – орому солор гуфт Тохир.

– Чи?

– Чи? Чи? Ба мехмони меравем. Имруз апаам рузи таваллуд дорад.

– Ташаккур барои таклифат… Хафа нашав, ман намеравам.

– Сабабаш?

– Рости гап, ба дилам намегунчад

– Э, мон ин гапхоро. Намеарзад. Туф кун ба нозаш. Аз у бехтарашро меёби.

– Не.

– Чи не?

– Аз у бехтараш нест ва… намешавад. Бадбахтии ман дар он аст, ки Мукаддас маро…

– Назараш намегирад! Ёфтам? – чидди гуфт Тохир.

Камол ба ишораи «не» сар чунбонд.

– Мукаддас маро дуст намедорад. Чони гап, магзи фочиа дар хамин аст.

Мегуянд, ки вакт табиби хар гуна захму дард аст. Камол инро дуруг мехисобад, зиёда аз ин, баръакс, пуркувваткунанда мепиндорад. Вагарна… сари кахр ба арусе, ки падару модараш ёфта буданд, бидуни андеша розиги дод, шамоли кисмат уро кучохое набурду бо чи занхои зебое ошнои накард. Ба хар кадоме як шаб… се шаб… ё мохе… Вале аз гирдоби эхсоси танхои рахои наёфт, ки наёфт…

* * *

Бегохи хама аз идора бадар рафтанд. Ба хотири он ки мабодо касе халал нарасонад, дари утокро махкам кард. Ба пиёла  шароб рехт. Харгиз одати танхо нушидан надорад, ба гайр аз хамин рузе, ки хар сол ибтидои фасли гул фаро меояду барояш хеле ва хеле азиз аст.

Як пора нон шикаст. Нушид…

Зодрузат муборак!

Замоне туро осон, дар як лахза гум кардам ва акнун солхост, ки мекобаму мекобам. Лек хайхот…

Аз гайб магар касе метавонад бигуяд, ки чи чора созам? Худро ба каъри олами фаромуши мезанам, фиреб медихам, соати танхои панд мехонам, то аз гузашта ба гушам садое, фарёде нарасад. Лекин имконпазир аст, ки кас набзи дили рахгумзадаи хешро нашнавад? Хушбахтона не. Калби ноошно мехохад, чонкохона метапад, то дар зиндаги созгор бошад, хамрахи дар чахорсу танхо мондаашро мечуяд. Хамрахеро, ки рузе шитоб намуда, мулохизаву андешаро зери по фиканда, сарсону хайрон ва маъюс вогузошта буд. Одаму оламро берун аз хотираш карда худро ба куи сарбаставу номуроди андохт.

Сохибаш мавриде даррасиду аз  тохтан бозистод ва дарк бинмуд, ки аз муродаш дур, фарсаххо, якумри чудо афтодааст. Ончунон новакт фахмид ва ба само нигаристу фарёд зад: аё максуди дастнорас, кучои?!

Ку чавобе?…

Овоне, ки туро шинохтам, дар ботинам оташаке фурузон гашт, дувоздах сол доштам. Бекаророна хар субхро мунтазир мешудам то мактаб меравам. Ман барои ту чониби мактаб мешитофтам, барои ту дарс меомухтам, барои ту ба суолхои муаллимон чавоб мечустам, барои ту бехтарин китобхоро мехондам, барои ту шеър азёд мекардам. Хар кори некро ман ба хотири ту анчом медодам. Пеш аз хар кадамро гузоштан меандешидам, ки ту чи бахо медода боши, писандат меояд ё не.

Ман бо ёди ту, барои ту мезистам. Хама парвозам, хама номуродиям, бурду нобарорихои ман бо ному  ёди ту марбут ва хар он чизе ки дар дунё аз неъмати рухониву хасти насибам гардид, ба шарофати ишки ту аст.

Ту кучои, аё овони нотакрор?

Аё максуди дастнорас, офтоби рузгорам! Ноумеди бар ман галаба кард, сабру тахаммул аз даст додам, кахр пеша кардам. Арусе ба хона овардам. Дилеро, ки насиби ту буд, ичборан ба духтари дигаре бахшидам. Ба остонаи даргохе, ки бояд бо пои рост кадам нихода нуру зиё, сафо меоварди, аруси бегонае пой гузошт. На, на, арус гунохе надорад… Ман худ ба решаи бахту икболамон рахна задам. Хама хушнудона месароиданд, шеър мегуфтанд, мераксиданд, бар домоду арус хонаободиву саодат таманно медоштанд…

Илтичо дорам, аё маликаи афсонави! Бовар бинмо, хамон лахза низ дилам ноором метапид, факат ман кар будам, садои ишораомези дилро намешунидам.

Худро тасалли медодам.

Худро мефиребидам.

Пасон чун афсонае аз хазору як шаб азизон падид омаданд ва кисса карданд… Ту гохе, ки аз туи ман иттилоъ ёфти, талх гиристи, дарун-дарун ба кадри хеш сухтиву ашкхоят шаддаи марчон шудаанд.

Вале хайхот, гиряи туро эхсос намекардам. Ман аруси доштам. Ишку мухаббат, олами беолоиши худро зарра-зарра ба оташ афканда месухтам. Ба хотири дасту домани ту зарур будааст, ки заминро газам, ранчу захмати зиндон бикашам. Аммо …

Андеша зери по кардаву ба зини аспи бодпои шитоб савор шуда, ман худам, туро, сармояи ду оламамро аз даст рахондам, хама орзуямро вожгун гардондам. Кунун киштаи хешро медаравам аз дидани руят, эй равони ман, махрумам.

Ту як шаб гиристи. Боз шабе, соати арусият…

Худкардаро даво нест.

Ман якумр мегирям… Хун мегирям…

Дилам мурдааст. Уболи ту маро гирифта, эй атои  осмони, эй нури чашму равшании раху рузгорам.

Аё максади дастнорас, ту кучои?..

Ва ман тули понздах сол боре хам ба ту сатре нанавиштам, ними ракамхои телефонатро начидам, бо касе саломе ё паёме нафиристодам, агарчи доимо аз вазъи рузгорат пурсучу мекардам, огахи доштам…

Катъи аз олами ту худро хат задаму аз дур эхсос мекардам – ин хама хохиши туст. Медони, ки амрат маро ба хукми конун аст.

Маъзарат мехохам, ман айбдорам. Дунёи рангинамро барбод додам. Ман туро, ки мисли оби чашмаи кухи  соф, чун фариштагон поку мукаддас хасти, курдилона пушти по задам. Нихоят дер дарёфтам, ки худ пешпо хурдаам.

Хондам туро бихишти боги хеш, вале,

Сад хайф, ки богбон ба он бог дигар аст,

Тарсам, ки он равшании тирагификан,

Барки уммеди ман наву чароги дигар аст.

Гумон аст, ки маро бубахши. Зеро гунохам узрнопазир аст, шоистаи авфи ту нест. Намеарзад.

Аё максуди дастнорас!

Солхост, ки рузгори ман маъни надорад. Хамеша дар такопуям, худро ба чор тараф мезанам. Вале дар чизе маъние намебинам. Зиндагиям бидуни ту бесарусомон аст. Дуди фигонам ба осмони хафтум мепечад. Додамро ба чузъ худам касе намешунавад.

Шукр, ёди ту, нигохи ту абади бо ман аст. Касе дар дунё кодир нест манъ бикунад, ки руятро пеши назар наорам, дида ба чашмонат надузам, муйхоятро сила накунам.

Табиист, ки хаёлан… Шукр.

Аё максуди дастнорас, гавхари ноёб!

Аз он боз инчониб хар соле, хар бахоре ман рузи мубораки таваллудат танхову бо ёди ту хомуш мешинам, бесадо хамрохат гуфтугузор меороям, фуру меравам. Туро дар пахлуям мебинам, хандахои бегуборатро мешунавам, накхати муйхоят ба машомам мерасад. Бахри тансихатии туву авлодонат чуръае шароби талх менушам.

Худро тасалли медихам.

Худро мефиребам.

Аё максуди дастнорас, ту кучои!

Аз санг хам дигар садое барнамехезад.

Аё максуди дастнорас!

То холо, умедворам, то вопасин дами  нафас модаратро бо мехру сипосгузори ёд мекунам. Амри тасодуф буд ё бозии кисмат хануз айёми чавониям соатхои дароз мехмони он кас шудаам. Чи сухбатхое доштам. Сабаки зиндагиву неки, самимият омухтаам. Аз ин боис назди такдир миннатдорам. Ба гумонам, он кас нахустин инсоне буданд огах аз шуру тугёни дили ман. Он кас хох нохох эхсос менамуданд, ки лахзаи туро диданам аз шодиву хаячон чашмонам медурахшанд, забонам лол мемонад. Дасту по гум мекардам. Шояд ба хамин хотир бошад, ки ту ахён-ахён назда мо мебаромади.

Аз байн бист сол сипари шудааст. Вале суоле, ки модарат пурсида буданд, хануз дар гушам танинандоз аст: «Росташро бигу, духтарамро дуст медори?»

Ба назарам он хангом раъд гурриду барк оташ афканд. Набзи рагхои баданам таъгир хурд. Дилам сахт тапид. Сурху сафед шудам, зеро суол басо ногахони буд. Медонистам, мухаббат – ин буд ягона гунохам, аммо бо вучуди ин аз шарму хаё баданамро арак пахш кард. Ва ман натавонистам бигуям: оре, оре, ман уро дуст медорам, самимона дуст медорам. Охир он гах ман хануз ба ту хам чуръати изхори ишк накарда будам. Зимнан гумон доштам, ки он кас меранчанд…

Сонитар пеш аз бо нияти тахсил ба шахри дигар рафтанам наздашон он кас даромадам. Рохи сафед хостанду гуфтанд: метарсам, ки ин дури ба чудои мерасонад. Ва ох кашиданд.

Ман нобино будам.

Маънои охи модар, гувохи охи дилашонро пай набурдам.

Боре чандин сол пас азму чуръат кардам. Дилам кашиду поям рафт. Модаратро дидам. Хамон пазироии самимона, хамон чехраи кушод, хамон нигохи бомаъни… ба муйхояшон бо мурури замон сафеди бештар афтодааст. Маро модарвор сахт ба огуш кашиданд, гарм-гарм аз пешониям бусиданд. «Писари худам будиву ман бехабар. Чи шуду чи монд, ки ба миён даромаду туву духтарамро зиндачудо сохт? »

Акнун аз чашмони хардуямон ашки таассуф мерехт. Ва бори аввал писарвор «модарчон, модари худам» гуфтам.

Баъд нишастам. Хамон дастархони пурнозу неъмат, хамон хонаву хавлии руфтаву озода, хамон гулзору сабзаву дарахтон.

Лахзае чунин тофт, ки чархи рузгор ба солиёни зиёд акиб рафтааст. Хаёлам, хозир аз хона берун меои…

Чун мохи хилол аз паси абр…

Вале чои туро холи дидам.

«Духтарам бо ахли оилааш сихату саломат аст» гуфтани модарат маро боз ба дунёи вокеи овард. Афсона гум шуд…

Аз хавлиатон берун гаштам. Рухам баланд парвоз мекард, меболид. «Писари худам будиву». Мехостам фарёд занам:

Аё максуди дастнораси ман, ту кучои?

Аё офтоб! Хар субх, пас аз тулуъ сару чехраи максуди дастнораси маро нурафшон намо, ноаён, бесадо аз ман саломе бигу, паёме бифирист.

Аё махтоб! Шабонгох байн-байни абрпорахо бо максуди дастнораси ман руст-рустшавакон бози кун, уро ба шавк овард, сари рохашро рушан гардон, то мабодо пешпо нахурад, озоре набинад, уро саломе бигу…

Аё субх! Самимона, бегубор бар руи максуди дастнораси ман биханд, хар сахар чашм кушода ба олам нигаристани уро гарм истикбол бигир, дуруд бирасон.

Аё насим! Хар гох, ки вазиди, муйхои максуди дастнораси маро навозишомез парешон соз, аз лабу руяш беозор буса гир, аз ман дарак бидех!

Шояд фарёди маро бишнавад.

Аё максади дастнорас!

Аё гавхари гумкардаам, ту кучои!?

Пас аз ин,

Ман, ки гунахкорам,

Худованд маро,

Садкаи номи ту, садкаи як нигохи ту, садкаи як катра ашки дидагони ту, садкаи як табассуми ту, садкаи нохуни пои ту гардонад.

Омин!

Вале пас аз ин боз мепурсам:

Кучои, ту, аё максуди дастнорас?!

* * *

Зиндагии одамон баъзан асрору муаммохое дорад, ки танхо  ба худашону  худо маълум аст. Камол солхост, ки хамин тавр соате чанд мешинаду хаёл меварзад, орзу мепарварад, ба дарёи андеша гута мезанад. Гумон дорад, ки рузи таваллуди Мукаддас харгиз аз хотираш зудуда намегардад.

* * *

Рустам писараш, чигарбандаш буд. Афсонаи гуворои зебо, болдору нотакрор, хайратангезу вокеияш буд, нури ботин, суруди лаб, таскину оромии дил, чароги хонадон, зеби сари дастархон, хоби барохати модараш буд. Як ришта – идомаи зиндагиву авлод, осмони бегубор, дарахти умр, оби равону соф, меросхури ягонааш буд. Писари модараш буд.

Боре руи чогах аз хоб бедор шуд, дузону нишаста ба пушти ангушт чашмонашро молида гуфт:

– Модарчон, ман хоб дидам…

– Чи хоб диди, чонам?

– Хоб бинам, бол баровардаму парвоз дорам. Болхо зохиран ба чашмонам наметофтанд, вале эхсос мекардам, ки дар  фазои кушод муаллаку озод истодаву парида метавонам. Аз болои  хонаву роххо, бедхо, сафедорони баланд-баланд, хатто куххо парвозкунон мегузаштам.

Писарак боз илова кардан мехост, ки мисли як зарра пати товус сабук буду рухаш меболид. Вале калимаи товусро гум намуд, харчанд кушид, ба хотир оварда натавонист.

Ва аз чунин хол гам мехурд.

– Эх, ту фариштаяки ман! – мегуфт бо табассум  Гулбарг ва сари Рустамро силаву ду бари руяшро навозиш мекард…

Мегирист, гарчи ашки дидагонаш аз гиря кайхо хушкида буданд. Худашро, хастиашро хотирахо зинда медоштанд. Гуё хотирахо, он хобу хаёлхо, ёди он лахзахои ширин, ки акнун ба кулли марбути рухи писараки нокомаш хастанд, баъд аз марги нобахангом шуълаафкани мекарданд ва ин тарик гохо рахми калби озурдаи модари чигархунро мехурданд, гохо бешафкатона ханчол зада мехарошиданд.

Дахсола буд писари азизу боаклаш, китобчахои расми рангадорро меписандид, соатхо варак мезад, харфхоро хам мешинохту якто-якто чанг андохта мехонд, зехни тезу бурро дошт. Модару кудак рузхои шанбе ё якшанбе фурсат ёфта хатман ба тамошои осорхона ё боги хайвонот мерафтанд, албатта ба магозаи китобфуруши медаромаданд. Суолхо медод, Рустам багоят кунчков, хамеша ташнаи донистану фахмидан буд. Гуё шитоб мекард…

Ногахон табассум дар лабони Гулбарг шукуфт, изо кашид. Он шоми шум ба иртиботи кадом масъала чанчоли пуршур доштанд зану шавхар, писарак дар хонаи хоб шиштаву аммо саропо бахсу талош, таънахоро мешунид. Модараш сабру тахаммулро аз даст гурезонда ба дод омад:

– Меравам… сарамро мегираму ба ягон дашту биёбон ё гури кушод меравам…

Сипас, назди болини писараш афтода аламашро фуру бурд, ба гуши у хикояти ошноии рубоху лаклакро бигуфт, тахтапушту муйхояшро молид ва суруди алларо хонд, худу бехуд хонд, то даме, ки тифлакашро хоби ноз бурд.

Шабона ахволаш бад шуд. Шавхараш гур-гуркунон «Ёрии таъчили»-ро чег зад. Омаданду бурданд, харфе напурсиданд. Субхидам фахмид, ки кудаки батнашро талаф додааст…

Пагохирузи шавхараш ба сари хам ва писаракаш харосон бахри аёдаташ омаданд. Махзун намуд чашмони шахлою сиёхаш, хангоме ки Гулбарг уро руи шинак пахлуяш шинонд.

Вай бинои таваллудхонаро наззора карда пурсид:

– Модарчон, гури кушод гуфтагиятон хамин чост?

Гулбарг забон накушод, хомуш монд. Чи чавобе хам меёфт…

* * *

Бар ивази кадом гунохам худованд сабру тахаммуламро бад-ин сон бармахал меозмояд? Чи икдоми ношоиста аз ман сар зада бошад? Чи гуфтори бемавкеро ба забон овардам, ки сазовори чунин чазои сахту вазнин гаштам? Ох, писаракам, ох фариштаякам! Чи тур саратро сила бинмоям, аз кучо хандахои бегаматро бичуяму бубинаму бишнавам. Илтичо мекунам, харфе бигу, аз огуши хоки сард бихез, ба имдоди модарат рас…

Минбаре такозо мекард, ки аз сари он пурхарорат сухан бигуяд, то уро хама оламиён, бошандагони дигар сайёрахо бишнаванд… Вале кучост ончунон минбар? Агар мебуд хам, одамон касдан онро мешикастанд. Рафту бутун мемонд хам дар сурате, ки у бар он боло мешуд, хозирон хама – бинову нобино, шунавову кар, бемору сихат, пиру чавон, зану мард ру ба тарафи мукобил мегардонданд. Гулбарг бошад, ба пушти сари эшон нигариста харфе ба забон оварда наметавонад. мехохад ру ба ру ошкоро гап занад, то бо чашму дилу акл бубинад. Бовар хосил намояд, ки онхо мешунаванд ё на, мефахманд ё на, хамдард ё бепарво, аз як гавхаранд ё бегона. Ана у чи мехохад. …На …На чуби минбар на хамеша, на хамаро ба максад мерасонад. Шоир сахв кардааст. …Гулбарг чараёни вакту хадду фазоро гум намуда, худаш руи мавчи хаёлот соатхо шино мекард. Азбас танхо буду касеву чизе сукути уро халалдор намесохт, хаёлан мегирист, механдид, аз паси писараш медавид, бо шавхараш лахзахои мухталифи рузгору эчодашонро пеши хотир оварда бахсу талош мекард…

Ба кунчи ноаёни боз як асари тасвириаш байни танаи алафхои сабзу хуррам имзо гузошт. Се-чор кадам акибтар рафту назар афканд. Маргзораш, вокеан, зебо, нопайдоканор, мавчзананда омадаву осмонаш нилгун, чо-чо абрхо чун уштурбачахои сафед… Лолаарусакхо миёни гандумзор мисоли гулхан метофтанд, месухтанд ё шояд ба чашми Гулбарг чунин менамуд. Вай намехост, мехаросид, ки андак баландтар мижа бардошта нигарад… Он чо… пойхои пуркуввати аспро дид…

Чанд руз пеш аз вафоти писарак аз нохия бобояш омад. Вай, ки аз дарди бедавои наберааш огохи дошт ва аз рафтори писари ноахлаш хичолатманд буд, назди келинаш изо мекашид. Банд-банди чигараш месухт. Лек сари болони набера табассум мекард, афсона мегуфт, гох-гох худро гум мекард… Китоби расмдорро ба даст гирифту варак зад. Писарак накши хар сахифаи онро азёд медонист. Як махал чашмони муйсафед нур гирифту ба табассум гуфт: – Замоне дар колхоз хисобдори мекардаму савори асп мегаштам.

– Шумо асп доштед? – суол кард набера.

– Ха, аспи хушру, пешониаш ало, хеле халиму мехнати буд.

– Чи мехурд аспатон?

– Чав, гох-гох каху алаф.

– Баъд чи шуд, бобо? – акнун чашмони писарак барк зад. Модараш сухбати онхоро мушохидакунон фавран инро пайхас намуд.

– Баъд ман пир шудам, ба нафака гуселонданд.

– Аспро чи кор кардед?

– Бурда супоридам. Пеш аз хайрухуш ёлу гарданашро хеле молиш додаму навозиш кардам. Чонвар пой назадаву бини наафшонда, хап меистод. Чудоиро хайвон низ хис мекардааст.

– Бобо, хамон аспатон зинда бошад-а? – ба нуктаи шифти хона нигох духта пурсид писарак.

– Аник намедонам, аммо чавон буд, эхтимол зинда аст. Ки медонад?

– Чаро додед? Э-э…

– Моли чамъият, ки буд, карз намонад, гуфтам-дия, бачаякам.

– Агар хозир аспатон мебуд, ман савор мешудам, лачомашро даст мегирифтаму медавондам. Афсус, аспатон нест.

– Ба воя, ки расиди, асп хам иншооллох ёфт мешавад, гуфт муйсафед руяшро чониби дигар гардонда, то ки мабодо наберааш халка задани ашкашро бинад…

Зан нихоят аз кучое кудрат пайдо карда сарашро боло гирифт.

Чехраи писаракро дид. У савори аспи даванд буд, лачоми асп дар дасташ… Омода аст, лахзае пас аспро чун бод давонад.

Аспи хаёлии бобояшро…

* * *

Камол аз хоб бедор ва аз чогах нахеста гушаки радиоро тофт. Тантанахои чашни Рузи Галаба шуруъ шуданд. У дируз дар толори идора бахри хама он пироне, ки дар худуди чамъияти саххоми зиндаги мекунанду бахри мамлакат чонфидоихо кардаанд, махфили рангин ороставу нону намак дод, иди мукаддасашонро муборакбод гуфт, кам-кам орду биринч, канду чой, табаку пиёлахои хотиравиро дарег надошт. Ёд оварданд он солхои шумро… Афсус, ки хафт сол инчониб байни онхо падарашро намебинад. Вагарна у низ нишонхояшро сари сина овехта, асо бадаст мегашт. Нони талху сарди сарбозиро, ки аз ибтидо то интихои чанг чашида, рахмати дар зиндагиву муносибат сахтгириву миришкори зохир мекарданд. Одами баобруву эътибори махалла мехисобиданд мардум. Хангомаву хашамати зиёдатиро чашми дидан надоштанд. Насихат мегуфтанд, ки «писарам, аз гушат пахтаро кашу ба хотир дор, замину дарахт одамизотро мепушонаду мехуронад, ба шарте, ки кас захматпарасту мехрубон, дидадаро бошад».

Рузе падару писар ба дафни як тракторчи рафтанд. То вакти чаноза хеле вакт буд. Одамон, ки ба сари хам гарки андеша менишастанд. Ногахон падараш хестанду гуфтанд:

– Домулло-бобо! Аз шумо илтимос, иму чим ба дахон об гирифта тасбех гардонда нашинед.

– Маслихати шумо кабул, саркор, вале бигуед, ки чи кор кунем? Одамон хайрон гуфтугуи онхоро мушохида мекарданд.

– Мову шумо, муйсафедон, офтоби сари кухем, дунё хамин будааст, фурсатро бой надихем мегуям, чунки ин чо хеле чавонон нишастаанд, азбас, харрузу хар соат ин тавр чамъ омада наметавонанд, хуб мешуд, агар, шумо, ки аз илми кухна огох хастед максади ба чаноза омадани мардум, тарзу маънои тобутбардори, карзи то кабристон рафтан, хама чузъиёти нишасту хези ин расму русуми ачдодиро вазъ гуфта мефахмондед. Чавонхо бохабар шаванд, кори хайру савоб мебуд. Зеро таъсири сухани шумо, домулло, дигар аст…

Камол солхо гузашту матлаби падарашро дертар сарфахм рафт…

– Рузе шомгох  хамсояашон амаки Хомидчон ба хотири машварат омада буд. Пиёлаи чойро пурра нанушида, пусткандаи маромашро пеш овард:

– Ба писари хурдиам, саркор, дар комиссариати харби маслихат додаанд, ки агар аз шахр ба мактаби кишлок рафта муаллими кунад, аз хизмати харби озод мекардаанд. Хамин хел дастур будааст-дия. Ман надонам. Хона шиштам-шиштаму ба сарам зад, ки хатман пеши шумо дароям, бинам, ки чи мегуед. Чомаи бомашварат духта кутох намеояд…

Падараш муйлаби гафсашро, ки чун шоххои оху ба ду тарафи ру тоб дода буданд, молида-молида чавоб гуфтанд:

– Саломат бошед, хамсоя, саломат бошед! Орзуи фарзандонатро бинед. Акнун гап ин хел. Писар писари шумо, хох-нохох дилатон месузад. Муаллими касбу кори якумриаш аст. Сарбози муваккати. Ду соли хизмат ба монанди ду руз гузашта меравад. Албатта азоб мекашад, зориву хори мебинад, шумову модараш шабу руз интизори мекашед. Аммо чи илоч? Хохед, ки кимати вакту фазоро донад, хохед, ки кадри падару модар, хешу табор, хохару бародаронашро, кадри нону намаку оши тайёрро шиносад, фиристонед, шукр, замонахо тинчи, сарат аз санг бод гуён дуо дода фиристонед. Фурсаташ, ки омад, марди чор кас мешинохтаги шуда бармегардад. Бовар кунед, аз хизматро ба чо овардан худаш ифтихор мекунад. Монед, ки катори фарзандони мардум рафта ояд…

Дурандешу хакгуфтор буданд падараш. Зимни ин галаёну чараёни хотирахо кабл аз нахори Камол аз гулзори руи хавли дастаи зебою хушбуйро бо хам овард, то ки пеш аз кор рафтан як сари кадам назди оромгохи киблагохаш бираваду бубинад, мабодо, алафи бегона сабзида бошад, канда партояд, бишинаду дуои фотеха бихонад. Охир рузи Галаба аст, рузи иди падараш…

Хамин тавр хам кард. Ва хангоме, ки байн-байни кабрхо суи баромадгох мегузашт, тасодуфан назараш ба оромгохи муаллим Сайфизода афтод. Лахзае чанд сари хоки эшон нишаста сукут варзид…

Баъд рахорах афсус хурд, ки чаро хамон барги сабзи бо мурури солхо хушкидаи Сайфизодаро чун рамзи хотира ба худ нагирифта буд…

* * *

Модар пас аз хуроки шом чои кабуд дам карда овард. Бегохии рузи якшанбе буд. Камол китоби «Афсонахои халкхои олам»-ро ба даст гирифту овози оинаи чахоннаморо баланд кард. Аз тарики он пахши барномаи «Нигористон» чараён дошт…

«…Мусавварахое, ки бо амри табиату такдир дастони ин зани резопайкар бо мукалам меофарад, дили бинандаро тасхир мекунанд, кас аз зебоии дарахтону  маргзор, кабку оху, куххои сар бар фалак кашидаи кишвари мо ба хайрат меояд, андеша меварзад, ба одаму олам дигаргун менигарад. Тамошогар симохои одамонро наззора карда, эхсос менамояд, ки хама бурду бохти эшон бунёди таърихи замони муосир, хама бозёфти онхо дар чабхаи маънавиёт, дар дидагон ва ожангхои чехраашон аксандози гардидаанд.

– Гулбарг, лутфан бигуед, ки кадом навъи гул бештар макбул аст?

– Садбарги аргувони.

– Аз рангхо чи?

– Ранги сабз.

– Офаридахои шуморо мардуми Аврупо низ хуш кабул кардаву аз ин боб маколахо низ навиштанд. Ин комёби, ки боиси ифтихор аст, ба чи фикру хайл водор месозад?

– Хубтарин эътирофи махсули захмати эчодкор аклу рухи одамро такон медихад, кас мехохад як зинаро, ки фатх намуд, бештару чиддитар кор бикунад. Шухрат чизи нозук, бори вазнин аст, вале инсон бояд кабл аз хама худро бишиносад.

– Гизо писандидаатон?

– Тушбера.

– Шумо ошпази мохиред?

– Инро аз мехмонхо мепурсед.

– Мехохам хамин лахза байтеро ба ёд оред.

– Рассомзан таваккуфе намуда чавоб дод:

Гами олам фаровон асту ман як шиша дил дорам.

Чи сон дар шишаи соат кунам реги биёбонро?

– Ин мисрахо…

– Аз ашъори Мирзо Абдулкодири Бедил.

Фурсате пас барнома анчом ёфт. Камол пиёлаи чойро нушида:

– Гул-барг! Гул-барг! – гуфт.

У одате дошт, ки агар номи одам ё чизеро ба риштаи хотир гирифтани шавад, гаштаву баргашта се- чор маротиба такроран талаффуз мекард. Аз тасаввураш берун буд, ки ба чи икдоме даст мезанаду чи пешомаде, суду зиёне вайро мунтазир аст… Ачаб рузеву ачаб рузгоре, чи печутобхое дорад…

Ин хангом модар ворид шуд. Болои курсии луладор нишасту гуфт:

– Писарам, Камолчон! Ту раис боши хам як бор ба гапи ман гуш дех.

– Мархамат, ман омодаам.

Аз чи сабаб буд, ки Камолро таъбаш  хуш метофт…

– Ту аз субхи козиб то ними шаб паи кори хочаги мегарди… Падарат хам умрашонро обу замин гуфта хазон карда рафтанд. Чонатро кохонда ба чаббор супори хам хайкал намемонанд. Овора нашав…

– Ки медонад, рафту…

– Ман чидди мегуям. Замин сахт, осмон баланд, умри бечора занат кутох будааст. Гул барин бачаякат панчсола шуд. Худо умраша дихад. Ман хам сутуни ин дунё не, хеч касро баста намондааст. Мурги бахтро дар бозор намефурушанд. Онро чустучу кардан лозим.

– Фахмидам. Мехохед, ки хонадор шавам.

– Шукр, ки саломати холо нагз аст, лекин тани гармдия, мабодо бемор шавам, ба туву писарчаат ки хурок мепазад, пушокатонро ки шуста дарзмол мекунад? Э бачаяки соддаам, хеч сару бари фикрамро ёфта наметавонам. Шабхо хоб аз чашмам мепарад… Хамрохи акою хохаронат маслихат хам кардам…

Модараш аз зумраи он занони басо пурсабру токат аст. Камол инро медонист. Медонист, ки у як бурда нону як намаки хурдаашро, хар суханашро чил бор андеша мекунад. Шитобкори ба шармсори мебарад, таъкид ба таъкид мегуфт модар. Камол харчанд аз хурди ин насихатро мешунид, аммо на хамеша маънои онро риоя мекард. Ба кавле  охир дар хонае, ки  зан нест, рушнои, нуру сафо нест. Хост худи хозир арз намояд, ки рози аст. Вале киро арус мегирад. Як дафъа болои кахр «касеро хохед ман тарафдори шумо гуфта»… Баъд хазорхо борхо бор пушаймон хурд. Ду сол пеш назди Мукаддас рафтани шуд. Гуфтани буд, ки аз шавхарат чудо шав, ман туро ба зани мегирам. Вале у, духтаре, ки айёми чавони ишку мухаббаташро бечавоб сарсон гузошта буд, имруз се фарзанд дорад. Падари бачахояш хуб аст ё бад, кас ё булхавас, хар ки бошад падар аст. Ду–се сол пас духтари калониашон лоики шавхар мешавад. Пас чи тавр дидаву дониста зиндачудо бикунад. Сониян, худо медонад, ки Мукаддас хохиши уро мепазирад ё чун саги кучагард аз назди дараш меронад.

Ва Камол тан ба такдир дода, хастии худро ба кори сахро бахшид. Чанде пеш хамсинфонаш низ сари дастархони махфиле «дар дилат завку шавке намондааст магар» гуён дустона таъна заданду изхор карданд, ки омодаанд дар туяш хизмат кунанд. Хатто «зудтар ба он соати нек расем» гуфта кадах бардоштанд. Аммо Камол аз субхи дигар боз андармони ташвише мегашту фурсати чену бари рузгори оилавиашро намеёфт. Ва хафтаву моххо мегузаштанд. Аз ин лихоз модараш ранчидаву сухта гап кушода буд.

* * *

Хавопаймо соате пас ба аэропорти пойтахт фаромад. Яке аз дарвозахои асосии шахр ба назараш сарду парешон намуд. Назди истгохи такси омада сигарета гиронд. Хануз гугирдчуби сухтаро напартофта, марди ришаш хеле расидаи асобагалдор пайдо шуду хохиш кард:

– Аз барои худо, пул бидех, ки нон харам.

Камол  даст ба киса бурду як бистсумаро дароз кард. Гадо пулро гирифту нимгурма дуо кард. Ва илова намуд:

– Ин барои нон намерасад. Дигар пул надори?

– Ба гумонам кифоя аст, дар киштзори ман хам пул намеруяд, каноат кун, – аз шилкинии он одам гашаш омад.

– Ту чандсола хасти?

– Ба сиюшаш даромадам.

– Искандари Макдуниро мешиноси?

– Киро?

– Искандари Макдуни, вакте ки бисту хафт сол дошт, ними чахон зери пояш буд. Пули додаат бошад, ба нон намерасад…

Ин лахза такси омада карор гирифт.

– Ба кучо? – пурсид ронанда.

– То мехмонхонаи «Точикистон».

– Мегуянд, ки симои шахр нихоят тагир ёфтааст.

– Шахр не, бозор шудааст! – гуфт таксирон.

– Ха, – гуфт Камол, – мегузарад, аз ноумедихо басе умед аст, поёни ин хама бесарусомонихо сафед аст.

Такси ба хиёбони Айни тоб хурд. Камол вазъияти хозираашро басо аблахона дарёфт. Гарчи кабл аз омадан нияташро андешидаву мулохиза карда буд. Он гох манзара дигарранг метофт.

«Ачаб соддаву ахмаки-дия, як рассомзани ношиносро гуфта бетаклифу розиги, пушт-пушт нагуфта, ба пойтахт хеста омади. Гуё духтари холаат бошад… Харчи бодо бод! Балои осмони ба сарам фуру намерезад-ку. Баъд оё касе хабардор аст, ки ман назди ки, бо чи хохише омадам? Маслихатамон пазад, хуб кор мешавад, вагарна як дари баставу сад дари кушода».

Хамин тарик худро тасалли дод. Камол дар мехмонхона аз китоби маълумотномаи телефон шуморахои Иттифоки рассомонро гирифту сим зад. Максадашро арз дошт ва нишонии рассомзанро хост.

– Мо дигар рассомхои хуб хам дорем.

– Ба ман хатман Гулбарг лозим.

– Ха, фахмо даррав мегуфтед, ки бо занхо сарукор дорам.

– Бигузор ин матлабам шуморо ба ташвиш наандозад… – ва аз дил гузаронд: «Аблах! Як ман аблах гуям, боз як бефахми дигар будааст».

Коргохи алохидаи Гулбарг дар вурудгохи сеюм, ошёнаи якум, хонаи духучраги вокеъ буд. «Устохонаи рассом Гулбарг» — Камол унвониро хонду тугмачаи зангро пахш кард. Дари чармпуши яктабака лахзае пас боз шуд. Камол барномаи телевизиониро пеши назар оварду кадбонуи устохонаро шинохт.

– Салом, алейкум!

– Ваалейкум салом!

– Мебахшед, нишонии коргохатонро аз Иттифоки рассомон доданд.

– Фахмо. Ягон хизмат буд?

– Ха, як фармоиш доштем… – Камол лаб газида хомуш монд. Ва ночор ба чехраи гандумгун, дастони ранголуд ва куртаи атласи охараш кайхо шикастаи Гулбарг нигарист.

– Чи гуна фармоиш?

– Мебахшед, ман аз рохи дур, аз нохия омадам. Мову шумо болои остона гуфтугу мекунем? Ё…

– Бубахшед, мархамат…

Ва сохиби устохона худ пеш гузашт. Коргохи Гулбарг ба назар хеле бетартиб метофт: мусавварахои тайёру нотамом, ки баъзеашон сари девор овезону бокимондахояшро руи миз ё кунчи фарш гузоштаанд. Болои мизи доирашакли хеле кухнаи чорпоя рангубори зиёд мехобиданд.

– Бишинед, – курсиеро нишон дод ва худ ру ба ру шишт.

– Ташаккур!

– Хозир чой хам мечушад.

– Шумо табаки калон доред?

Гулбарг хайратомез нигарист.

– Ха, чи лозим?

– Биёред.

Овард.

Камол дипломати оддиашро кушоду магз, зардолу, баргаки бедору кокшуда, бодом, чормагзро, ки хар яке даруни халтачахо буданд, гирифта ба табак гузошт.

– Айб накунед, тухфаи мо мардуми колхозчи аст. Дигар чи хам дорем.

– Саломат бошед! Хочат набуд, ки шумо ин кадар захмат кашед, – ба пиёлахо чой рехтаравон гуфт Гулбарг. – Хайр, хуш омадед! Акнун мархамат, ба сари максад оем…

– Намедонам, гапро аз чи сар кунам. Мо як ният кардем, маслихат шуд, ки дар колхозамон, собик, холо чамъияти саххомиямон осорхона ташкил кунем.

– Чи?! Осорхона?

Камол ба ишораи «бале» сар чунбонд ва пурсид:

– Магар ягон ачоибот дорад?

– Дар ин давру замона осорхона ба ки лозим? Ё раиси шикамкалонатон аз пушти кух фаромадааст?

– Раиси шикамкалон?

– Узр, густохи шуд. Одатан раисхо… Вале бигуед, ки ман чи ёри расонида метавонам? – Гулбарг акнун ба чиддияти гуфтугузор бовар кард.

– Дар ороишу чо ба чо гузоштани маводи осорхона маслихат медихед ва аз хама мухимаш портрети бисту панч-си одамони таърихии колхозамонро мекашед.

– Эха-а! Иштихоятон бад не-ку! Шумо тасаввур мекунед…

– Медонам, ки мухлати зиёд металабад, – гуфт Камол.

– Бар замми ин…

– Хама чизу чораи зарури бекаму кост мухайё мешавад. Шумо ба муддати ду ё се мох аз коратон чавоб мегиред. Ин як. Баъд, ба нохия меоед. Ин ду. Мо шуморо дар бехтарин истирохатгох, ки карибии сохили дарё вокеъ аст, чой мекунем. Ин се…

– Лекин ман…

– Фахмо, танхо наметавонед. Бо ахли оилаатон. Мо рози. Хеч мушкилот нест.

– Хамаашро бе ман хал карда будаед-ку! Охир…

– Шартнома тайёр, факат хакки хизматро гуед, кифоя. Ва имзо мекунед, – катъи гуфт Камол. Гулбарг моту махбут буд.

– Агар рози нашавам чи?

– Чаро? Чи садду мамонияте вучуд дорад? Мо омода хастем, музди захмататонро ду карат зиёд кунем. Мебахшед, мабодо сахт нарасад, аммо умедамон ба шумо…

– Ин хама олихимати аз бахри чи? – кунчкоби намуд Гулбарг.

– Асархои шуморо тарики телевизион нишон доданд. Маъкул шуд.

– Ба ки? Ба раис?

– Бале, ба раиси шикамкалон, – хандид Камол. – Шумо рози?

– Хеле шуд, ки бетокатиро дуст намедорам. Рости гап…

– Бовар кунед, пушаймон намешавед.

– Шумо аз кучо медонед?

– Ба назарам хамин хел метобад. Барои мулохизаву андеша, гумонам, як руз кифоя аст.

Камол аз чой хест ва нигохаш ба девори чап афтод.

* * *

Ва натюрмортро дид, ки аз дастаи гулхои раъно ва як табак нокхои калон-калони заб-зард иборат буд… Ва беихтиёр симои Истадхола пеши назараш хувайдо гашт.

– Замоне хамсоязане доштем. Аз овони тифли медонистам, ки вай танхо зиндаги мекунад. Аз руи соддалавхи, бачаги-дия, фикр мекардам: оё як худаш шабхо наметарсида бошад. Сонитар фахмидам, ки пас аз се шабу рузи арусиаш шавхарашро ба фронт бурда буданду ба хамин на хату на хабар, дигар бозгашта наомадааст. Ха, гап сари дигар чиз. Истадхола  руи хавлиаш дарахтони себу ноку бихи, гелосу олу дошт. Вай, ки ба сахро мерафт, мо пайт поида дузди мекардем. Боре хеч кас аз хамсолонам дар куча набуд. Ва худам аз девор гузашта болои нок баромадам. Тобистон, хил-хил пухтаги, дахони кас об мепартояд. Чор-панч дона нокро даруни багал андохтаму якеро газидам. Ин дам овозе ба гушам расид…

– Ноки бомазза-а!

Саргумзада поён нигарам, Истадхола… Бар асари тарсу шарму хаё аз тори дарахт худро зер афканда гурехтам. Навдахои хушки дарахт оринчи даст ва зонухоямро тарошида хуншор карданд. Бегохи, вакте, ки падарам хона буданд. Истадхола як табак пури нок овард. Ман аз хайбати падарам мехаросидам. Аз гунохи худ ба обу арак гутида мунтазир будам, ки ана хозир сиррамро фош мегуяд. Хоса, ки соле дувоздах мох хамсоязан ба хавлии касе ба фурсати пиёлаи чой сар намехалонд.

– Нок пухтааст, гуфтам, дахони шумоён хам расад…

Модарам ду нони фатирро ба табаки Истадхола гузошта, то назди дарвоза гуселониданд. Ва ман дую дубора ба меваи боги касе чашм ало накардаам. Мебахшед-дия, натюрморти шуморо дидаму ногахон ёдам рафт. Бо сафсатаи худ вактатонро гирифтам.

– Хеч гап не, – бо табассум гуфт Гулбарг.

– Ман баъд аз пагох хамин соат меоям. Агар маслихататон пазад, шиносномахоро биёред. Хуб?

– Насиб бошад…

– Хуш бимонед.

– Ташаккур!

Гулбарг мавриди хайрухуш аз устохонааш берун набаромад. Аммо хаёлан худ ба худ гуфт: «ачаб одами дилёбу дидадаро менамояд».

* * *

Нисо – духтараки шуху шаттох ва бекарор, ки сафар карданро бехтарин бозёфти одамият медонист, ин навигариро хеле ачиб ва бечунучаро макбул шуморид. Аз хурсанди ба куртааш нагунчида частухез мекард. Гулбарг ба падару модари чиянаш занг зада, матлабашро муфассал фахмонд: харду бо чону дил тарафдории худро изхор намуданд.

Лек Гулбарг то хануз аз каъри шубха худро рахондаву берун омада наметавонист, як гушаи дилаш мушавваш метофт. Тааччубовараш ин чост, ки то дируз, аслан гирем, аз шахри бегонаавзову файзу баракаташ парида, кучахояш пур аз мардуми барояш ношиносу ноошно гурехтан мехост. Ва феълан мебоист, ки фурсатро ганимат донад…

– Харчи бодо бод! Биё Нисо, аз Хоча Хофиз кумак мехохам. Шояд эшон мушкили моро осон кунанд.

– Чи? – пурсид Нисо.

– Одати деринаам ба хотир расид. Фол мебинем мегуям, — шарх дод Гулбарг ва газалиёти он пири бузургворро аз чевон гирифт. Лахзае таваккуф намуд. Чашм бипушид. Ва ба  забон овард. Ё рабби! Мададе! – китоби ашъорро боз кард ва матлаъи газали дасти ростро хонд:

Мархабо, тоири фаррухпаи фархундапаём,

Хайра макдам, чи хабар, дуст кучо, рох кадом?

Даъвати марокангез, айни замон гайриинтизории намояндаи чамъияти саххоми низоми андешаву накша ва зиндагии Гулбаргро печ дар печ сохт: вай аз як су дилаш кашол меистод, аз дигар тараф боиси хавотириаш муддати сафар буд, охир ба мухлати панчруза ё акаллан як мох не, балки саду панчох руз, шояд дарозтар меравад. Ин ба гуфтан осон. Не, у харгиз аз мехнати муттасил намехаросид, чояш ояду зарур афтад, шабхо хобашро харом намуда корашро сифатнок ба субут мерасонд. Харчанд ки пули мегирифтаашон аз руи ваъдаи Камол кирои ранчу машаккат мекунад ва меарзад, ки харгуна сарсониро хам паси сар бикунад.

– Хайр, фолбини мухтарам, ба чи хулоса омадед? Меравем ё не? – бетокатони зохир намуд Нисо.

– Намедонам, — гуфт Гулбарг андешаманд…

* * *

Камол, азбаски айни мавсими хосилбандии пахта буд, рузи дароз чор-панч минтакаро ба тафсил аз назар гузаронд, хамрохи ичоракорон сухбаткунон хам мушкилоташонро хал намуду хам аз шумораи гулу курак хушнуд шуд. Ва замоне ки офтоб ба паси куллаи кух пинхон шуд, дар хавли шустушу ва тагйири либос кард.

Дар берун ронанда мунтазир меистод. Соате пас ба идора расиданд. Вакт ки буд, дар кабулгох ба чузъ котиб касеро надид. Ёвараш навиштачоти худро марбут ба занги телефонхое, ки таъчили набуданд, дароз намуд. Ин лахза директори мактаб ворид шуд.

Камол хам хурсанд шуду хам хичолатманд. Хушияш аз он боис, ки кухантарин директори мактаби худаш тахсил кардаро дид, шарм дошт аз он хотир, ки кариб як мох боз ба сахни мактаб кадам нагузоштаву аз холи омузгорон, харчанд, ки таътили тобистона аст, хабар нагирифта буд.

– Кани, муаллим, мархамат! – ба кабинет даъват кард Камол, баъди  ахволпурси. – Хуш омадед!

– Омин! – дасти дуо кушод сарвари мактаб. – Корхо пешраву бобарор, зиндаги бобаракат, одамон сарбаланд, кадамхо нур, балохо дур! Оллох акбар!

Котиб як чойник чою ду пиёла, табакчаи канду мавизу магзро овард. Камол чой рехт.

– Муаллим, узр мехохам, бемалол бошад, чанд дакика ба хуччатхои зарури имзо гузорем, сипас ману шумо сухбат мекунем, вокеан зид набошед ба мехмони меравем. Мегуянд, ки як не, ду шогирдатон махфили аруси доранд. Шумо рози? Илтимос…

Карор доданд, ки пиёда раванд, туйхона дур нест, хаво айни муддаост, якбора гуфтугу хам мекунанд.

– Таъмири мактаб чи тавр муаллим? – Камол худ лачоми сухбатро озод партофт.

– Ин ташвиши оддии харсола, хеч гап не, сару сомонашро меёбам. Вале мушкили ман саргирехтар аст, раис. Магзи гапро гуям, вазъияти замона ба шумо маълум. Мардум аз паи чустучуи ризку рузи пахну парешонанд. Хануз сесад сол пештар шоир гуфта будааст:

Хеч кас нест, ки дар фикри дили худ бошад,

Умри мардум хама дар фикри шикам мегузарад…

– Ё боз гуфтаанд, – илова намуд Камол:

Не зи дил мондааст дар олам асар, не з-ахли дил,

Ё раб ин оинаи оинадоронро чи шуд?

– Тавба, ба мардум аз китоб  харф занед, як кад мепаранд, гуё ки аз хусуси бемории вабо бошад… Шояд айби мо хам хаст…

– Ман ба як нукта хайронам, муаллим. Чи тавр писару духтарчахо бесаброна рузи нахустини мактабравиро интизор мешаванд. Руз мешуморанд, орзухо мепарваранд, шабхо хобашон  мепарад, аксар алифборо бо шавк мехонданд, шеърхоро азёд мекунанд. Шарт нест, ки саросар хама маълумоти оли гиранд ё олим шаванд. Ачибаш дар он аст, ки мехри китобхониро пахшу хомуш мекунанд. Ва бадбахтона ин анъана аз насл ба насл мегузарад.

– Мо, Камолчон, мумфаршу чарогистон гардондани кучахоро ёд гирифтаем вале дар равшан сохтани дилхо азоб мекашем… Касд кардаги барин як гурух муаллимони ботачрибаю лаёкатманд аз мактаб рафтани.

– Маслихат дихед, бо чи рох ёрдам кунам?

– Хама умедамон ба шумо, Камолчон. Рости гап, ду сол пештар омада будам. Раиси собик, гайбат нашавад, дар кабулгох дида, салом алек карду пурсид: — Тарбияи фарзандони халки мехнаткаш чи хел?.. Боз як соат зиёдтар мунтазир шиштаву аз муаллим буданам хам пушаймон хурда рафтам. Обро ба ресмон баста нашавад, то кай ман домани муаллимонро бо чормагзи пуч пур мекунам?

– Ба он муаллимон…

– Дувоздах нафаранд, замин додан лозим, то ки дилсард намонанд. Аризахояшон кайхо боз хобанд. Аз шуъбаи маориф низ мактуб медиханд, гох ба раху гох ба чехраи раис нигариста гап мезад мудири мактаб.

– Узви чамъияти саххоми набошанд хам ба тарики истисно дар тули ду мох хал мекунем. Метавонед аз номи ман ваъда дихед, – катъи гуфт Камол. – Ана ба туйхона хам расидем…

Хардуро хостанд, ки ба дохили хонаи дарун чой кунанд.

– Не, ташаккур, харчое бошад дар берун шинем. Аз суруду ракс, аз файзи  туй халовату бахра барем. Хамин тавр не, муаллим? Кани, пеш гузаред, – бо табассум гуфт Камол.

Аз мобайн, катори мехмонон нишастанд. Мизбонон ба даву тоз даромада, зуд чой ва газаку хурданихои иловаги оварданд. Сохиби туй – падари домод, ки якумр оброни пахта буд, назди Камол омада гушаки гуфт:

– Раис, пурсидан айб надорад. Он сурху сафедро бо чойникхо рехта биёрам, майлаш?

Камол бо овози табии гуфт:

– Амак, аракхо дуздианд ё ба пули…

– Хамаашро бо араки чабин, бо захмати ин дастхо ёфтам.

– Медонам, ки нони шумо халол. Пас чаро он сад дусад граммро, ки ба хотири хонаободии домоду арус аст, пинхони нушем? Хочати руст кардан нест, вагарна боз талхтар метобад.

– Саломат бошед, раис! Муаллим, хуш омадетон! Сарам ба осмон расид.

Базми никох метасфид. Чавонону гулдухтарон бо чехрахои гарму хандон ларзону хиромон мераксиданд. Суруди шуху туёнаи хофиз калбхоро ба чуш меовард. Камолро табъаш меболид. Муаллими кухансол аз омаданаш басе хуш буд. Чашмонаш андешаманд медурахшиданд…

Соки бо арзу эхтиром ба Камол сухан дод. У бардам-бардам кадам монда назди микрофон омад.

– Арусу домоди мухтарам!..

Ин лахза ахли туй карсак заданд. Камол ба акиб нигарист. Модаркалони домод – пиразани хаштоду хашт-навадсола чомаи  банорас ва руймоли атлас суи Камол меомад.

– Писарам, – бо хаячон гуфт у. – моро хурмат карда омадед, худованд шуморо хурмат кунанд. Ин чомаро худам якто-якто духтаги. Аз ман, табарруки, дар рузи домодии набераам…

– Ташаккур, холачон! – Камол дастони пиразанро бусида ба чашмонаш молид…

– Мехмонони арчманд! Дар ин махфили зебо яке аз кухантарин омузгорони нохия Сангинов хузур доранд. Муаллим, хохишмандам, ин чо биёед. Ман санаде овардам, бо хама мухру имзохояш, аз хусуси чудо шудани хафт сотих замин ба арусу домод. Мехостам, ки ин санадро модаркалону муаллим Сангинов ба навхонадорон супоранд…

Ва бори аввал Камол аз наздик чехраи арусро дид. Диду ба хайрат афтод. Хост чизе бигуяд, ё бипурсад. Аммо дам назаду ба чояш рафта нишаст…

* * *

«Ох  чи махфили зебою гуворо буд. Камоли ёздахсола барои хотираву рузномаи девори сурат мегирифт»…

Чи пурэхсосу дилрабо раксида буд, Шохина! Муаллими суруд базавк оханги «Духтари бахор»-ро менавохт…

Камол пас аз хунарнамоии Шохина дигар чизеро намедиду намешунид. Фикру зикраш побанди харчи зудтар ба хона расидан ва омодаи сохтани аксхои бардошташ буд. Аз бетокати торс кафам мегуфт… Хар дакика дар хаёлаш чун соат тул мекашид…

Аксхои Шохинаро дар танхои, зери равшании чароги сурх гаштаву баргашта тамошо мекард. Гуё бори нахуст медида бошад. Ба хотираш хам намерасид, ки Шохина хамон Шохина – хохари хамсабакаш Хотам асту аз хурди дар як куча ба воя мерасанд. Вале  чи чои тааччуб, ки акнун як олами рангину чаззоберо мебинад. Писарак то имруз дарк надошт, ки дунё харрузу харсоат ва ногахон ин кадар тагйир хурда метавонад…

Суратхои Шохинаро даруни когазхалтаи сиёх андохтаву ба модараш «Ман хозир» гуён чун шапарак суи хонаи Хотамино давид. Пояш ба замин намерасид. Хамсинфаш  аз бахри алаф ба сахро рафта будаат. Шохина, ки мебоист имсол мактабро хатм намояд, назди гулзори руи хавли машгули мутолиаи китоб буд. Руи кафаш чанд дона гура дошт.

– Чи китоб мехонед?

– «Духтари оташ»

Камол сурх шуд, вале чуръат намекард, ки аксхоятонро овардам гуяд.

– Гура турш не?- пурсид у.

– Чи илоч? Зардолу хануз напухтааст, – бепарвоёна чавоб дод.

– Чаро? Зардолуи кандаки мо кариб, ки заб-зард шудаги .

– Маззаашро начашида бошам аз кучо донам? – табассуми Шохина бар гардани кас халка мепартофт.

– Ман пагох барои шумо мебиёрам, майлаш? – гуфт гарки хаячон.

– Хеле хурсанд мешавам.

– Ха, ман аксхоятонро овардам. Мана…

– Аллакай? … Ох-о, чи сон хушруй баромадааст…

– Сохибаш барин …

– Чи? – Шохина хайратомезу маънидор ба Камол  нигарист.

– Ман …

Шохина ба каъри чашмони писарак нигохашро духта карахт меистод…

– Ман пагох зардолуи кандак мебиёрам,- таъкид намуд Камол ва бехайру хуш бадар рафт. Аммо фардои хамон бегохи ахдашро ба чо оварда натавонист, зеро шохи хушки дарахти зардолу шикасту  Камол пуштноки аз баландии се кади одам руи замини нарм галтид. Бар асари хурдан нафасаш ба дарун афтод.

Писарак ду руз аз дарсхо акиб монд.

Нихоят як сатилчаро пур аз зардолуи кандак ва гелоси чавпазак карда ба хонаи Хотамино омад. Лекин доду фигони ахли хавли – падару модар ва худи Шохина аз куча ба гуш мерасид.

– Агар хамон муаллими падарлаънат аз обруи падару модарат авлотар бошад, ман аз бахри ту барин духтарам мегузарам!…

Модараш дар навбати худ гиряолуд менолид:

– Эй беакли хонасухта, ин чи кардагиат, ин чи шармандаги буд, ки ба сари мо оварди?… акнун кулли хурду калони хамсояхо огах гаштанд, ки Шохина кадом як муаллимашро дуст доштаасту вай се сол пеш аз занаш чудо шуда будааст…

Камол хайрон рост меистод.

– Фарзанд, ки сухани падарро ба инобат нагираду пушти по занад, ман ин гуна духтар надорам, ок кардам! Ок кардам! Ок кардам!.. – гуён падараш вориди хонаи дарун шуд.

Шохина бидуни нигаронии хамагон чомадонашро гирифта, аз хавли берун баромад. Ба касе нанигариста охиста-охиста, сархаму парешон хаёлманд кадам мезад. Хакку хамсояхо яке таънаомез, дигаре бонафрат, сеюми бепарво аз махалла мегуселониданд. Деги гайбат мечушид… Камол бахушу бехуш кадре акибтар аз паси Шохина мерафт… Ба махаллаи Хавзи Боло расиданд, Шохина дарро так-так зад, муаллими суруд истикболаш гирифт…

Ракси мафтунсози Шохина пеши назари Камол падид омад. Вай ба Шохинаву муаллими суруд, ки хануз саргарми гуфтугу буданд, сатили пур аз зардолуи кандаку гелоси чавпазакро дароз намуд.

– Ин барои хардуятон…

Муаллим тааччуб кард, Шохина табассум…

– Раис, хуш омадед! – гуфт зан.

Камол аз каъри хаёл рахо ёфт ва ру ба руяш Шохинаро дид.

– Духтаратон чун себи дукафон ба шумо монанд. Кушапир шаванд.

– Шумо ягона инсоне будед, ки ба ман рахматон омада буд.

– Ба шумо акнун хавасам меояд, – самимона гуфт Камол. – Бовар кунед…

Нисфи шаб Камол хушнуд ба хона баргашт, аввалаш, ки муаллим Сангиновро дид, дуюм арусу домодро табрик гуфт, сеюм Шохинаро  хушбахт ёфт  ва нихоят суруди «Ёр-ёр»-ро шунида аз нав ба вачд омад.

Ин чи фоли неке бошад?

* * *

Аз дохили хавопаймо пасу пеш берун шудан замон шамолаки нарму навозишкор ба димоги Гулбаргу Нисо зад. Тафси хаво хануз боло нарафта, харду бо табъи болида чониби баромадгох рох гирифтанд.

– Ба истикболи мехмонхои азиз касе мебарояд? – бо оханги  ба худаш хос пурсид Нисо.

– Вакте аз соати парвоз хабар расондам, ваъда доданд, ки албатта шахсан раис пешвоз мегирад.

– Хурматро бинед-а! – мад кашид Нисо.

– Вале ман танхо ёрдамчиашро мебинам, – гуфт Гулбарг. – Дарвокеъ раисро намешиносам-ку!

– Кани, ба ман хам нишон дех! – бетокати зохир намуд Нисо.

– Охистатар! Ана, он одаме, ки пахлуи корманди фурудгох истодааст, — аник кард Гулбарг.

– Эх-ха-а! Гулдастахоро бинеду…

– Чи чои хайрат? Расму русуми одии эхтироми мехмон аст.

– Расму русумро хуб мефахмам, аммо бояд бигуям, ки ёрдамчи марди хушкаду дилбар метобад… Холачон! – лахзае таваккуф намуд Нисо. – Шумо намедонед, зан дорад, ё не?

– Бас кун-е! Шармат намеояд? Холо салому алейк накарда.

Нисоро чун харвакта фахмидан душвор буд, ки хазлу шухи мекунад ё чидди гап мезанад.

– Хуш омадед! – гуфт Камол.

– Ташаккур! Ахволи шумо чи тавр?

– Бо дуои шумо сихат саломатем.

– Худо медонад, ки ман дуо мекунам ё не…

– Ба гумонам ин бону хамон чияни таърифиятон? Номашон? Хеле шармгин менамояд…

– Нисо, вале ман кай… – забон хоид Гулбарг.

– Холачон мегуянд, ки хеч гох маро таъриф накардаанд, — пешхези кард духтарак.

– Ман дар омади  гап гуфтам. Мабодо наранчед, – узр хост Камол.

Ин лахза чомадонхоро оварданд. Камол бонувонро ба нишастгохи акиб шинонду машинаро бе шитобкори ба харакат даровард…

– То Бодомзор чанд километр масофа аст? – пурсид Нисо.

– Хафтод. Баъди як соат мерасем – чавоб гуфт Камол ва «Жигули»-и сафедро канори рох  назди бозорча нигох дошт. Лахзае ба Гулбаргу Нисо нигох афканда чизеро пурсидани шуд, аммо сабаб чист, ки зарур надонист. – Ман хозир… Як дакика. Сигаретам тамом шудааст.

Муддате пас у ду се–чор хуша ангури заб-зарди хусайни ва шаш дона нони серкунчиду равгании гарму хеле хушбуй овард.

– Ангурро якбора шустам, – аз киссахалтаи нишастгохи пеш як табаки тоза бароварда даруни он гузошт. – Кахва дар термос, мархамат дахон ширин кунед, – гуфт Камол.

– Аз шумо, ин кадар мехрубони бинем, илтифоти раис чи гуна бошад? – гуё худ ба худ пурсид Нисо.

– Ки? – Камол хайрон шуд. – Кадом раис?

– Раиси шикамкалон, – дакик бинмуд Гулбарг хандида.

– Ха-а.

Камол гуфтугузори байни уву Гулбарг ба вукуъ пайвастаро хотираш оварда табассум кард. «Бози бози аст. Вокеан ачоиб метобад. Бахусус, ки бе ягон гараз, худ аз худ сар зад. Биё, дар ин бобат хонумхоро дастгири кунем. Кор зарар намебинад-ку!»

– Раиси, мебахшед, шикамкалон одами нихоят серкор, хеч вакт дар як чо ором намешинанд. Рузона ба чинчарог хам ёфтан осон нест. Одами дилтанг, ки хастанд, ичрои хар як супоришро шахсан тафтиш мекунанд. Соли гузашта тахмин дах хазор бех бодом, се хазор калитаки сафедор шинондем. Бовар кунед, мухобот нашавад, хар як нихолро дидаву шуморид баромаданд…

Лекин Камол изхор накард, ки бог бунёд кардан барояш орзуи чонию авлоди буд. Хануз рахмати падараш мехост майдони калонро чудо карда диханду… Аз кучо? Калонхо худашонро меовехтанду аммо замини пахтаро намедоданд. Холо давр дигар шудааст.

– Шояд ин дилтанги неву эхсоси масъулиятшиноси бошад? – андеша пеш овард Гулбарг.

– Эхтимол, хак бар чониби шумост, – рози шуд Камол.

– Агар сахв нашавад, шахр аз кадим Бодомзор ном дошт–а? – Нисо самти сухбатро суи дигар гардонд.

– Ба хар хол калимаи «бодом» хамеша хузур дошт. Пештар, модаркалонам, ки сад сол умр доштанду аз падарашон шунидаанд, кисса мекарданд, ки точирон бодому равгани бодомро то кишвархои Чину Хиндустону Араб мебурдаанд. Як киссаи модаркалонам хеч аз хотирам намеравад. Чояшон чаннат бошад, хеле кампири ачиб буданд. Баъд аз сари бобоям боз чилу нух сол умр диданд. Овони бачаги, гохе, ки кураккаши мекардем ё донак шикаста магз мечидем, пиразан афсонаву ривоятхо мегуфтанд…

Ин асно пахши мусикии хуш огоз ёфт. Камол, ки суруди мазкур макбулаш буд, садои радиоро баландтар кард. Касе мукобил набаромад. Хофиза месароид:

Дар дили мо гар намеои, ба чашми мо биё,

Аз мухит андеша дори, бар лаби дарё биё!

Мошин босуръат харакат мекард, сесад-чахор сад метр он тарафтар аз чониби чап дарё, аз чониби рост бошад, заминхои пахтаву гандуму чуворимакка ва юнучка, пасонтар каторкуххо тоб мехурданд. Гулбарг нигохашро ба куллахои кух духта андешаи чизеро дошт. Ба шарофати оина Камол чехраи занро дуздида-дуздида мушохида мекард.

Хонаи дил кардаам чун сахфаи оина соф,

Якшаб аз бахри худо, эй шамъи базморо биё!

Дардомез, самимона мехонд хофиз…

– Ба гуфти модаркалонам, аз ин хусус, Садриддин Айни, дигар таърихшиносон хам навиштаанд, тахмин якуним аср пеш аз ин дар хамин мавзее, ки холо мегузарем, мухорибаии хунин руй дода будааст.

– Ачоиб, нону ангур хеле ширин, кахва айни муддао, тамошои сахро кайфияти махсус дорад мегуянд, агарчанде ман холо хис накардаам. Лекин ривояти, модаркалонатонро шунавем, бубинем, ки чи кисса аст, – ба сухбат хамрох шуд Нисо.

Камол гушаки радиоро тофт.

* * *

Духтарак дар лаби сохил, он чое, ки оби мавчи дарё бар пояш расам нарасам акиб мерафт, нишаста аз руи одати айёми кудаки каср месохт, касри васеъ, манорадор. Масолехаш реги тар буд. Бад–ин хотир афсонаву хикоятхои падарашро, ки мударриси мадрасаи шахр аст, пеши назар меовард. Офтоби оламоро паси абрхои баланд симояшро гох пинхон медошту гохе чилвагар менамуд.

Духтарак аз чой бархост. Лахзае чониби дарё нигарист. Он имруз шуху пуршитоб не, балки мисли корвони пурбору тамкин сарафкандаву солор равон аст. Боди сабук домани куртаи аргувониашро навозишкорона меларзонд, муйхои шабгунашро силазанон парешон мекард. Духтарак ба чониби мукобил – рахи бозгашти падараш чашм духт. Сад афсус, суроби касеву чизе наметобад. Падараш, ки чахор руз кабл аз ин хангоми субхи козиб ба шахр рафта буд,  яке аз се бародари духтаракро ба хона мефиристод. Аммо чи боис, ки нафаре аз эшон наёмаданд ва пайгоме низ аз ахволи хеш нафиристоданд. Модараш зери айвони хавлиашон зохиран бепарво машгули токидузи нишастааст.

Духтараки дувоздахсола ба сони катраи борони абри найсон поку мусаффо, дар накуи бехамто, чамолаш багоят зебо, гандумранг, чашмони шахлою лабхои ширбую дилрабо дошт. Падару модараш уро Бодом ном нихода буданд ва ягон инсонеро аз шахру кишлок, дуру наздик, хешу табор, шиносу ношинос аз ин афсона, аз ин хусну малохати рухпарвар хабаре набуд.

То ин соат дили духтарак харгиз ба ин хад эхсоси безобитагию талвоса накардааст. Ва у ботини худро медонист.

Абрхои гафси сиёх мисли гургони берахму гурусна печутоб хурда, дили осмонро мехарошиданд. Ва дере нагузашта якбора борони сахте бар руи замину замон бирехт. Болои оби дарё гуё мечушид. Лахзае баъд духтарак саропо тар шуд…

Бори дигар ба рохи бозгашти падар назар афканд… Касрашро, ки аз рег афрохта буд, дар як он борон шуста бурд. «Хаво ки ба сомон ояд, боз аз нав, хушрутар месозам», андешид духтар ва ларз-ларзон чониби хавли кадам зад…

Оташи ошдон аланга мезад. Чуби хушки зардолу месухт. Бодом зуд куртаашро иваз намуду сари оташдон омад. Харорати баланди оташ ба чехраи духтарак сурхи давонд. Модараш, ки то ин дам харфе назад, пурсид:

– Ту кучо буди?

– Рахи падарамро поидам…

– Падарат худаш меояд, бехтараш аз паи чомадузи мешуди.

– Чанд чома духтам, боз чи лозим?..

Раъд, ки гуё осмонро пора-пора мекард, хайбатангез гулдуррос зад.

Он рузхо осмон аз шарм бар кирдору рафтори инсонхо сухт, русиях гардид, аз аламу кутохдасти гиристу гирист, сели ашкхояш хуни бар кучахову хавлихои рехтаи одамонро ба оби чуйборхо мепайваст.

Он вокеаи пурхун бештар аз якумин аср мукадам ба амал омада, дунёву зиндагии раънои аз назокату осоиш саршори мардумро дасти мусибату касофат, пардаи чахолату гаддор пахш намуда буд…

Амир Баходурхон ё амир Насрулохи мангит бар мукобили хонигарии Куканд лашкар кашид ва шахри духтарак, ки дарвозаи хонигари хисоб меёфт, гирифтори бадбахтихову талафоти бешумор гардид ва кулли бозору дуконхо ба ягмо рафта… хазорхо мардони сарбурида, занони шикамашон чок шуда, тифлашон ханчар хурдаву чашмони аз косахонаи сар давида баромада ва ин хама чи манзараи дахшатноку гушношунид буд. Зану духтарони зеборо ба канизи, чавонону мардони бокувват, косибони хунарварзидаро ба гуломи мебурданд. Халки бечораи шахр, ки бо амри хон тешаву табар, каланду дос, калтаку панчшоха ба даст гирифта, зидди лашкари амир бар мубориза бархоставу хеч тачрибаи чангиро доро набуд, шикасти сахт хурд.

Замона чодари мотам пушида, замин хун мегирист, вале фарёду нолаи мардум ба гуши амалдорон намерасид…

Мударрис шабона «Харчи бодо бод! – гуён чахор руз, ки пинхон буд, аспашро савор шуду ба куча баромад. Байни растахои харобу валангори бозор гашта, дуконхои ба якдигар хамсояи писаронашро ёфт: хама горат шудаанд, часадашонро кофт, наёфт, «шояд зиндаву ба асири афтодаанд» гуфту рахи дехаро пеш гирифт.

Субхидам ба гардишгохи деха расида буд, ки сарбозони амирро дид. Онхо пиёда меистоданд. Ва мударрис аспро чорхез занонд, дехаро миёнбур карда гузашт, таъкибкунандагон ба хаёлаш дур монданд. Байн-байни бодомзор, замин, гарчи хеле лой буд, асп давонд. Махалла аз назар пинхон монд ва чанд фарсах онсутар хавлии у вокеъ буд. Ба пайраха нигарист. Дар пеш изи пои асп ё одам ба чашм намерасид, хотираш кадре осуда гашт. Ва мутаассифона, бехуда…

Андак пас, хануз офтоб аз акиби кух сар набароварда се нафар каллабурони савораи амир, ки мударрис онхоро содда пиндоштаву рахгумзада гумон карда буд, аз паи накши асп то сохили дарё омаданд…

– Хой саги дупои падарлаънат! Кани, аз хонаат берун баро! – фарёд зад яке.

– Бехтараш хамаро оташ занем, зинда ба зинда  сузад, тамошои боб мешавад! – тахдид намуд дигаре.

– Мебарояд, чон ширин бошад, мебарояд, — бовар дошт саввуми.

Мударрис холо ба хулосае наомада занаш дари хонаро кушоду берун омад.

– Шавхарам марди беозор аст, гунохе надорад…

– Дуруг мегуи, зани беимон! – суханашро бурида камчин бар сараш фаровард. Аспаш як лахза рамиду тоб хурд.

Мударрис фахмида нафахмида нуги панчшохро ба тахтапушти он сарбоз халонд, уро камчинаш аз даст афтод, худаш низ аз асп галтида чон меканду чон меканду хакорат медод. Аз ин густохи бар газаб омада, ду савораи дигар шамшер луч карданд. Мударрис побанди химояи хамсараш буд, ки яке аз каллабурхо аз акибаш шамшер зад. Дами он нафаре зери нурхои аввалини офтоб дурахшиду сипас, шохраги гарданашро ду ним кард. Занаш уро такягох шудани буд, ки шамшери дигар бар кафаси синаи у халиду хунолуд шуд. Ин хангоми Бодом «Падарчон! Модарчон! – гуён худро бар руи часади волидонаш расонд…

– Охо! Чучаяки мургони нимбисмил ин чо будаасту мо бехабар! – Хандид яке ва бо як хам шудан Бодомро аз миёнаш гирифта болои зин кашид ва илова намуд: – Барраяки дилкаш будааст! Худамон бози кунем ё ба амирам пешкаш карда, тухфаи арзанда мегирем?…

Фурсати чавоб шудан наёфт. Чунки духтарак аз соки музаи сарбоз ноаён кордашро гирифта ба шикамаш халонд. Сарбоз охе кашида поён фуру рафт. Каллабури охирин аз хайрат карахт меистод, на мачоли гап задан, на мадори шамшер бардоштан дошт. Бодом аз асп нафаромад, лачомро ба даст гирифту онро суи дарё пеш ронд.

– Ба кучо! – хушёр шуда дод зад сарбози амир.

Духтарак чониби у туф кард ва рохашро идома дод. Асп пой бар лаби сохил ниход. Об то зону расид, аз сари зин боло омад.

– Баргард! Девонаи магар? – фарёди марди дар сохил мондаро шунид. Духтарак бори дигар ру гардонда туф кард. Ва ба турбати падару модараш чашм духт. Асп охиста-охиста пеш мерафт. Оби дарё то сари синаи дхтар омад. Баъд то гулуяш.. то лабаш…

– Бодом! Бод-о-о-ом!

Духтарак дарк карда натавонист, ки ки уро чег мезанад ва аз кучо? Аз каъри замин ё аз авчи само? Ва шояд аз дили дарё? Боки фурсати фикр рондан наёфт…

… Мегуянд, ки хамон сол дарахтони бодом хама гулхои худро партофтанд ва як-як хушк шуданд.

***

Камол бо изтироб, аз ин хол худ низ сахт дар тааччуб буд, шумораи телефони Гулбарг чид.

– Лаббай! – овози шиносро шунид у.

– Салом алайкум! Ман, мебахшед, ки ташвиш медихам… Холо чи кор мекунед?

– Бегох шуд, дегро метафсонам, то равган андозаму хурок пазам.

– Бехтараш… Имруз шуморо хабар гирифта натавонистам, хеле банд будам. Чанд дакика пеш хона омадам. Бинам модарам тушбераи сергушту сермурчу каламфур пухтаанд. Мехостам, агар зид набошед, шумову чиянатон мазаашро чашед!…

– Тарики телефон? – хандаи соф кард Гулбарг.

– Не, албатта. «Пас аз понздах дакика расида меравам…» Ин чи кору рафтор аст, Камол? – пурсид касе аз ботин.

– Тамоман дасту по гум карди магар?, Туро мулохизакор пиндошта ба мансаби раис интихоб карданд. Хушатро ба чояш гузор, бале, бале, шитоб накун… Мабодо шармсор мони!… Онхо мехмонанд ва ман даъват кардаам, факат карзи мизбонро адо менамоям, вассалом, чавоб гуфт садои дигаре.

У бахсу талоши ботинашро ба мизони акл баркашидани, аз гушак чашм наканда меистод. Вакте сар бардошт, модарашро дид.

– Ба чое мерави, писарам?

– Мебахшед модарчон! Мехмонхоро як хабар гирам мегуям…

– Фахмо…

– Ман хозир, – модараш ба ошхона гузашт. Дере нагузашта у тагорачаро дастархонпеч берун овард. Модари рамузфахм тасодуфан гуфтугуи телефониро шунида буд.

– Ташаккур! – гуфт Камол ва чун одат аз дасти модараш бусид. Ин дам аз хучраи худаш пичарчааш берун омад.

– Дадачон! Шумо барвакт омадед? – ва огуш кушода часпид. Камол дудаста уро бардошта болои кат гузошт.

– Ахволи мо чи хел?

– Нагз.

– Имруз бо чи кор машгул буди?

Тамошо кардам, ки чи хел гусолача синахои говро мемакад.

– Баъд чи?

– Баъд бо мургхо гап задам.

– Онхо чи гуфтанд.

– Ту ба мо дону об дех, мо бароят тухм мекунем.

– Ачоиб-ку, ту аллакай забони мургонро мефахмидаги шуди?

– Сони бо сагча туббози кардам. Ман мегурронам. Чек давида газида мебиёрад… Дадачон, мумкин ман хамрохи шумо равам? Дар хона зик мондам.

– Фикри тозаву оличаноб. Кани, зуд сару либосатро пуш… Ман? – дод зад Камол.

– Чони шумо! – писарак бошавк посух дод.

– Ман?

– Офтоби шумо.

– Ман?

– Дунёи шумо!

– Ман?

– Асали шумо!

– Ман?

– Писари шумо!

– Ман?

– Яктои шумо…

Ин суолу чавоби падару писар кариб харруз сурат мегирифт…

Гуруби офтоб дар авч буду уфук раги аргувони гирифта месухт. Камол мисрахои хазрати Хофизро зери лаб мехонду ба пеш менигарист. Табъаш шод буд. Кади рох биистод. Харбузаи калон хариданд…

Занги дарро пахш кард.

– Ки? – пурсид одати шахрро фаромуш накарда.

– Ман. Аниктараш мо!

Гулбарг овози Камолро шинохт, бо табассум дарро кушод.

– Хуш омадед? Ох, ин кандинаки дустру писари ки бошад?

– Писари дадом!

– Номат чист?

– Бахром.

Гулбарг аз пешонияш бусид.

Камол дид, ки мобайни хона болои миз дастархон густурдаанду руй он аз анвои сабзавоту меваи тар, магзу бодом пур аст…

– Кайхо боз ин гуна тушбераи болаззат нахурда будам, – руирост икрор шуданд Гулбаргу чиянаш. – Дасти модаратон дард накунад.

– Ош шавад! – гуфт Камол.

– Дада, дада! – ин лахза аз хучраи дарун, ки хачман калон, бинобар ин чун устохона истифода мешуд, Бахром тозон омад.

– Ха, чи гап, писарам?

– Медонед, он чо расмхои бисёр хаст. Ман расми бобоямро шинохтам.

– Офарин, чони дада!

– Ин холаам рассом?

– Бале, рассом.

– Ха, дар вокеъ, мебахшед, як чизро аник кардани будам.

– Мархамат.

– Ман то мохияту максадро пай набарам, чашму руи одамро файз ё нур бахшида наметавонам. Баъзе манзарахо, акси кахрамонони мехнат, занхо, табибон, одамони номдори хочагиро фахмидам. Вале миёни хама сурати мактабро нафахмидам, боз… боз… ха, сурати кадом як бойро…

Камол табассум кард.

– Афсус, ки он аллакай мактаб не, танхо хотира аст. Хотирае, ки таърихи шастсоларо дар бар дорад. Тасаввур карда наметавонам, ки чи кадар шахсиятхои ачоибу олимони  машхури чумхури замоне дохили он бино тахсил кардаву дониш андухтаанд, айёми тифливу бачагиашон вобастаи хамон бино буд. Баъд… медонам, ки кадами чи хел муаллимони баобру ба сахни хавлии он расидааст ва ба шарофати эшон мактаб рангу таровати худро ёфта будааст…

Камол хомуш монд.

Овони мактабхонияш пеши назар падид омад… Мукаддасро дид…

– Факат ба хамин хотир бошад, рости гап муродатонро нафахмидам… мебахшед.

– Хеч гап не. Дикиккори ва нозукбини хислатхои бехтаринанд. Медонед, мактаб бинои бархавою шифташ баланд, рохравхои васеъ, синфхои калон-калон, устохона, толори варзишу чамъомад, ошхона дошт, аз ду пахлуяш бачахову омузгорон долу дарахти зиёд ба воя расонда буданд, сари теппа меистод. Си зинапояро гузашта кас ба хавлии мактаб мерасид. Болои хавлиро токи баланди ангури хусайни зеб медод. Аз пахлуи чап чанори сершоху барг, танаш гафс буд. Пир буд чанор, баданаш пур аз ожангхову ковокихо. Куллаи он хар бахор лаклакхои сафед парида омада, лона мегузоштанд, бача мебароварданд. Ёд дорам, муаллимони кухансол, лаклакхоро, ки диданд имсол соли бахосият мешавад, мегуфтанд. Бовар кунед, чи асроре хаст, ки лаклакхо на хамеша парида меомаданд. Ва солхои бехосият, кампирхо ёд меоварданд, гохо хушксоли мешуд, гохо жолаву борони сахти бармахал мевахои дарахтон, хусусан бодому зарлодуро саросар мезад… Хуллас нух-дах сол пештар мудири мактаб ташаббус нишон медихаду, хок бар сари ин гуна ташаббускори, якчоя бо шуъбаи маориф синфхои ибтидои, панчуму нухум ва хатмкунандагонро хамрохи муаллимонашон ба се мактабхои дигар таксим ва сони бе бисмиллох ба вайрону валангор кардани мактаб шуруъ мекунанд. То мардум бедор шудаву хай-хай мебардоранд, ки бино хоку туроб… Баъд дахон ба дахон киссаву овоза шуд. Мудири  мактабу занаш, ки он вакт раиси нохия будааст, маслихат мекунанд, ки биё аз нав бинои замонави созем… Сохтан, албата нияти нагз, аммо хануз тахкурсиро нарехта, раисро аз кор мегиранд…

Замонахо тагийр хурданд, курби пул паст рафт, киммати шуд.

– Лаклакхо чи? – беихтиёр пурсид Гулбарг.

– Хамон сол пайдо нашудаанд. Чонвархо хис кардаанд, магар, ки чанорро бурида меафтонанд…

– Сурати зардгаштаи бой чи таърих дорад? – акнун Нисо савол дод.

– Ман онро пас аз пурсучуи зиёд аз бойгони ёфтам, солхои сиюм дар нохия замони кашшокию кахати сар шуда будааст. Навиштаанд, ки нархи як-ду кадок орди сиёхро ба киммати як гилеми дастбоф баробар медонистанд. Ва дар хамон рузхои сахт Дадочонбой – писари Хочимадали чанд муддат то муътадил гаштани вазъият ба одамон бепул нону ош додааст… Ана, барои чи мехохем, ки акси он одами нек дар осорхонаи хочаги боки монад.

– Вакти тархрези харду суратро пахлуи хам мегузорем. Яке бинои таърихии бутунро вайрон кардаасту дигаре шиками гуруснаи мардумро обод, – ба андеша рафта харф зад Гулбарг.

Камол аз пешниходи Гулбарг каноатманд буд…

– Дада, – писарак ишора кард, падараш хам шуду вай ба гушаш чизе гуфт.

– Эхтимол, агар дурустакак хохиш куни.

– Холачон, шумо расми маро хам мекашед?

«Худоё, чи садои чонбахш аст» побанди андеша буд Гулбарг. Бахром харф мезаду садои у бо овози писараки нокомаш омехта, ба гушаш мерасиданд.

– Албатта! – ноаён катраи ашкро аз мижгонаш пок карда гуфт Гулбарг. – Аввал бигу, ту ба чанд даромадаи?

– Панч, – ангуштони дасти росташро бардошт.

– Худо умратро дароз кунад. Ба богча мерави?

– Ха, лекин бад мебинам…

– Чаро?

– Хурокхури мачбури, шеъру суруд хондан мачбури, бози мачбури, хоб мачбури. Мураббия дод мезанад…

– Афсона медони?

– Будааст-набудааст, бузаки чингилапо будааст, – ба гап даромад Бахром. – Вай се бача доштааст. Алулак, Балулак, Хиштаки сари танурак. Як руз бузаки чингилапо гуфтааст: шумо дарро махкам карда шинед. Ман ба бозор меравам. Да шохакам алаф меорам, дар пистонакам шир, дар дахонакам об гуфтааст-дия. Баъд шагол омадааст…

Он дарахти пири танаву шохонаш солхо инчониб хушкро аксар мардуми кухансол хуб медонистанд. Дар он мавзеъ гов мечаронданд, алаф медаравиданд. Агар як муддат синчакунон ба танаи аз нури сузони офтоб сиёхранг нигаред, хох-нохох ба хаёл меравед, табиист, ки акли хешро шинохта бошед.

Писарак низ бори нахуст дарахтонро диду аз хайрат дахонаш воз монд. Офаридаи табиат торхои дилашро тасхир намуд. Вай се маротиба гирд-гирди дарахт давр зад, аксашро гирифт. Ба хамсабаконаш нишон дод. Яке ачоиб мегуфт, дигаре дарахти одди мешуморид. Аммо писарак таманнои дигар дошт, мехост чурахояш дарахти кокро бинанду аз махсули айёму офтоб ба тахайюр биёянд. Не, муродаш табъи дил хосил нашуд, ё бояду шояд касе уро нафахмид. Ба хар хол он руз хотирпарешон гашт. Аз мактаб баргашта бегохи бо модараш ру ба ру нишаст, арзи худ пеш овард. Модар аз пешонии писар бусид, шоду мамнун гашт, ки фарзандаш рахми дарахти пуросебу хамдарсонашро мехурад…

Баъдхо либоси кабуд дар тан модар ба он мавзее омад, ки дарахти пири хушк бо комати шикаста меистод. Вале ба чои он хайкали сухтаро ёфт. Аз марди обмон пурсид, ки дарахтро, ки оташ зад.

Гуфт: Хеч кас…

– Пас чаро?

Чавоб дод:

– Раъд гулдурросзанон наъра кашид, барк оташ афканду омада-омада теги сузонашро бар сари дарахти хушк афканда фуру бурд.

– Дар рузи равшан?

– Бовар кунед.

Баъдтар Гулбарг он манзараро ба хотири писараш хаёлан баркарор намуда чун афсонаи зебо руи когаз овард… Танаи хушку тарс-тарс кафидаи дарахти пир… Писараки нухсола зери он истода чашми хайрат суяш духтааст. Осмон каб-кабуду соф. Онсутар маргзор… сабзу хуррам…

– Холачон, афсона тамом шуд! – Бахром Гулбаргро аз дарёи хаёлоти рузхои гузашта рахо намуд.

– Чи? Не, чони хола! Афсона хеч гох тамом намешавад. Хеч гох… Ки ба ту пеш аз хобат афсона мегуяд?

– Дадачонам.

– Модарат чи?

– Ман холачон, модар надорам, модарам барои ман шуда вафот кардаги…

– Чи? – Гулбарг суи Камол нигох афканд. Камол бошад ба чехраи писараш менигарист. – Мебахши, чони хола… ман намедонистам…

Ва писаракро ба огуш кашиду аз руяш бусид. – Ман хатман расми туро мекашам, хатман…

Писарак бо аломати тасдик сар чунбонд.

– Дер шуд! – гуфт Камол, – Мо акнун меравем.

Хангоми гусел Гулбарг аз равоки мошин сар халонда ба писарак гуфт:

— Якумр дар хотир дор! Афсона хеч гох тамом намешавад!..

Касе намедонист, ки ин гап ба ки тааллук дорад.

Камол хамсарашро ба ёд овард.

* * *

У хост дар партави равшании сапедадам, ки аз байни пардаи харири тур-тур мегузаштанд, чехраи хамсарашро бубинад. Вай холо хоб аст, андак вазнин нафас мекашид. Акнун медонад, аксар занхои хомиларо хангоми хоб нафасгириашон душвор мешавад. Руи зан холо кадре фарбех тофт. Шояд пештар хам медиду вале ба ин нозуки ахамият намедод. Аз руи хисобамон хамаги чанд руз монд, хеч вохима не. Вай худро тасалли доду аз болин сар бардошт. Хар кас, ки сахар барвакт хезад, аник аст, ки хакки уро худованд шахсан худаш таксим мекардааст. Инро ман аник медонам. Ин насихатро Камол зуд-зуд ба ёд меовард. Онро даххо бор айёми хизмат аз забони  командири дивизиони артиллери майор Ладикайнен шунидааст. Хамон чо дар катор истода, панди мазкурро мешуниду модараш пеши назараш падид меомад. Аз хурди модараш низ таъкид мекард, сахар хестан хосияти хуб дорад. Ин фикри басо оддиро, ки маънои хеле чукур доштааст, албатта Камол баъдтар дарк намуд, якумри дар сахфаи хотираш накш баст. Албатта модараш, ки абади гуломи мехнат аст, холо назди дарвозаро мерубад. Ба кавли худаш, хар сахар руи хавливу сари кучаро об задаву руфтаву чинда, шир барин тоза кард. Модар он кадар софу соддадилон харф мезад, ки аруси писар бори аввал хандааш омада буд. Ха, рост-дия, аз хонаи ифлос фаришта хам мегурезад, барака хам… Вай боз андешаашро кувват медод…

Аввалин нурхои хуршед тирезаро рахна зада, ба руи чогаху колин афтодаанд. Камол берун баромад, дасту баданашро машк дод, ду санги шонздах килоиро гаштаву баргашта бардошт. Яке нигохааш ба занаш бархурд. Вай болои остонаи дар рост истода чашмони чун олу сиёхашро ба у духта хушрузона табассум мекард. Камол наздаш омаду аз рухсораш бусида пурсид:

– Ахволат чи хел?

– Бад не.

– Кани, зуд дастуруй шуста ба гирди дартархон биёетон. Ман катлама пухтам. Гармакак. Якчоя ноништо мекунем.

Харду баробар чониби модар нигариста баланду соф хандиданд. Кабл аз ба кор рафтан хамсараш аз Камол хохиш кард:

– Дируз дидам, ки зардолуи пешпазак заб-зард пухтааст. Мехохам чанд дона нашуста бихурам. Бегохи, ки омадед, ба болояш баромада, чида медихед?

– Хатман, худи хозир мечинам. То талаби зани хомилаи ман мавкуф мондан, бигузор тамоми бори дунё интизор бошад. Вале чаро нашуста мегуи?

– Намедонам, – китф дархам кашид зан, – дилам ношустаашро мекашад.

Камол ба танаи дарахт даст расондан замон боз манзараи бачагияш фикри уро ба олами бебозгашти худ кашид…

Бача буду катори хамсолонаш берун аз гаму ташвиши дунё, агар гов поидан, алаф даравидан ва амсоли ин гуна корхоро, ки у низ харруз ба сомон мерасонд, сарфи назар кунем, гохо соатхо то шаб фаро омадан аз паи туби футбол медавад. Он руз низ машгули бози буд.

Дарвозабон гуфт:

– Туро чег мезананд.

Камол бо дили кашол ночор аз майдон баромад. Он сутар ба лаб чуйи пуроби махалла расид. Болои шинак Чура-амак менишаст.

– Ассалом алайкум!

– Боракалло! Ваалейкум салом!

Ин муйсафеди чехрааш нурбору беозорро модари Камол мавридаш ояд, хамеша ба некиву арзи сипос ёд мекард. «Хамин амаки Чурабек буданду мо дар замони чангу кахати зинда мондем. Он кас дар заводи нон кор мекарданд. Ох, чи кадар ширину бомазза буданд, он нонхое, ки ба мо бепул меоварданд…

– Ба дарахте баромада метавони?

– Ха, – гуфт далерона Камол.

– Ин тавр ки бошад, болои ана хамон зардолуи кандак барою як туппи зардолу чинда фаро.

– Майлаш.

Дере нагузашта вай як багал зардолу чиду ба токии муйсафед холи кард.

– Шуста биёрам?

– Не, ташаккур! Умрат дароз шавад! – дуо карда буд муйсафед.

Камол «хайр» гуён аз акиби шугли худ рафт ва хамаро фаромуш кард. Субхи дигар хабар оварданд, ки муйсафед аз олам гузашт…

Камол нордбонро гирифта ба танаи дарахт монд. Аз ин лахза се рузи дигар мегузараду писараш ба дунё меояд. Модари тифлакашро духтурон начот дода наметавонанд…

* * *

Ронанда дари хучраи Гулбаргро куфт. Рассомзан, ки мунтазири омадани Камол буд, лахзае пас дарро боз кард.

– Ассалом! Раис, илтимос карданд, ки шумову чиянатонро ба тамошои бузкаши барам.

– Раис?

– Ха. Рох дур аст, зуд биёетон, ки дер мемонем.

Мошин аз миёни шахр гузашт, суи дашти кушод рах гирифт.

– Камол-ака дар кучо бошанд? – пурсид Нисо.

– Гумон мекунам, ки хамрохи човандозхо. Ман дируз бегохи ду кулохи танкчихоро ёфта бурдам, додам. Сахари чупонхо бояд аспи дустдоштаашонро меоварданд. Ба майдон, ки рафтем, мебинем.

– Камол хам човандози мекунанд? – суол дод тааччубомез Гулбарг.

– Ха, раис аспбози кухна. Падарашон хам мегуянд, ки сахт иштиёкманди аспу човандози будаанд. Ронанда намедонист, ки Гулбаргу Нисо аз раисии Камол хабардор нестанд. Аз ин ру бепарво харф мезад.

Гулбарги рамузфахм дар навбати худ сир бой надод.

* * *

Вакте маро даруни кафаси танги оханин, ки онро болои мошини боркаш гузошта буданд, сар дода канори майдони човандозон оварданд, кулли мардуми тамошогох бо хангомаю гирев ба по хестанд. Эха-а! Гург! Гург! Ана инро мукофот мегуянд! Кандаша занад, сохиби туй! Дандонхояшро бинед-а! Пашми баданаш чи хел хушруй! Бах! Бах! Чонвар хеле хам кимат будагист-а! Ба пойхояш ахамият дихед, расо бакувват метобад-дия! Хурду калон хар кас як фикру андеша баён менамуд. Гирдогирди кафас медавидаму суханхои одамонро баръало мешунидам. Хамин тарик фахмидам, ки ба чузъ ман боз ду колини нодири гаронбахо, ду-се телевизори хоричи, як барзагов, ки биниашро сурох карда занчир гузаронданд, ба сифати мукофоти мусобикаи човандозон пешниход гардиданд. Дере нагузашта бози шуруъ ёфту  ахли тамошогох аз хаячон ба шавку шур омаданд. Дусад нафар  зиёдтар човандозони яке аз дигаре хузарбтар дар майдони фарохи бузкаши чавлон мезаданд. Бузи сарбурида зуд-зуд аз  даст ба даст, аз руи ин зин ба он зин мегузашт. Газарашонро мушохидакунон баъдтар фахмидам. Дар майнаи хар яке фикру хаёли сохиби сайди дилхох шудан ва ба хазор чонкании пуразоб то нуктаи марра расонидани он буд. Аввал бузи сарбуридаро дида дахонам об партофт. Вале аз буяш дархол пай бурдам, ки дохилаш холи,  аниктараш ба чои дилу чигару рудаву шикамба, ки нихоят бомазаанд, намак чой кардаанд. Ва аз ин ру басо вазнин буд. Ман гох-гох аз харакат карор истода, бо нохунхои ду пои акибам фарши чубини кафасро мехарошидам ва ё чашмонамро барк занонда дандон мехоидам. Сони хамааш ба дилам зад.

Офтоби тирамох партавафкан буд. Боди сабуке вазиду ба димогам буи дашту сахроро, ки чанде пеш он чойхо манзил доштам, расонд. Ох кашидам. Лекин холо касе аз тамошогарон парвои маро надошт, ман аз мадди назар дур будам. Човандози торафт авч мегирифт. Буи дашту сахро ба хотирам  вокеаи чи тавр бандии кафас шуданамро овард… Барф меборид. Айёми зимистон… Дар чустучуи як лукмае мо, яъне ману як модагурги зебо аз доманакух хеле пеш поин шуда, ин суву он суи сахро мегаштем. Як махал аз дур чонваре ба чашмонамон бархурд. Мо, ки гурусна будем, чонибаш давидем. Аз акиб шамол низ тела медод. Наздиктар расида дидем, ки гусолаи фарбехакро баста монданду дар атроф касе нест. Гусола аз сардии хаво буд, ё аз мо тарсида дарак-дарак меларзид. Нигохаш ба мо афтоду тамоман безобита шуд. Навакак хаёли ба болояш чахида аз гарданаш доштанро кардам, ки чизе шараккос зада поямро газид. Пасонтар дарак ёфтам, ки онро дом мегуфтаанд. Модагург як кад парид, рамида каме пуштноки рафт, ки ин лахза садои тир баланд шуду он аз по афтод. Аз кадом камингох се нафар шикорчиён пайдо шуданд ва ба сарам туреро партофтанд. Ба дахонаш чуб газонед, гуфт яке. Пояш сахт зарар набинад. Лутфулло-бойбача кирои пули ваъда кардааш аз хад зиёд хурсанд мешавад… Сони лунчу пойхоямро махкам баста, аз кучо асп хам ёфта омаданду сари зин партофтанд…

Инак, имруза бузкаши ба ифтихори хатнатуи писари хамон Лутфулло-бойбача аст. Кию чуви ахли майдон чи човандозу чи тамошобин ба осмони хафтум баромад. Он соат, ки навбати маро чун мукофоти аз хад зиёд галати эълон карданд. Бузро ба миён партофтанд. Чанд лахза баъдтар он ба дасти човандози сию панч-чихил солаи сиёхандом, ки аспи даванд дошту болии зини аз чуби хаданг тарошида менишаст, афтод. Худ дидам, ки аз миёни даххо човандозхои дигар бо як чолоки гохе тоб хурдаву гохе хам шуда тарафи марра асп меронд. Вале дар як он чашми бад расид, магар, ки пои аспаш ба санг бархурду сари зону нишаста монд. Ин хангом аз дасти човандоз, ки каме гофил монда буд, бузро кашида гирифтанд. Човандоз таассуфомез бо тамоми кувва аз нав лачоми аспро суи худ кашид. Аспаш аз чой хест ва дар чои истодааш ду-се маротиб пой куфту бо ду пои акибаш рост шуда, сипас боз худро ба анбухи човандозон зад. Ва хамон мард нихоят пас аз кушиши бисёр ба муродаш расиду голиб баромад. Ва ман акнун ба  у тааллук доштам. Моли хакку халолаш будам. Марди човандоз савори аспаш назди кафас омад. Тег кашида ба ман дида духт…

Сохиби туй Лутфулло-бойбача суи мардум нимгохи партофт ва калимахоро чида-чида гуфт?

– Мукофоти оличаноб-а!

– Оре, – тасдик кард човандоз.

– Медони, киматаш чанд аст? – магрурона суол кард.

– Аз кучо?! Ман як дехконбачаи одди бошам. Аз хурди устухони баданам бо мехнати замин шах шудаги. Хунари човандози аз падарам мерос мондааст.

– Нархашро ки надони, чи тавр савдо мекунем? – хайратомез гуфт сохиби туй.

– Гам нахуред, хочати савдо хам нест.

– Чаро?!

– Пулатон намерасад?

– Чи?! – бойбача магар чунин густохиро интизор набуд, ки чонаш баромад.

– Бале, хатто тамоми бойгариатонро хам ба миён гузоред, ками мекунад.

– Чи харза мегуи? Голиб омадам! гуфта аклатро гум карди?

– Не, хушам дар чояш, хотирчамъ бошед, — бо тамкин чавоб дод човандоз.

– Сад миллион рубли накд медихам. Худи хозир! Гир. Гургро ба ман дех! Туву фарзандонат як умр аз пул танкиси намекашед.

– Гир, рози шав! – гуфт касе.

– Чон-чон гуй, э гаранги худо, — муйсафеде ба дахонаш нос андохта талкин намуд.

– Пулро гир, хой хафтафахм, гургро бар сарат мезани? – боз як маслихат шунид човандоз.

Вай лахзае ба симои одамони тамошобину хангомачу нигаристу табассум кард. Харфе нагуфт. Мардум карори уро мунтазир меистоданд.

– Хохиш мекунам, ки, – таваккуф кард човандозу ба замин чашм духт, – милтики думила ва корди кассоби биёред.

Дархости голиби мусобика фавран ичро гардид. Аз милтик буи борут, аз корд буи хун меомад. Ин харду буи шиносро ман зуд пай бурдам. Аз дар дохили кафас давр задан бозистодам ва сарбаландона ба руи човандоз нигаристам. Нафасам сард шуду ба дарун афтод. Авлоду хамгалахои худро пеши назар овардам. Медонистам, ки онхо чор чашм ба рохи бозгашти мананд. Вале гумон кардам, ки марди човандоз маро аз пешониям мепарронаду баъд пуст меканад. Аз дасти у, инсон дигар чи кор хам меомад. Аз алам дандонхоямро шакаррос занондам. Аз чашмонаш оташ мерехт…

– Пулро гир! Хой девона! Маро, илтимос, шарманда накун! Саду бист миллион!!! Мефахми саду бист миллион!

Сохиби нави ман хомушона бо ишораи «не» калла чунбонд. Ва корду милтик дар даст назди дар омад, кулфашро кушоду кафасро боз гузошт. Ман нафахмидам, ки ин чи маъни дорад. Берун шавам ё на. Андак саргум задам. Сипас, охиста-охиста кадам монда аз кафас рахои ёфтам. Ана, хамин хозир пас садои тир баланд мешавад, хаёл доштам ман. Хакикатан гулдурроси он хомушии томи фазои сахроро халалдор бинмуд. Аз мо хеле онсутар галаи зогони сиёх рамиданду канот афшонда боло париданд. Лекин хис намудам, ки ягон нуктаи баданам сузиш намекунад. Ба чехраи марди човандоз нигох духтам. У механдид, аз тахи дил ках-кахзанон фарахманду пурифтихор механдид. Мили силохашро суи осмони абролуди кабуд нигаронда бори дуввум парронд. Тавба! Боварам намеомад. Тасаввуроти маро шикастан осон набуд. Ба худ гуфтам: чи муъчиза! Аммо чи гуям, ки хамааш дар бедориву хушёри чараён гирифт. Намедонам, аз дарки кирдори хайраш очизам, хамчунон, бехабарам, аз он ки дар каъри вучуд – сиришти човандоз  чи гардише, чи талотуме, чи асрору маъние, чи гулгула, чи эхсосоти начиб ба хам биомехтанд, чи розхои нахуфтааш ба руй заданд, вале анику равшан дидам, ки дар умки чашмонаш табиати озодипарварии у аксандоз буд. Мардуми тамошогох саргарми валвалаю тааччуб чи гапхое намегуфтанд. Аммо бехуда, бахри ману марди човандоз акидаи онхо ахамият надошт. Мо хатто овози онхоро намешунидем.

Сохиби туй, чун тарбуз аз багалаш афтода буд, мисли гурбаи бо об галтида аз кахру газаб, алам ларзида бар руи замин туф карду чадалкунон аз мо дур шуд. Марди човандоз танхову бовикор ва осудахотир мобайни майдон рост меистод. Маро бошад, дашти васею хилватободи нопайдоканор, ки пур аз хавои озод аст, ба огуши гарми худ гирифт. Ман бидуни хавфу хатар метохтаму гох-гох истода, ба акиб, чониби марди човандоз нигохи пурмехру миннатпазир меафкандам…

* * *

Хангоме, ки човандози голиб бо назди тамошогарон омаду кулохи танкиро аз сараш бадар овард, одамон акнун Камолро шинохтанд. Вай побанди кадом хаёле сархам, аммо каноатманд чониби хаймае рафт, то тагйири либос кунад.

Гулбаргу Нисо назди мошин уро бо табассум истикбол гирифтанд.

– Раис, галаба муборак! – гуфт Гулбарг.

– Ташаккур! Баъд ба хотирам расид, ки ронандаро огох накардам. Маро бубахшед, шиками калон, ки надорам…

– Хеч боке нест. Аз дусар рузе пай мебурдам. Гуед, ки чаро гургро рахо кардед?

Ин лахза хама ба мошин нишастанд.

– Рости гап, одами кинапарварро бад мебинам. Вале мавридашро ёфтаму адаби сохиби туйро, ки як махлуки аз таги дор гурехтаги аст, додам.

– Ба чи хотир? Чи гунохе дошт?

– Хочати кохи кухнаро бод додан нест. Хуллас, як давр маъюбии пои падарамро назди мардум сахт таъна зада будааст. Он киссаро хам аз падарам неву аз дигарон шунида будам… Хурду калон медонанд, ки пулаш бисёр аст, ончунон бисёр, ки хатто саг буй намекунад. Вале дах баробар зиёд пешниход мекард хам, аз гапам намегаштам. На хама чиз фурухтаву харида мешаванд дар ин олам. Бигузор донад, на хама чиз…

* * *

Ба мазори Хочаи бузургвор расиданду вокеан хам, чунон ки аз дур менамуд, мавзеии сердолу дарахт, сарсабзу хуррамро диданд, харчанд, ки он дар камари кух чойгир буд. Ва дигар на дар куллаву на дар сари шонаву домани каторкухе, ки фарсаххо тул мекашиду чой-чой кабуд ё сурхт, баъзе кирраву порахояш сиёх метофтанд, хатто бутта ё нихоле ба чашм намерасид. Худованду табиат мехру лутфи хешро дарег надошта шаршараеро хам ато бинмудаанд. Ин аз шав-шуви оби он анику маълум буд…

Ва доирабадаст, аз зарбхояш аён, ки чолоку мохир буд, найнавоз бо садои пурдарду ошиконаи худ сабзахои гирду атрофро ба ракс медаровард. Гижжакнавоз нагмаи шух, чаззоб ва дилошуб дошт…

– Моро ба кучо овардед? – пурсид Нисо.

– Сайри кух ачаб шуглу мазаи обу хавояш нотакрор аст. Яке дилам рафту хостам, ки ид барпо кунем.

– Ид? – хайрон шуд Гулбарг. – Ба чи муносибат?

– Аз бекори, – табассум кард Камол.

– Боз мегуянд, ки раисхо ба сархори хам вакт надоранд, – лукма партофат хазломез Нисо.

Онхо зина ба зина боло баромаданд, сахни хавли, руи катхо, айвончахо пур аз толибилмони синфхои болоии мактаб буд. Ва муаллимон, ки аз одамани Камолу мехмонхояш нихоят шод буданд, ба истикболашон бархостанд.

Сухбат озод, бо хандаву шухи, латифаю кадахбардори торафт метафсид. Пирони гирди дастархон изхори ифтихорманди мекарданд, ки падари Камолро мешинохтанду худи раис шогирдашон буд.

Хангоме, ки мудир сухан гуфт, Гулбарг огохи ёфт, ки саёхати кух, халлу фасли нону намак, дигар ташвишу тараддудаш хама аз чониби худи Камол сар зада будааст ва бори аввал нест, ки ба тааччубу андеша меафтад.

Камолу хамрохонаш ба хотири андак кадам задан ва тамошои куху чанори гори мазори Хоча аз сари миз хестанд. Хохишмандонро даъват намуданд. Вале аз руи истихола касе дасгири накард. Танхо хотиррасон карданд, ки соате баъдтар шурбо хам мепазаду оши палав хам дам мехурад…

Ру – руи пайрохае, ки номаълум аст, кайхо кадамхои одамон кушодаву накш бастаанд ва он чун морраха печутоб хурда боло мебаромад, харсе сари кулла расиданд. Води, ки аз тарафи рост пахн гашта буд, чун дар кафи даст ба назар мерасид. Осмон кабуд, наздиктар метофт.

Камолу Гулбаргу Нисо кутох—кутох нафас мегирифтанд.

– Хаста шудетон?—узромез пурсид Камол.

– Не, – гуфт Нисо. – Шумо пештар мерафтед, мо хам хомушона аз акибатон кашола шудем.

Гулбарг аз акиб суи ноаён андешаманд ва аз худ ба хадде каноатманд менигарист. Аз вачохаташ ба кур хам аён буд, ки у аз ин сайр шод аст, завк мебарад. Лахзае ахамият дод, ки садои доираро ба зур мешунаванд, яъне хеле баланд рафтаанд.

– Раис, бигуед, ба чи хотир ин микдор мактаббачахоро ба тамошои мазор овардед, масрафи зиёдро  раво донистед?

– Аввалан, мо чамъияти саххоми аз инхо карздорем. Зеро онхо набераю абераи он одамонеанд, ки устухонашон аз хурдсоли дар кори собик колхоз шах шудаги. Ва нихоят дар давраи бачагиям мо гохе бо велосипед, гохо савори мошинхои тасодуфи ба тамошои куххои мазор меомадем. Гуруснаву ташна кисми зиёди рохро пиёда тай менамудем. Алам мекард, сахт алам мекард…

– Шуморо гуш мекунам, суханатонро ба риштаи андешаву тахлил мекашам, бо вучуди ин намефахмам, – пурсид Гулбарг.

– Аз овони бачаги медонам, ки – гуфт Камол, – дар ин мавзеъ мавсими бахор бойчечаку лолаи зиёде месабзад. Омада мечидем. Бо эхтиёт когаз печондаву аз даст нагузошта мебурдем, то ки мабодо тана ё барги нозукаш нашиканад. Сони хона расидан замон ба истакон оби сард рехта, бойчечак ё лолахоро алохида-алохида даруни он мегузоштем. Метарсидем, ки мабодо пажмурда шаванд. Ва бегохихо бачахои махалла бойчечак дар даст хона ба хона мегаштем.

Тарона хам мехондем. Баъзе сатрхои пароканда то хол дар хотирам хаст…

Увориё увори,

Майдони Тура чувори,

Бойчечак, бойчечак…

Таги остона кайроки сиёх,

Ман наметарсам аз гурги сиёх,

Бойчечак, бойчечак…

Яке аз мо халтабардор – одами масъултарин хисоб меёфт. Пиразану муйсафедхо зери пешайвон баромада бойчечакро чун тутиё ба чашму абру мемолиданд, шукр мегуфтанд, орзу мекарданд, ки парвардигор боз то бахори дигар расонад. Он вакт мо бачахои соддаву нодон ба маънои ин таомули бобоён ахамият намедодем, чукур сарфахм низ намерафтем. Бетокат мешудем, ки сохиби хавли чи медода бошад – нимта нон, чор-панч дона канд ё понздах-бист тин пул. Маззаи нони хар хонадон ба таври худ ширин буд…

Ба Нисо, ки дар шахр таваллуд шудаву ба воя расидааст, хотирахои Камол гохе мароковар тобанд, гохо дилбазан менамуданд. Холо уро дигар чиз бекарор медошт. Хангоме, ки Камол хулоса кард, Нисо гуфт:

– Ин хамааш басо ачоиб, вале мушкили ман дар он аст, ки чи тавр поён мефароям. Ба боло нигарам, сар чарх мезанад, ба зер нигарам, дил шуввас мекунад.

– Мушохидаи нихоят бамаврид, – тасдик намуд хандида Гулбарг – вале, ин андешаро бояд ки кабл аз кухбарои мекардем.

– Хеч чои вохима нест, – тасалли дод Камол, – Бешитоб, охиста-охиста мефароем. Кух давиданро не, вазниниро мепарастад. Кани рафтем…

Ва худаш пеш гузашт.

Онхо бо пайрахаи дигар поён фаромаданд. Рафта-рафта он ба лаби чашма – кариби чанори мукаддас, ки Хочаи бузургвор шинонданд ва гори мазор мебурд. Камол инро медонист. Кадом инсони савобчую хайрхох лаби чашма обдастае гузоштааст. Зохиран, хамин хел одат будааст дар ин мазор.

Камол аз оби чашма онро пур карда бахри Нисо рехт. У дасту ру шуст. Сипас навбати Гулбарг расид.

– Айбу гунох аст, агар шумо об резед, – гуфт вай.

– Ба мехмон хизмат кардан айб нест. Гунох бошад хам, бар сари ман…

Гулбарг дигар харфе назаду ангуштвораи тиллояшро баровард, «бемалол бошад нигох доред» гуён дароз кард. Камол руи каф гирифт. Сард буд ангуштвора, вале Камол пурхарорат пиндошт.

Гулбарг аввал то оринч дастонашро шуст. Сипас, рую бини, гуш ва гарданашро. Камол чашм пушид ва эхсос бинмуд, ки бори нахуст бо шавку завк бо хохиши том ба муйхои шабгуну мавч-мавч, дарозу яккабофтаи Гулбарг менигарад. Харисона толиби буиданаш аст…

Аммо зуд аз парвоз боз истоду ба замин фаромад. Зимнан, дигар маврид ва Гулбарг неву зани дигар мебуд, тавба намегуфт. Аммо аз чи бошад, ки ин калимаро ба забон овард. Чунки зери лаб худро мазаммат кард, ба атроф нигарист ва онсутар чанори мукаддасро дид. Диду боз занаш ба хотираш расид…

Онхо хамрохи дустону дугонахо пас аз маросими акди никох назди модари Камол омаданд. Модар, ки аз дарду хасрати нихонии чигарбандаш огохи дошт, харчанд медонист, ки аз ин аруси, ба кавле, дили писараш ба чояш намеафтад, дуои бахту икболи накуву сафед дод. Ва гуфт:

– Писарам, акнун хохиши маро ба чо овар. Хамрохи арусу дустонат. Гумон мекунам, касе хайрон намешавад.

* * *

Гулбарг баногох фахмид, ки хастияш такопу дорад, то олами танхоиву худро бикушад ва аз банд рахои ёбад… Бигузор интизору умедвор монад. Ин дардро худованди аззаю чалла насиби хар кас намегардонад. Хар кисматро дидание, фарчоме. Лачоми савобу гунох ба дасти худи одам аст. Одам субх аз хона берун меравад, бо сад хаёлу, саволу чавобу гирдугоре. Хамеша умедвор аст, ки хангоми шом руи остонаи кулбааш кадам менихад..

Хар дилро орзую омоле. Хар киссаро анчоме. Хар ибтидоро интихе. Хар дуоро нуктае.

шахри Душанбе,

солхои 1992-1996 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …