Главная / Чамъият / Сархади давлатии Чумхурии Точикистон

Сархади давлатии Чумхурии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Дар бораи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1997, №15-16, мод. 254; № 23-24, мод. 333; соли  2001, № 4, мод. 197, 203; соли 2002 № 4, к.1, мод. 200; соли 2005, № 7, мод. 403; соли 2006, №11, мод. 470; соли 2008, №10, мод.801; соли 2009, № 3, мод. 94) 

Мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон каламрави Чумхурии Точикистон таксимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

Конун мазкур асосхои хукукии мукаррар намудани Сархади давлати, хати гузариш ва химояи он, инчунин ваколатхои макомоти давлати, макомоти худидоракунии махалли, Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар Кушунхо ва сохторхои харбиро дар сохаи химояи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон муайян менамояд. (КЧТ аз 26.03.09, №501)

sarhadi-davlatii-jt

БОБИ 1

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Сархади давлатии Чумхурии Точикистон

Сархади давлатии Чумхурии Точикистон (минбаъд – Сархади давлати) – хат ва сатхи амудии аз ин хат гузарандааст, ки худуди каламрави давлатии (хушки, обхо, каъри замин ва фазои хавоии) Чумхурии Точикистон, яъне хадди фазоии амали сохибихтиёрии давлатии Чумхурии Точикистонро муайян менамояд.

Сархади давлати бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад. (КЧТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи. 2. Сиёсати сархадии Чумхурии Точикистон

Сиёсати сархади чузъи сиёсати давлатии дохили ва хоричии Чумхурии Точикистон мебошад, ки онро Президенти Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Сиёсати сархади бо назардошти принсипхои байналмилалии эхтироми сохибихтиёри, тамомияти арзи ва дахлнопазирии сархадхои давлати ташаккул ёфта, ба он асос меёбад, ки Чумхурии Точикистон:

сархади давлатиро хамчун хати муайянкунандаи худуди фазоии каламрави (хушки, обхо, каъри замин, фазои хавоии) аз чихати хукуки таквиятгардидае, ки дар он Чумхурии Точикистон аз сохибихтиёрии комил ва тамоми хукукхо бархурдор мебошад, арзёби менамояд;

дар асоси ворисияти хукукии эълонгардида нисбати собик СССР, хати Сархади давлатии худро, ки дар рузи эътибор пайдо карани хамин Конун санадхои амалкунандаи байналмилали, аз чумла санадхои оид ба таксимоти маъмурию худудии Чумхурии Точикистон ва дигар давлатхо – собик чумхурихои Иттифоки РСС мукаррар намудаанд, тасдик мекунад;

хангоми мукаррар намудан ва тагйир додани хати Сархади давлати, мукаррар ва ба рох мондани муносибатхои хукукии Чумхурии Точикистон бо давлатхои хамсоя дар сархад, танзими муносибатхои хукуки дар нохияхои наздисархадии Точикистон ва дар роххои алокаи байналмилали дар каламрави Точикистон, тадбирхои мутобик ба максадхои таъмини амнияти Чумхурии Точикистон ва амнияти байналмилали, манфиатхои хамкории мутакобилан судманди хамачониба бо давлатхои хамсоя, принсипхои халлу фасли осоиштаи бидуни зури масъалахои сархадиро анчом медихад;

дар холатхои пешбининамудаи санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, мукарраркунии низомии Сархади давлати ва фаъолияти оид ба химоя ва мухофизати онро бо давлатхо – иштирокчиёни Иттиходи Давлатхои Мустакил хамоханг месозад.

 

Моддаи 3. Химоя ва мухофизати Сархади давлати

Химояи Сархади давлати хамчун чузъи системаи таъмини амнияти Чумхурии Точикистон ва татбики сиёсати давлатии сархадии Чумхурии Точикистон аз фаъолияти мувофикашудаи макомоти хокимияти давлати ва худидоракунии махалли, ки онхо дар доираи ваколатхои худ бо рохи андешидани тадбирхои сиёси, ташкилию хукуки, дипломати, иктисоди, мудофиави, сархади, разведкави, зиддиразведкави, оперативи-чустучуи, гумруки, хифзи табиат, санитарию эпидемиологи, экологи ва дигар тадбирхо ба рох мемонанд, иборат мебошад. Дар ин фаъолият мувофики тартиби мукарраргардида корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон иштирок менамоянд.

Тадбирхои оид ба химояи Сархади давлати мутобики статуси Сархади давлати, ки санадхои  хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон ва конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамоянд, андешида мешаванд.

Чумхурии Точикистон бо давлатхои хоричи дар сохаи химояи Сархади давлати дар асоси принсипхои эътирофнамудаи умум ва меъёрхои хукуки байналмилали, ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон хамкори менамояд.

Химояи Сархади давлати манфиатхои хаётан мухими шахсият, чамъият ва давлатро дар Сархади давлати дар доираи каламрави наздисархади (минтакаи сархади, кисми точикистонии дарёхо, кулхо ва обанборхои дигари сархади, гузаргоххои Сархади давлати, инчунин каламрави нохия ва шахрхои маъмурии назди Сархади давлати, минтакаи сархади, сохилхои дарё, кулхо ва дигар обанборхо) таъмин менамояд ва аз чониби тамоми макомоти хокимияти ичроияи мутобики ваколатхои онхо, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, сурат мегирад.

Мухофизати Сархади давлати, кисми таркибии химояи Сархади давлати буда, дар доираи каламрави наздисархади дар хушки, дарёхо, кулхо ва дигар обанборхо аз чониби Кушунхои сархади, дар фазои хаво бошад – аз чониби Куввахои харбии хавои ва мудофиаи зиддихавоии Куввахои  Мусаллахи Чумхурии  Точикистон  анчом дода мешавад.

Мухофизати Сархади давлати бо максади рох надодан ба гайриконунй тагйир додани хати Сархади давлати, таъмини риоя гардидани низоми Сархади давлати, низоми сархади ва низом дар гузаргоххои Сархади давлати аз чониби ашхоси вокеи ва юридики анчом дода мешавад. Тадбирхои мухофизати Сархади давлати дар хамин Конун хамчун тадбирхои сархади арзёби мегарданд.

Тадбирхои сархади ба системаи тадбирхои амният, ки дар доираи сиёсати ягонаи давлатии таъмини амният андешида шуда, ба тахдид ба манфиатхои хаётан мухими шахсият, чамъият ва давлат мутобик мешаванд, дохил мегарданд.

 

Моддаи 4. Конунгузори дар бораи Сархади давлати Чумхурии Точикистон

Конунгузори дар бораи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз  Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, санадхои хукукии байналмилилие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2

МУКАРРАР НАМУДАН ВА ТАГЙИР ДОДАНИ САРХАДИ ДАВЛАТИ ВА АЛОМАТГУЗОРИИ ОН

 

Моддаи 5. Мукаррар намудан ва тагйир додани Сархади давлати

Хати Сархади давлати бо санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, мукаррар карда мешавад.

Аснод дар бораи тагйир додан ва аник кардани хати Сархади давлати дар махал, ки ба тарики тафтиши Сархади давлати дар асоси ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон гузаронида шудаанд мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар амал чори карда мешаванд.

Хати Сархади давлати, агар дар ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, чунин мукаррар карда мешавад:

а) дар хушки – аз руи нуктахои махсус, хатхои релеф ё нишонахои доимии аник дидашаванда;

б) дар дарёхои киштигард – аз миёнаи маъбари асоси ё талвеги дарё, дар дарёхои гайрикиштигард ва дарёчахо – аз миёни онхо ё аз миёнаи шохоби асосии дарё; дар кулхо ва дигар обанборхо – аз хати баробар, миёна, рост ё хати дигаре, ки баромадгохи Сархади давлатиро бо кулхо ё дигар обанборхо мепайвандад.

Сархади давлатие, ки аз дарё, дарёча, кул ё дигар обанборхо мегузарад, чи хангоми тагйирёбии суроби сохилхои онхо ё сатхи об ва чи хангоми ба ин ё он тараф майл кардани мачрои дарё ва дарёча тагйир намеёбад;

в) дар обанбори гидроузелхо ва дигар обанборхои сунъи – мутобики хати Сархади давлати, ки то зери об мондани он мегузашт;

г) дар кулхою сарбандхо ва иншооти дигар, ки аз болои дарё, дарёча, кул ва дигар обанборхо мегузаранд, – аз миёнаи ин иншооот ё мувофики мехвари технологии онхо, сарфи назар аз гузаштани Сархади давлати аз об.

 

Моддаи 6. Аломатгузории Сархади давлати

Сархади давлати дар махал бо аломатхои аник дидашавандаи, сархади ифода карда мешавад.

Шакл, андозахо, тасвир ва тартиби гузоштани аломатхои сархади бо ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 3

НИЗОМИ САРХАДИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 7. Нигахдори ва мукаррар намудани низоми Сархади давлати

Низоми Сархади давлати мутобики хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, мукаррар карда мешавад ва коидахои зеринро дар бар мегирад:

нигахдории Сархади давлати;

аз Сархади давлати гузаштани ашхос ва воситахои наклиёт;

ба воситаи Сархади давлати интикол додани борхо, молхо ва хайвонот;

аз Сархади давлати гузарондани ашхос, воситахои наклиёт, борхо, молхо ва хайвонот;

пешбурди фаъолияти хочагидори, шикор ва дигар фаъолият дар Сархади давлати ё дар наздикии он дар каламрави Чумхурии Точикистон;

якчоя бо давлатхои хоричи халлу фасл кардани ходисахое, ки бо вайрон намудани коидахои мазкур вобастаанд.

Бо назардошти манфиатхои муштараки Чумхурии Точикистон ва давлатхои хамхудуд мукаррар макардани баъзе коидахои низоми Сархади давлати мумкин аст ва имкон дорад, ки хусусиятхои коидахои мукарраршаванда соддатар карда шавад.

 

Моддаи 8. Нигахдории Сархади давлати

Бо коидахои нигахдории Сархади давлати тартиби гузоштан, хифз ва дар холати дуруст нигох доштани аломатхои сархади ва муоинаи санчиши онхо; чихозонидан ва нигох доштани пайрохахои сархади, якчоя бо давлатхои хамхудуд тафтиш кардани хати гузариши Сархади давлати дар махал танзим карда мешавад.

Хуччатхои тафтиши якчоя гузариши Сархади давлати, ки тагйирдихии онро дар бар намегиранд, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

Бо максади ба таври зарури нигох доштани Сархади давлати аз чониби Кушунхои сархадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон (минбаъд – Кушунхои сархади) бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон минтакаи замине, ки бевосита кад-кади Сархади давлати дар хушки ё кад-кади сохилхои кисми точикистонии обхои дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои сархади мегузарад, мутобики меъёрхои мукарраршуда ба истифодаи бемухлат (доими) дода мешавад.

 

Моддаи 9. Аз Сархади давлати гузаштани ашхос ва воситахои наклиёт

Аз Сархади давлати дар хушки гузаштани ашхос ва воситахои наклиёт ба воситаи роххои охан  ва мошингарди байналмилали ё ба воситаи дигар чойхое, ки бо ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон ё карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд, сурат мегирад. Бо хамин аснод вакти убур аз Сархади давлати муайян шуда метавонад, тартиби харакат аз Сархади давлати  то нуктахои гузаргохи Сархади давлати ва баръакс мукаррар карда мешавад; дар айни замон фаровардани одамон, молхо, борхо, хайвонот ва ба воситахои наклиёт шинондан ё бор кардани онхо мумкин нест.

Нуктахои гузаргохи Сархади давлати маънии каламраверо дар худуди вокзал, истгоххои рохи охан, автомобил, хамчунин бандари дарёи, майдони хавои, аэродроми барои алокахои байналмилали (парвозхои байналмилали) кушода, хамчунин чои дигари махсус чихозонидашуда, ки дар он чой назорати сархади, гумруки, дар мавриди зарурат дигар навъхои назорат бурда ва аз Сархади давлати ашхос, воситахои наклиёт, борхо, молхо ва хайвонот гузаронда мешавад, доранд.

Ба Кушунхои сархади хукук дода мешавад, ки бо мувофикаи хокимияти давлатхои хамхудуди Чумхурии Точикистон тартиби дигари аз Сархади давлати гузаштани хизматчиёни харбии ин Кушунхо ва дигар ашхосро хангоми ичрои вазифаи онхо оид ба мухофизати Сархади давлати истифода баранд.

Киштихои дарёии гайринизоми ва низоми Сархади давлатиро аз дарёхо, кулхо ва дигар обанборхо мутобики хамин Конун ва ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон убур мекунанд.

Киштирони дар дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои сархади бо убури Сархади давлати бе дохил шудан ба бандархои (рейдхои) Чумхурии Точикистон ва давлатхои хамхудуд тавассути ахдномахои Чумхурии Точикистон бо давлатхои хамхудуд танзим мегардад.

Ба киштихои гайринизоми хангоми харакат аз Сархади давлати то нуктахои гузаргохи Сархади давлати ва пас гаштан ба Сархади давлати ба киштихои низомии хоричи хангоми шинои осоишта дар кисми точикистонии дарёхо, кулхо ва обанборхои сархади бе ворид шудан ба бандархои (ба рейдхои) Чумхурии Точикистон (ба гайр аз холатхои пешбининамудаи хамин Конун) инхо манъ кард мешаванд:

а) даромадан ба бандархои (ба рейдхои) Чумхурии Точикистон, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон барои алокахои байналмилали ва даромадани киштихои хоричи кушода нашудаанд;

б) баромадан аз бандархое (аз рейдхое), ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон барои алокахои байналмилали кушода нашудаанд;

в) даромадан ба минтакахое, ки шино дар онхо манъ аст ва дар ин бобат барои маълумоти хама хабар дода шудааст;

г) таваккуф кардан, фаровардани (шинондани) одамон, холи (бор) кардани борхо, молхо ва хайвонот дар чойхое, ки барои чунин корхо мукаррар нашудаанд ё дар чойхое, ки мукаррар шудаанд, аммо барои анчоми чунин корхо ичозати дахлдор мавчуд набошад, ба об сар додани воситахои шинокунанда, ба хаво сар додани тачхизоти парвозкунанда ва ба борт гирифтани онхо, шикор кардан, анчом додани фаъолияти тахкикоти ва дигар фаъолият;

д) дигар амалхое, ки тавассути конунгузории Чумхурии Точикистон ва ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон манъ карда шудаанд.

Киштихои хоричии гайринизоми ва низоми хангоми шино кардан ва карор доштан дар кисми точикистонии дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои сархади вазифадоранд, ки коидахои алокаи радиои, киштирони, бандари, гумруки, санитарию карантини ва дигар коидахоеро, ки конунгузори ва ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар кардаанд, риоя намоянд.

Хавопаймохо Сархади давлатиро аз хати махсус чудокардашудаи парвоз бо риояи коидахое, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мегарданд ва маълумоти аэронавигатсионие, ки дар аснод нашр мешаванд, убур мекунанд. Убури Сархади давлати берун аз хатхои хавоии чудокардашуда, гайр аз холатхое, ки дар кисми ёздахуми хамин модда зикр шудаанд, танхо бо ичозати Хукумати Чумхурии Точикистон мумкин аст.

Барои хавопаймохо хангоми парвоз аз Сархади давлати нуктахои гузаргохи Сархади давлати ва баръакс, хамчунин хангоми парвози транзити ба воситаи фазои хавоии Чумхурии Точикистон (ба гайр аз холатхои пешбининамудаи хамин Конун) инхо манъ карда мешаванд;

а) нишастан дар майдонхои хавои ва аэродромхои Чумхурии Точикистон, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон барои парвозхои байналмилали кушода нашудаанд;

б) парвоз аз майдонхои хавои ва аэродромхои Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон барои парвозхои байналмилалии кушода нашудаанд. Дар холатхои чудогона хангоми ичрои парвозхои махсуси байналмилали парвози хавопаймохо аз Чумхурии Точикистон, хамчунин баъди парвоз ба Чумхурии Точикистон дар майдони хавои ва аэродромхои барои парвозхои байналмилали кушодабуда нишастани онхо танхо бо ичозати Корхонаи вохиди давлатии хавопаймоии «Точик Эйр»-и Чумхурии Точикистон ва Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, ки бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон мувофика кунонида шудааст, сурат гирифта метавонад;

в) парвоз карда даромадан ба минтакахои барои парвоз манъшуда, ки дар бораи онхо барои маълумоти умум хабар дода шудааст;

г) дигар амалхое, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон манъ карда шудаанд.

Ба манфиати таъмини амнияти Чумхурии Точикистон, хамчунин бо хохиши давлатхои хоричи бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон  убури  Сархади давлати аз китъахои чудогонаи он муваккатан махдуд ё катъ шуда метавонад ва дар ин бобат хокимияти давлатхои манфиатдор огохонида мешаванд.

Хангоми руй додани холатхои фавкулодда, ки дар натичаи садамахои бузург, фалокат ё офатхои табии ба миён омадаанд, чузъу томхои (нерухои) рафъи садамаю начотдихи, рафъи садамаю баркароркуни барои пешгирии чунин холатхо бо тартибе, ки ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамоянд, аз Сархади давлати убур мекунанд.

Ноилоч аз Сархади давлати гузаштани ашхос, воситахои наклиёт ва воситаи хушки, даромадани киштихои дарёии хоричии чи гайринизоми ва чи низоми ба кисми точикистонии оби дарёхо, кулхо ва дигар обанборхо, мачбуран ба фазои хавоии Чумхурии Точикистон парвоз карда даромадани хавопаймохо, ки дар натичаи холатхои фавкулодда: фалокат, садама, офати табии, ки ба бехатарии киштихо тахдид менамояд, кашидани киштихои вайроншуда, расонидани одамони начотдода шуда, расонидани ёрии таъчилии тибби ба аъзои экипаж ва мусофирон, хамчунин бо дигар сабабхои ноилоч руй додаанд, вайрон кардани коидахои убури Сархади давлати намебошанд.

Капитани кишти, командири киштии харбии дарёи, командири хавопаймо дар холати убури ноилочи Сархади давлати ё ноилоч вайрон намудани тартиби карор доштан дар обхо ва фазои хавоии Чумхурии Точикистон, ки бо хамин Конун муайян карда шудааст, вазифадор аст, ки дар ин бобат ба маъмурияти бандари наздиктарини дарёии Точикистон, майдони хавои, аэродром бетаъхир хабар дихад ва минбаъд мувофики дастурхои онхо ё дастурхои капитани киштии дарёи ва хавопаймои Чумхурии Точикистон, ки барои ёри ё муайян кардани сабабхои ходисаи руйдода омадааст, амал намояд.

 

Моддаи 10. Аз Сархади давлати гузаронидани борхо, молхо ва хайвонот

Аз Сархади давлати гузаронидани борхо, молхо ва хайвонот дар чойхо ва бо тартиби мукаррарнамудаи ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон, конунгузории Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

 

Моддаи 11. Гузаронидани ашхос, воситахои наклиёт, борхо, молхо ва хайвонот аз Сархади давлати

Гузарондани ашхос, воситахои наклиёт, борхо, молхо ва хайвонот аз Сархади давлати ба воситаи нуктахои мукарраршудаи гузариш аз Сархади давлати сурат мегирад ва аз эътирофи конуни будани убури Сархади давлати аз чониби ашхос ва воситахои наклиёти ба каламрави Чумхурии Точикистон воридшуда, аз Сархади давлатии Чумхурии Точикистон гузаронидани борхо, молхо ва хайвонот ба каламрави Чумхурии Точикистон ё ичозати убури Сархади давлатии Чумхурии Точикистон аз тарафи ашхос ва воситахои наклиётие, ки аз худуди Чумхурии Точикистон хорич мешаванд, аз Сархади давлати гузаронида, берун аз худуди Чумхурии Точикистон бурдани борхо, молхо ва хайвонот иборат аст.

Мавчуд будани асноди хакикие, ки хукуки ворид шудани ашхосро ба Чумхурии Точикистон ё хорич шудани онхоро аз Чумхурии Точикистон медиханд, аснод барои воситахои наклиёт, борхо, молхо ва хайвонот чихати ба воситаи Сархади давлати ичозат додани убури ашхос, воситахои наклиёт, борхо, молхо ва хайвонот асос мебошанд.

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба онхо барои ворид шудан ба Чумхурии Точикистон ичозат дода нашудааст, инчунин шахсоне, ки нисбати онхо мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба манъ намудани хоричшави аз Чумхурии Точикистон карор кабул гардидааст, аз Сархади давлати гузаронида намешаванд.

Тавассути санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, мумкин аст тартиби соддатари убури Сархади давлати аз чониби шахрвандони Чумхурии Точикистон ва давлати хамхудуд дар мавриди муайян намудани санадхое, ки ба хорич шудан аз Чумхурии Точикистон ва ворид шудан ба Чумхурии Точикистон хукук медиханд, мукаррар карда шавад. Нуктахои убури соддакардашуда бо тибки санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон мувофики пешниходоти вазоратхо ва идорахои манфиатдори Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд. Назорат ва ичозати гузаронидани борхо, асъор, арзишхо ва амволи дигаре, ки ба ашхоси бо тартиби соддакардашуда характкунанда тааллук доранд, берун аз чойхое, ки макомоти гумрук карор додан, аз чониби намояндагони Кушунхои сархади анчом дода мешавад.

Ичозат додан ба ашхос, воситахои наклиёт, борхо, молхо ва  хайвонот барои убури Сархади давлати аз назорати сархади (тафтиши санадхое, ки ба воридшави ба Чумхурии Точикистон ё хоричшави аз Чумхурии Точикистон хукук медиханд, муоинаи воситахои наклиёт бо максади ошкор намудани вайронкунандагони коидахои убури Сархади давлати) ва дар мавриди зарурат хамчунин назорати гумруки, санитари, карантини, ветеринари, фитосанитари ва дигар намудхои назорат, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд, иборат аст.

Мохият, воситахо ва усулхои назорат, тартиби истифодаи онхо дар асоси хамин Конун бо асноди меъёрии макомоти дахлдори хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон, ки бо Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон,  макомоти гумрук ва дар мавриди таъмини бехатарии хаёт ва саломатии одамон, хайвонот ва наботот – хамчунин бо Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон ва дигар макомоти манфиатдори хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон мувофика кунонида шудаанд, мукаррар карда мешаванд.

Убури Сархади давлати ба хавопаймохои Точикистон, ки аз майдонхои хавои, аэродромхои барои парвозхои байналмилали пушида параози махсуи байналмилалиро анчом медиханд, хамчунин хавоипаймохои хоричи ва Точикистон, ки дар чойхои мукаррарнашуда ноилоч, фуруд меоянд, аз чониби чузъу томхои дахлдори макомоти амният якчоя бо маъмурияти майдонхои хавои, аэродромхо ё фармондехии кисмхои авиатсионии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад ва баъдан дар ин бобат Кушунхои сархади ва дигар макомоти манфиатдори Чумхурии Точикистон хабардор карда мешаванд.

 

Моддаи 12. Ситонидани боч барои барасмиятдарории сархади (хорич карда шуд КЧТ аз 21.11.06 № 209)

 

Моддаи 13. Кушодани гузаргох дар Сархади давлати

Гузаргоххо дар Сархади давлати бо санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи вазорату идорахои Чумхурии Точикистон, ки бо Кушунхои сархади мувофика кунонида шудааст, бо назардошти манфиатхои давлатхои хамхудуд ташкил карда мешаванд.

Кушодани гузаргох дар Сархади давлати баъди сохтмон, тачхизонидан ва аз тарафи вазорат ва идораи манфиатдори Чумхурии Точикистон ба истифода кабул шудани бинохо, утокхо ва иншоотхо аз руи лоихахое, ки бо Кушунхои сархади, хамчуним макомоти гумрук ва дигар макомоти дар назорати гузаргохи Сархади давлати ширкаткунанда мувофика кунонида шудаанд, анчом дода мешавад. Хангоми тахияи ин лоихахо бояд биною иншоотхое, ки барои ташкили назорати сархади ва назорати дигар заруранд, пешбини карда шаванд. Сохтмон ва тачхизонидани иншооти мазкур аз хисоби маблагхои бучети давлатии Чумхурии Точикистон ва маблагхои вазорату идорахои манфиатдори Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

Корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликият, барои таъмини фаъолияти макомоти назорати сархади ва дигар навъи назорат, макомоти корхои дохили, чузъу томхои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, ки дар анчом додани назорати риояи низом дар гузаргоххои Сархади давлати иштирок менамоянд, дар холати зарури ба таври ройгон иморатхои хизмати, иншоот, тачхизоти заруриро диханд.

 

Моддаи 14. Анчом додани фаъолияти хочаги, шикор ва дигар фаъолият дар Сархади давлати

Фаъолияти хочаги, шикор ва фаъолияти дигари вобаста ба убури Сархади давлати ва ба тарики дигар ба манфиатхои Чумхурии Точикистон ё давлатхои хоричи дахолаткунанда, ки ашхоси юридики ва вокеии Точикистон ва хоричи, аз чумла якчоя, бевосита дар Сархади давлати ё дар наздикии он дар каламрави Чумхурии Точикистон анчом медиханд, набояд:

ба саломатии ахоли, бехатарии экологи ва гайраи Чумхурии Точикистон, давлатхои хоричии ба он хамхудуд зиён расонад ё дорои тахдиди расонидани чунин зиён бошад;

ба нигох доштани Сархади давлати халал расонад.

Фаъолияти дар кисми якуми хамин модда зикргардида мутобики ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон ё карордоди дигар бо давлатхои хоричи, бо риояи коидахои убури Сархади давлати ва огохонидани Кушунхои сархади аз чой, вакти убури Сархади давлати ва ичрои корхо, шумораи иштироккунандагон, киштихои шикори ва киштихои дигар воситахои наклиёт ва гайра, механизмхои истифодашаванда анчом дода мешавад.

 

 

Моддаи 141. Муваккатан катъ намудани робита тавассути Сархади давлати дар холати хатари пахншавии беморихои сирояткунанда

Дар холати хатари пахншавии беморихои сирояткунандаи махсусан хавфнок дар худуди Чумхурии Точикистон ё давлати хоричи гузаронидани шахсон, воситахои наклиёт, борхо, молхо ва хайвонот тавассути Сархади давлати дар минтакахои муайян мумкин аст бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон муваккатан махдуд ё катъ карда шавад, ё ин ки барои одамон, хайвонот, бор, тухми, маводи кучатшаванда ва дигар махсулоти растанипарвариву чорводорие, ки аз Сархади давлати мегузаранд ё интикол дода мешаванд, карантин мукаррар карда шавад. (КЧТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи 15. Халлу фасли мочарохои вобаста ба вайронкунии низоми Сархади давлати

Тартиби халлу фасли мочарохои вобаста ба вайронкунии низоми Сархади давлати, ба салохияти намояндагони сархадии Чумхурии Точикистон, Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон ё Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон мансуб донистани онхоро санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, хамин Конун, дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунанд.

Ашхос, хавопаймохо, киштихои дарёии низоми ва гайринизоми, дигар воситахои наклиётие, ки хангоми убури Сархади давлати бо коидахои хамин Конун мукарраршударо вайрон мекунанд, вайронкунандагони Сархади давлати дониста мешаванд.

Шахрвандони хоричи ва ашхоси бетабаияте, ки статуси ашхоси дар каламрави Чумхурии Точикистон сукунатдошта ё муваккатан истикоматдоштаро надоранд ва аз каламрави давлати хоричи Сархади давлатиро убур кардаанд, хангоми дар амалхои онхо мавчуд будани аломатхои чиноят ё конуншикании маъмури ба чавобгарии пешбининамудаи конунгузории чории Чумхурии Точикистон кашида мешаванд.

Дар холатхое, ки нисбати вайронкунандагони Сархади давлатии дар кисми сеюми хамин модда зикршуда огоз кардани парвандаи чинояти ё истехсолот оиди хукуквайронкунихои маъмури асос набошад ва онхо мутобики Конститутсияи Чумхурии Точикистон хукуки гирифдани паннохгохи сиёси надошта бошанд, Кушунхои сархади онхоро ба таври расми ба макомоти давлате, ки аз каламрави он Сархади давлатиро убур кардаанд, месупоранд. Агар супоридани вайронкунандагони сархад ба макомоти давлати хоричи дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, пешбини нашуда бошад, Кушунхои сархади онхоро аз худуди Чумхурии Точикистон аз чойхои муайяннамудаи Кушунхои сархади берун мекунанд. Дар бораи аз худуди Чумхурии Точикистон аз гузаргоххои Сархади давлати берун карда шудани шахрвандони хоричи ва ашхоси бетабаият макомоти давлате, ки ба (воситаи) каламрави он онхо берун карда мешаванд, агар ин дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, пешбини шуда бошад, огохонида мешаванд. Он вайронкунандагони Сархади давлати, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудаанду нисбати онхо карори берун кардан кабул шудааст, низ бо хамин тартиб аз худуди Чумхурии Точикистон берун карда мешаванд.

Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар давраи дар хорича буданашон хуччатхои ба воридшави ба Чумхурии Точикистон хукукдихандаи худро гум кардаанду ба гузаргохи Сархади давлати расидаанд, дар гузаргохи Сархади давлати то вакте ки макомоти салохиятдор шахсияти онхоро мукаррар менамоянд, нигох дошта мешаванд, вале на бештар аз 30 шабонаруз. Тартиб ва шароити дар гузаргоххои Сархади давлати будани онхо аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 16. Намояндагони сархадии Чумхурии Точикистон

Барои халли масъалахои риояи низоми Сархади давлати, танзими мочарохои сархади Хукумати Чумхурии Точикистон мутобики ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар минтакахои муайяни Сархади давлати намояндагони сархадии Чумхурии Точикистон (комиссархои сархади, ашхоси ваколатдор ва муовинони онхо)-ро таъмин мекунад.

Намояндагони сархади  фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон хамин Конун, дигар конунхои Чумхурии Точикистон, ахдномахои байналмилалии Чумкурии Точикистон, Низомномаи намояндагони сархадии Чумхурии Точикистонро, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд, амали менамоянд.

Намояндагони сархадии Чумхурии Точикистон барои ичрои вазифахои хизмати метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, доир ба масъалахои низоми Сархади давлати, Сархади давлатиро убур намоянд. (КЧТ аз 26.03.09, №501)

Мочарохои сархадии вобаста бо амали хавопаймохои харби ва киштихои харбии дарёии Точикистон ё давлати хоричи, дигар объектхои харби ё хизматчиёни харби (ба истиснои объектхо ё хизматчиёи харбии Кушунхои сархади, дар сурати дахл надоштан ба манфиатхо пешгири намудани фаъолияти хатарноки харби) аз чониби намояндагони Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон – бо ширкати намояндагони сархадии Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.

Масъалахо ва мочарохое, ки аз чониби намояндагони сархадии Чумхурии Точикистон ё намояндагони Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон танзим нагардидаанд, бо роххои дипломати халлу фасл карда мешаванд.

 

БОБИ 4

Низоми сархади

 

Моддаи 17. Минтакаи сархади ва хатти сархад

Бо максади таъмини шароити зарури дар Сархади давлати барои хифзи он бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон минтакаи сархади ва хатти сархад мукаррар карда мешаванд.

Минтакаи сархади, чун коида, дар худуди каламрави шахр, нохия, шахрак ва дехае, ки аз хати Сархади давлати дар масофаи то 25 километр карор дорад, мукаррар карда мешавад. Ба таркиби минтакаи сархади, дар чое, ки он мукаррар карда мешавад, хамчунин обхои дохилии Чумхурии Точикистон, кисми точикистонии обхои дарёхо, кулхо ва дигар обанборхо ва чазирахои дар он обхо чойгиршуда дохил карда мешаванд.

Хатти сархади кисми таркибии минтакаи сархади мебошад ва бевосита кад-кади Сархади давлати дар китъахои хушкии он ё кад-кади сохилхои дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои сархади дар хати арзаш то ду километр мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 18. Мохияти низоми сархади ва мукаррар намудани он

Низоми сархади аз коидахои зерин иборат аст:

дохил шудан (гузаштан), будубоши муваккати, харакати ашхос ва воситахои наклиёт дар минтакаи сархади;

бурдани фаъолияти хочагидори, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабинихои оммавии чамъиятию сиёси, фарханги ва дигар чорабинихо дар минтакаи сархади;

         – бахисобгири, нигохдори ва истифодаи киштихои хурдандоза; (КЧТ аз 26.03.09, №501)

шикор кардан, машгул шудан бо фаъолияти тахкикоти, чустучуи ва фаъолияти дигар дар кисми точикистонии оби дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои сархади.

Мукаррар намудани дигар коидахои низоми сархади мумкин мест. Хама гуна махдудсозии хукук ва озодихои шахрвандон танхо дар асос ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунхои Чумхурии Точикистон мумкин аст.

Дар даромадгоххои минтакаи сархади ва хати сархад аломатхои сархади гузошта мешаванд.

Бо назардошти хусусияти муносибатхои Чумхурии Точикистон бо давлати хамхудуд дар китъахои алохидаи Сархади давлати мукаррар накардани хати сархад мумкин аст.

Муайянкунии худуди минтакаи сархади ва хати сархад гузоштани аломатхои огохкунанда бо мувофикаи макомоти хокимияти ичроияи махалли аз чониби Кушунхои сархади анчом дода мешавад.

Мохияти мушаххас, худуди фазои ва замонии амали бо хамин Конун пешбинишудаи коидахои низоми сархади, доираи ашхосе, ки ба онхо ин ё он коидаи зикршуда нисбат надорад, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд ва бояд нашр карда шаванд.

 

Моддаи 19. Дохил шудан (гузаштан) ба минтакаи сархади ва хати сархад

Ба минтакаи сархади дохил шудани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванди, бе рухсати Вазорати корхои хоричи ва  макомоти корхои дохили манъ мебошад, агар санадхои меёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.

 

Дохил шудани (гузаштани) ашхос ва воситахои наклиёт ба хати сархад мувофики хуччатхои тасдиккунандаи шахсият сурат мегирад. Чойхои даромадан (гузаштан), хати сайр, давомноки ва дигар шароити будубоши ашхос ва воситахои наклиёт дар хати сархад аз чониби Кушунхои сархади мукаррар карда мешаванд.

Барои ба хати сархад дохил шудан, будубоши муваккати, истикомат ва ичрои корхо дар хати сархад Кушунхои сархади ичозат медиханд. Дар мавриди зарурат, онхо метавонанд барои ба хати сархад дохил шудан ва ичрои корхо махдудиятхои муваккатии иловаги чори намоянд.

 

Моддаи 20. Фаъолияти хочаги, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабинихои оммавии чамъиятию сиёси, фарханги ва дигар чорабинихо дар минтакаи сархад

Фаъолияти хочаги, шикор ва дигар фаъолияти вобаста бо истифодаи замин, чангал, каъри замин, обхо, гузаронидани чорабинихои оммавии чамъиятию сиёси, фарханги ва дигар чорабинихо дар минтакаи сархад тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои хукукии Чумхурии Точикистон ва макомоти махаллии хокимияти давлати танзим мегарданд. Корхо ва чорабинихои мушаххас бо ичозати Кушунхои сархади гузаронида мешаванд.

Ичозат барои гузаронидани корхо ва чорабанихо, гайр аз масъалахои пешбининамудаи моддаи 19 хамин Конун, муайян намудани чой, вакти гузаронидан, шумораи ширкаткунандагон ва ашхоси масъули гузаронидани онхоро дар бар мегирад. Барои гузаронидани корхо ва чорабинихои мунтазам чойхои доими мукаррар кардан мумкин  аст.

 

Моддаи 21. Нигох доштан ва чарондани чорво дар назди Сархади давлати

Бо максади рох надодан ба гузаштани беморихои сирояткунанда ба воситаи Сархади давлати, нигох доштан ва чарондани чорворо дар хати махал (хати карантин) кад-кади Сархади давлати дар хуши манъ ё махдуд кардан мумкин аст.

Хати карантин, арзи он, тартиби ихотагирии он, низоми ветеринариро дар он Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон муайян мекунад. Нигох доштан ва чарондани чорво дар хати сархад хамчунин бо тартиби пешбининамудаи моддаи 19 хамин Конун сурат мегирад.

 

Моддаи 22. Бахисогири, нигохдори ва истифодаи киштихои (воситахои) хурдандозаи  Точикистон

Киштихои (воситахои) хурдандозаи худгард ва гайрихудгарди Точикистон, ки дар кисми точикистонии дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои сархади истифода мешаванд, бояд ба таври хатми дар бандар, дарёбанд, истгоххо ва дигар нуктахои чойгиршавии онхо ба хисоб гирифта ва нигох дошта шаванд. Аз чониби Кушунхои сархади тартиби баромадани ин киштихо аз нуктахои чойгиршави ва  баргаштани онхо мукаррар гардида, вакти баромадан, дар об карор доштан, дур шудан аз нуктахои чойгиршави ва сохилхо махдуд карда мешавад. (КЧТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи 23. Шикоркуни,  анчом додани фаъолияти тадкикоти, чустучуи ва фаъолияти дигар дар кисми точикистонии обхои дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои сархади

Шикоркуни, анчом додани фаъолияти тадкикоти, чустучуи ва фаъолияти дигар дар кисми точикистонии обхои дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои сархади бо конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои хукукии Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти махаллии хокимияти давлати танзим мегарданд ва бо тартиби тибки талаботи модахои 9, 20, 22 хамин Конун мукарраргардида, анчом дода мешавад.

Фаъолияти дар кисми якуми хамин модда зикршуда дар кисми точикистонии дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои сархади бо ичозати Кушунхои сархади анчом дода мешавад.

 

БОБИ 5

НИЗОМ  ДАР  ГУЗАРГОХИ  САРХАДИ  ДАВЛАТИ

 

Моддаи 24. Мазмуни низом дар гузаргоххои Сархади давлати ва мукаррар намудани он

Низоми гузаргоххои Сархади давлати аз коидахои дохил шудан ба ин гузаргоххо, будубош ва баромадан аз онхо барои ашхос, воситахои наклиёт, даровардан ба гузаргоххо, карор доштан ва баровардани борхо, молхо ва хайвонот аз онхо иборат аст, ки танхо ба манфиати фарохамсозии шароити зарури чихати пешбурди назорати сархади, гумруки ва дигар намудхои назорат мукаррар карда мешавад.

Низоми гузаргоххои Сархади давлати аз чониби вазорату идорахои наклиётии Чумхурии Точикистон мутобики мукаррароти хамин Конун ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст,, тибки санадхои меъёрии хукукие, ки бо Кушунхои сархади ва макомоти гумрук мувофика кунонида шудаанд, мукаррар мешавад.

Дар асоси санади меъёрии хукукии вазорату идорахои наклиётии Чумхурии Точикистон, сардори майдони хавои, аэродром, бандари дарё, дарёбанд, вокзалу истгоххои рохи охан ва автомобил, рохбари дигар корхонаи наклиёти бо назардошти шароити махалли амре (дастурамале) мебарорад, ки он бо ашхоси дахлдори мансабдори Кушунхои сархади, макомоти гумрук ва дигар макомоти назорати мувофика кунонида шуда, низоми ин гузаргохи Сархади давлатиро мукаррар менамояд.

Низом дар он гузаргоххои Сархади давлати, ки берун аз объектхои наклиётии дар кисми сеюми хамин модда зикршуда чихозонида шуданд, аз чониби Кушунхои сархади мутобики талаботи кисми дуюми хамин модда бо мувофикаи макомоти гумрук ва дигар макомоте, ки аз ин гузаргоххои Сархади давлати убур кардани ашхос, воситахои наклиёт, борхо, молхо ва хайвонотро мазорат мекунанд, мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 25. Тартиби дохил (хорич) шудани ашхос, воситахои наклиёт, даровардани (баровардани) борхо, молхо ва хайвонот тавассути гузаргоххои Сархади давлати

Дохил шудани ашхос, воситахои наклиёт ба гузаргоххои Сархади давлати ва хорич шудан аз онхо, хамчунин даровардани (баровардани) борхо, молхо ва хайвонот дар чойхои махсус ба ин максад чудокардашуда мувофики рухсатномахое, ки аз тарафи маъмурияти майдонхои хавои, аэродромхо, бандархои дарёи, дарёбандхо, вокзалхо ва истгоххои рохи охану автомобилхо ва дигар корхонахои наклиёти бо мувофикаи Кушунхои сархади дода мешаванд, амали мегардад.

 

Моддаи 26. Дар гузаргоххои Сархади давлати карор доштани ашхос ва воситахои наклиёт

Чойхо ва мухлати дар гузаргоххои Сархади давлати таваккуф кардани воситахои наклиётие, ки ба хорича мераванд, аз чониби маъмурияти майдонхои хавои, аэродромхо, бандархои дарёи, дарёбандхо, вокзалхо ва истгоххои рохи охан ва автомобилхо, дигар корхонахои наклиёти бо мувофикаи Кушунхои сархади ва макомоти гумрук муайян карда мешаванд.

Ба воситахои наклиёт наздик шудани ашхос ва рох додани ашхос ба воситахои наклиёте, ки ба хорича мераванд, дар вакти тафтиши сархади, гумруки ва дигар намудхои назорат махдуд ва дар мавриди зарурат манъ карда мешавад. Ба воситахои наклиёт шинондани мусофирон хангоми аз Чумхурии Точикистон рафтан ва фаровардани онхо хангоми расидан ба Чумхурии Точикистон, хамчунин бор кардани (фаровардани) багоч, почта ва борхо бо ичозати Кушунхои сархади ва макомоти гумруку Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

Ашхоси мансабдори ташкилоту корхонахои наклиёти, сохибони воситахои наклиёт вазифадоранд, ки мувофики талаби намояндагони Кушунхои сархади, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, бо ширкати кормандони макомоти гумрук дар сурати зарурат чихати муоина вагонхо, автомобилхо, трюмхо ва дигар чойхои воситахои наклиётро, ки сургуч (мухр) карда шудаанд ва борхои дар онхо кашонидашавандаро кушоянд.

Воситахои наклиёти ба хорича раванда барои берун рафтан аз каламрави Чумхурии Точикистон ё дохил шудан ба каламриви Чумхурии Точикистон, хамчунин тагйири чои таваккуф танхо бо ичозати Кушунхои сархади ва макомоти гумрук ба харакат огоз мекунанд.

Дар гузаргоххои Сархади давлати карор доштани шахрвандони  Чумхурии Точикистон, ки барои дохил шудан ба Чумхурии Точикистон хуччатхои эътиборнок надоранд, бо тартиби пешбининамудаи кисми панчуми моддаи 15 хамин Конун танзим мегардад.

 

Моддаи 27. Ба бандархо ва дарёбандхои Чумхурии Точикистон даромадан ва карор доштани киштихои дарёии хоричии гайринизоми ва низоми

Киштихои дарёии хоричии гайринизоми ба бандархо ва дарёбандхои Чумхурии Точикистон, ки барои воридшавии чунин киштихо кушодаанд, даромада метавонанд. Коидахои даромадан ва карор доштан дар ин бандархо, дарёбандхо ичрои амалиёти боркашони ва муософиркаш, алокаи киштихо бо сохил, ба сохил фаромадани аъзои экипаж ва мусофирон, ба кишти даромадани ашхосе, ки аъзои экипаж нестанд ва дигар коидахои вобаста ба даромадани киштихои хоричи ба бандару дарёбандхои Чумхурии Точикистон ва карор доштан дар онхоро хамин Конун, асноди дигари конунгузории Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамоянд.

Киштихои дарёии хоричии гайринизомие, ки ба тарафи бандархо ва дарёбандхои Чумхурии Точикистон харакат мекунанд, ба макомоти бандар ё дарёбанди таъинот вакти омадани худро хабар медиханд.

Киштихои дарёии хоричии гайринизомие, ки тартиби ичозат ё огохкуниро барои воридшавии киштихои Точикистон ба бандархои худ муайян кардаанд, ба бандархо ва дарёбандхои Чумхурии Точикистон баъди гирифтани ичозати макомоти салохиятдори Точикистон мувофики принсипи ризоияти тарафайн дохил мешаванд.

Киштихои дарёии хоричии низоми, агар тартиби дигар пешбини нашуда бошад, мувофики ичозати пешакии Хукумати Чумхурии Точикистон ба бандархо ва дарёбандхои Чумхурии Точикистон ворид мешаванд. Тартиби ворид шудан ба бандару дарёбандхои Чумхурии Точикистон ва карор доштани киштихои дарёии хоричии низомиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

 

Моддаи 28. Коидахои иловагии низом дар гузаргоххои Сархади давлати

Дар гузаргоххои Сархади давлати минтакахо ва бинохое, ки дар он бевосита назорати сархади, гумруки ва назорати дигар анчом дода мешавад, муайян карда мешаванд. Дар ин чойхо махдудиятхои иловагии низом, ки дар доираи коидахо ва бо тартиби пешбининамудаи моддахои 24, 25, 26 ва 27 хамин Конун мукаррар карда мешаванд, чори мегарданд.

 

БОБИ 6

ВАКОЛАТХОИ МАКОМОТИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТ ДАР СОХАИ ХИМОЯИ САРХАДИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 29. Ваколатхои макомоти олии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:

конунхоро дар сохаи химояи Сархади давлати хамчун кисми таркибии амнияти давлат кабул менамояд;

ахдномахои байналмилалиро оид ба таксимоти худудии Чумхурии Точикистон, аз чумла ахдномахоро оид ба гузаришш хати Сархади давлати ба тасвиб мерасонад ва аз эътибор сокит менамояд.

Президенти Чумхурии Точикистон:

фаъолияти мувофикашудаи тамоми шохахои хокимияти давлатиро дар сохаи химояи Сархади давлати таъмин менамояд;

музокирот доир менамояд ва ахдномахои байналмилалиро доир ба масъалахои химояи Сархади давлати ба имзо мерасонад.

Хукумати Чумхурии Точикистон:

тадбирхои оид ба таъмини химояи Сархади давлатиро тахия ва татбик менамояд;

ичрои хамин Конунро аз чониби вазорату идорахо ва макомоти махаллии хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон ба рох мемонад.

Макомоти хокимияти судии Чумхурии Точикистон дар доираи ваколатхои худ, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, дар таъмини химояи Сархади давлати иштирок менамояд.

 

Моддаи 30. Ваколатхои Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон:

-мухофизати Сархади давлатиро дар хушки, дарёхо, кулхо ва дигар обанборхо, инчунин дар гузаргоххои Сархади давлати таъмин менамояд;

-Кушунхои сархади ва фаъолияти намояндагони сархадии Чумхурии Точикистонро рохбари менамояд, дар ташаккул ва амали гардонидани сиёсати сархадии Чумхурии Точикистон иштирок менамояд;

-самтхои афзалиятноки фаъолияти Кушунхои сархадиро муайян менмояд, консепсияи мухофизати Сархади давлати ва барномахои максадноки комплексии такмили фаъолияти онхо, инчунин механизми хукуки, ташкили, иктисоди ва роххои дигари дар амал чори намудани ин барномахоро тахия менамояд;

-фаъолияти макомоти давлатиро, ки дар Сархади давлати хама гуна назорати риояи низоми Сархади давлати, низоми сархади ва низомро дар гузаргоххои Сархади давлати ба рох мемонанд, хамоханг месозад;

-якчоя бо Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон аз чониби Кушунхои сархади хамохангсозии фаъолияти Куввахои харбии хавои ва мудофиаи зиддихавоиро оид ба химояи Сархади давлати таъмин менамояд;

-дар тахияи санадхои меъёрии хукуки аз чониби макомоти хокимияти давлати, ки ба манфиати химояи Сархади давлати дахл доранд, иштирок менамояд;

-дар делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсияи Сархади давлати, тахияи санадхои меъёрии хукуки, ки низоми Сархади давлатиро мукаррар мекунанд, иштирок менамояд;

-дар бораи тахдид ба амнияти Чумхурии Точикистон дар иртибот ба химояи Сархади давлати иттилоот ба даст оварда, пас аз тахлил онро ба Президенти Чумхурии Точикистон, Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд, ба вазорату идорахои дахлдор маълумот ирсол медорад;

-фаъолияти разведкави, зиддиразведкави ва оперативию чустучуиро ба манфиати химояи Сархади давлати анчом медихад;

-ба манфиати химояи Сархади давлати бо идорахои сархадии давлатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил ва дигар давлатхо, ташкилотхои байналмилали хамкори намуда, робита баркарор менамояд;

-дар хамкори бо макомоти гумруки Чумхурии Точикистон дар бобати мубориза бар зидди кочок тадбирхо тахия намуда, онхоро амали месозад;

-хамкориро бо макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва иттиходияхои чамъиятии Чумхурии Точикистон, инчунин бо хадамоти махсус ва ташкилотхои хоричи ба манфиати химояи Сархади давлати ба рох мемонад; 

-дар таъмини амнияти чорабинихои оммави, ки хусусияти чумхурияви, вилояти ё байналмилали доранд ва дар Сархади давлати ё нохияхои наздисархадии Чумхурии Точикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамояд.

Ваколатхои дигари Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, ки дар Конуни мазкур пешбини нашудаанд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мегарданд. (КЧТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи 31. Ваколатхои макомоти сохавии хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон

1.Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон:

-дар асоси карорхои макомоти олии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон бо роххои дипломати таъмин намудани хифзи истиклолият, амният, тамомияти арзи, мустахкамии сархадхо, манфиатхои иктисоди ва дигар манфиатхои Чумхурии Точикистонро таъмин менамояд;

-доир ба бастани санадхои хукукукии байналмилали оид ба мукаррар намудан ва мустахкамкунии Сархади давлати, мукаррар намудани низоми Сархади давлати гуфтушунид мегузаронад, назорати умумии ичрои ин санадхоро анчом медихад;

-дар доираи салохияти худ самти сиёсати хоричии Чумхурии Точикистонро дар сохаи амалигардонии сиёсати сархади ба амал мебарорад;

-дар доираи салохияти худ хуччатхои шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрвандиро барои дохил шудан ба Чумхурии Точикистон ва хорич шудан аз Чумхурии Точикистон ба расмият медарорад;

-дар мукаррар намудани тартиби таъмини риояи низоми Сархади давлати иштирок мекунад, дар доираи салохияти худ мочарохои дар Сархади давлати руйдодаро, ки аз чониби намояндагони сархади Чумхурии Точикистон ё Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон халлу фасл нашудаанд, хал менамояд. (КЧТ аз 26.03.09, №501)

  1. Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон:

химояи Сархади давлатиро дар фазои хавои таъмин мекунад ва масъули ичрои ин вазифа мебошад;

химояи Мусаллахонаи Сархади давлати ва ширкати Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро дар бобати химояи Сархади давлати дар хушки, дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои сархади дар холатхо ва бо тартиби муайяннамудаи хамин Конун, дигар асноди конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

дар доираи салохияти худ мочарохои вобаста ба вайронкунии низомии Сархади давлатиро халлу фасл мекунад;

ба Кушунхои сархади дар мавриди таъминот бо захира, таъминоти разведкави ва дигар таъминоти химояи Сархади давлати дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ва созишномахои байниидорави кумак мерасонад.

  1. Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон:

ба Кушунхои сархади дар гузаронидани чорабинихои доир ба химояи Сархади давлати, муборизаи зидди фаъолияти пинхонкори ба воситаи он, кофтукови шахсоне, ки низоми Сархади давлатиро вайрон кардаанд, муайян намудан ва тафтиши холатхои конуншикании шахрвандоне, ки бо тартиби маъмури ё чинояти-мурофиави дастгир шудаанд, кумак мерасонад;

Кушунхои сархадиро аз холати тартиботи хукуки дар нохияхои наздисархадии  Чумхурии Точикистон, амалхои гайриконунии ошкоршуда, ашхос ва гуруххои чинояткоре, ки нисбати Сархади давлати ва Кушунхои сархади Кушунхои гайриконуни доранд, хабардор месозад;

иштироки Кушунхои дохилии Чумхурии Точикистонро дар химояи Сархади давлати дар холатхо ва бо тартиби пешбининамудаи хамин Конун таъмин менамояд;

бо пешниоди Кушунхои сархади ба минтакахои алохидаи махал ё объектхои назди Сархади давлати рох додани шахрвандонро хангоми чустучуи вайронкунандагони Сархади давлати, рафъи хучуми Мусаллахона ё ба таври оммави ба каламрави Чумхурии Точикистон гузаштани шахрвандони давлати хамхудуд муваккатан махдуд ё манъ менамояд;

хангоми гузаронидани чорабинихои оммавии дорои хусусияти чумхурияви, вилояти ё байналмилали дар Сархади давлати ва нохияхои наздисархадии Чумхурии Точикистон тартиботи чамъиятиро таъмин менамояд;

хангоми дар нохияхои наздисархади руй додани холати фавкулодда, чори намудани низоми вазъи фавкулодда тартиботи хукукиро таъмин менамояд;

дар тарбияи хукукии ахолии нохияхои наздисархадии Чумхурии Точикистон, пешгири намудани конуншиканихо дар Сархади давлати ва гузаргоххои он якчоя бо Кушунхои сархади иштирок менамояд.

  1. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон:

– дар хамкори бо Кушунхои сархади фаъолияти оперативи-чустучуро бо максади ошкору пешгири кардан ва кушодани чиноятхои бо кочоки маводи нашъаовар вобаста бударо дар нохияхои назди сархадии Чумхурии Точикистон, инчунин дар каламрави давлатхои хамсархад ба амал мебарорад;

– дар доираи ваколатхои худ оиди ирсоли назоратшавандаи воситахои нашъаовар чора мебинад.

  1. Макомоти дигари хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон, ки дар Сархади давлати назорати гумруки, санитарию карантини, ветеринари, фитосанитари ва дигар намудхои назоратро амали менамоянд;

дар бобати химояи манфиатхои иктисоди, экологи ва дигар манфиатхои шахсият, чамъият ва давлат дар Сархади давлати чорабинихо ташкил мекунанд ва мегузаронанд;

дар доираи салохияти худ асноди меъёрие нашр мекунанд, ки ичрои онхо дар каламрави Чумхурии Точикистон барои ашхоси юридики ва вокеи хатмист;

аз чониби корхонахо, ташкилоту муассисахо, иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон риоя шудани талаботи ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон ва конунгузории Чумхурии Точикистонро аз руи масъалахое, ки ба салохияташон дохил мешаванд, назорат мекунанд;

дар мавридхои зарури дар гузаргоххои Сархади давлати макомоти назорати (нуктахо) таъсис медиханд ва кори онхоро ташкил менамоянд, мутобики талаботи кисми шашуми моддаи 11 хамин Конун воситахо ва усулхои назоратро мукаррар мекунанд;

бо хамдигар хамкории мутакобила мекунанд ва ба Кушунхоои сархади дар химояи Сархади давлати кумак мерасонанд;

бо макомоти дахлдори давлатхои хоричи дар химояи Сархади давлати хамкори мекунанд.

 

Моддаи 32. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо ва нохияхои назди сархади

Макомоти махаллии хокимияти давлати Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо ва нохияхои наздисархади:

барои химояи Сархади давлати ба Кушунхо ва макомоти конун ваколатдор карда шароит мухайё мекунанд, бо ин максадхо дар доираи салохияти худ ва мутобики талаботи хамин Конун асноди меъёри кабул менамоянд;

мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои эхтиёчоти химояи Сархади давлати китъахои замин чудо мекунанд, ба истифодаи замин ва дар ин китъахо риоя шудани конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мухити зист назорат мекунанд;

Кушунхои сархадиро оид ба масъалахои марбут ба вазъият дар нохияхои наздисархадии Чумхурии Точикистон хабардор месозанд;

барои ширкати ихтиёрии шахрвандон дар мухофизати Сархади давлати шароит мухайё мекунанд;

дар каламравхои худ аз тарафи тамоми макомот, корхонахо, ташкилоту муассисахо ва хамчунин ашхоси мансабдор ва шахрвандон риоя шудани ичрои конунгузории Чумхурии Точикистонро дар бораи Сархади давлати назорат мекунанд.

 

БОБИ 7

ХОЛАТХОИ КУШУНХОИ САРХАДИ, КУШУНХОИ МУДОФИАИ ЗИДДИХАВОИИ КУВВАХОИ  МУСАЛЛАХИ ЧУМХУРИИ  ТОЧИКИСТОН, ДИГАР КУШУНХО ВА СОХТОРХОИ ХАРБИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР СОХАИ САРХАДИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 33. Ваколатхои Кушунхои сархади

Кушунхои сархади Сархади давлатиро дар хушки, дарёхо, кулхо ва дигар обанборхо, дар гузаргоххои Сархади давлати мухофизат мекунанд, хамчунин гузариш аз Сархади давлатиро таъмин менамоянд. Бо ин максадхо онхо вазифадоранд:

тавассути тамоми имкониятхои мавчуда ба таври гайриконуни тагйир додани убури Сархади давлатиро дар махал рох надиханд;

хучуми Мусаллахонаро ба каламрави Чумхурии Точикистон зада гардонида, мочарохои Мусаллахона ва дигар мочарохоро дар Сархади давлати пешгири намоянд, аз ин касдхои чинояткорона ахоли, моликияти давлати ва дигар шаклхои моликиятро химоя намоянд;

вайронкунандагони Сархади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд; аз тарафи ашхос ва воситахои наклиёт берун аз гузаргоххо ё бо тарзи гайриконуни гузаштани Сархади давлатиро пешгири намоянд ва ба онхо рох диханд;

ичрои ухдадорихоеро, ки аз ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои низоми сархадии Чумхурии Точикистон бармеоянд, таъмин намоянд;

риояи коидахои низоми Сархади давлатиро, ки хислати ичозати ё огохкуни доранд, низоми сархади ва низоми гузаргоххои Сархади давлатиро назорат намоянд;

фаъолияти кушуни, разведкави, оперативию кушуни, низоми гузарондан ва харбию техникиро анчом диханд;

пешбарии парвандахоро оид ба конуншиканихои маъмурие, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ба ихтиёри онхо вогузор намудааст, анчом диханд, дар доираи салохияти худ ин парвандахоро барраси кунанд ва карорхои аз руи онхо кабулшударо ичро намоянд;

аз руи парвандахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ба ихтиёри онхо гузоштааст, тахкик баранд;

пешгирии конуншиканихоеро, ки мубориза бар зидди онхо ба салохияти Кушунхои сархади дохил мешавад, ба рох монанд;

дар фаъолияти намояндагони сархадии Чумхурии Точикистон ширкат намоянд;

дар мавриди зарурат чустучу ва амалиёти сархади гузаронанд;

назорати мухочиратиро дар гузаргоххои Сархади давлати амали намоянд.

Кушунхои сархади бо максади татбики ваколатхо дар сохаи фаъолияти мукарраргардида хукукхои зерин доранд:

1) дар заминхое, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз руи меъёрхои мукарраршуда ба истифодаи бемухлат (доими) дода мешаванд, иншооти зарурии инженерию техники бунёд намоянд, сохтмони хатхои алока ва коммуникатсияро анчом диханд, техника ва силохро чойгир ва истифода кунанд;

2) хангоми ичрои вазифахои хизмати дар хар минтакаи махал карор дошта бошанд ва дар он чой озодона рафту омад кунаанд; аз моликон ва истифодабарандагони китъахои замин дар хати сархад чудо намудани чойро барои рафту омади нарядхои сархади, тачхизонидан ва дар холати дуруст нигох доштани гузаргоххои миёни панчарахо, гузаргоххои миёни дигар монеахо талаб намоянд; киштихои дарёии гайринизоми ва дигар воситахои наклиётро мушоиат ва дар онхо нарядхои сархадиро чой кунанд; бо максади пешгири ва рафъи вайронкунии низоми Сархади давлати, низоми сархади, низоми гузаргоххои Сархади давлати хуччатхои зарурии ашхос, хуччатхои воситахои наклиётро тафтиш намоянд, воситахои наклиёт ва борхои дар онхо бударо тафтиш (муоина) кунанд;

3) тавассути нарядхои сархади ашхосеро, ки нисбати онхо асос барои гумони вайронкунии Сархади давлати, низоми сархади, низоми гузаргоххои Сархади давлати мавчуд аст, нигох доранд ва тафтиш намоянд, чунин ашхосро ба кароргохи чузъу том, кисмхои Кушунхои сархади ё чойхои дигар барои муайян кардани холатхои сархадшикани баранд; тавассути каикхои сархади нигох доштан, муоина кардан ва дастгир намудани киштихои гайринизомиеро, ки низомхои мазкурро вайрон карданд ва бурдани онхоро ба бандар, дарёбанд ё истгохи наздиктарини Чумхурии Точикистон чихати муайян кардани холатхои сархадшикани анчом диханд. Хангоми муоина кардан ва бурдани кишти радиостансияи он набояд кор кунад. Дар хусуси хар як холати муоина ва дастгир намудани кишти протокол тартиб дода мешавад. Асноди киштирони ва боркашонии аз капитан гирифташуда ба протокол замима мегарданд;

4) ашхосеро, ки низоми Сархади давлати, низоми сархади ё низоми гузаргохи Сархади давлатиро вайрон кардаанд, чихати тартиб додани протокол ба муддати то се соат ба таври маъмури ва дар холатхои зарури барои мукаррар кардани шахсият ва муайян кардни холатхои конуншикани –  то се шабонаруз ва дар ин хусус дар муддати бисту чор соат аз лахзаи дастгир кардан ба прокурор хатти хабар диханд ё бо ичозати прокурор ба мухлати то дах шабонаруз, агар сардхадшиканон хуччати тасдиккунандаи шахсият надошта бошанд, боздоранд; тафтиши инфиродии шахсияти дастгиршудагон, хамчунин тафтиш ва дар мавриди зарурат гирифтани ашёи хамрохи онхо буда, ашёе, ки онхо молик мебошанд ё дар ихтиёр доранд ва хуччати онхоро анчом диханд. Дар хусуси хар як холати ба таври маъмури датгир кардан, тафтиши инфиродии шахси дастгиршуда, тафтиш ва гирифтани ашёи хамрохи у буда протокол тартиб дода мешавад;

5) бо ичозати прокурор шахрвандони хоричи ва ашхоси бетабаиятеро, ки аз Сархади давлати гайриконуни убур кардаанд ва дар мавриди онхо мувофики асосхои пешбининамудаи кисми чоруми моддаи 15 хамин Конун, карор дар бораи ба макомоти давлати хамхудуд супоридани онхо ё аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани онхо кабул шудааст ва ё карор дар бораи аз худуди Чумхурии Точикистон ба таври маъмури берун кардани онхо кабул шудааст, то вакти барои ичрои карор ва халнома зарур боздоранд;

6) ашхосеро, ки ба таври маъмури боздошта шудаанд, дар бинохои махсус барои ин максадхо чихозонидашудаи Кушунхои сархади ашхосеро, ки бо тартиби чинояти-мурофиви дар содир намудани чинояти гумонбар шудаанд ва гумонбаршудагонеро, ки нисбати онхо ба сифати чораи эхтиёти дар хабс нигох доштан истифода шудааст – дар хабсхонахои  нигохдории муваккати ё дар бинохои Кушунхои сархади, ки махсус бо максади нигох доштани ашхоси ба таври маъмури дастгиршуда чихозонида шудаанд, дар холатхои зарури чунин ашхосро дар хабсхонахои тафтишоти, хабсхонахои нигохдории муваккати ва дигар бинохои махсус чихозонидашудаи макомоти корхои дохили нигох доранд;

7) ашхосро ба чузъу томхои Кушунхои сархади даъват намоянд ва аз онхо дар бораи холатхои барояшон маълумбудаи убури гайриконунии Сархади давлати ё дигар вайронкунии низоми Сархади давлати, низоми сархади ё низоми гузаргоххои Сархади давлати баёнот гиранд. Дар холатхои зарури гирифтани баёнот доир ба холатхои чунин сархадшиканихо метавонад дар чойхои дигар анчом дода шавад. Дар сурати ба даъват хозир нашудан, чунин ашхосро ба таври мачбури овардан мумкин аст;

8) дар хуччатхое, ки барои убури Сархади давлати хукук медиханд, кайдхои дахлдор гузоранд ва дар холати зарури ин гуна хуччатхоро муваккатан гиранд, хамчунин хуччатхои беэътиборро мусодира намоянд; (КЧТ аз 26.03.09, №501)

9) кочоки аз тарики Сархади давлати интиколдодашаванда ва дигар молхо, борхо ва воситахои наклиётии гайриконуни интиколдодашавандаро, ки онхо хангоми ичрои вазифахои ба зиммаашон гузошташудаи вобаста ба хифзи Сархади давлати дар доираи каламрави назди сархади ошкор намудаанд, ба макомоти гумрук супоранд, дар сурати мавчуд набудани макомоти гумрук онхоро боздоранд, маводи нашъаоварро бошад, ба чузъу томхои Агентии назорати маводи нашъаовари   назди  Президенти  Чумхурии  Точикистон супоранд;

10) харакати ашхос ва воситахои наклиёт, аз чумла киштихои (воситахои) хурдандозаи дарёиро муваккатан махдуд ё манъ намоянд, хамчунин шахрвандонро ба нуктахои алохидаи махал рох надиханд, онхоро вазифадор созанд, ки дар хамон чо карор дошта бошанд ё ин нуктахоро бо максади хифзи саломати ва хаёти одамон хангоми гузаронидани чустучую амалиёти сархади, амалхои дигари кофтукови хамчунин харакатхо аз руи парвандахои чинояти ва парвандахо оид ба конуншиканихои маъмури, тарк намоянд;

11) хангоми ба вучуд омадани хатар ба манфиатхои Чумхурии Точикистон дар Сархади давлати бо огохонидани макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии махалли, корхонахо, муассисахо, ташкилотхои манфиатдор гузаронидани корхои гуногунро, ба истиснои корхои дорои ахамияти мудофиави ва корхои вобаста бо рафъи окибатхои офатхои табии ё беморихои махсусан хатарноки сирояткунанда, муваккатан махдуд намоянд;

12) дар хар вакти шабонаруз ба манзили истикомати ва дигар бинохои шахрвандон, ба худуд ва ба бинохои корхонахо, ташкилоту муассисахо, ба гайр аз онхое, ки масунияти дипломати доранд, дар оянд ва онхоро хангоми таъкиби ашхосе, ки нисбати онхо асоси кофи барои гумони вайронкунии низоми Сархади давлати мавчуд аст, муоина намоянд. Агар дохил шудан ба манзили истикомати бе ризоияти ашхоси дар онхо муким сурат гирифта бошад, дар ин хусус дар давоми 24 соат ба прокурор хабар дода мешавад;

13) бо максадхои хизмати воситахои алокаро бемамониат истифода баранд ва хангоми зада гардонидани хучум ба каламрви Чумхурии Точикистон, монеъ шудан ба убури гайриконунии оммавии Сархади давлати, гузаронидани чорабинихои чустучуи, интиколи ашхосе, ки ба конуншикани гумонбар шудаанд – воситахои наклиётиеро, ки ба корхонахо, ташкилоту муассисахо (сарфи назар аз шакли моликият), иттиходияхои чамъияти тааллук доранд ва дар холатхои зарури воситахои наклиётии ба шахрвандон тааллукдоштаро истифода намоянд ва бо талаби сохибони онхо мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун харочот ё зиёни расонидашударо чуброн кунанд. Воситахои алока ва наклиёте, ки ба намояндагихои дипломати, консули ва дигар намояндагии давлатхои хоричи, созмонхои байналмилали тааллук доранд ва воситахои наклиёти таъиноти махсус аз ин коида истсино мебошанд;

14) аз макомоти давлати, корхонахо ташкилоту муассисахо ва иттиходияхои чамъияти маълумотеро дархост карда беподош гиранд, ки барои ичрои вазифахои ба души Кушунхои сархади гузоштаи конун зарур аст, ба истиснои холатхое, ки конун тартиби дигари ба даст  овардани маълумотро мукаррар намудааст;

15) барои ичрои назорати нигохдории низоми Сархади давлати, низоми сархади ва низоми гузаргохи Сархади давлати бакайдгирии ашхос, бахисобгирии маълумот ва оморро пеш баранд ва ба ин максад низоми иттилоотиро ба тартибе, ки бо конун мухолифат надошта бошад, истифода баранд;

16) ба макомоти давлати, корхонахо, ташкилоту муассисахо, иттиходияхои чамъияти пешниход доир ба бартараф намудани сабабхои ва шароити ба содир намудани конуншиканихо мусоидаткунанда, ки тахкики ё пешбарии парвандахо аз руи онхо ба салохияти Кушунхои сархади дохиланд, пешкаш намоянд;

17) шахрвандонро ба таври ихтиёри дар хайати иттиходияхои чамъияти ба сифати кормандони гайриштатии Кушунхои сархади ва дар шаклхои дигар ба халли вазифахои мухофизати Сархади давлати дар худуди каламрави назди сархади чалб намояд, инчунин шахрвандонеро, ки дар мухофизати Сархади давлати сахми арзанда гузштаанд хавасманд созанд;

18) силох, техникаи чанги, воситахои махсус, кувваи чисмони ва сагхои хизматиро бо тартиб ва дар холатхои пешбининамудаи хамин Конун истифода баранд;

19) дар кисми точикистонии обхои дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои Чумхурии Точикистон нисбат ба киштихои дарёии гайринизоми, ба гайр аз ин:

агар байраки кишти барароварда нашуда бошад, пешниход намоянд, ки масъулони он байракро нишон диханд;

бозпурсии капитан (сохиб, команда)-и киштиро доир ба максадхои ворид шудани кишти ба ин обхо анчом диханд;

агар кишти байраки худро набардорад, ба ишорахои пурсиш чавоб надихад, ба талаб доир ба тагйири самти харакат итоат накунад ё принсипхои ва меъёрхои хукуки байналмилалии аз тарафи умум эътирофшударо вайрон намояд, киштиро боздоранд ва онро тафтиш кунанд. Дар натичаи тафтиши кишти ба он метавонад ичозат дода шавад, ки шинонкуниро (карор доштан) дар обхои Чумхурии Точикистон бо риояи коидахои мукарраргардида давом дихад ё пешниход карда шавад, ки Чумхурии Точикистонро тарк намояд ё ки он метавонад мутобики талаботи хамин Конун боздошта шавад;

ашхосеро, ки чиноят содир кардаанд ва бояд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида шаванд, аз кишти фароранд ва дастгир намоянд, ин ашхосро агар дар ахдномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад, ба макомоти тахкик ё тафтишоти пешаки супоранд;

киштиеро, ки дар обхои кисми точикистонии дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои наздисархади коидахои шинокуни (карор доштан) вайрон кардааст, пеш аз ба каламрави кишвари худ ё давлати сеюм ворид гардидани ин кишти, пас аз додани ишораи басари ё бонги овови истодан аз масофае, ки кишти ин ишора ё бонгро дида ё шунида тавонад, таъкиб кунад ва боздоранд;

Хангоми гузаронидани чустучу ва амалиёти сархади дар худуди Чумхурии Точикистон Кушунхои сархади метавонанд аз дигар хукукхое, ки конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон мукаррар менамоянд, истифода баранд. (КЧТ аз 26.03.09, №501)

Дар вакти ичрои вазифахои хизмати ба киштиро ва хавопаймохои (чархболхои) Кушунхои сархади хукуки ба таври ройгон:

истифода бурдани фазои оби ва хавоии Чумхурии Точикистон, бандархо, дарёбандхо, майдонхои хавои, аэродромхо (майдончахои нишсат) дар каламрави Точикистон, сарфи назар аз мансубият ва таъиноти онхо;

гирифтани маълумоти киштирони, метеорологи, гидрографи ва дигар маълумот;

таъмин намудани парвоз ва киштирони, дода мешавад.

Хукукхои дигарро ба Кушунхои сархади танхо конун дода метавонад.

Аз тарафи Кушунхои сархади истифода шудани хукукхои ба онхо додашуда барои ичрои вазифахое, ки конун ба зиммаи онхо вогузор накардааст, мумкин нест.

Кушунхои сархади ба ичрои дигар вазифахо, ба истиснои рафъи окибатхои офатхои табии, садамахо ва фалокатхо, чалб карда намешаванд.

 

Моддаи 34. Ваколатхои Куввахои харбии хавои ва мудофиаи зиддихавоии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Куввахои харбии хавои ва мудофиаи зиддихавои бо максади хифзи Сархади давлати дар фазои хавои:

риояи коидахои убури Сархади давлатиро аз чониби киштихои хавои назорат мекунан;

пеши рохи парвози хавопаймохоеро, ки аз Сархади давлати гайриконуни убур кардаанд ё тартиби истифодаи фазои хавоии Чумхурии Точикистонро вайрон кардаанд, мегиранд ва барои дар каламрави Чумхурии Точикистон шинондани онхо чорахо меандешанд;

ба хавопаймохое, ки Сархади давлатиро дар натичаи холатхои форс-мажори ё амалхои бегаразонаи экипажи онхо гайриконуни гузаштаанд, кумак расонида, самти харакати онхоро баркарор ва онхоро барои фаромадан ба каламрави Чумхурии Точикистон ё берун рафтан аз худуди фазои хавоии Чумхурии Точикистон рохнамои мекунанд.

Куввахои харбии хавои ва мудофиаи зиддихавои Куввахои  Мусаллахи Чумхурии  Точикистон хукук доранд, ки:

хангоми ба вучуд омадани тахдиди убури гайриконуни ё гайриконунии Сархади давлати воситахои дар ихтиёр доштаашонро барои шинохтани хавопаймохо истифода баранд;

дар холатхои зарури барои муайян кардани вазъият дар фазои хавои ва андешидани тадбирхо оид бапешгири ё катъи убури гайриконунии Сархади давлати аз фазои хавои бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон куввахо ва воситахои дигари навъхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро истифода баранд;

хангоми ба вучуд омадани тахдиди убури гайриконунии Сархади давлати ё убури гайриконунии он дар минтакахои алохидаи фазои хавоии Чумхурии Точикистон парвози хавопаймохоро пурра манъ кунанд ё махдуд созанд;

аъзои экипажи хавопаймохоеро, ки аз Сархади давлати гайриконуни убур кардаанд, баъди дар каламрави Чумхурии Точикистон фуруд омадани онхо ба чузъу томхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ё чойхои дигар чихати муайян кардани холатхои убури гайриконуни ва ба макомоти тахкик ё тафтишоти пешаки супоридани онхо, агар дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбини нашуда бошад, даъват намоянд;

техникаи харби ва силохро мутобики хамин Конун ба кор баранд.

 

Моддаи 35. Иштироки Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, чузъу томхои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, Кушунхо ва сохторхои дигари Чумхурии Точикистон дар химояи Сархади давлати

Химояи Сархади давлати дар китъахои чудогона дар хушки, сохилхои дарёхо, кулхо ва дигар обанборхои сархади оид ба манъ намудани убури гайриконунии сархад дар махалхои чойгиршавии объектхои харби, гарнизонхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, кушунохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, дигар Кушунхо ва сохторхои харбии Чумхурии Точикистон, ки барои даромадан (убури) ашхос ва воситахои наклиётии бегона пушидаанд, ба зиммаи фармондехии объектхои харби ва гарнизонхои мазкур гузошта мешавад. Ин гуна китъахо аз чониби фармондехони (сардорони) Кушунхои  сархади, дигар Кушунхо ва сохторхои харби якчоя муайян ва бо асноди дахлдор тасдик карда мешаванд.

Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, Кушунхои дохилии Вазоарти корхои дохилии Чумхурии Точикистон, чузъу томхои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, дигар Кушунхо ва сохторхои харбии Чумхурии Точикистон ба Кушунхои сархади барои иштирок дар чустучухо ва амалиёти сархади бо тартибе, ки дар карорхои муштараки вазорату идорахои дахлдори Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, кувва ва восита чудо менамоянд.

Дигар намуди ширкати Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, Кушунхои  дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, чузъу томхои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, дигар Кушунхо ва сохторхои харбии Чумхурии Точикистон дар химояи Сархади давлати танхо дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 36. Амали якчоя дар химояи Сархади давлати

Кушунхои сархади ва Куввахои харбии хавои ва мудофиаи зиддихавои Куввахои  Мусаллахи Чумхурии  Точикистон:

хангоми ичрои вазифахои ба зиммаи онхо гузошташуда дар химояи Сархади давлати ба хамдигар кумак мерасонанд;

дар доираи ваколатхои бо хамин Конун мукарраршуда фаъолияти макомоти давлатиро, ки барои нигох доштани низоми Сархади давлати намудхои гуногуни назоратро амали менамоянд, ба ин фаъолиятхо дахолат накарда, хамоханг месозанд;

амали якчояи куввахои худ ва макомоти давлати, корхонахо ташкилоту муассисахо, (сарфи назар аз шакли моликият), иттиходияхои чамъиятиеро, ки дар химояи Сархади давлати ширкат мекунанд ё ба манфиати Сархади давлати фаъолият менамоянд, бевосита дар Сархади давлати ташкил мекунанд. Фармондехони Кушунхои сархади, Куввахои харбии хавои ва мудофиаи зиддихавои дар доираи салохияти худ оид ба масъалахои риояи низоми Сархади давлати, низоми сархади ва низоми гузаргоххои Сархади давлати амрхое мебароранд, ки ичрои онхо аз чониби тамоми макомот, корхонахо, ташкилоту муассисахо, иттиходияхои чамъияти, шахсони мансабдор ва шахрвандон дар каламрави Чумхурии Точикистон хатмист; (КЧТ аз 26.03.09, №501)

дар химояи Сархади давлати бо тартибе, ки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон мукаррар мекунанд, бо макомоти дахлдор ва Кушунхои давлатхои хоричи амали якчояро анчом медиханд.

 

Моддаи 37. Истифодаи силох ва техникаи харби

Кушунхои сархади ва Куввахои харбии хавои ва мудофиаи зиддихавои Куввахои  Мусаллахи Чумхурии  Точикистон химояи Сархади давлатиро дар доираи каламрави наздисархади анчом дода, чихати зада гардонидани хучуми Мусаллахона ба каламрави Чумхурии Точикистон, пешгири кардани кушиши рабуда, ба хорича бурдани хавопаймохо, киштихои дарёи ва дигар воситахои наклиётии бемусофир, силох ва техникаи чангиро истифода мебаранд.

Силох ва техникаи чангиро хамчунин дар ин мавридхо истифода бурдан мумкин аст; бар зидди ашхос, хавопаймохо, киштихои дарёйива воситахои наклиётие, ки Сархади давлатиро бо вайрон кардани тартиби мукаррарнамудаи хамин Конун мегузаранд (гузаштаанд), дар чавоби кувваи истифодабурдаи онхо ё дар холатхое, ки пешгирии  сархадшиканй ё дастгир намудани сархадшиканон бо усулхои дигар имконнадорад: барои хифзи шахрвандон аз хамлае, ки ба хаёт ва саломатии онхо тахдид мекунад, барои озод кардани гаравгонон; барои зада гардонидани хучум ба хизматчиёни харби, ашхосе, ки оид ба мухофизати Сархади давлати вазифаи хизмати ё карзи чамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онхо дар сурате, ки ба хаёти онхо хатар тахдид мекунад; барои зада гардонидани хамла ба чузъу томхо ва объектхои Кушунхои сархади, Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар Кушунхо ва сохторхои харби, ки дар химояи сархади давлати иштирок менамоянд, аз чумла барои расонидани кумак ба киштихои дарёи, хавопаймохо ва чархболхо дар вакти баргардонидани хучум ба онхо.

Пеш аз истифодаи силох ва техникаи чанги дар бораи истифодаи онхо бояд огохии аник дода шавад ва тирпарронии огохкунанда сурат гирад.

Силох ва техникаи чанги хангоми зада гардондани хучуми Мусаллахона, ба каламрави Чумхурии Точикистон хамлаи ногахони ё Мусаллахона бо хизматчиёни харби ва дигар шахрвандон, хучум бо истифодаи техникаи чанги, хавопаймохо, киштихои дарёи ва дигар воситахом наклиёт, мукобилияти Мусаллахона, бо силох гурехтани ашхоси дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огохи ба кор бурда мешавад.

Хизматчиёни харби хак доранд барои безарар сохтани хайвоноте, ки ба хаёт ва саломатии хизматчиёни харби ва дигар шахрвандон тахдид мекунанд, хамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёри силохро истифода баранд.

Ба кор бурдани силох ва техникаи чанги ба мукобили занон ва ноболигон, ба истиснои холатхои хучуми Мусаллахона аз тарафи онхо мукобилияти Мусаллахона ва ё хучуми гурухе, ки ба хаёт тахдид мекунад; ба мукобили хавопаймохо, киштихои дарёи ва дигар воситахои наклиёте, ки мусофир доранд; ба мукобили ашхосе, ки Сархади давлатиро гайриконуни убур кардаанд ё касди убури онро доранд, агар ин амал аник тасодуфи бошад ё бо сабаби фалокат, тахти таъсири омил бартарафнашавандаи табии ба амал омада бошад, манъ аст.

Хизматчиёни харбии навъхои дигари Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар Кушунхо ва сохторхои харбии Чумхурии Точикистон, ки ба химояи Сархади давлати чалб карда мешаванд, силох ва техникаи чангиро мутобики талаботи хамин модда ба кор бурда метавонанд.

 

Моддаи 38. Истифодаи воситахои махсус ва кувваи чисмони

Хангоми ичрои вазифахои марбут ба химояи Сархади давлати дар доираи каламрави наздисархади хизматчиёни харбии Кушунхои сархади воситахои махсус (дастбанд ё воситахои дигар барои дастбанди, калтаки резини, модахои ашковар, воситахои садо ва рушноидихандае, ки таъсири ба тарафи дигар чалб кардани диккатро доранд, асбобхо барои манъи мачбурии наклиёт), кувваи чисмони, аз чумла усулхои чангии мухориба ва сагхои хизматиро мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба кор мебаранд.

 

БОБИ   8

ШИРКАТИ МАКОМОТИ ХУДИДОРАИ МАХАЛЛИ, КОРХОНАХО, ТАШКИЛОТУ МУАССИСАХО, ИТТИХОДИЯХОИ ЧАМЪИЯТИ ВА ШАХРВАНДОН ДАР ХИМОЯИ САРХАДИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 39. Ваколатхои макомоти худидоракунии махалли, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, иттиходияхои чамъиятии Чумхурии Точикистон дар химояи Сархади давлати

Макомоти худидоракунии махалли, корхонахо, ташкилоту муассисахо, сарфи назар аз шакли моликият, иттиходияхои чамъияти ва ашхоси мансабдори онхо:

ба Кушунхои сархади, Куввахои харбии хавои ва мудофиаи зиддихавои Куввахои  Мусаллахи Чумхурии  Точикистон, макомоти давлатие, ки намудхои гуногуни назоратро дар Сархади давлати амали менамоянд, кумак мерасонанд, дастурхои конунии онхоро ичро менамоянд, маълумоти барои фаъолияти онхо заруриро пешниход мекунанд;

барои иштироки ихтиёрии шахрвандон дар химояи Сархади давлали дар доираи каламрави наздисархади шароит фарохам меоранд.

 

Моддаи 40. Иштироки шахрвандон дар химояи Сархади давлати

Шахрвандон дар хайати иттиходияхои чамъияти, дружинахои ихтиёри, ба сифати кормандони гайриштатии Кушунхои сархади ва дар дигар шаклхо дар химояи Сархади давлати дар доираи каламрави наздисархади дар асоси ихтиёри иштирок менамоянд.

Тартиби ба химояи Сархади давлати чалб намудани шахрвандонро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

БОБИ  9

ХИФЗИ ХУКУКИ ВА ИЧТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ХАРБИ ВА ШАХРВАНДОНИ ДИГАРЕ, КИ ДАР ХИМОЯИ САРХАДИ ДАВЛАТИ ИШТИРОК МЕКУНАНД

 

Моддаи 41. Хифзи хукукии хизматчиёни харбие, ки дар химояи Сархади давлати иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онхо

Ба хизматчиёни харбие, ки бевосита дар химояи Сархади давлати ширкат мекунанд, статуси хизматчиёни харбии ичрокунандаи вазифахои махсус, ки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи вазъи хукукии хизматчиёни харби» мукаррар намудааст, дода мешавад. Онхо намояндаи хокимият буда, тахти химояи давлат карор доранд. Талабхои конунии онхо бояд хатман аз чониби шахрвандон ва ашхоси мансабдор ичро карда шаванд. Хеч кас, ба гайр аз ашхосе, ки аз тарафи конун махсус ваколатдор шудаанд, хак надорад ба фаъолияти онхо дахолат намояд.

Монеъ шудан ба ичрои вазифахои хизматии хизматчиёни харби дар бобати химояи Сархади давлати, суикасд ба хаёт ва саломати, номус ва шараф, амволи хизматчии харби ё аъзои оилаи у боиси, чавобгарие мешавад, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

 

Моддаи 42. Хифзи хукукии шахрвандоне, ки дар химояи Сархади давлати иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онхо

Барои амалхои гайриконуни нисбати шахрвандон ва аъзои оилахои онхо бо сабаби расонидани кумак Кушунхои сархади дар химояи Сархади давлати боиси чавобгарие мешавад, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

 

Моддаи 43. Хифзи ичтимоии хизматчиёни харби ва дигар шахрвандоне, ки дар химояи Сархади давлати иштирок менамоянд

Хифзи ичтимоии хизматчиёни харби ва дигар шахрвандонеро, ки дар химояи Сархади давлати ширкат мекунанд, конунгузории Чумхурии Точикистон кафолат медихад.

 

Моддаи 44. Мукаррар намудани кафолатхо ва чубронхои иловаги ба хизматчиёни харби ва дигар шахрвандоне, ки дар химояи Сархади давлати иштирок менамоянд

Барои хизматчиёни харби ва дигар шахрвандоне, ки дар химояи Сархади давлати иштирок менамоянд, бо конунгузории Чумхурии Чикистон, карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва худидора дар доираи ваколатхояшон онхо ба гайр аз кафолатхо ва чубронхои дар хамин Конун пешбинишуда мукаррар намудани дигар кафолатхо ва чубронхо мумкин аст.

 

БОБИ 10

ЧАВОБГАРИ БАРОИ КОНУНШИКАНИ ДАР САРХАДИ ДАВЛАТИ ВА НАЗОРАТИ ИЧРОИ ХАМИН КОНУН

 

Моддаи 45. Чавобгари барои конуншикани дар Сархади давлати

Ашхосе, ки дар вайронкунии низоми Сархади давлати, низоми сархади ва низоми гузаргоххои Сархади давлати гуннахгоранд, ба чавобгарии чинояти ё маъмурии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон кашида мешаванд.

 

Моддаи 46. Назорати ичрои Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон»

Назорати ичрои Конуни Чумхурии Точикистонрр «Дар бораи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон» Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи у, дар доираи ваколатхои худ анчом медиханд.

 

БОБИ  11

ТАЪМИНотимолияви ва моддию техникии ХИМОЯИ САРХАДИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 47. Таъминоти молиявии химояи Сархади давлати

Таъминоти молиявии химояи Сархади давлати аз хисоби маблагхои бучети давлатии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 48. Таъминоти моддию техникии химояи Сархади давлати

Таъминоти моддию техникии химояи Сархади давлати аз фондхои давлатии замин, моддию техники ва фондхои дигари Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Меъёрхо ва тартиби таъминоти химояи Сархади давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

 

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                 Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе 1 августи соли 1997

№481

 

 

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон»

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1997, №15-16, мод.255)

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон» аз рузи расман нашр шуданаш мавриди амал карор дода шавад.
  2. То баста шудани ахномахо дар бораи гузариши Сархади давлатии Чумхурии Точикистон бо давлатхои хамхудуд – чумхурихои Иттифокии собик ИЧШС, ба сархад бо ин давлатхо статуси Сархади давлатии Чумхурии Точикистон дода шавад.
  3. Хукумати Чумхурии Точикистон дар мухлати се мох:

ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар хусуси ба Конуни мазкур мутобик гардонидани санадхои конунгузории чумхури таклифхо пешниход кунад:

карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон ва санадхои макомот ба он тобеъро бо Конуни мазкур мутобик намояд.

 

 

Муовини якуми Раиси Мачлиси

Олии Чумхурии Точикистон                                            А. ДОСТИЕВ

ш. Душанбе  1 августи соли 1997

№ 482

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …