Моддаи 353-и Кодекси Мехнат. Сарчашмахои маблаггузории хифзи мехнат
- Маблаггузории хифзи мехнат аз хисоби маблагхои хамасолаи пешбинишавандаи бучети давлати, корфармоён ва сарчашмахои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, сурат мегирад.
- Маблаггузории хифзи мехнат, ки дар бучетхои дахлдор бо сархати алохида чудо карда мешавад, барои нигохдории макомоти идоракунии хифзи мехнат, гузаронидани корхои илмию тадкикоти, ичрои барномахои максадноки давлати оид ба хифзи мехнат истифода бурда мешавад.
- Хар як ташкилот хар сол барои хифзи мехнат дар хачми муайянгардида дар асоси созишнома ва шартномахои коллективи маблагхои зарури чудо менамояд. Кормандони ташкилот ба ин максад ягон харочоти иловагиро анчом намедиханд.
- Андозаи харочотхо вобаста ба чорабинихои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида дар шартномаи коллективи ва санади корфармо муайян карда мешавад.