Главная / Биология / Сарахсшаклхои кадима ва хосил шудани ангиштсанг

Сарахсшаклхои кадима ва хосил шудани ангиштсанг

Такрибан 300 миллион сол мукаддам дар хама чои сатхи Замин тамоми сол хавои гарму серрутубат хукмрон буд. Бар асари боридани боронхои гарму омадани сел дарёхо сероб шуда, кулхо ва ботлокзаминхо пайдо шуданд. Тумани тираи бухори об аксар вакт офтобро панах мекард. Чунин шароит боиси нашъунамои боавчи набототи наздисохили ва ботлоки, хусусан сарахсшаклхои кадима мешуд. Чунки сарахсшаклон дорои решаю пояи пуркувват ва барг. буда, нисбат ба ушнахо (азбаски онхо решаи хакики надоштанд) ба хаёти хушки мутобикати хубтар доштанд. Дар онхо спора хеле зиёд хосил мешуд ва аз ин ру, метавонистанд хубтар афзоиш ёбанд.

saraxshaklДар чунин шароити барои сарахсшаклон хеле мувофик, онхо дар якчояги бо лучтухмони кадима бешазори анбухи хайратангезро ба вучуд меоварданд. Аксари намояндагони сарахсхо, чилбанду мун- мунахои он давру замон дарахтони хакикии кадбаланд буданд, ки то 40 метр кад кашида, танаи гафс доштанд. Дар кабати руизаминии ин бешазорхо растанихои дарахтии начандон калон ва алафи, ки ба сарахсхо, чилбандхо ва мунмунахои хозиразамон монанд бу- данд, низ боавч нашъунамо мекарданд.

Дар шохахои ин дарахтон, ки холо гул надоштанд ва мева низ хосил намекарданд, ягон хел паррандае дида намешуд. Дар бешазори торику серрутубати сарахсшаклон танхо сузанакхои азимчусса парвоз мекарданду бас. Дар руи замин бошад, хашарот, тортанак ва каждумхо хазида мегаштанд.

Ин сарахсхою чилбанду мунмунахои кадим боиси ба вучуд омадани конхои ан- гиштсанг гардиданд. Онхо тадричан нобуд гардида, дар ботлокхо, зери обу лойка кабат-кабат чамъ ме- гардиданд. Зеро онхоро дарёхои сероб ва чараёни бахрхо ба чойхои тунукоб бурда, ба болояшон лойка, гил, рег ва гайраро мехобонданд. Дар чунин шароит бе иштироки оксигени хаво, дар зери фишори об ва кабати чинсхои кухи, ин растанихои кадима дар да- воми миллионхо сол ботадрич ба ангиштсанг табдил меёфтанд. Хамин тавр, гарми ё энергияе, ки дар вакти сухтани ангиштсанг хорич мешавад, ин хамон гарми ё энергияе мебошад, ки растанихои даврахои нихоят кадим дар раванди фотосинтез дар шакли мод- дахои органики дар худашон гун кардаанд ва он хамчун бокимондахои онхо бо мурури замон ба ангиштсанг табдил ёфтааст. ПаД- доиши ин энергия аз офтоб сарчашма мегирад.

Ангиштсанг яке аз сузишворихои бехтарин ва инчунин ашёи хоми саноати химия ба хисоб меравад. Бо ангиштсанг каторахо, дегхои бугдиханда, стансияхои (истгоххои) барки, алови, заводу фабрикахо кор мекунанд. Аз ангиштсанг сузишвории гази, пластмасса, рангхои анилини, лакхои гуногун, дорувори ва бисёр дигар маводи барои хочагии халк мухим хосил карда мешаванд.

Захираи ангиштсанг дар микёси чахон хеле калон аст. Дар чумхурии мо хам конхои ангиштсанг мавчуданд ва баъзеи онхо мавриди истифода карор доранд.

  1. Намуди зохирии сарахсшаклони кадима чи гуна буд?
  2. 300 миллион сол мукаддам дар руи Замин кадом растанихо нашъунамо доштанд?
  3. Ангиштсанг чи тавр пайдо шудааст?
  4. Ангиштсанг дар хочагии халк чи ахамият дорад?
  5. Дар чумхуриамон кадом конхои ангиштсанг мавриди истифода карор доранд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …