Главная / Илм / Шапуш дар Канзи Шифо (Китоб)

Шапуш дар Канзи Шифо (Китоб)

shapushk-500x330Шапуш (Шапушк) — ин чонвар дар бадани инсон ва гайриинсон пайдо мегардад. Ду навъ аст: Якеашро, ки сиёх ва ба ранги муй аст, пойхои бисёр дорад, дар бехи муйхо чохои гуногуни бадан ними баданашро фуру бурда, зиндаги ба сар мебарад. Модаи ин навъаш дар хачм зиёда аз нари он аст. Ин кисмашро ба араби камком меноманд. Навъи дувумаш дар чохои дигари бадани инсон ба хам мерасад, ки инро ба араби камл ва ба точики шапуш меноманд. Дар тиб хамин навъаш, ки дар бадани инсон пайдо мешавад ва шаш дасту пой дорад, ба кор меравад. Ин аксар аз моддахои мурдори нодаркори бадан ба амал меояд, хох он моддахо чирки радди бошад, ё дигар моддахои касофати дар бадан чамъшаванда ба зухур мепайвандад.

Агар шапуш дар бадан бисёр гардад, бадан логар мегардад, вале аз поки ин кам мешавад. Хислатхои шифобахши он: чун шаш адад шапуши зиндаро дар сурохи бокило гузошта, хардуро якчо фуру баранд, таби дуруздармиёнро дафъ мекунад. Чун як адади онро дар сурохи закар гузоранд, пешоби бандшударо мекушояд. Чун зани хомила онро дар дасти худ бидорад ва бар он шир бидушад, агар баъд аз он шапуш рох гардад ва харакат кунад, он зан хомила ба писар аст ва илло — ба духтар хомила мебошад.

Шапуши зиндаро капида партоянд, иллати фаромушхотириро ба амал меоварад, балки бояд онро бикушанду баъд партоянд. Агар шапушро бо оби зира бар бадани тифлони нав зоидашуда бимоланд, дар тамоми умри онхо дар бадани онон шапуш пайдо намегардад. Агар дар бадан шапуши бисёр пайдо шуда бошад, илочи дафъ карданаш он аст, ки либосро ба симоб олуда бипушанд ё симоб бар бадан бимоланд, симобро бо хино якчо карда бимоланд, хамон дам шапушхо дафъ мегарданд.

Яке аз хосиятхои шапуш он аст, ки хангоми наздик шудани марги инсон аз он мегурезад. Чун шапуши бисёрро чамъ карда, аз он елим созанд, аз хамаи елимхои дигар кавитар ва часпандатар мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …