Главная / Биология / Сангпушт: намудхои онон

Сангпушт: намудхои онон

Сангпуштхо аз чихати сохти бадан ба катори хазандахои сустхаракаткунанда дохил мешаванд. Аксарияти сангпуштхо аз боло сипари барчаста ва аз поён сипарки пахни шохини пулакчаги доранд. Вазифаи сипар он аст, ки баданро аз шароити номусоиди беруна, аз зарбу лат ва аз душман мухофизат мекунад.

Сипари тахтапушт бо сутунмухраю кабургахои бадан васл шудааст. Хангоми ороми, хурокхури, рохрави аз даруни зирех сару пойхои кутох ва думаш берун мебарояд. Баъзе паррандахое хастанд, ки сангпуштро аз пояш дошта баланд парвоз карда аз он чо мепартоянд, пас аз сахт афтидан сипар мешиканад, баъд гушти он хуроки паррандахои дарранда мешавад. Намояндаи Сангпуштхо хаёти оби ва хам хушки мегузаронанд. Сангпуштхо оби, бахри, ботлоки, хушкигард, биёбони, дашти (алафи) мешаванд. Азбаски Сангпуштхо сипари мухофизати доранд, дар давоми 190- 200 миллион сол кариб бетагйир мондаанд.

Сангпушти точики

Сангпуштхо бо пойхои кутохашон охиста рох гашта, бадани вазнинашонро дар руйи замин базур кашола мекунанд. Панчахои васею чанголхои тезашон барои горкоби хизмат мекунанд. Хамин ки тобистон растанихои дашту биёбонхо хушк мешаванд, Сангпуштхо хуроки сабз ёфта натавониста, ба хоби тобистона мераванд, ки ин баъзан то боронхои аввали тирамох ё бахор давом мекунад. Дар тирамох боз Сангпуштхо бедор шуда, фаъол мешаванд. Бо cap шудани хунуки ин хайвон ба хоби зимистони меравад, ки он то бахори оянда давом мекунад. Дар биёбонхои Туркманистону теппахои Точикистон, ки тирамох, наботот тамоман хушк мешавад, аз хоби тобистона сангпуштхо бефосила ба хоби зимистона мегузаранд. Дар чунин маврид ин сангпуштхо 8-9 мох мсхобанд.

Сангпушти модина дар фасли бахор 5-6 тухми калон мегузорад, ки руйпуши сафеди охаки дошта, аз моддаи сафедаю зарди бой аст. Баъд аз 2-4 мох аз тухм сангпуштча мебарояд, ки 5 см дарози дорад. Одамон тухми сангпуштро мехуранд, ки аз мазаи тухми мург фарке надорад. Аз тухми баъзе сангпуштхои тропики равгани чарог ё хурдани мегиранд, ки он аз чихати таъм ба равгани зайтун монанд аст. Дар устухонбандии Сангпуштхо кисми устухони кос, гардан, тана ва дум чудо аст, ки онро дар морхо намебинем. Мухрахои гардани сангпушт харакатноканд.

Дандонхои сангпушт якхелаи пластинкашакланд, ки бо онхо хурокашро  мачак карда, канда мехурад. Сангпупггхои дар киштзор буда, кисмхои сабзи растаниро хурда, зарар мерасонанд.

Сангпушти калонги гигант

Дар сангпуштхо шуш хамчун узви нафаскаши нагз инкишоф ёфтааст. Аз сабаби он, ки сипарашон дар вакти нафасгири фишурдаю барчаста намешавад, хаворо гуё фуру мебаранд. Сабаби васеъ нашудани кафаси сина сипари сахти онхо мсбошад. Сангпуштхо аз руйи тасниф ба каторхои гарданпинхон, бахри, гарданкач, нармпуст чудо мсшаванд.

Зеркатори сангпушгхои гарданпинхон. Ин Сангпуштхо гарданашонро ба зери сипаркосаашон пинхон карда метавонанд. Намояндаи онхо дар хушки ва об зиндаги мекунанд Аксарияти Сангпуштхо ба ин катор дохил мешаванд. Намояндаи он сангпуштхои даштии осиёмиёнаги, кавкази, сангпушти калон ва ботлоки мебошанд. Сангпуштхои даштию биёбоние низ хастанд, ки гушташон хурданибоб аст, худи онхо асосан майса ва баъзан хашаротро хам мехуранд. Сангпушгхои ботлоки азимчусса буда то 200 кг вазн доранд. Сангпушти осиёмиёнаги дар дашту водихои Точикистон вомехурад, ки вай растанихур буда, ба зироатхои кипггшуда зарар мерасонад. Агар дар як гектар замин 20-30 сангпушти дашти зиндаги кунад, ва метавонад ба чарогох ё киштзор зарари калон расонад. Сангпушт дар 3 мохи зиндагии харакатнокаш фарбех мешавад ва чуфт шуда, тухм мегузорад. Ин сангпушт дар шароити Точикистон аз ибтидои мохи апрел ба чуфтшави cap мекунад. Мохи май ба горчахояш 3-5 тухм мегузорад ва мохи август аз тухмхо сангпуштчахо мебароянд. Мардуми махаллии Осиёи Миёна, аз чумлаточикон гушти сангпуштро макрух (харом) шуморида, аз хурдани гушти болаззати он хазар мскунанд, хол он ки гушти сангпушт ба таъми гушти мург монанд аст.

Зеркатори Сангпуштхон бари. Ин Сангпуштхо дар обхои гарми укёнуси Ором ва дар бахри Япон зиндаги мекунанд. Дар байни панчахои пояшон парда доранд, ки дар об нагз шино мекунанд. Дар баъзеашон пой ба белча табдил ёфтаасг. Дар баъзе сангпуштхои бахри сигшркосаашон бархам хурда, баданашон луч аст. Сангпуштхои оби дарранда буда, мохи, курбокка за хашароту кирмакхои обиро мехуранд. Намояндаи онхо каретта, бисса, Сангпуштхои обхои шур мебошанд.

Сангпушти обхои шур калончусса буда, то 500 кг вазн дорад. Сангпуштхои бахриро бо асбобхои махсус шикор карда, аз гушти болаззаташон консерва тайёр мекунанд. Аз зирехи баъзе сангпуиггхои бахри, ки ранги зебо доранд, шона, хокистардон ва дигар чизхои ороиши мссозанд. Дар обхои тропикии укёнусхои Хинду Ором ва Атлантика сангпуштхои калонтарини дунё зиндаги мекунанд, ки дермахолис ном дошта, то 600 кг вазн доранд ва дарозии сипарашон то 2 м. мешавад. Соли 1936 чунин сангпупггро аз обхои худуди Шарки Дур (аз гулугохи Ринда) дошта буданд.

Намуди дигари сангпушти обиеро, ки кареттаи одди ном дорад, соли 1940 аз наздикии Владивосток (аз гулугохи Петри Бузург) дошта, ба боги хайвоноти Москва оварда буданд.

Зеркатори Сангпуштхои гарданкач. Ин сангпуштхо гарданашонро ба даруни сипарашон фуру кашидаю пинхон карда наметавонанд. Онхо дар обхои ширини Америкаи Чануби, Австралия, Африка зиндаги мекунанд. Яке аз онхо сангпушти моргардан аст.

Зеркатори Сангпуштхои нармпуст. Ингуна сангпуштхо аз болои сипаркоса пуст доранд. Онхоро дар китъахои Африка. Осиё, Америкаи Шимоли вохурдан мумкин аст. Дар кисми пеши танаи онхо хартум мавчуд аст. Намояндааш трионикси хитои мебошад. Бояд гуфт, ки хамаи Сангпуштхо дар хушки афзоиш мекунанд. Сангпуштхои хушкигарди азимчусса, ки дар чазирахои Галапагос (укёнуси Ором), Америкаи Чануби, дар баъзе чазирахои укёнуси Хинд вомехурданд, то 200 кг вазн дошта, диаметри баданашон 1.5 м хачм дорад. Одамон бештар сангпуштхои азимчуссаро шикор мекунанд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …