Главная / Чамъият / Санчиш хангоми кабул ба кор

Санчиш хангоми кабул ба кор

Моддаи 28-и Кодекси Мехнат. Санчиш хангоми кабул ба кор

  1. Шартномаи мехнати метавонад бо санчиши пешаки баста шавад. Санчиш бо созиши тарафхо мукаррар гардида, ба гайр аз холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, наметавонад аз се мох бештар бошад.
  2. Дар давраи санчиш ба корманд меъёрхои Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи татбик мегарданд.
  3. Хангоми ба кор кабул намудан санчиш ба шахсони зерин мукаррар карда намешавад:

– шахсоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст;

– мутахассисони чавон, ки на дертар аз як сол баъд аз хатми муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, муассисахои таълимии тахсилоти махсус ё муассисахои таълимии тахсилоти олии касби аз руи ихтисос маротибаи аввал тибки роххат ба кор кабул карда мешаванд;

– шахсоне, ки тибки озмун барои ишголи вазифахои (мансаби) дахлдор ба кор кабул карда мешаванд;

– хангоми гузаронидан ба кор ба махалли дигар, гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар;

– ба маъюбон дар сурати доштани тавсияхои мехнати, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати дода шудаанд.

  1. Давраи муваккатан гум кардани кобилияти кори ва дигар даврахое, ки корманд бо сабабхои узрнок ба кор хозир набуд, ба хисоби мухлати санчиш дохил намегардад.
  2. Гузаштани санчиш бояд дар шартномаи мехнати кайд карда шавад. Дар сурати мавчуд набудани чунин кайд, корманд бе санчиши пешаки ба кор кабулшуда хисоб меёбад.
  3. Агар то ба охир расидани мухлати санчиш корфармо кормандро ба вазифаи (мансаби) баланд таъйин намояд, корманд аз санчиш гузашташуда хисоб меёбад.
  4. Агар баъд аз гузаштани мухлати санчиш тарафхо дар бораи катъи шартномаи мехнати изхор накунанд, амали шартнома идома меёбад ва катъи минбаъдаи он дар асосхои умуми мувофики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон рох дода мешавад.
  5. Хангоми манфи будани натичаи кори корманд дар давраи санчиш корфармо хукук дорад на барвакттар аз хафт рузи ба охир расидани давраи санчиш бо нишон додани сабабхое, ки барои аз санчиш нагузаштани корманд асос шудаанд, уро хатти огох намуда, шартномаи мехнатиро бо корманд катъ намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …