Главная / Илм / Санчид дар Канзи Шифо (Китоб)

Санчид дар Канзи Шифо (Китоб)

sanjid-00-660x330Санчид ( чигитак ) — Ин дарахт ва меваи маълум аст. Ду хел мешавад: санчиди зогак ва оди. Навъи одии онро дар богот парвариш мекунанд. Кувваташ то ду сол боки мемонад. Мизочаш дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст, вале хушки дар хоми он зиёдтар мебошад. Хислатхои шифобахши он: ин кувватбахш ва фараховар мебошад.

Хурдани санчид барои дарди саре, ки дар натичаи ба сар баромадани бухорот аз меъда ва дигар узвхои поёни бадан бошад, шифо мебахшад; сурфаи гармро таскин медихад, меъдаро кувват мебахшад ва куввати нигохдорандагии онро меафзояд, инчунин бофти ин узвро мустахкам мекунад; иллати кай карданро таскин медихад, шиддати сафроро мешиканад, ба меъда баромадани бухорхои зарарнок ва рехта шудани моддахои бегонаро манъ мекунад. Агар санчиди хомро бихуранд, бечо равон шудани рутубатро аз хар як чойи бадан, ки бошад ва инчунин исхолро манъ мекунад. Ордакашро бихуранд хам, хамин гуна таъсир дорад; харошида шудани сатхи даруни рудахоро, ки сабабаш бисер гаштани сафро бошад, шифо мебахшад, бисер омадани пешоб ва чакмезакро ба ислох меоварад; ордаки санчидро хуронидан ба кудакон бисёр хуб аст, зеро ки ин барои мизочи онон бисёр форам мебошад.

Микдори як бор хурдан аз санчид дар як руз то 50 адад мебошад. Гули санчид сафед ва моил ба зарди, бисёр хушбуй аст.Мизочи ин гулаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст.

sanjid-300x223Хислатхои шифобахши он; ин барангезандаи шахвати бох аст хусусан дар занон. Бинобар ин духтарони наврасро аз буйидани гули санчид манъ менамоянд. Буйидани гулаш низ фарах меоварад, дил ва майнаро кувват мебахшад. Агар бихуранд, барои беморихои вобаста ба майна, монанди: фолич ва кузоз (столбняк) дору мебошад; майна ва дилро кави мегардонад. Инчунин хурдани гули он дамкутахи ва захми шушро сихат мекунад, меъда ва чигарро кувват мебахшад, гиреххоро мекушояд, бодхоро тахлил медихад; истиско (водянка), зардпарвин ва ларзи табхоро дафъ мекунад.

Микдори як бор хурдан дар як руз аз гули санчид 4,5 грамм аст. Агар барги санчидро ба чарохат ва захмхо гузошта банданд, ба рим меоварад, рими онро пок месозад ва сихат мегардонад, ки ба давои дигар хочат нест. Агар барги тараш набошад, барги хушкашро хам ба кор баранд, равост.

Аз санчид равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Баргхои санчидро дар равган то мухарро шуданаш мечушонанд. Ин равгани санчид хисоб меёбад. Молидани ин барои бугум ва пайвандхои бадан, суст ва нотавон гаштани аъзо даво мебошад, муйро дароз мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …