Главная / Илм / Санавбар

Санавбар

sanavbar-660x330Санавбар — ин дарахтро ба забони руси сосна меноманд, ки ду навъ аст: якеаш нар, он самар намедихад, факат аз шилми он катрон хосил мекунанд; дигараш самари монанди дили гусфанд дорад — ин навъи модаи он аст. Самараш дар хоми яклухт метобад ва агар расида гардад, донахояш аз хам шукуфта, дар намуд чудо мегарданд. Бехтарини он магзи тухмаш сафед, болида ва равгандори он аст.

Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст, вале баъзехо дар дарачаи дувум гуфтаанд. Мизочи барг ва пустлохи он гармтар аст аз тухми он.

Хислатхои шифобахши он: барг ва пустлохи онро бихуранд, барои дарди гулу, чарохати шуш, банд кардани хуни бини ва катъ гардонидани хуни чарохатхои нав дору мешавад. Хар руз 4,5 грамм сузанбаргхои онро куфта, бо шахдоб биёшоманд, иллатхои чигар, варам ва дагалии онро дафъ мекунад. Агар ин микдор хушкашро бо оби сард бихуранд, дарунро мебандад.

Барги хушки онро куфта бипошанд, чойи чокшуда ва даридаи узвро покиза сихат мекунад. Бо зоки сурх якчо куфта бипошанд, решхои раддиро шифо мебахшад.

Баргхояшро дар об чушонида, бо он об гусл кунанд, мондагиро бартараф месозад, касалиро шифо мебахшад, баданро аз чирк пок менамояд, бадбуии араки баданро дафъ мекунад. Агар дар он об то ноф даромада нишинанд, беморихои макъадро ба ибро меоварад. Оберо, ки дар он  баргхои ин дарахт чушонида шуда бошад, дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад. Онро сухта, занхо худро батакрор ба дудаш бидоранд, хамрохаки тифлро хорич мекунад, хайзро равон менамояд.

Катрони инро бимоланд, муйи рехтаи мижа ва абруро меруёнад, барои гудохтани барчастагии гушти чашм аз тарафи бини дору мешавад; барои обрави, камкувватии чашм, шилпуки ва кутури он даво мебошад.

Барги тарашро куфта гузошта банданд, хунравиро аз чарохатхо манъ мекунад. Чубашро реза карда, дар сирко чушонида, он сиркоро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад, инчунин дар дахан нигох доранд хам, хамин асарро дорад.

Пусти решааш бандкунандаи дарун ва хушккунанда аст. 9 граммашро куфта бихуранд, исхолро мебандад, харошида шудани сатхи даруни рудахоро шифо мебахшад. Куфтаи инро ба сухтагии оташ ва аз оби гарм бипошанд, зуд ба ибро меоварад; ва агар инро бо оби гарм хамир сохта гузошта банданд, дарди узвхои латхурдаро таскин медихад.

Мизочи дона, яъне тухми санавбари калондарахт дар дарачаи дувум гарм ва дар якум тар аст. Кувваташ то як сол боки мемонад.

 sanavbar-2-300x284Хислатхои шифобахши он: агар магзи донаи инро бихуранд, куввати бох мебахшад, иштихоро мекушояд, асабхоро кави мегардонад, узвхои баданро мустахкам мекунад, гиреххоро мекушояд, шиддати бодхои тезро мешиканад; барои иллатхои фолич, кач шудани руй, карахти, кузоз (столбняк), ларзак, захмхои шуш, дарди бугумхо, ки аз сарди бошанд, беморихои чигар, зардпарвин, истиско, дарди гурда ва хичак, ки сабабаш чамъ шудани сафрои сухта бошад, шифо мебахшад.

Агар инро куфта, бо асал хамир сохта, хар руз 14 грамм аз он лесида бихуранд, фолич ва ларзакро шифо мебахшад: барои беморихои шуш ва пок намудани ин узв аз ахлоти гафсгашта, покизагии гурда, дур кардани сурфаи кухна, хусусан душоб хамрох карда биёшоманд, даво мебошад.

Магзи инро бо тухми бодиринг якчо куфта бихуранд, пешобро равон мекунад, захмхои гурда ва хичакро сихат мекунад: агар бо оби чилмангуштак (семизут) биёшоманд, дарди меъдаро таскин медихад, бадани нимчонро кувват медихад, рутубатхои мурдорро аз бадан дафъ мекунад. Тухми тару тозаи инро бо пусташ якчо куфта, дар об чушонида, он обро бо шароби мусаллас даромехта, аз ин таркиб хар руз 100 грамм бинушанд, сурфаи кухна ва захмхои шушро дафъ менамояд.

Магзи тухми санавбари калондарахтро бо мудовамат бихуранд, узвхои нотавон ва сустгаштаро ба холи аслиашон меоварад, гушти баданро сахт мегардонад.

Тухми онро куфта, дар оби ангур андозанд ва худ аз худ он ба чуш ояд, шароби тухми санавбар мегардад. Нушидани ин шароб назлахоро манъ мекунад, сурфаро таскин медихад, хазми таом меоварад, исхоли обдорро банд месозад, истискоро (водянкаро) шифо мебахшад. Тухми санавбарро бо талхшувок якчо куфта, ба меъда гузошта банданд, дарди рудахоро таскин медихад, яъне дарди шикамро сокин мекунад.

Микдори як бор хурдан аз магзи тухми он дар як руз то 7 грамм аст ва аз усораи он, ки оби баргхои онро дар офтоб гафс гардонида бошанд, то 10,5 грамм аст. Аз обе, ки дар он баргхои санавбар чушонида шуда бошад, меъёри нушиданаш 25 грамм аст.

Магзи тухми санавбар душворхазм мешавад, ба одамони гарммизоч зарар дорад, дарди сар мекунад, дилро бечо (бехузур) мегардонад. Дар ин холат сиканчабин ва мевахои турш бояд бихуранд, ки зиёнаш ислох ёбад. Вале ба одамони сардмизоч мувофик аст. Агар барои афзудани куввати бох истеъмол кардани бошанд, бо кунчид ва асал бихуранд, зеро ин чизхо зиёдкунандаи куввати онанд. Бояд зиёда аз 12,5 грамм, ки як-як шикаста бихуранд, тановул нанамоянд. Агар аз хад зиёд бихуранд, рудахоро ба дард меоварад, печиши рудахоро содир мекунад.

Шилми санавбар се навъ мешавад: 1. Ракикгар аст ва шах намешавад, онро зифти тар меноманд; 2. Он ки табиатан шах аст, яъне хангоми аз дарахташ дамидан худ ба худ дар хамон чо сахт мегардад; 3. Он ки бо оташ бипазанд, шах мегардад. Бехтарини шилми санавбар он аст, ки рангаш сафеди моил ба зарди бошад ва буйи санавбар аз он шамида шавад.

Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк асг. Мизочи навъи оташдидаи он гармтар аст аз оташнадидаи он. Хислатхои шифобахши он: 2,25 граммашро бо зардии тухми мурги нимпухта ва ё бо обе, ки дар он сабуси гандум чушонида шуда бошад, биёшоманд, барои сурфаи кухна, дамкутахи ва чарохати тари шуш дармон мешавад. Агар ин шилмро бихоянд, сурфаи тарро даво мебошад, моддахои зарарнокро аз майна кашида берун мегардонад.

Шилми санавбарро монанди тамоку рузи аввал як дафъа, рузи дувум ду дафъа, рузи севум се дафъа бикашанд, барои сурфа, дамкутахи ва захми шуш давои ачиб мебошад. Чун латтаро ба ин шилм олонда, дар офтоб хушк карда, бемории зукоми сард, таби дуруздармиён дуди онро бишаманд, хамон соат таскин медихад.

Инро куфта гузошта банданд, чарохатхоро ба хам оварда сихат мебахшад; барои дафъ кардани хориш, кутур ва дагалии пуст дармон мебошад; агар бо гулнор якчо куфта, гузошта банданд, даридани рагхо, инчунин носурхоро ба ибро меоварад; баробари вазни он тухми загир хамрох намуда, куфта банданд, озаххои овезони макъадро, ки табибон аз илочи он очиз омада бошанд, дафъ мекунад; инчунин барои кафидани пусти пойхо доруст, бавосирро дафъ менамояд ва барои ислох кардани качии нохун таъсири хуб ва пуррае дорад.

Чун як чузъ шилми санавбар, зарнихи сурх (сернистый мышьяк), саргини заргуш, равгани буз — аз хар се нисф чузъ — хамаро соида, дар оташ гудохта, курсхо бисозанд, хар як курс 2,25 грамм бошад. Дар вакти хочат як курсро бо оташи мулоим дуд кунанд ва дуди онро ба воситаи найча хар руз се бор ба дарун бикашанд, барои сурфа ва захми шуш давои хеле хубе мебошад. Чун як чузъи онро дар руйи оташ гудохта, баробари вазни он тухми загир, нисф вазни он сафедоби калъаи (оловянные белила) дар он андохта, аз оташ фуруд оваранд, барои ба хам часпонидани дахани чарохатхои нав давои хуб мебошад ва чарохати кухнаро пок мегардонаду онхоро сихат мебахшад.

Шнлми санавбар дар баданхои сахт гушт меруёнад, вале дар баданхои мулоим варамхоро ба амал меоварад. Чун шилми санавбарро бо нисф вазни он зарних, мурч хамрох карда, бо равгани бодом пухта, монанди мархам гузошта банданд, донаи бавосирро дафъ мекунад, лекин сахт ба дард меоварад. Илочи ин бо молидани сафедии тухми мург, сафедоб ва бо хурдани шири навчушида хосил карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …