Главная / Илм / Саломалек

Саломалек

salomalek-660x330Саломалек (Саломалейкум) —  ин пиёзаки хушбуест, ки сахт, кулулаи дарозак ва баъзе факат дарозак ва гайра. Гиёхаш дар заминхои корам ва гайрикорам меруяд, ки намнок бошанд. Инро мардум мешиносанд. Дар тиб пиёзаки зеризаминии сиёх, пусти дарунаш сафед, хушбуйи сахти он ба кор меравад. Навъхои дигараш зарарнок, хатто захрнок аст. Ба забони русси Осока меноманд.

Мизочи кисми дарунаш сафеди хушбуйи он дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Ба кавли баъзехо, дар аввал гарм ва дар дувум хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: инро куфта гузошта банданд, захри каждумро бе хеч гуна дард кашида берун меоварад. Ва агар бихуранд, пешоб ва хайзро равон мекунад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, дахани рагхоро мекушояд, хамаи бадбуйихои аъзоро дафъ мекунад ва инчунин фахм ва аклу фаросатро зиёда мегардонад; дарди сарро, ки сабабаш сарди бошад, пшфо мебахшад; бадбуйии бини, бавосири даруни бини, агар куфтаи онро ба воситаи найча пуф кунанд — хамаашро дафъ мекунад. Агар гузошта банданд, бавосирро шифо мебахшад.

salomalekumСаломалейкумро бихуранд, ранги руйро неку мегардонад; дилтапак (дилбози) ва зардпарвинро шифо мебахшад; меъда ва узвхои хозимаро, ки иборат аз меъда, чигар, рудахо ва сипурз мебошанд, кави месозад; асабхоро кувват мебахшад; бох ва иштихоро бармеангезад, захмхои меъдаро сихат мекунад ва бодхоро пароканда менамояд.

Чун ин пиёзакро бо об соида, дар зарфи сафоли бар руйи оташ гузоранд, рутубаташ макида гардад, баъд гирифта хар руз ба дили нахор камакак аз он бихуранд, барои кави сохтани меъда ва дафъ кардани сузиши сари меъда, ки сабабаш бадхазми бошад ва инчунин бадбуйии даханро, ки вобаста ба меъда бошад, яъне бо ширкати меъда бошад, дармон мешавад.

Агар оби онро дар гуш чаконанд, гаронии гушро дафъ мекунад. Онро бимоланд, дандон ва милки онро мустахкам мегардонад, даханро хушбуй месозад, захм ва буйи бади даханро дафъ мекунад. Хушки инро куфта бипошанд, ба решхои тари кухна гушт меруёнад, барои дардхои сард, ки аз чамъ шудани бод бошанд, даво мешавад. Агар инро пай дар пай гузошта банданд, низ беморихои номбурдаро шифо мебахшад.

Куфтаи онро бо зифти санавбар сиришта бимоланд, чушишхои пусти сарро сихат мекунад.Инро дар об чушонида, бо он об руйро бишуянд, гунаи рухсораро соф мегардонад.

25 грамм пиёзаки сафеди саломалекро дар 300 грамм шароб чушонида, 25 грамм аз он бинушанд, хамаи намудхои кирми меъда ва кирмхои дигари шикамро (хатто кирми кадудона— солитёр)-ро дафъ мекунад.

Агар пиёзаки саломалекро бо решааш истеъмол кунанд, куввати онро вайрон мегардонад, ба халк ва овоз зарар дорад — дар ин маврид шакар бояд хурд, ки ислохи зарари он намояд. Ба шуш хам зиён мекунад, дар ин холат арпабодиён бихуранд, зарараш ислох мегардад.

Агар ин пиёзакро аз меъёр зиёда бихуранд ва ё бардавом истеъмол намоянд, хунро месузонад, иллати махавро пайдо мекунад. Барои ин кабил зарархояшро нест кардан, онро се руз дар асал ва сирко тар кунанд, кифоя аст, ки безарар гардад. Микдори як бор хурдан дар як руз аз пиёзаки саломалек аз 3,5 то 9 грамм аст..

Агар инро дар собунгари дохили собун намоянд, боиси хушбуйи ва шифобахшии он мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …