Главная / Илм / Салавоти нория ва хосиятхои он

Салавоти нория ва хосиятхои он

Имом Куртуби мефармояд, ки: «Агар касеро мушкиле ва ё мухимме пеш ояд ва ё аз барои дафъи душмане очиз бошад «Салавоти нория»-ро 4444 бор бихонад, бо фармони Аллохи таоло ва бо сабаби ин дуруди муборак он шахс ба муроди худ хохад расид ва дари хайру баракат бар руйи у кушода мегардад». Касе, ки «Салавоти нория»-ро хохад, ки 4444 бор бихонад, барои ин кор вакти зиёде лозим аст ва хонанда метавонад дар се руз ин микдорро ба итмом расонад. Ва ё ин ки дар шакли чамъ чанд кас метавонанд хамрох бихонанд.

Ва агар касе дар рузе ин дурудро хазор бор вазифаи худ созад, ба дарачаи аълои маънави хохад расид ва ин амал яке аз аъмоли писандида аст дар назди Худованди мутаол.

Олимони Ислом муътакиданд, ки шахсе, ки ин дурудро сад бор дар рузе бихонад, дар аъмоли хасанаи у фазилати зиёде хосил хохад шуд.

Имом Куртуби менигорад, ки: «Хар кадом шахсе, ки “Салавоти нория”-ро дар хар рузе 41 бор бихонад, аз гаму андух ва азобу ранчу беморихо саломат хохад монд. Ва хамчунин сафои дил уро хосил гашта, хайру баракат дар зиндагиву рузии у падид меояд».

Мухаммади Тунуси мефармояд, ки: «Хар касе дар хар рузе 21 бор «Салавоти нория»-ро вазифаи худ созад, ризки у монанди борон аз осмон ва монанди сабза аз замин пайдо хохад шуд ва дари рохату осоиш бар руйи у кушода мегардад».

Имом Динури чунин мефармояд, ки: «Хар шахсе, ки аз паси хар намозе 11 бор «Салавоти нория»-ро вазифаи худ созад, хамаи асбоби рузи барояш омода хохад шуд. Ва ризки ахлу аёл ба осониву баракат падидор мегардад».[1] Салавоти нория ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма салли салотан комилатан ва саллим саломан томман ало сайидино Мухаммадини-л-лази танхаллу бихи-л-укаду ва танфаричу бихи-л-курабу ва тукзо бихи-л-хавоичу ва тунолу бихи-р-рагоибу ва хусну-л-хавотими ва юстаска-л-гамому бивачхихи-л-карими ва ало олихи ва сахбихи фи кулли ламхатин ва нафасин би адади кулли маълумин лак.[2]

Тарчума: Эй Аллох, дуруди комил ва саломи вофир нозил фармо бар сардори мо Мухаммад (с), ки аз баракати онхо мушкилот хал мегардад ва ба зариаи онхо таколифу танги дур мегардад ва хавоич пурра мегардад ва чизхои маргуб хосил мегардад ва ба анчоми нек мерасад ва сероб мегарданд абрхо дар тасдики онхо ва бар авлоди у ва бар асхоби у дар хар ламхаву хар нафас ба андозаи маълумоти хеш, дуруд мефиристем.[3]

[1] «Мукаддас ойлар ва мустажоб дуолар». Сах. 61.

[2] «Мукаддас ойлар ва мустажоб дуолар». Сах. 60.

[3] «Мачмуаи вазоиф». Сах. 426-427.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …