Главная / Маданият ва санъат / Салавот гуфтан ба Расулуллох салаллоху алайхи ва саллам

Салавот гуфтан ба Расулуллох салаллоху алайхи ва саллам

Салавот гуфтан ба Расулуллох салаллоху алайхи ва саллам

-Расули акрам (с) фармуданд, ки шаби меъроч Чабраил ва Микоил ва Исрофил ва Азроил алайхиму-с-салом дар назди ман омаданд. Чабраил алайхи-с-салом гуфт: – Ё Расулаллох, хар касе аз уммати ту дах мартаба салавот бар ту фиристад, ман аз дасташ гирифта, уро аз сирот гузаронам.

Микоил гуфт: – Ё Расулаллох, гуяндаи он салавотро ман аз хавзи Кавсар сероб гардонам.

Исрофил алайхи-с-салом гуфт: – Ё Расулаллох ман аз барои гуяндаи он салавот cap ба сачда нихам, омурзиш хохам, то Аллох таъоло магфират накунад, cap аз сачда набардорам.

Азроил алайхи-с-салом гуфт: – Ё Расулаллох, ман рухи гуяндаи салавотро мисли арвохи Анбиё алайхи-с-салом мегирам.

Фармуданд Расули акрам (с): – Бехтарини мардумон дар назди ман он кас аст, ки салавоти бисёр гуяд бар ман.

Ривоят мекунад Абубакри Сиддик разияллоху анху ба дурусти, ки салавот фиристодан бар Пайгамбар (с) гунохро чунон нобуд гардонад, ки об оташро нобуд гардонад ва салавот фиристодан бар Пайгамбар (с) бехтар аст аз озод кардани банда.

Расули акрам (с) фармуданд, ки се гурух руи маро набинанд: аввал оки падар, дуюм хар ки сунати маро тарк кунад, сеюм хар ки номи маро шунида бар ман салавот нафиристонад. Мавлуди Пайгамбар (с)-ро чашн гирифтан хуб аст.

Илохо, тавфики салавот гуфтанро барои хамаи мо насибу рузи гардони, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …