Главная / Гуногун / Салавот ба тарики назм

Салавот ба тарики назм

Бояд ки салавоти хузуриро умматони мувофик ва толибони содик ва рафикони мушфик дар мачлиси тараб ба хусни адаб аз рохи ниёз ба сузу гудоз ба иродат ва тахорат ба мушки азфар ва ба уду анбар, ба савти хазин ва ихлосу якин ба рухи Хазрати Сайидулмурсалин алайхи мина-с-салавоту афзалухо ва минаттахийёти акмалухо даргузаронанд, то футухи абвоби[1] рахмати Илохи гардад чалла шонаху ва амма наволаху би авнихи ва иноятихи.[2] Салавоти мутабарракоти Хазрати Расули коинот (с) ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Бишунав зи ман саломе, салавот бар Мухаммад,

Бирасон зи ман паёме, салавот бар Мухаммад.

Дари Каъба боз кардам, ба Харам намоз кардам,

Ба Худой роз кардам, салавот бар Мухаммад.

Дари тавбаро гирифтам, ба Макому Рукн рафтам,

Ба Сафову Марва гуфтам, салавот бар Мухаммад.

Хараму Хатиму[3] Замзам, Арафоту Хилли[4] аъзам,

Пайи гуфтугуст бо хам, салавот бар Мухаммад.

Салавот бар Мухаммад, баракот бар Мухаммад,

Рахамот бар Мухаммад, салавот бар Мухаммад.

Зи ман, эй сабо, равони, зи манаш варо бихони,

Зи ман, эй Худо, расони, салавот бар Мухаммад.

Манам он гадои куяш, хама дам ба чустучуяш,

Нигарам ба рую муяш, салавот бар Мухаммад.

Ба чаман гули шукуфта, буни худ ба гил нухуфта,

Ба забони хол гуфта, салавот бар Мухаммад.

Ба риёзи чаннати у, пури нур турбати у,

Ту бигуй уммати у, салавот бар Мухаммад.

Салавот бар Мухаммад, баракот бар Мухаммад.

Рахамот бар Мухаммад, салавот бар Мухаммад.

Хама хокиёни дунё, хама мукрибони аъло,

Хама дам ба шуру гавго, салавот бар Мухаммад.

Лаби Чабраил гуяд, дами Исрофил гуяд,

Дили Микоил гуяд, салавот бар Мухаммад.

Пари Чабраил раксад, ки магар расад ба максад,

Бирасонад у ба ашхад, салавот бар Мухаммад.

Зи capo ило[5] сурайё, дили заррахои ашё,

Хама чахру хуфя[6] гуё, салавот бар Мухаммад.

Салавот бар Мухаммад, баракот бар Мухаммад.

Рахамот бар Мухаммад, салавот бар Мухаммад.

Ба бихишти адн бигзар, ки навиштаанд бар дар,

Ба зару забарчад, анвар, салавот бар Мухаммад.

Макарат чу руху райхон, шавад, эй тани мусалмон,

Чу бигуи аз дилу чон, салавот бар Мухаммад.

Гаму гуссаи гаронро, дили реши мучримонро,

Чи давост осиёнро, салавот бар Мухаммад.

Гарат аз гами маоси, шуда тира рузи софи,

Ту бихон хурузи шофи[7], салавот бар Мухаммад.

Салавот бар Мухаммад, баракот бар Мухаммад.

Рахамот бар Мухаммад, салавот бар Мухаммад.

На Сафиву Нух гуяд, на тани Насух гуяд,

Хама ахли рух гуяд, салавот бар Мухаммад.

Зи Сафиву Нух бингар, ба Халили ибни Озар,

Ба Забеху теги акбар, салавот бар Мухаммад.

Дили Муси асту Хорун, зи пайи русум мафтун,

Гузарон ба лахни махзун, салавот бар Мухаммад.

Бинигар ба Ибни Марям, ба само шуда мукаррам,

Ба лабон-ш исми аъзам, салавот бар Мухаммад.

Салавот бар Мухаммад, баракот бар Мухаммад.

Рахамот бар Мухаммад, салавот бар Мухаммад.

Чу Хакаш салом гуяд, дигараш чи сон нагуяд,

Лаби инсу чон бигуяд, салавот бар Мухаммад.

Зи само бурокаш омад, зи худи фирокаш омад,

Мадани високаш омад, салавот бар Мухаммад.

Ба ду дида дида якро, зи миён зидуда шакро,

Зада бар махак маъакро, салавот бар Мухаммад.

Ту мадон, ки уст мурда, гарав аз миён бибурда,

Ду чахон ба уст зинда, салавот бар Мухаммад.

Салавот бар Мухаммад, баракот бар Мухаммад

Рахамот бар Мухаммад, салавот бар Мухаммад

Зи санои у надонам, ки чи сон кунад забонам,

Дилу магзу чисму чонам, салавот бар Мухаммад.

Чу Худо худоияшро бинамуд ошкоро,

Ба туфайли уст ашё, салавот бар Мухаммад.

Набуди агар Мухаммад, нашуди хисоби аб чад,[8]

На кабул буди овард, салавот бар Мухаммад.

Ба туфайли уст инсон, ба туфайли уст ин чон,

Ба туфайли уст имон, салавот бар Мухаммад.

Салавот бар Мухаммад, баракот бар Мухаммад.

Рахамот бар Мухаммад, салавот бар Мухаммад.

Салавоти бар тахийят, бари ахлу оли Хазрат,

Ба сахобахои уммат, салавот бар Мухаммад.

Ба Имому Шайхи акбар, шуда ноиби Паямбар,

Пас аз уст чун ки Умар, салавот бар Мухаммад.

Бикунам ба мехри Усмон дилу чони хеш курбон,

Пас аз у ба Шохи  мардон, салавот бар Мухаммад.

Ба шаши дигар бихишти, шуда душмани куништи,

Ба канор бурда кишти, салавот бар Мухаммад.

Салавот бар Мухаммад, баракот бар Мухаммад.

Рахамот бар Мухаммад, салавот бар Мухаммад.

Ба чахор ёри яктан, ба чахор мохи  равшан,

Ба чахор рукни гулшан, салавот бар Мухаммад.

Ба рафику ёри гораш, ба Имоми даррадораш,

Ба Гании номдораш, салавот бар Мухаммад.

Ба Вали-Алии Хайдар, зада зарби худ ба Антар,

Бишикаста боби Хайбар, салавот бар Мухаммад.

Ба Батули бинти Кубро, ки лакаб варост Захро,

Ба Хасан, Хусайн шахидо, салавот бар Мухаммад.

Салавот бар Мухаммад, баракот бар Мухаммад.

Рахамот бар Мухаммад, салавот бар Мухаммад.

Ба Имом Зайни обид, шабу руз буд сочид,

Бари Бокири мучохид, салавот бар Мухаммад.

Ба Имом Мирчаъфар, бари Мусии мунаввар,

Ба гулобу уду анбар, салавот бар Мухаммад.

Ба Али Ризои Козим, ки ба Тус гашта ноим,

Ба Таки, Накии олим, салавот бар Мухаммад.

Ба вучуди Шохи Аскар, ба Имом Махди acгap,

Ба чамеи оли Сарвар, салавот бар Мухаммад.

Салавот бар Мухаммад, баракот бар Мухаммад.

Рахамот бар Мухаммад, салавот бар Мухаммад.

Чу рави, сабо, ба куяш, ба тавофи хоки куяш,

Зи ман ин салом бигуяш, салавот бар Мухаммад.

Ки зи суйи шарки дунё, зи макони дехи  Яхё,

Ба умед гуфт аз он чо, салавот бар Мухаммад.

Ки ба ном Саъдуддин аст, зи ту дог бар чабин аст,

Шабу руз зикраш ин аст, салавот бар Мухаммад.

Назаре бикун нихонаш, саги куйи худ бихонаш,

Дигар аз дарат маронаш, салавот бар Мухаммад.

Салавот бар Мухаммад, баракот бар Мухаммад.

Рахамот бар Мухаммад, салавот бар Мухаммад.[9]

[1] Футухи  абвоб – кушоиши дархо.

[2] «Девони Шури ишк». Сах. 152.

[3] Хатим – санги Каъба мобайни Рукн ва Замзам.

[4] Хил(л) – равон шудан ва аз эхром берун омадан.

[5] Ило – ба суйи, то.

[6] Чахру хуфя – ошкоро ва пинхони.

[7] Хурузи шофи — таъвизоти шифо.

[8] Аб чадд – падар ва бобо.

[9] «Девони Шури ишк». Сах. 152-155.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …