Главная / Гуногун / Салафиён

Салафиён

Манкул[1] аст аз баъзе салаф, ки дар дарё чамъе дар кишти буданд, ки боде бархост ва киштиро дар талотуми амвоч андохт. Чунончи ахли кишти дил аз хаёт бардоштанд ва якдигарро видоъ карданд. Дар ин махал нуос[2] бар ман галаба кард ва чашми ман гарм шуд. Пайгамбар (с)-ро дидам, маро гуфт: «Ахли киштиро бигуй, то хазор навбат ин салавотро бар ман фиристанд». Салавотро он Хазрат (с) ба ман хонданд. Бедор гаштам ва ахли киштиро аз хоби худ хабар кардам. Ба хондани ин салавот машгул шуданд, хануз сесад навбат тамом нашуда буд, ки бод таскин ёфт ва хама халос гаштем. Ва салавот ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма салли ало сайидино Мухаммадив-ва ало оли сайидино Мухаммадин, салавотан туначчино бихо мин чамеи-л-ахволи ва-л-офоти ва такзилано бихо мин чамеи-л-хочоти ва тутаххируно бихо мин чамеи-с-саййиоти ва тарфауно бихо индака аъла-д-дарачоти ва тубаллигуно бихо акса-л-гоёти мин чамеи-л-хайроти фи-л-хаёти ва баъда-л- мамот, иннака ало кулли шайъин кадир.

Хулоса, баракоти ин дуруд барои дафъи балохову амроз[3] аз мучарработи бузургон аст.[4]

[1] Манкул – накл кардашуда.

[2] Нуос – нимхоби.

[3] Амроз – беморихо.

[4] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 131.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …