Главная / Маданият ва санъат / Шаклхои давлат

Шаклхои давлат

Давлатхо на танхо бо мохияту вазифа ва самту тарзи фаъолияти худ аз якдигар фарк мекунанд, балки бо шаклхои идоракуни ва сохти давлатиашон низ аз хамдигар фарк доранд. Вобаста ба шакли идоракуни давлатхо ба ду гурух чудо мешаванд: монархи ва чумхурияви. Монархия – чунин шакли идоракуни мебошад, ки дар он хокимияти оли кисман ё пурра дар ихтиёри сарвари давлат мебошад. Дар сари давлат монарх, подшох, амир ва ё император меистад. Онхо тахтро ба тарики мероси ё баъзе вакт интихоби ба даст медароранд. Шакли давлатдории Эрон ва Хабашистон то инкилоб, Англия, Япония, Белгия ва гайрахо ба чунин давлатхо мисол шуда метавонанд.

Дар шакли давлатдории чумхурияви хокимият ба воситаи макомоте, ки ба мухлати муайян интихоб мегарданд, идора карда мешавад. Ин шакли давлатдори президенти ва парламенти мешавад. Дар чумхурии президенти хукумат новобаста аз хайати хизбии парламент аз тарафи Президент ташкил карда шуда, дар назди он масъулият дорад. Президент фаъолияташро мувофики салохдиди худ ба амал мебарорад. Ба чунин давлатхо Россия, ИМА, Узбекистон, Туркманистон, Точикистон ва гайрахо дохил мешаванд.

Дар чумхурии парламенти хукумат аз намояндагони як ё якчанд хизб, ки дар парламент аксарияти чойхоро ишгол менамоянд, ташкил карда мешавад.

Чунин Хукумат мувофики Конститутсия дар назди парламент масъулият дорад. Ба чунин давлатхо Хиндустон, Олмон, Италия ва гайрахо дохил мешаванд. Давлатхо вобаста ба сохти давлатиашон низ аз хамдигар фарк мекунанд. Сохти давлати хусусияти муносибатхои байнихамдигарии рукнхои давлат ва макомоти марказиву махаллии онро ифода менамояд.

shaklhoi-davlat

Давлатхо аз руи сохти давлатиашон ягона (унитари), федеративи ва конфедеративи мешаванд.

Давлати ягона шакли оддии давлатдори мебошад. Вай аз кисмхои марзию маъмури, ба монанди вилоятхо, шахрхо, нохияхо, чамоатхо ва гайрахо иборат мебошад. Дар чунин давлат макомоти олии хокимияти давлати ва идоракунии умуми вучуд доранд. Масалан, Чумхурии Точикистон, Киргизистон, Франсия, Япония ва гайрахо.

Давлати федеративи шакли мураккаби давлатдори мебошад. Дар он макомоти хокимияти оли ва идоракунии барои хамаи федератсия умуми ташкил карда шуда, шахрвандии умуми вучуд дорад. Хар яке

аз аъзои федератсия дорои макомоти хокимияти ва идоракуни буда, мустакилияти нисбии худро нигох медорад. Аъзои федератсия фаъолияти худро дар доираи ваколатхое, ки аз тарафи федератсия ба онхо дода шудааст, ба амал мебароранд. Ба чунин давлатхо ИМА, Россия, Хиндустон, Мексика ва гайра мисол шуда метавонанд. 

Дар гузашта давлатхои конфедеративи низ вучуд доштанд. Ин давлатхо бо максади ба танзим даровардани як катор масъалахо макомоти олии умуми ташкил менамоянд. Дар онхо худуди ягона вучуд надорад. Чунин давлатхо аз худуди давлатхои алохида иборатанд, ки бо якдигар иттиход бастаанд. Дар онхо шахрвандии ягона низ вучуд надорад, яъне хар як давлат дорои шахрвандии худ мебошад. Тачрибаи таърихи исбот кардааст, ки давлатхои конфедеративи дурудароз вучуд дошта наметавонанд. Онхо тез бархам мехуранд ё ба давлати федеративи табдил меёбанд. Дар гузашта ИМА, Нидерландия, Иттиходи Германия ва гайра давлати конфедеративи буданд.

Давлатхо вобаста ба низоми сиёсиашон низ аз хамдигар фарк мекунанд. Низоми сиёси то андозае на танхо шакли давлат, балки мазмуни фаъолияти онро тавсиф менамояд. Аз ин чо мохиятан он меъёри муайянкунандаи шакли давлат мебошад.

Низоми сиёси мачмуи усул, тарз ва воситахое мебошад, ки бо ёрии онхо хокимияти давлати амали карда мешавад. Низоми сиёси холати хукукии шахсро дар чамъият ва давлат, холати вокеии он, таъсири давлат ба хаёти сиёсии кишвар, шакли хукукии фаъолияти макомоти давлати ва салохияти онхо ва гайрахо тавсиф медихад. Ду намуди гуногуни низоми сиёси – демократи ва гайридемократи вучуд дорад. Ба низоми гайридемократи дар гузашта давлатхои Олмон, Италия, Кампучия ва гайрахо дохил мешуданд.

Давлатхое, ки дар асоси низоми демократи фаъолият менамоянд, баробари ва озодии хамаи шахсонро эътироф карда, онхоро на танхо дар Конститутсия мустахкам менамоянд, балки дар амал чори мекунанд. Волоияти конун, риояи конуният, истифодаи васеи институтхои демократии гуногунро дар хаёти сиёси таъмин менамоянд. Низоми демократи идеале мебошад, ки барои ноил шудан ба он хама гуна чамъият ва давлат кушиш мекунад.

3.Самтхои асосии фаъолияти давлат Давлат фаъолияти худро дар сохахои гуногун ба амал мебарорад. Фаъолияти хар як давлат бахри амали гардонидани максадхое, ки дар ин ва ё он мархилаи инкишоф дар назди худ мегузорад, равона шудааст. Фаъолияти давлат самтхои зиёд дорад ва сохахои иктисоди, ичтимои, сиёси ва дигар сохаву бахш-

хоро дар бар мегирад. Самтхои фаъолияти давлат, ки барои амали гардонидани вазифахои иктисоди, ичтимои, сиёси ва идеологи равона карда шудаанд, функсияи давлатро ташкил медиханд. Функсияхои давлат нихоят гуногун буда, хамаи онхо якчоя ба ду гурух чудо мешаванд:

  1. Дохили. 2. Беруни.

Функсияхои дохиливу берунии давлатро сиёсати дохили ва беруни ё хоричи низ меноманд.

Равиши фаъолияти давлат дар дохили мамлакат функсияи дохилии давлат мебошад ва он накши давлатро дар амали гардонидани сиёсати дохилии мамлакат ифода менамояд. Функсияхои дохилии давлат аз функсияхои хочагидорию ташкилотчиги, маданию тарбияви, таъмини конуният ва тартиботи хукуки, таъмини риояи хукук ва озодихои шахрвандон, мухофизат ва хифзи хукук ва озодихои шахрвандон, инчунин андозбанди ва назорати молияви иборат мебошад. Функияи дохилии давлат бо функсияи берунии он алокамандии зич дорад. Сиёсати берунии давлат дар айни замон давоми сиёсати дохилии он мебошад.

Ба давлат функсияхои зерини беруни хос мебошад: мухофизати мамлакат, хамрохшави ба иктисоди чахони, хамкори доир ба проблемахои глобалии хозиразамон, дастгирии тартиботи чахони ва гайрахо. Функсияхои давлат вобаста ба тараккиёти мамлакат инкишоф меёбанд. Амали гардидани онхо дар хамаи сохахои хаёти давлат боиси пешрафт ва мустахкам шудани иктидори хар як давлат мегардад.

Зеро ба воситаи онхо вазифа ва максадхои давлат амали карда мешаванд. Масалан, бо амали гардидани функсияи ташкилию хочаги вазифахои ташкил кардани истехсолот ва танзими иктисодиёт бо максади гузаштан ба иктисоди бозори ба тартиб дароварда мешавад. 

Накш ва мавкеи давлат дар хаёти маданию тарбияви низ меафзояд. Зеро барпо кардани давлати демокративу хукукбунёд на факат пешрафти иктисоди, балки маданияти баланди маънавии шахрвандонро низ талаб менамояд. Функсияи мазкур тарбияи одамонро дар рухияи муносибати софдилона ба мехнат, эхтироми шаклхои гуногуни моликият, ватандусти, маърифати баланд ва амсоли инхо таъмин мекунад.

Функсияи ичтимои мазмуни гуногун дошта, доираи васеи проблемахоро дар бар мегирад. Вале таъиноти асосии он дар таъмини бехбудии чамъияти ифода меёбад. Барои ин давлат кушиш ба харч медихад, ки кафолати шугли ахолии кобили мехнат ва хифзи ичтимоии шахсонеро, ки ба дастгирии давлат мухточанд, аз чумла маъюбон, муйсафедон, оилахои серфарзанд, бекорон ва гайрахоро таъмин намояд.

Функсияи ичтимои сиёсати давлатиро дар сохаи тахсилот, илм, фарханг ва саломатии шахрвандон дар бар мегирад. Дар ин чо функсияи ичтимои дар шакли дастгирии давлатии муассисахои тахсилоти, тарбияви, илми ва фарханги анчом дода мешавад.

Дар халли вазифахои барпо намудани давлати хукукбунёд функсияхои таъмини конуният ва тартиботи хукуки, мухофизат ва хифзи хукуку озодихои шахрвандон накши калон мебозад. Ин функсия бо дигар функсияхои давлат алокамандии зич дошта, барои мустакилона ба амал баровардани онхо хаматарафа мусоидат менамояд. Давлат ба воситаи хукук вазифахои иктисоди, сиёси ва идеологии худро дар хаёт татбик менамояд. Меъёрхои хукукиро кабул

карда, ичрои онхоро ба воситаи механизми давлати таъмин менамояд. Механизми давлати низоми макомоти гуногуни давлати мебошад, ки ба воситаи онхо ичрои вазифа ва функсияхои давлат амали гардонида

мешавад. Ба макомоти давлати макомоти хокимияти давлати (Мачлиси Оли ва мачлисхои махалли); макомоти идоракунии давлати (Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо, кумитахои давлати, хокимияти ичроия); макомоти суди ва прокуратура, макомоти мачбуркуни (артиш, милиса, амният) дохил мешаванд, ки ба воситаи онхо хукмронии сиёси, иктисоди, ичтимои ва идеологии давлат таъмин карда мешавад.

Саволхо

1.Давлат кай ба вучуд омад?

  1. Кадом шаклхои пайдоиши давлатро медонед?

3.Мохияти давлат дар чи ифода меёбад?

4.Фарки давлат аз чамъияти ибтидои дар чист?

  1. Нишонахои давлат кадомхоянд?

6.Давлат чист?

7.Навъхои таърихии давлат ва мохияти онхо аз чи иборат аст? 8.Шаклхои идоракунии давлатро номбар намоед.

9.Давлати президенти чист?

  1. Давлати парламенти чист? 11.Вобаста ба сохти худ давлатхо ба кадом намудхо чудо мешаванд?
  2. Низоми сиёси ва намудхои онро фахмонда дихед.
  3. Дар бораи самтхои фаъолияти давлат маълумот дихед.
  4. Функсияи хокимияти давлати чист?
  5. Бафунксияхои дохилии давлат кадом функсияхо дохил мешаванд? 16. Ба функсияхои берунии давлат кадом функсияхо дохил мешаванд?

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …