Главная / Чамъият / Сакароти мавт ва омадани шайтон бо косаи об

Сакароти мавт ва омадани шайтон бо косаи об

Сакароти мавт ва омадани шайтон бо косаи об

Чун чони банда наздики синабирасад, бандаро сакароти мавт голиб шавад. Дар вакти баромадани рух шайтони лаъин васваса кунаду ба гуши банда расонад ва бигуяд, ки ту худ медони, ки гунохони беандоза кардаи? Туро нахоханд бахшид ва аъзои туро хоханд сухт.

Бандаи бечора чи донад, ки ин шайтон асту ноумедии бандаро мехохад.

Аз Хазрати Худованди бузург фармон мерасад мар фариштаро, ки бирав дар гуши бандаи ман хафт бор салом бигуй, ки он мудаъи аст, дуруг мегуяд, бедил машав.

Боз овардаанд, ки чун вакти баромадани чон шавад, инсон бисёр ташна шавад, дар ин хол шайтони лаъин бо косае аз оби яхин назди сари вай ояд. Пас мечунбонад косаи обро барои у. Муъмин гуяд: -Бидех маро аз ин об.

У намедонад, ки вай шайтон аст. Пас шайтон ба у гуяд: – Бигу, ки нест Сонеъ мар оламро, яьне бигу, ки нест Худо, то туро аз ин об бидихам.

Агар муъмин чавоб надихад, шайтон ба тарафи ду пои вай биёяд ва бичунбонад косаро.

Муъмин боз гуяд: – Бидех маро аз ин об.

Пас шайтон уро гуяд: – Бигу, дуруг гуфтанд Пайгамбарон, то бидихам туро аз ин об.

Касе, ки бадбахт бошад, бар ташнаги токат наоварда, ба шайтон мувофики гуфтаи у чавоб дихад ва аз дунё кофир берун шавад. Худо панох дихад.

Касе, ки некбахт бошад, суханони шайтонро рад кунад ва фикр кунад он чи дар пеши у аст.

Хикоят шудааст, ки Абу Закариёи Зохид чун ба холати марг расид, пас омад назди у ошнои вай ва у дар сакароти мавт буд. У барояш калимаи таиба “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р- расулуллох”-ро гуфт.

Абу Закариёи Зохид аз вай руй гардонид.. Пас дусти вай бори дуюм гуфтани калимаи таибаро талкинаш кард. У боз аз вай руй гардонид. Бори сеюм ба гуфтани калимаи таиба даъваташ кард. Абу Закариё гуфт, ки намегуям.

Пас дусти вай аз охири кори вай тарсид.

Баъди як соат, чун Абу Закариё сабуки аз холи аввал ёфту чашм кушод, аз дусташ пурсид: – Оё Шумо ба ман чизе гуфтед?

Гуфтанд: – Оре, бар ту калимаи таибаро се бор арз кардем. Ту руй гардониди ду бор аз гуфтан ва бори сеюм гуфти, ки намегуям.

Абу Закариё гуфт, ки назди ман шайтон омада буд. Косаи об дар даст дошт. У аз тарафи рости ман истода косаро чунбонида маро гуфт: – Оё хочат дори ба об?

Гуфтам: – Оре.

Гуфт: – Бигу, Исо писари Худост. Пас руй гардонидам аз вай. Пас аз он омад аз тарафи пои ман ва маро хамчунин гуфг. Боз руй гардонидам аз вай. Дар карати сеюм маро гуфт:  – Бигу, нест Худо.

Гуфтам; – Намегуям.

Пас зад косаро бар замин ва пушаймон шуда баргашт. Пас  ман рад карда будам бар шайтон, на бар Шумо. Инак гувохи медихам бо ин ки нест маъбуде магар Худои таъоло ва гувохи  медихам, ки Мухаммад (с) бандаи уст ва фиристодаи уст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …