Охири мохи сентябри соли 2020 –ум дар бозорхои шахри Душанбе ва дигар бозорхои шахру нохияихои Точикистон шакар камчин шуда истодааст ва дар аксари магозахо алакай кариб дар фуруш нест.
Нархи шакар бошад одатан дар бахору тобистон атрофи 7-сомони арзиш дошт валеле акнун мушохида мешавад, ки дар бозора алакай нархи фуруши шакар аз 8 сомони зиёд шуда дар бисёр чойхо он 8,5 сомони фурухта мешаванд. Яъне дар давоми хамаги як мох нархи шакар ба андозаи 20% афзоиш ёфтааст, ки ин боиси нигаронии мардум ва худи савдогарон шудааст.
Ба нигохи фурушандагони магозахо сабаби киммат шудани нархи шакар ин ворид нашудани бори нав аз хорича мебошад. Умуман шакар дар Точикистон куллан аз хоричи кишвар ворид мешавад ва дар дохили кишвар таоман истехсол намешавад.
Солхои шурави аз лаблабуи канд шакару канд истехсол мешуд вале алхол ин раванд дигар тачриба надорад.
Маълумоти умуми дар бораи Шакар
Шакар ин махсулоти хуроквори мебошад, ки аз зироатхои шакардор, аз кабили лаблабуи канд ва найшакар тайёр карда мешавад. Зиёда аз 99% шакар аз карбогидратхо иборат аст – маводи гизои, ки организмро бо энергия таъмин мекунанд. Сахароза зуд вайрон мешавад ва дар организм чаббида мешавад.
Таснифи шакар аз руи намуди ашёи хом:
- Шакари лаблабу – ашёи хоми асосии истехсоли чунин шакар лаблабуи канд аст.
- Шакари камиш – Ашёи хоми асосии ин шакар гузапояи найшакар мебошад.
- Шакари хурмо – ин шакар ба шарбати хурмо асос ёфтааст
- Шакари чувори – ашёи хоми асосии чунин шакар пояи растании сорго мебошад.
Бузургтарин содиркунандагони шакар Хиндустон, Иттиходи Аврупо, Бразилия, Таиланд ва Чин мебошанд.
Бояд кайд кард, ки шакарро бояд ба меъёр истеъмол кард, зеро истифодаи аз хад зиёди он боиси пайдоиши баъзе беморихо дар бадани инсон мегардад.