Главная / Чамъият / Шахсоне, ки барои талаби беэътибор донистани акди никох хукук доранд

Шахсоне, ки барои талаби беэътибор донистани акди никох хукук доранд

Моддаи 29-и Кодекси оила. Шахсоне, ки барои талаби беэътибор  донистани  акди никох хукук доранд 

  1. Шахсони зерин барои талаби беэътибор донистани акди никох хукук доранд:

зан ё шавхари ноболиг, падару модари у (шахсони онхоро ивазкунанда), макоми васоят ва парастори ё прокурор – агар акди никох бо шахси ба синни акди никохи нарасида хангоми мавчуд набудани ичозати акди никох то ба синни акди никохи расиданаш (моддаи 13 хамин Кодекс) баста шуда бошад. Баъди ба синни хабдахсолаги расидани зан ё шавхари ноболиг барои талаби беэътибор донистани н акди икох танхо ин зан ё шавхар хукук дорад;

зан ё шавхаре, ки хукуки  у хангоми акди никох поймол гардидааст, инчунин прокурор – агар акди никох дар сурати рози набудани зан ё шавхар; дар натичаи мачбуркуни, фиреб, ба иштибох андохтан ё вобаста ба  вазъи холати худ дар лахзаи бакайдгирии акди никох дарк карда натавонистани мохияти амали худ ё идора накардани он холат баста шуда бошад;

зан ё шавхаре, ки дар хусуси мавчуд будани холатхои монеаи акди никох огохи надошт, васии зан ё шавхаре, ки гайри кобили амал  эътироф шудааст, зан ё шавхари аз акди никохи кабли бекоркарданашуда, шахсони дигаре, ки дар асари акди никох бо вайрон кардани мукаррароти моддаи 14 хамин Кодекс басташуда хукукашон поймол гардидааст, инчунин макоми васояту сарпарасти ва прокурор;

прокурор, инчунин зан ё шавхаре, ки хангоми бастани акди никохи калбаки дар хусуси калбаки будани он огохи надошт (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1290).

  1. Хангоми баррасии парванда дар хусуси беэътибор донистани акди никохи бо шахси ба синни никохи нарасида, инчунин бо шахси аз тарафи суд гайри кобили амал эътирофгардида басташуда, барои иштирок дар парванда макоми васояту парастори чалб карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …