Главная / Гуногун / Шахри Душанбе

Шахри Душанбе

Солхои донишчуии ман, яъне солхои хаштодум Душанбе бештар як шахри руси буд. Кисми аъзами сокинони Душанбе мардуми рус ва русзабонхо буданд. Хатто худи то- чикони мукими Душанбе руси харф мезаданд, аз укдаи хакорат ба забони модари харф заданро ор медонистанд. Дар шахр кор- хонахои саноатии зиёд фаъолият мекарданд, ки аксари мухан- дисони онхо аз шумори гайриточикхо буданд. Агар корхонаи наве сохта мешуд, мухандисони онро аз Русия ё чумхурихои дигар мефиристоданд, гуё мардуми точик нокора ва кобил ба омузиш набуданд. Номи кучаву хиёбонхо, навиштахои бо- лои дари корхонаву муассисахо хама руси буданд.

Хиёбони маркази, боги марказии шахр, Донишгохи давлати ва бисёр муассисахои дигар ба номи Ленин буданд. Ба гайр аз як-ду кучаи ба номи точикон – кахрамонони шахиди Чанги бузурги Ватани ва се-чахор куча ба номи шоирон, дигар хамаи кучаву хиёбонхо номхои гайриточики доштанд. Номи ин кучахо ба гушу забони точикон намечаспид магар, ки барои сурогахо, номи кучаву хиёбонхоро намегирифтанд.

Бештар махаллахоро номбар мекарданд, масалан, хонаи мо дар наздикии бозори Саховат, ё ду куча боло аз чойхонаи Рохат ва гайра. Ин тарзи сурогадихи ёфтани манзилро душвор кунад хам, мардум аз хамин ривол истифода мекарданд. Латифае хам буд, ки мегуфт: «Хонаатон кучост? Назди хонаи Ахмад. Хонаи Ахмад кучост? Назди хонаи мо». Баъд аз тагйири номхо холо мебинам, ки одамон номи кучаву хиёбонхоро бештар истифода мекунанд ва бо ифтихор хонаи мо дар хиёбони Айни, ё кучаи Лоик Шерали гуфта, нишони медиханд.

Он замон Душанбе як шахри музофоти дар Иттиходи шу- рави буд. Кисмати хурди маркази ва шимолу гарбии он бо бинохои панч ва ахёнан нухошёна ба шахр монанд бошанд хам, кисмати азими шахр аз чихати меъмори бештар як дехаи бузургро мемонд.

Баъдан дар замони истиклол касб кардани кишвар русзабон- хо шахрро тарк карданд ва ба чои онхо дехотиён шахрро пур карданд, ки аз чихати одобу ахлок низ Душанбе як дехаи комил гашт. Ман мушохидахои худро дар бораи одоби шахрнишини дар як ёддошти мухтасар навишта будам, ки дар поён меорам.

Давлати Шурави батадрич махалхои нави маскуни месохт ва онхоро бо ракам номгузори мекард. Мисли ин ки аз аввал накшаи сохтмони шахр дар харита ба китъахо чудо шуда ракам- гузори шуда будааст, ки масъулон сари худро бо номёби гаранг накарда, хамон ракамхоро хамчун номи махалхо истифода ме- карданд. Масалан, дар кисмати шимолу гарбии шахр махалахои 82, 91, 102, 103 ва гайраро хамаги чанд сол пеш аз омадани ман ба Душанбе сохта будаанд. Хамдарсони донишгохии мо, ки му- кими Душанбе буданд, накл мекарданд, ки чанд сол кабл ин минтакахо хама пахтазор будаанд.

Соли аввали донишчуии ман, бинои нави Донишгохи дав- лати дар лаби руди Душанбе ба истифода дода шуд. Мо имти- хонхои кабулро дар бинои кухнаи донишгох вокеъ дар маркази шахр супорида, аввалин донишчуёне будем, ки аз соли аввал хонданро дар ин бинои нав огоз кардем. Дарсхо ба фарк аз мактаби миёна, ба таври чуфт мегузаштанд. Як фанро мо дар ду нишасти 45 дакикаи, ки дар байн танаффуси 15 дакикаи дошт, мехондем ва хар руз се-чор чуфт дарс доштем.

Бинои нави донишгох хуштарху бархаво сохта шуда буд. Мегуфтанд, ки мувофики накша баъд аз сохта шудани хамаи бинохои донишгох пеши рудхонаи Варзоб ва Лучоб, ки аз ду тарафи бинои Донишгох чори буданд, баста мешавад ва До- нишгох дар ихотаи кули сунъи мемонад. Аз сабаби дар байни ду руд чойгир будани бино, номи макони донишгох дар забо- ни донишчуён «чазира» буд. Ман панч соли донишгохро дар хамин чазира хондаам.

Хобгохи мо дар канори чанубии шахр дар махалли Гипро- зем, хеле дур аз донишгох вокеъ буд. Намедонам, бо кадом мантик донишгох ва хобгохро дар ду кисмати мухталифи шахр, хеле дур аз хам сохта бошанд. Гуё ин хобгохро махсус, харчи дуртар аз донишгох сохта буданд, то ки донишчуён фикр на- кунанд, ки хондан кори осон аст.

Хобгохи мо як бинои чорошёнаи фарсудае буд, ки хар ошёнааш як дастшуи ва як ошхонаи умуми ва такрибан 20 хучра дошт, ки донишчуён чоркаси дар ин хучрахо мезистанд. Таъмири дару девори утокхо ба гардани худи донишчуён буд, кисматхои истифодаи умуми – рохраву зина ва дастшуйхонаву ошпазхона солхо руи таъмирро надида дар холи хеле бад карор доштанд. Вале донишчуёни мисли ман аз дехот омада, чора на- доштанд ва зиндаги дар ин хобгох барояшон ягона гузина буд.

Чойхонаи «Рохат» чои дустдоштаи мо донишчуён буд. Чой- хона соли 1958 дар канори хиёбони марказии шахр бино шуда, намоди фарханги точикист. Дар тули солхо чойхонаи «Рохат» яке аз бинохои рамзии шахри Душанбе шуд ва номи ин чой- хона хатто барои касоне, ки аз музофоти кишвар боре хам ба пойтахт наомадаанд, ошност.

Фазои чойхона дар замони донишчуии ман як фазои вокеан рохат буд. Бинои асосии он дар канори хиёбони маркази вокеъ буда, ба таври нотакрор зебо сохта шудааст. Он ду ошёнаи боз ва хавлии фарох дар пушт дошт, ки бо фаввораву наккошихои миллии точики ба хар сайёхе пойтахти точиконро муаррифи мекард. Дар пушти бино ба сабки чойхонахои суннати хавлие
сохта буданд, ки сарсабз буд ва тахткатхои бо курпачаву такя- болишхои точики мучаххаз дошт. Дар ин тахткатхо доим муй- сафедон ва нафакахурон гурух-гурух шохмотбози мекарданд. Дар дарахтхои ин хавли кафасхои парандахои хушовоз овехта буданд, ки бо садои дилнишин ба фазо рухи хос мебахшиданд.

Он замон чойхонаи «Рохат» махсусан барои касоне, ки дар музофот зиндаги мекарданд ва наздиконашон дар донишгоххои Душанбе мехонданд, чои вохури буд. Хар касе, ки фарзанд ё наз- дикашро хабаргири меомад, ба чойхона омада, соате менишаст ва хатман шиносеро ёфта, аз у сурогаи наздикашро мегирифт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …