Главная / Чамъият / Шахри Душанбе

Шахри Душанбе

Душанбе (форс. دوشنبه‎) – калонтарин шахр ва пойтахти Чумхурии Точикистон аст. Масохати шахр то 01.01.2016 – 126,6 км мураббаъ буда, дар он 802,2 хазор нафар шахрванд зиндаги мекарданд. Аммо дар асл дар шахри Душанбе зиёда аз 1 миллион тан ахоли зиндаги мекунад. Дарозии умумии куча, гузаргоххо, роххои сохили, пулхо, роххои зеризаминиаш – 705,6 км аст. Масохати фазои сабз ва дарахтонаш – 74800 метри мураббаъ мебошад. Шахр дорои чахор нохияи маъмури: Шохмансур, Исмоили Сомони, Фирдавси ва Сино мебошад. Пойтахти Точикистон аз чумла — 230 корхонаи саноати, 38 корхонаи таробари, 132 корхонаи сохтмони, 40 банк, 8 мехмонхона, 35 бемористон, 21 масчид, 121 мактаби тахсилоти умуми, 14 омузишгох, 12 коллеч, 21 донишгох, 7 осорхона ва 7 намоишсаро-ро дорад.

sovremeni_dushanbe

Накшаи нави генералии шахри Душанбе бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдик гардид, ки тибки он васеъшавии асосии маъмурию худудии пойтахт ба чануб, кисман ба шимол, шарк ва гарб амали шуда, зиёд гардидани худуди сохтмонии шахр аз 12, 7 хазор гектари хозира то 18 хазор гектар дар соли 2025, то 25 хазор гектар дар соли 2040 ва то 30 хазор гектар баъди соли 2040 пешбини гардидааст. Афзоиши шумораи ахоли дар худуди лоихави дар мархалаи аввал то соли 2025 936 хазор нафар ва дар мухлати хисоби то соли 2040 1 миллиону 176 хазор нафар муайян гардидааст.

ТАЪРИХИ ДУШАНБЕ

Сарзамине, ки хамакнун шахри Душанбе дар он чой дорад, дар садахои миёна «Шумон» (форс. «شومان»‎) ном доштааст ва дар рохномахо ва таърихномахои кадим ба гунаи «Сумон» (форс. «سومان»‎) низ навишта шудааст. Дар «Худуд-ул-олам мин-ал-Машрик илал-Магриб» омада: «Шумон шахрест устувор ва бабаро кух нихода ва гирди у борае кашида ва уро кухандизест бар сари кух нихода ва андар миёни кухандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[4] Шумон дар кисмати болооби руди Кубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шахри Вошчирд (Висагирд, акнун — Файзобод) вокеъ буд, ки ба гуфтаи Истахри ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар чануби он калъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Мукаддаси дар «Ахсан ал-такосим» гуяд: «Шумон маконе пурчамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Язди дар «Зафарномаи Темури» аз ин калъа ба номи «Хисори Шодмон» (форс. «حصار شادمان»‎) ёд карда ва голибан онро ба сурати мухтасар «Хисор» (форс. «حصار»‎) ё «Хисорак» (форс. «حصارک»‎) навишта ва имруз хам «Хисор» маъруф аст.[5] Шоёни ёдоварист, ки вожаи «хисор» араби ва маънояш «диж» ва «калъа» аст. Калъае, ки хамакнун дар 5-километрии шимолу гарбии шахри Душанбе карор дорад, бозмонда аз хамон шахри Шумон аст, ки дар садахои XV – XVII м. «хисори Шодмон», яъне «калъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «хисор» монд ва исми хос — «Хисор» – гашт.

Дар огози садаи XX ин калъа тахтгохи беки Хисор Шохимардонкул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танхо як дарвоза ва ду бурч дар миёни ду кух барчой монда аст. Пас аз он заминларза Шохимардонкул ба калъаи Душанбе кучид ки дар он замон маркази яке аз амлокдорихояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгохи беки Хисор шуд.

Аз чойноми «Душанбе» (форс. «دوشنبه»‎) барои нахустин бор дар китоби донишманди балхи Махмуд ибни Вали «Бахр ул-аъроф фи манокиб ал-хайр» (огози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субхонкул Баходур ба шохи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шахр «Душанбе-кургон» (форс. «دوشنبه قورغان»‎) номида шудааст. «Кургон» вожаи турки ва маънояш «калъа» ва «хисор» аст. Калъаи Душанбе дар канораи чапи руди Варзоб чой дошта ва хар рузи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Точикистон ёдовари хамин бозор аст. Азбаски ин чойро «душанбебозор» мегуфтанд, дехкадае, ки бо гузашти замон дар чои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Чумхурии Мухтории Шуравии Сосиалистии Точикистон дар таркиби Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон, Душанбе шахр ва пойтахт эълон гардид.

16 октябри соли 1929 Душанбе ба Сталинобод, (бахшида ба рохбари хамонвактаи ИЧШС Иосиф Сталин (1924-1953) номаш иваз гардид. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номхои шахру махалхои ахолинишин дар натичаи тагйир ёфтани сохти чамъиятиву сиёси дар Точикистон ба вукуъ омадааст (Ниг: Руйхати номгузорихои навини шахрхои Точикистон)

САНОАТ:

Душанбе ба калонтарин маркази саноати табдил ёфтааст. Дар пойтахт ба микдори 40 фисад (%) иктидори саноати мамлакат чойгир буд. Дар пойтахт такрибан 15 фисади (%) ахолии чумхури зиндаги мекард ва чоряки мачмуи махсулоти дохилии мамлакатро истехсол мекард. Комплекси саноатии пойтахт холо 230 корхонаи саноатии гуногуншаклро дар бар мегирад, ки дар он зиёда аз 19 хазор ахолии пойтахт фаъолият доранд. Аз хачми умумии истехсоли махсулот 30 % молхои сермасриф (аз чумла хуроквори) ташкил медихад. Махсулоти аз коргоххои пойтахт ба фуруши беруна содиротшаванда: матоъхои пахтагин, ресмони пахтагин, коркарди махсулоти чуроббарори, махсулоти кабелбарори, арматура ва махсулоти коркарди кишоварзи ва диг. ташкил медихад. Зиёда аз 10 корхонахои якчоя бо ширкатхои хоричи дар Душанбе фаъолият доранд.

Таксимоти корхонахои истехсоли аз нуктаи назари сохахои бартари дошта.

  • Саноати сабук – сохаи бештар тараккикардаи саноати комплексии пойтахт мебошад. Чунин холат ба он маънидод мешавад, ки манбаи асосии ашёхо (пахта, нахи махинах ва гайра) дар дохили чумхури истехсол мешаванд. На танхои корхонахои шахр, балки корхонахои бузурги чумхуриро ба мисли ташкилоти истехсолии ЧММ «Насочи» (корхонаи бофандаги ва ресандаги), ки бо кувваи истехсоли дар як сол коркарди пахтаи махинахро ба 25 хазор тонна мерасонад, дар бар мегирад. ЧС «Чевар» корхонаи барои истехсоли махсулоти дузандагии тайёр, ЧС «Нафиса» корхонаи коркарди махсулоти чуроббарорие, ки дар айни замон асосан махсулоти худро ки аз нахи пахта иборат аст, истехсол меамоянд.
  • Сохахои барки, мошинсози ва металлурги – корхонахои азими чумхури ба хисоб мераванд. ИИВД «Текстилмаш» (истехсоли дастгоххо ва тачхизот барои саноати пахтатозакуни, хочагии кишлок, истехсоли хисобкунакхои гази, неъругоххои баркии хурд ва автономи, васл намудани техникаи хочагии кишлок) ЧС «Точиккабел» – корхонаи истехсли махсулоти кабели (зиёда 40 номгуи ва намуд сар карда, аз кабелхои телефони то кабехои пуриктидори электрони) ЧС «Сомон-тачхизот» корхонаи истехсоли техникаи электрони, молхои электрики маиши, ЧС «Торгмаш» – корхонаи истехсоли тачхизот барои муассисахои савдо, ЧС «Заводи арматурбарори»- корхонаи истехсоли рехти чуян, арматура.
  • Саноати хуроквори ва коркардабарори: Тамоми намуди махсулоти хуроквориро истехсол менамоянд, инчунин молхои машруботиро. Яке аз сохахои калонтарин ин комбинати ширбарори ва гушту консерва, заводи машруботи шахри Душанбе, комбинати хуроквории Точикистон, корхонахои махсулоти нон «Нонпаз», каноди, фабрикаи «Ширин» мебошанд.
  • Саноати масолехи бинокори – заводи сементбарории шахри Душанбе, заводи шифербарори, заводи хишбарори ва инчунин дигар корхонахоро, ки масолехи бинокори конструксияи бетони истехсол менамоянд, дар бар мегирад.
  • Сохаи электроэнергетики – корхонахои ТЭТС-и Душанбе ва неругоххоии баркии Варзоб – корхонахои коркарди электроэнергетики ва гармиро дар бар мегирад.
  • Саноати кимиёвии пойтахт – аз корхонахои коркардбарории масолехи нефти ва истехсоли ашёи пластмассаги иборат аст.
  • Саноати чангал, коркарди чуб, когаз ва селюлоза – ба худ корхонахои истехсоли коркарди чангал, истехсоли ашё барои мебел, ки ба стандартхои давлати таносуб аст, дар бар мегирад.
  • Саноати полиграфи – зиёда аз 20 коргоххро дар бар гирифта, ки китоб ва дигар намуди чопи полиграфиро истехсол менамоянд.

Маориф

Микдори мактабхои маълумоти оли – 20;

дар онхо:
Донишчуён, хазор нафар – 97,2;
Мутахассисони хатмкунанда, хазор нафар – 17,1;
Микдори омузишгоххои касбию техники – 9;

дар онхо:
Хонандагон, хазор нафар – 9,0;
Коргарони мутахассиси хаимкунанда, хазор нафар – 2,1;
Микдори мактабхои тахсилоти умуми – 140;

дар онхо:
Хонандагон, хазор нафар – 172;
Омузгорон, хазор нафар – 7,2;
Микдори муассисахои бачагонаи томактаби – 112;
Бача дар онхо, хазор нафар – 24,1

Илм

Ташкилотхои илми – 45;
теъдоди кормандони илми – 2828;

Дорандагони унвони илми дар онхо:
докторони илм, нафар – 231;
номзадхои илм, нафар – 583.

аз чумла:
Институтхои Академияи илмхои Чумхурии Точикистон – 15;
теъдоди кормандони илми – 883;

Дорандагони унвони илми дар онхо:
докторони илм, нафар – 115;
номзадхои илм, нафар – 229.[11]

Мактабхои оли

Маколаи асоси: Мактабхои олии Душанбе

Ёдгорихои меъмори – таърихи
1. Мучтамаи ёдгории оштии милли ва эхёи Точикистон бо хайкали Исмоили Сомони, дар майдони “Дусти”;

2. Хайкали Садриддин Айни;

3. Хайкали Абуали ибни Сино;

4. Хайкали Мирзо Турсунзода;

5. Хайкали А. Фирдавси;

6. Хайкали В. В. Куйбишев;

7. Хайкали А. Рудаки;

8. Хайкали Садриддин Айни ва Максим Горкий;

9. Хайкали Абулкосим Лохути;

10. Хайкали Умари Хайём;

11. Нимпайкараи академик Бобочон Гафуров;

12. Нимпайкараи Махатма Ганди;

13. Мучтамаи ёдгории Иттифоки нависандагони Чумхурии Точикистон (“Ситорахои Шарк”);

14. Мучтамаи нишони давлатии Чумхурии Точикистон;

15. Мучтамаи парчами давлатии Чумхурии Точикистон.

Осорхонахо

Маколаи асоси: Осорхонахои Чумхурии Точикистон
Осорхонаи миллии Точикистон (соли 2012 таъсис ёфтааст)
Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Бехзод (соли 1934 таъсис ёфтааст)
Осорхонаи миллии бостонии Точикистон (2001)
Осорхонаи мардумшиносии АИ Точикистон(этнографи)(1954)
Хона — музейи Садриддин Айни (1963)
Осорхонаи чумхуриявии фарханги мусикии ба номи Зиёдулло Шахиди дар Душанбе (1991)
Хона — музейи Мухаммадчон Рахими (1968)
Хона — музейи Мухиддин Аминзода (1974)
Осорхонаи Турсунзода — Хона — музеи Мирзо Турсунзода (1981)
Осорхонаи шарафи чангии шахри Душанбе (1995)
Осорхонаи Лохути (1963)
Осорхонаи заминшиносии Точикистон дар шахри Душанбе (2011)
Осорхонаи асбобхои мусикии ба номи Гурминч Завкибеков

Муассисахои театри

Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лохути
Театри давлатии чавонон ба номи М. Вохидов
Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни
Театри давлатии лухтак

Муассисахои консерти

Филармонияи давлатии Точикистон ба номи А. Чураев
Иттиходияи давлатии гуруххои эчодию консерти
Ансамбли давлатии раксии «Лола» ба номи Г. Валаматзода
Ансамбли «Сомон»
Муассисаи давлатии сафарию хунарии «Базморо»
Маркази эчодии «Илхом»

Богу гулгаштхо

Боги А. Рудаки
Боги фарогат ва истирохати ба номи С. Айни
Боги хайвонот
Кули чавонон
Боги «Ирам»
Боги Лучоб
Боги Галаба
Боги кудакон (Душанбе)
Боги нохияи Шохмансур
Гулбоги ба номи А. Мироненко
Гулбоги ба номи В. Куйбышев (Душанбе)
Гулбоги «Бустон»
Гулгашти ба номи академикхо Рачабовхо

Нашрияхо

Микдори рузнома ва мачалахои чумхуриявии дар шахр нашршаванда:
рузнома – 37
мачалла – 37

аз чумла Мачаллаи «Точикистон»,«Илм ва хаёт», Мачаллаи «Бонувони Точикистон», «Фарханг», «Точикистон»,«Адабиёт ва санъат», Рузномаи «Чумхурият», «Народная газета», «Азия-плюс», «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе» «Нидои ранчбар» ва диг. нашр мешаванд.

Дар пойтахт 4 Очонсихои иттилоотии Точикистон амал карда истодаанд: Очонсии иттилоотии «СИМОНЮС», Очонсии иттилоотии «Азия-Плюс», АМИТ «ХОВАР», Очонсии умумимиллии иттилоот «ТОЧНЮС»(«TOJNEWS») (фаъолияти очонси дар соли 2016 катъ шудааст).

Тандурусти

Аз хама беморхонаи калонтарин дар Осиёи МарказиТеъдоди беморхонахо – 43;
Кати беморони онхо – 5447;
Теъдоди духтурони хамаи тахассусхо, нафар – 6282;
Теъдоди муассисахои тиббии ёрии амбулатори-дармони диханда – 16.[12]

Иншоотхои варзиши

Стадионхо – 8;
Толорхои варзиши – 121;
Хавзхои шиновари – 4;
Толорхои теннисбози – 3;
Майдонхои футболбози – 57;
Машкгохи тирандози – 3;
Мучтамаи майдонхои варзиши – 140;
Теъдоди чой дар иншоотхои асосии варзиши:
Стадиони Фрунзе – 24 хазор;
Стадиони Спитамен (Спартак) – 6 хазор;
Стадиони Авиатор – 2 хазор.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …