Сафедчор — асли ин калима сафедор, яъне сафеддарахт буд, ки ин дарахти маълум аст ва дар чохои салкин хубтар ва бисёртар нашъунамо меёбад. Чуби он дар иморатхо истифода мешавад. Мизочаш дар дарачаи якум сард ва хушк аст.
Хислатхои шифобахши сафедор: оби баргашро дар офтоб гафс гардонанд, инро усораи барги сафедор меноманд.
Усораи сафедорро бо асал даромехта, ба чашм кашанд, торикии чашмро дафъ мекунад. Оби барги онро нимгарм дар гуш чаконанд, варами даруни гушро тахлил медихад.
Чуби решаи тари онро дар вакти сухтан аз як сари берун аз оташ будааш об бармеояд, хамин обро дар гуш чаконанд, кари гушро, ки дар натичаи бемории дуру дароз ходис шуда бошад, ба ибро меоварад.
Барги тару тозаи сафедчорро бихоянд, дандонро кувват мебахшад, инчунин милки дандонро хам мустахкам месозад; агар бихуранд, исхолро мебандад. Агар инро пухта бихуранд, дарунро мулоим мегардонад.
Барги тари инро куфта гузошта банданд, чарохати навро ба хам мечаспонад, устухони шикастаро ба хамдигар мечаспонад; агар инро бо сирко хамир карда бибанданд, кутури тарро шифо мебахшад.
Пусти сафедор назар ба кисмхои дигараш кавитар мебошад. Агар 4,5 граммашро куфта, бо шароб ё бо об бихуранд, балгамро аз бадан бо охистаги дафъ месозад. Ва агар куфтаи инро бо сирко хамир карда бимоланд, ранги песро дигар мегардонад.
Рутубати самараи сафедчорро бимоланд, пусти башараро пок мегардонад. Ва агар инро бихуранд, таби дик (логаркунанда) ва сурфаи кухнаро дафъ мекунад. Инро як шабонаруз дар об тар карда, баъд он обро бинушанд, низ таъсири рутубаташро мекунад.
Вале истеъмоли ин ба дарун хунро месузонад, дар бадан моддаи савдо пайдо менамояд. Дар ин холат шакар бихуранд, кифоя аст, ки ислохи ин зарар намояд. Микдори як бор хурдан аз хар кисми сафедор дар як руз то 4, 5 грамм аст.