Главная / Илм / Садбарги сафед дар Канзи Шифо (Китоб)

Садбарги сафед дар Канзи Шифо (Китоб)

sadbargi_safed-660x330Садбарги сафед  — Инро дар як катор мавзеъхо точикон ба таври одди «гули сафед» низ меноманд. Гулаш монанди гулисурх садбарг аст, буяш бисёр латиф ва хуш, баргхояш чун баргхои гулисурх сафнок, буттааш хам ба кадри гулисурх мебошад. Мизочи ин дар дарачаи дувум гарм ва дар якум хушк аст, вале Шайхурраис дар дарачаи дувум хушк гуфтааст.

Хислатхои шифобахши он: буйидани гули он майна, дил ва хамаи дах хисхоро кувват мебахшад; магзи сарро гарм мегардонад, хамаи сардихои асабхоро дафъ мекунад, назла ва зукомхоро бархам медихад, атса меоварад, гиреххои майна ва бастагихои сурохи биниро мекушояд, инчунин бод ва рутубатхои даруни биниро бо атса тахлил медихад.

Гули садбарги сафеди даштиро таротар бар пешони бимоланд, дарди сарро таскин медихад, зукомро дафъ мекунад. Ва оби гули онро бо равгани зайтун даромехта бичаконанд, кирми даруни гушро мекушад ва бодхои даруни онро, ки боиси шунидани чаранги даруни он мегардад, тахлил медихад, инчунин чаранг ва овозхои гуногуни даруни онро дафъ мекунад. Агар инро ба дандон бимоланд, дарди дандонро хомуш месозад.

14 грамми онро бихуранд, узвхои даруни синаро аз моддахои бегона пок менамояд; варамхои милки дандон, варами халк ва варами гадудхои бодомшаклро тахлил медихад ва дилтапак (дилбози)-ро, ки аз сарди бошад, шифо мебахшад, меъда ва чигарро кувват медихад, барои иллатхои чигар мувофик мебошад; хиккак (хикичок), кай, бехузур (бечо) шудани, дил, зардпарвин ва кулинч (колит)-ро даво мешавад, бодхоро пароканда месозад.

Аз 3,5 то 14 грамм барги онро куфта бихуранд, дарунро башиддат меравонад. Мухаммад бинни Закариё навиштааст, ки дар Хуросон дидам, ки аз 3,5 то 10,5 грамм гули садбарги сафедро мехуронанд, исхоли кави меоварад ва пешобро башиддат меронад. Гулканди асалии он низ комилан исхоловар аст, дилро кувват мебахшад ва фарах меоварад.

Микдори як бор хурдан аз он дар як руз то 25 грамм аст. Агар инро куфта гузошта банданд, донаи бавосирро меафтонад ва иллати филпоро, ки похои одами монанди похои фил гафс мегарданд, аз шаст ва аз авч мегардонад.

Гули инро бо хино якчо куфта гузошта банданд, муйро мустахкам мекунад. Куфтаи онро дар хаммом ба чойи матлуб гузошта банданд, бадбуйии араки баданро дафъ мекунад ва инчунин аракро хушбуй мегардонад. Агар инро ба рухсора бимоланд, догхои кунчидакро аз он бармедорад.

Аз 2,25 то 4,5 грамм гули онро аз аввали мохи хамал огоз карда то як сол биёшоманд, сафед шудани муйро манъ мекунад. Хаким Антоки барои ин амр хар ошомидани 9 грамм мураббои шакарии онро дар «Китоби тачриба»-и худ баён намуда, дар он китоб мураббо, яъне гулканди онро монанди гулканди гули сурх месозанд, гуфтааст.

sadbargi_safed-2-768x480

Мизочи гулканди садбарги сафед гармтар аз мизочи гулканди гули сурх аст. Хурдани мураббо, яъне гулканди садбарги сафед фарах меоварад ва дилтапак (дилбози)-ро, ки аз сарди бошад, шифо мебахшад, дили сардмизочро кави мегардонад; низ исхол меоварад.

Аз гули садбарги сафед равган хам тартиб медиханд ба ин тарик. Дар шиша то нима равгани кунчиди тозаро рехта, он равганро аз гулбаргхои ин пур намуда, ба офтоб мегузоранд. Дар 6-7 руз ранг, буй ва куввати гул ба равган мегузарад. Баъд он гулхоро фишурда дур мекунанду аз нав гулбаргхоро меандозанд. Хамин тавр то чил руз гулхоро иваз мекунанд. Баъд гулхои охиринро хам фишурда мепартоянд. Хамин равган равгани садбарги сафед хисоб меёбад.   4,5 грамми ин равганро биёшоманд, майнаро кави мегардонад, зот-ул-чанби балгами ва савдовиро шифо мебахшад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …