Главная / Гуногун / Шабзод – Хикоя

Шабзод – Хикоя

Хак дар забони хак тег аст, дашна аст,
Бар хуни мурги хак шабзод ташна аст.

Гулрухсор

 

Офтоб ба гуруб мерафт.

Домани шафак лолагун мегашту дили пирамард сиёх.

Ва андак-андак умедаш ба суз мубаддал мегашт. Ба ин мардум чи бало асар карда бошад? Хеч кас парвои хеч касро надорад. Инсоф, рахму шафкат намонда. Чашму гушу дасту дили хама ба пул. Ё тавба! Ин кадар ба пул эхтирому садокат доранд! Гуё барои пул ба дунё омада бошанд. Хама аз паси пул. Пул гуфта худро ба чор су мезананд. Шабу руз бо орзуи пул мезиянд. Барои пул шуда хатто чонашонро дарег намедоранд-е!

Пулпарастанд, пулпараст!

Пулмастанд, пулмаст!

Охир, чаро?!

О, ин марги руёруй аст-ку!

Хайф, сад хайфи зиндаги, ки бо пулчамъкуни гузарад!

Ба у чунин намуд, ки мошинхо хам «Пул! Пул!» гуфта ба пеш метозанд.

Нихоят дили пирамард аз фишори беинсофии ронандахо ба изтироб омаду вучудашро аламу гам фаро гирифт. Аз бори беинсофи коматаш хам гашт. Ин хама ба хам омада уро фишор доду фишор ва наздик ба таркидан расид.

Навхаи талхаш танин андохт:

– Ноинсофхо! Хаёлатон ки пирамард пул намедихад?! Танхо дуо медихад! Э садкаи дуо шавед!

Дили пирамард холи нашуд, ки нашуд. Сафед нашуд, ки нашуд. Ва боз таркид:

– Падарсухтахои касофат!

Аммо зуд пушаймон гашт:

– Худоё, бубахш маро! Онхо аз кучо медонанд, ки чашми набераи бемори ман ба рохи бобо чор аст.

Пирамард назар ба сояи худ кард. Он дарозу ранг бохта. Охи пурдарде кашид:

– Эх, асри суръат! Ду соат хамчу тире аз камоне ба ройгони рафт!

Бегумон чашм ба уфук андухт. Шаб гулуи Рузро берахмона медарид. Аз хуни Руз домони уфук пурхун буд.

Хо, Шаб Рузро мекушт.

Пеши назараш чехраи набера ба чилва омад. Чехрааш заъфарони буд. Дар тобу таб месухт. Хаёле эхсоси бобои дилашро ба ларза овард. Баданашро араки сарде пахш кард.

Лахзае аз худ бехуд гашт.

«Бубахш, наберачон, имруз насиби дидор набудааст».

Дилаш аз аламу яъс сих зад.

Не, не, ана мошине истод. Садои шинахои он ба гушаш расид. Бале, расид. Не, не, кобусе беш нест. Наход…

Не, бахт ба руяш хандид. «Жигули»-е наздаш истода. Чашмони пирамард рушан шуд, зуд дари мошинро кушода, беихтиёр:

– Здрасти, – гуфт.

– Салом, падар, – чавоб дод ронанда.

– И-и… Илтимос бубахшед, точик будаед.

Вай бо камоли эътикод сар чунбонда, бо оханги буро гуфт:

– Худоро шукр, точикам.

– Э мани пир рус гумон кардам, – гунахгорона гуфт пирамард. – Пири-да, писарам, пири. Хазор бахшиш.

– Хеч гап не, бахшиш напурсед, падар, – бо табассуми малех гуфт ронанда. – Ин айби кепкаи сарам.

– Рост-рост, писарам! Чашмам аввал ба кепка афтид-да.

– Агар ба шахр мерафта бошеду аробаи кухнаи маро лоик донед, мархамат шинед.

Дар овози у мехрубонии у эхсос мешуд.

– Чаро «аробаи кухна» мегуед?

– Холо одамон дигар «Жигули»-ро писанд намекунанд. Ба он савор шуданро айб медонанд. Мошинхои хоричии «Мерседес», «Опел», «Некси»-ро меписанданд.

Табъи пирамард хуш шуд, табассум дар лабонаш гул кард.

– Э не-йе! «Жигули» бехтарин мошин аст. Бадошт, коргар, бе нозу нуз. Халки гуем хам мешавад. Ха… Пурсидан айб не, мегуянд. То кучо мебаред?

– То кучое ки хохед мебарам, падар, – хушнудона гуфт ронанда. – Аз файзи сухбататон бахраманд шавем, шуд. Шумо рози бошед, бемалол нишастан гиред.

Пирамард бо хотири болида:

– Бо дилу чон, – гуфт ва «Бисмиллохи рахмони рахим!» гуён ба мошин нишаст.

– Рохро бо хам чак-чак карда ба охир мебарем, – ронанда мошинро сабук ба рох даровард.

– Э, умратон дароз бод! Илохо, хока гиред, зар шавад! – дуо кард пирамард ва охи сабук кашид. Ин нишонаи осудагии у буд.

Хомуши ба миён омад. Баъд ронанда лаб боз кард:

– Чаро зикед, падар?

Пирамард бо алам ва канда-канда гуфт:

– Чи хел зик нашавам, писар? Бовар кунед, ду соати расо дар канори рох рост истодам. Як ронанда намегуяд, ки саги кучои. Ё тавба! Шув-шув гузашта мераванд. Мегуйи паси рул робот нишаста бошад.

«Худоё! Дуруг гуфтам. Як нафар истода буд».

Баробари истодан пурсид, ки:

– Чанд сум медихи?

– Чанд сум? Панч сомони медихам.

Руи ронанда кач шуд.

– Бист сомони дихи мебарам.

– Во-о-х!

Шинахои мошин фигон кашиду мошин гуё аз чо парид.

Ронанда ба хасрат ох кашида:

– Наранчед, падар, – гуфт. – Асабхоятона эхтиёт кунед. Ба гапам рози хастед ё не?

Пирамард бо шавки беандоза гуфт:

– Сад дар сад! – ва афзуд: – Ха-а, холо аз хеч кас ранчидан мумкин нест. Умедвори неки шудан хам хатост. Аз худат намони. Аз худат монди – тамом, холат хароб.

– Аз кучо меоед, писар?

– Аз дехаи Мехнатобод, – чавоб дод ронанда. – Волидайнамро хабар гирифтам.

– Чи, онхо беморанд? – ташвишомез пурсид пирамард.

– Э не-е, шукри Худо сихату саломатанд. Аёдати онхо карзи фарзанд аст. Онхо хамеша бо умед чашм ба рохи фарзанд медузанд. Фарзанд риштаи чони онхост. Аз дидани чехраи фарзанд бехтар хушбахтие нест. Чашмонашон равшану дилашон мадор мегирад. Аз ин ру тез-тез хабар гирифта, хизматашона мекунаму дуо мегирам.

– Офарин, писарам! – тахсиномез нидо намуд пирамард. – Илохо, баракат ёбед! Хока гиред, зар шавад!

– Холо хеч кор накарда, – бо табассуми ширин гуфт ронанда, – ду бор дуоям додед, падар. Ташаккур!

– Чаро надихам, писарам, – каноатмандона гуфт пирамард. – Охир, дуои нека ба одами нек медиханд. Замин аз об, одам аз дуо бахра мегирад. Писарам, исми шарифатон чист?

– Фуруг.

– Номи хуб, – хушхолона гуфт пирамард. – Яъне рушнои, неки. Ва боз латофат.

Фуруг лаб ба тахсин кушода, бо лахни ширин гуфт:

– Охо, шумо олим будаед-ку!

– Э не-е, олими кучо? – хандид пирамард. – Чил сол муаллими забону адабиёт будам.

– Падар, исми шарифи шумо чист?

– Олим.

Фуруг гуё як хурма тилло ёфта бошад, бо нишот нидо намуд:

– Э, ана нагуфтам!

Симчубу дарахтон гув-гув як-як кафо мемонданд.

Онхо зуд ба хам унс гирифтанд. Охир, хазрати Бедил бехуда нагуфта: «Дилро ба дил рахест дар ин гунбади сипехр, аз руи кина кинаву аз руи мех мехр».

Шув-шуви бод бо овози якнавохти мошин хамсадо гашта, ба гуш форам мерасид.

– Чаро бевакт азми сафар кардед, падар?

– Хабар ёфтам, ки набераам бетоб, зарпарвин шудааст. Дар балнисаи Чапаев. Ин чи хел балниса бошад, нафахмидам.

– Фахмидам, падар. Ин беморхонаи кудаконаи беморихои сирояти мебошад. Дар кучаи Чапаев, дар наздикии Касри Миллат чойгир аст. Хамрох ба аёдати у меравем.

– Хамрох? Ай садкаи дахонат-е!

– Рози хастед, охир?

Чехраи пирамард, хамчун нилуфар аз тулуи офтоб кушода шуд.

– Сад бор розиям. Барои чи рози нестам! Шумо маро пеши набераам бареду ман чиба рози намешудам?!

– Пас аз аёдат мехмони хонадони ман мешавед. Чи гуфтед?

– Мехмон? Дар шаби? Э не, писарам. Э не! Айб, ба Худо, ки айб!

– Мехмон атои Худо гуфтаанд, – гуфт у бо табассум. – Кадам болои дида!

Миёни онхо хомуши уфтод. Вале пирамард онро зуд бархам зад:

– Шумо чи кораед, писарам.

– Дар сохтмони Неругохи барки обии Рогун кор мекунам. Бригадир.

– Ох, наход?! Пеш чи кор мекардед?

Фуруг каме фикр карда, баъд чавоб дод:

– Пеш муовини Вазири энергетика будам.

Баногох дар дили пирамард чигуна як шубхае ба вучуд омад, вале дар дакикаи дигар, хамчун абрпорае аз шиддати бод, нопадид гардид.

– Дар замони мо бисёр беадолатихо руй медиханд. Ва хар навбат онхоро дида, хуни кас мечушад.

Ва баъди дакикае дар чашмони пирамард оташаке барк зад.

– Аз муовини ба бригадири. Ин чи хел шуд? Ситораатон тугри наомад?

Фуруг хомуш монд.

– Ха-а, фахмидам. География рост наомад.

– Наёфтед, падар. На ину на он. Бо хохиши худам.

– Охир, сабаб доштагист?

– Сабабашро ба шумо намегуям. Ин барои шумо гарони мекунад.

Зимистони соли 2008 сангин омад. Болои сухта намакоб барк набуд. Вучуди мардумро сардии гаму дард бештар бекарор мекард. Хабари марги аввалин устодаш мисли заминларза уро ба чунбиш овард.

– Охир, ту кучо буди? Устод се руз туро сурог кард!

– Дар хорич будам.

– Гуфтем. Гуфтанд, ки дар хорич чи мекобад? Чи гум кардааст? Хар чи ки лозим аст, дар хамин чо чуяд.

Пеши тобути устод ба зону уфтод. Мехост, фигон бардорад, навха кашад, вале нафас дар гулуяш дармемонад. Ин гуна яъси токатшиканро бори аввал эхсос мекард…

Либоси гам дар бар карда, хафт шабу руз мотам гирифт, азодори намуд. Бо рухи бузурги устод дар гуфтугу буд. Ва дар вучуди у тахаввулоте рух дод. Рузи хаштум ариза навишта, бо хохиши худаш аз вазифа даст кашид. Деха ба деха гашта, чил нафар чавононро чамъ овард ва бригада ташкил намуда, ба Рогун рафт.

– Ташаббусам ба шумо маъкул нашуд, падар?

– Бад нест… – посух дод у

– Чи хел?!

– Оре, бад нест!

– Яъне маъкул нест?

– Ба худат маъкул аст?

– Бале!

– Мухим хамин аст. Оё касе пайрави кард?

– Алхол не. Аммо дунё ба умед, шайтон ноумед.

Офтоб гуруб карда, оламро пардаи хокистари фаро гирифт.

– Падар, тахорат доред?

– Тахорат? Ха, дорам. Чи буд?

– Шом шуд, падар. Дар хамин ороми, дур аз гавгои шахр шомро хонему баъд рохамонро давом дихем. Оё шумо рози хастед?

– Сад рози. Чаро рози набошам. Аммо чойнамоз надорам.

– Ман ду чойнамоз дорам, – гуфт Фуруг ва мошинро дар назди дарахтони арускомати бурс карор гирифт.

Ба сатхи хамворе по гузоштанд, ки бо сабзаву себарга пушида буд.

– Ин чойнамозхо аз Маккаи Мукаррама омадаанд.

– Нахо-о-од? Шумо ба зиёрати хонаи Худо мушараф гаштаед?

– Не, падару модарам мушараф гаштанд.

– Рост? Хамрох рафта буданд?

– Ха.

– Хай-хай, чи кори хубе кардаанд. Шумо чи? Нияти зиёрат доред ё не?

– Дорам, падар.

– Рост? Чи хубе! Насиб бошад, хамин сол меравед?

– Э не… Имсол не… Худо хохад пас аз бунёди Неругохи барки обии Рогун.

– Э дар аклат садкае!

– Хамин ки Рогунро сохтему ба истиклолияти энергетики ноил гаштем, Худо рози шуда бошад, азми зиёрати хонаи Худо мекунам. То он руз дар чуши сохтмон карор хохам дошт.

– Ягон каси дагар хам намоз мехонда бошад? – ба чор суй чашм давонд пирамард. – Чамоат мекардем, савобаш бештар мешуд.

– Рост, падар, – рози шуд Фуруг. – Ку азон гуям. Шояд биёянд.

Ва у баланд азон гуфт. Аммо касе наомад. Мошинхо шув-шув гузашта мерафтанд. Пирамард охи бадард кашиду гуё худ ба худ гуфт:

– Кучо шитоб дошта бошанд.

Пас аз адои намози шом сухбаташон идома ёфт.

– Норак касри мухташам аст. Касри мухташами дусти. Онро тамоми мардуми собик Шурави бунёд намуданд. Аммо Рогун дигар аст. Он касри мухташами нангу номуси миллати точик мебошад!

Ман итминони комил дорам, ки халки точик Рогунро месозад!

Чунонки Абулкосим Фирдавси «Шохнома»-и безаволи худро офарид!

Чунонки Чалолиддини Балхии Руми «Маснавии маънави»-и оламгири худро такдим намуд!

Чуноне ки Нуъмон ибни Собит мазхаби Имоми Аъзамро поя гузошт!

Бояд касри мухташами Рогунро бисозем, то ки фарзандону наберахо бо мо фахр кунанд!

Сухбати Фуругу пирамард гарм буду гуворо.

Аммо Фуруг эхтиётро аз даст намедод, чашм аз рох намеканд…

 

*      *      *

 

– Ух!..

Баробари нидои ронанда мошин замин газид ва сахт киггос зад. Ва чунон такон хурд, ки пирамард кам монда буд аз нишастгох биафтад. Кариб сараш ба шишаи чилави мошин бархурад. Ибтидо Фуруг ба худ омад:

– Сабил монад.

– Чи ходиса руй дод, писарам? – ба ташвиш афтод пирамард.

Садои пирамард ба хадде пуризтироб буд, ки Фуруг шитобзада шарх дод:

– Дар руи рох ким-чизе хаст.

– Нахо-о-од? Э саг-паг будагист? Холо чи бисёр, саги девона.

– Ку бинем.

Фуруг ба чашми худ бовар намекард. Руи рох писараке мехобид. Дах-дувоздахсола. Мачрух, огуштаи хоку хун.

– Кадом ронандаи нохалафе зада гурехтааст, – бо андухи гарон, кариб ки гириста гуфт Фуруг.

– Ох, Худоё! – дар бадани пирамард мургак давид.

Писарак зинда буд, чон дар бадан дошт. Нолиши дардолуд мекард. «Оча! Очачон!» мегуфт. Шамол хув-хув вазида, ба муи сари Фуруг ва риши пирамард панча мезад, бози мекард.

– Ахволаш вазнин, падар, – бо тарсу харос ва саросема гуфт Фуруг ба пирамард. – Бисёр вазнин. Уро тезтар ба беморхона бурдан лозим.

– Истед, писарам, истед, саросема нашавед, – ташвишомез гуфт пирамард ва дуздона ба гирду атроф чашм давонд. – Охир, ин кори бози нест.

– Чи бози нест? – нафахмид Фуруг.

– Чавони ачибу рахмдиле хастед. Дили рахмин хамеша гамгин, гуфтаанд.

– Шуморо нафахмидам, падар.

– Оё шумо наметарсед? – бо эхтирос суол кард пирамард.

– Аз чи? Аз ки?– бо тааччубу хайрони пурсид Фуруг.

– Неки мекунеду ба сад бало мепечед, писарам, – бо алам гуфт пирамард. – Ки бовар мекунад, ки ин бачаро мошине зада гурехтааст? Ки? Аз шумо домангир мешаванд. Шуморо гунахгор мекунанд. Ба бало мемонед, азоб мекашед. Чони чавон доред. Ба чони чавонатон чабр накунед. Мефахмед ё не?

Хиссиёти вазнин ва пуртахлукае тазйикаш медихад.

– Падар, холо вакти ин гапхо нест, – бо андухи гарон вале чидди гуфт Фуруг. – Охир, дар ин чо марг тантана дорад, марг табассум мекунад. Бачаро бояд начот дихем. Баъд ягон гап мешудагист.

Пирамард каме фикр карда, таклиф намуд:

– Биё, бехтараш мошини ёрии таъчилиро чег мезанем.

– Падар, магар намедонед, ки онхо чи хел кор мекунанд? Мошин нест, бензин надоранд. Боз хазору як бахона меёбанд. То меоянд, ки шаб руз мешавад. Аз сад чони бача як чонаш хам намерахад. Худамон уро ба беморхона мебарем. Хар дакика ганимат.

Пирамард бо овози пуряъсу илтичоомез гуфт:

– Биё, ягон касро хамчун шохид бо худ гирем.

– Не, падар, вакт меравад. Шохиди мо Худои тори сар.

Часорати Фуруг ба пирамард хам часорат бахшид. Ва аз бенадешагии худ хичолат кашида гуфт:

– Хохиш мекунам маро бубахшед, писар. Ха, ха, рост мегуед, писар! Вакт ганимат!

Гуё бори вазнине аз китфони Фуруг бардошта шуд.

Андаке нафасаш рост гашт.

Пирамард писаракро бо эхтиёт ба огуш гирифт. Нолат чонкохи писарак баланд шуд. Дард кард чони пирамард, сухт магзу устухонаш.

Мошин аз нав рох гирифт.

– Ох, Худоё! Худовандо! Дар панохат нигох дор!

Садои мотор баландтар шуд, мошин бо суръати сареъ ба пеш метохт.

Дар огуши пирамард марг ках-каха дошт, панча ба чони писарак мезад. Писарак базур «Оча… Очачон…» мегуфт. Пирамард мехост худро мард бигирад, вале оби дидааш ба у итоат намекард. Беист мерехту мерехт…

 

 

*      *      *

 

– Тезтар!.. Ахволи бача вазнин аст!..

– Хой, хой! Охистатар! Ин чо куча не, беморхона, – гуфт бачазанаки зардинаи муйбуридаи халати сафедпуш. – Чи ходиса руй додаст?

– Магар намебинед… Бачаро мошин задааст… Тезтар чаррохи кардан лозим…

– Ман бояд хуччат пур кунам, – вай паси миз нишасту каламро ба даст гирифт. – Чи ном дорад? Чандсола? Адреси хона? Падару модар? Ки задаст? Дар кучо задаст? Чаро задаст?..

– Хохарчон, – бо зори гуфт Фуруг. – Хуччатхо намегурезанд, баъд пур мекунед. Холо бачаро начот додан лозим.

Бачазанак сар чунбонид ва нафасе сукут карду сони аз у пурсид:

– Чи ном дори?

У зуд номашро ба забон овард.

– Аз кучо мешави?

– Охир, ин ба бача чи дахл дорад?

– Дорад, ки мепурсам. Ман хамшира. Инро чаррох хал мекунад. Рафтем ба утокаш.

Хамшира карс-карс сакич хоида, онхоро назди дари чаррох бурд. Дарро тик-тик нохун зад.

– Ки?!

– Ман, Гулсанам…

– Даро.

Чаррох марди тоссари фарбехи кассобнамо зери чашм ба онхо нигарист.

– Хамшира, чи гап?

– Кудаке вазнин…

Чаррох уро песонда дод зад:

– Чанд бор гуям, ки сакич нахой?!

– Бахшиш…

– Чи мехохи? Тезтар гап зан.

– Бачаро чаррохи кардан лозим.

Чарроху хамшира ба хам нигаристанд. Нигохашон маънихои зиёд дошт. Онро танхо худашону Худо медонист.

– Чи шудааст ба у?

– Мошин задаст.

– Мошин задаст?! – бо шунидани ин хабар кариб изхори шодмони намуд чаррох, вале дархол ба худ омад, эхтиёт шуд.

– Хайр шуд, шуд, – гур-гур кард чаррох. – Рафта об биёр. Обе нест, ки чой монам. Аз ташнаги сухтам.

Назари чаррох ба Фуруг афтод.

– Ту ронанда?

– Ха… Ман… Ман ронанда… Ман уро…

– Охир, хони мемури-а?! Пул дорам гуфта, праваро мехариву газро зер мекуни. Ман бояд милиса чег занам…

Руи хотири писарак Фуруг ин тахкирро фуру бурд.

– Не, не, ман назадаам, – гуфт Фуруг. – Худо нигох дорад. Ман уро аз рох ёфта овардам…

– Ха-а, шуд, шуд! Яъне ту падари кудак мешави?

– Не, ман падараш не. Ман бегона, намедонам, ки у кист ва аз кучост. Гуфтам-ку, ман уро аз рох ёфта овардам.

– Ин муйсафед бобояш?

– Вай хам бегона аст.

– Ин бегона, вай бегона, – бо иллат гуфт чаррох. – Пас хакки хизмати моро ки медихад?

Чаррох нигохи сард ва берахмонае дошт.

– Чи хел хакки хизмат?

Чаррох чунон бо хайрат ва тааччуб ба у нигарист, ки гуё баногох аз сайёраи дигар фуруд омада бошад.

– И-иъ! Ачоиб-ку!

– Чи ачоиб? – суол кард Фуруг.

Чаррох лабханд кард.

– Чи ачоиб? – гашта пурсид чаррох ва афзуд: – Дору, асбобу анчом, кор ва боз хазору як майда чуйда… Хамаи ин пул меистад, домулло. Ё аз кисаи худам дихам?

Пирамард уро сари инсоф овардани шуда гуфт:

– Эй писарам, мову шумо аз як кундаем.

– Чи-и?! Ман кунда?!

– Не, не, ман гуфтани, ки мову шумо мумину мусалмонем, ба Худо ки савоб мегиред… Дар дунё аз ин кори савобтар нест. Бовар кунед.

Чаррох ба хашм омад:

– Хой, пираки! Тормоза зер кун!

– Чи? Ки?

– Ку як бор халво бигу!

– Чч-чи-чи?!

– Як бор халво бигу!

– Худоё, кар шудаам чи бало! Чи бигуям?

– Халво!

– Халво?

– Боз як бор такрор кун!

– Халво…

– Мазза карди? Дахонат ширин шуд? Не, ширин шуд?!

Пирамард музтар монд.

– Диди, бо халво гуфтан дахон ширин намешавад. Савоб! Савоб! Аз пиракихо танхо хамин гапро мешунави. Поят дар лаби гуру гурро хам намефахми. Ман дахто хуранда дорам. Дахто-о! Фахмиди? Ману хамсарам ва хашто фарзандам. Аз савоб шиками фарзандонам серу танашон пушида намешавад. Боз мактаб бидех мегуяд, богча бидех мегуяд, инаш те мегуяд, ваяш те мегуяд… Эх-х!.. Боз главврач хаст, горздрав хаст, минздрав хаст… Эх-х!.. Ту боши «Савоб! Савоб!» гуфта сафсата мехони.

Пирамард ба у чашм духт. Мехост сухане гуяд, аммо нафасашро сахт чизе гирифт. Чаррох дар дил завкид. «Ха-а, забонат ба комат фуру рафт?  Бовар карди? Э, содда, содда! Дар бисотам як писар дорам. Пас аз панч сол ба дунё омад. Чи азобхое накашидем. Пеши сад касу нокас сар хам кардем. Лекин шер омад, шер! Чор кило! Холо у эрка. Нозу нузаш бехисоб. Талаботаш калон, баробари дахто».

– О…о…

– О по нест. Ана хамин хел. То пул наоред, аз чоям намехезам.

– Хо.

Чаррох уро песонд.

– Чи хо?!

– Наметарсед?

– Чи-и? – У абрувонашро бархам кашида, чашмони хурд-хурди дар косахона чукур афтодаашро боз хам тангтар карда, оташи газабашро ба тарафи пирамард фиристод: – Аз ки? Аз ту? Ту, ту?!

– Илтимос, ту-ту накунед, – чидди гуфт у ва афзуд: – Не, аз ман не, аз давлат. Аз сиёсати давлат хабар доред ё не?

– Гам нахур, хуб хабар дорам, – истехзоомез гуфт чаррох. – Хамин сиёсат маро курбон кард.

– Магар намедони ки ташкилоте зидди порахури амал мекунад. Порахуронро ба махкама мекашад. Рузашонро сиёх мекунад.

Чаррох аз ин сухан мори ба хашм омадаги барин якбора сар боло кард:

– Хой, муйсафед!  Ту маро натарсон! Ман бисёр тарсидаги!

– Пас маълум, ки ту аз давлат наметарси?

– Заррае хам. Гап дори?

Пирамард лаб фуру баст.

– Чаро хомуши? Ба гапи рост чи хам мегуи?

Пирамард бо чашмони пур аз газаб ба вай нигариста, сипас гутохона пурсид:

– Гуш бикун, хайр, аз давлат наметарси, аз Худо чи?

– Не! Боз хам не!

– Ба Худо бовар надори?

– Не!

– Буздил ва хакир хасти?

– Не, часурам. Зеро дар ин чо Худо манам!

Аз беадаби ва ноинсофии чаррох оташи хашми пирамард аланга зад:

– Чи-чи? Чи гуфтед?!

– Нашуниди? Гуфтам, ки дар ин чо Худо ман хастам.

– Шумо-о-о?!

– Ха, ман, ман!

Рагхои чаккаи пирамард парида, дилаш аз кафаси сина берун частан мехост.

– Астагфируллох гуед, тавба кардам, гуед.

– Э бас-е! Гап ёд нате! То гулу серам!

Гаму гусса, дарду алам, хашму навмеди дар ниходи пирамард бо хам печиду якбора дар магзаш эхсоси магшуш ба чунбиш омад. Ва хамчун барги хушки дар оташ афтода даргирифт:

– Э садкаи вазифаи пуршарафи духтури шавед шумо! Шумо касами Гиппократро бо пул мефурушед?!

– Э хой! Чи ин кадар Гиппократ, Гиппократ мегуи? Гиппократ хам агар имруз мебуд, бе пул коратонро буд намекард! Ман гений гуфта, шояд дах баробар зиёдтар хак мегирифт. Фахмиди!

Чашмони у чашм набуд. Як пора шишаи сард буд. Ва холи буд. Гам надошт. Дард надошт. Нанг надошт. Ор надошт.

«Дили у сард аст, сад оташ зани хам гарм намегардад».

– Майлаш, ман пул медихам, – Фуруг даст ба чайбаш бурд. – Ана хамаги сад сомони дорам. Мешавад?

– Чи-и?! – чаррох абру чин кард, кавок гиронд, яъне нафраташ омад. – Сад сомони хам пул шуд?!

– Ё тавба!..

– Замона охир шуд… – гуфт пирамард ва даст ба чайбаш бурд. – Ана ман хам бист сомони дорам. Бигир!

– Маро усал кардед? Э хой, бо саду бист сомони пишак ба офтоб намебарояд… Охир, ман сар наметарошам. Чаррохи мекунам. Хама чояш мачакбод будагист. Буридан лозим, чо ба чо кардан лозим, духтан лозим.

Хамшира об овард.

– Оба мону давида сигарет биёр, ки сарам мекафад.

Чавоне беибо ба уток даромад. Се касро дида, саросема шуд, дасту по гум кард. Як-як ба хар се дида духт.

– Мемури пеш аз даромадан дарро так-так зани?!

Чавон гашта берун баромада дарро куфту сипас даромад.

– Кисти? Чи мехохи? Касеро мошин зад?

– Э не-е… Кадомтон аки Хошок мешавед? – бечуръат пурсид у.

– Хайр, ман Хошок. Чи буд? Ту худат ки?

– Ман?.. Ман медбрат…

– Хой, медбрат! Худат намерасиди! Ку харата хай кун!

– О… Ман гап дорум.

– Зан гапата! Тез!

– Ха… вай… Маро акаи Хаскаш рохи кард. Гуфт ки акаи Хошокро гирифта биё…

– Кадом Хаскаш?

– Хо-о, аз шуъбаи дил…

– Чи, дилаш зад?!

– Э не-е… Тура чег дора.

– Мана?

– Ха, туя.

– Шаб сахар намешуд?

– Чи-и-и?

– Сахар меравам.

– Э не-е, хозир гирифта биё, гуфт. Чои сафед тайёрай, гуфт. Бе аки Хошок аз гулу намегузарад, гуфт. Тез гирифта биё, гуфт

– Э руш сиёхе!

Чашмони ташнаи хирси Хошок барк заданд. Ду хирс – чои сафед ва пул ба набард омад. Набард дер давом накард. Ба зуди анчом ёфт. Ки голиб омад? Ки мешуд? Албатта пул голиб омад.

– Гуй ки холо кораш аз муи сар бисёр, андактар меояд.

Чавон харфе назада, мунтазири у истод.

– Ба дару девор гап задам?!

– Чи?

– Нашуниди, чи гуфтам?

– Чи гуфти?

– Сари каврат гуфтам! Рав!

– Бе ту намеравам. Маро чанг мекунад.

– Тф-у! – чаррох бо кахр аз чо бархост.

– Меравем?

Чаррох боз хам бештар ба газаб омад. Аз чашмонаш гуё оташ меборид. Ва у дод зада, гуфт:

– Хо-о-й, медбрат! Кани гум шав!

Ва суи у кадам гузошт.

Медбрат тарсид. Ларзид. Шах шуд. Сипас ба худ омаду думашро хода кард.

Дили Фуругу пирамардро гургон тала мекарданд. Онхо зайле ки болои сузан бошанд, вазнашонро аз як по ба пои дигар партофта, ба чехраи чаррох менигаристанд, ором надоштанд, дар хаячону изтироб буданд.

Дар паси тиреза торики ва вахшат хама чоро фаро гирифта буд. Чаррох бепарво, орому бегамона ба соати кисагии пушдору ялаккосиаш нигарист.

– Дах дакика кам дах! – нидо зад чаррох ва гуё ки ох кашид. – Вакт ин кадар тез метозад-е. Мегуи ки тайёра бошад.

– Бале, вакт рафта истодааст, – илтичо кард Фуруг.

– Вакти ки? – пурсид у ва лабханд карду чор дандони тиллоияш ялаккос зад.

– Охир бачаро начот додан лозим, – боз зора кард Фуруг.

– Ман бист сол барои он нахондам, ки ту занию ман начот дихам. Фахмиди?

– Гуфтам-ку, ман назадаам…

– Ха, албатта! – нешханд зад чаррох. – Ки коил мешавад? Хеч гап не, ба дасти милиса афтида се-чор шаттаи обдор ки хурди чон-чон гуфта коил мешави. Онхо дар ин кору усто, метавонанд.

– Ман уро аз рох ёфтам, – кариб ки гириста гуфт Фуруг ва ба пирамард ишора кард: – Ана, падарам шохид.

– Ха-а, падару писар якгапа шудем гуё?!

Овози чаррох оханги истехзо ва тахдид дошт.

Дили пирамард беихтиёр кашиш хурд. Панчахои хасрат гуё ба он чангол мезад ва риштахои эхсосро мебурид.

– Астагфируллох гуед, шаккоки накунед, тавба кардам, гуед. Ман ин касро бори аввал мебинам. Ин кас аз руи одоб маро падар гуфтанд.

– Ту ба ман гап ёд нате, муйсафед.

– Охир бача вазнин аст…

– Вазнин? Вазнин ки бошад хакки хизмат хам вазнин мешавад.

Дили Фуруг сип-сиёх буду хеч бовар намекард, ки дар ру ба руяш духтур истодааст. Нафратовар гашт афту башараи чаррох дар назараш. Вой бар холи писараки бечора. Чавр бар чони падару модари у. Холо шояд дар кучахо сарсону саргардон, фарзанд мекобанд.

Кучои, ай адолат!

Ки аз дасти ту дили чаррохи сияхкор пора-пора гардад.

Ох, Худоё!

Бигзор, бигзор, то набинему насузем.

Ба чои адолат гиреви Фуруг баланд мешавад:

– Охир шумо бигуед, ки мо чи кор кунем?!

– Чи кор мекарди? Бачаро гашта бар!

– Ба кучо?

– Ба хамон чое ки гирифти.

Дили Фуруг фишурда шуд. Ва гаме чун кух бораш гашт.

– Инсоф кунед…

– Инсоф мегуи?! – чаррох ба суи Фуруг гуррид. – Аз кадом инсоф гап мезани? Ман бист сол хондам. Сад сомони маош мегирам. Хамин аст инсофат?

– Охир, кудак гунахгор не-ку?

– Ки гунахгор?

Зояндаи зулмот – шаб – хокими мутлак буду ках-каха мезад. Дар фазои утоки чаррох инсоф месухт. Пора-пора, ришта-ришта месухт. Бе аланга месухт. Дарун-дарун месухт. Чун кахдуди сузон месухт. Дуди гализ мекард. Миёни анбухи дуди инсоф Фуругу пирамард хайрон монданд.

«Ачиб, чи коре буд, ки кардам? Чи г… буд, ки хурдам? Кошки намеистодам. Не, не! Аз руи конуни инсони рафтор кардам. Ё монда равам? Чи мешуда бошад? Не, не! Ин аз руи инсоф не».

Дасту пои Фуруг кам-кам меларзид.

– Ягон илоч кунед, убол аст… Худатон гуед, чи кор кунем? Кудак аз даст меравад.

– Рафта аз падару модараш пурс. Онхо кучо буданд? Чаро фарзандашонро сохиб нашуданд? Мезоянду ба куча сар медиханд. Панохашон ба Худо. Баъд ки гунахгор, духтур.

«Худоё, чи гунохе содир карда будам, ки ба чунин инсони сияхдилу беинсоф ру ба руям карди?»

– Кам дихаду гам не!

– Чи-и?! Таъна мезани, ё тарсам медихи?

Дар ин чо аз рахму шавкат осоре дида намешуд. Аз дару девор садои «Пул! Пул!» меомад. Ба хар кучо ки менигарист манзар аз пул дошт. Хар он садо, ки мешунид, садои пул буд. Фуруг ба чашмонаш бовар намекард. Ба хаёлаш, ки хоби дахшатноке медид. Кош хамаи ин хоб мебуд. На, у хоб намедид. Хоб набуд. Хакикат буд, хакикати талх. Вай аз забони садхо одамон дар бораи чаври духтурон шунида буд. Дар мачаллаву рузномахо даххо маколаи дахшатнок хонда буд. Вале бовар намекард. Хангомаву овоза мепиндошт. Холо бошад бо чашмони худ медид. Ва бехуда хам онхоро Шабзод ном намебурдаанд. Халк хуни дил мехуранду онхо хуни халкро мемаканд. Ва у аз чафои чаррох ба дод омад:

– Худат хурду нафсат калон!

– Э бас кун-э!

– Дониста бош: Нафси бад – балои чон!

– Хайр, гавго бас! – дод зад чаррох. – Ку кабинетро холи кунед! Тез!

– Не, то чаррохи накунед, ба хеч кучо намеравем.

– Э безор аз чонам кардед! Асо! Асо-о!! – чаррох аз кахр дод зад. – Кучо шуди? Ку ин чо биё!

Ба кабинет як марди пахлавончусаи тоссар даромад.

– Чи мегуи, раис?

– Инхора барор, ки асабхоямро хароб карданд.

Ба тани Фуруг чизе хазид.

– Чи гунох кардаанд? – чашмони у ба руи Фуруг лахзае мехкуб шуд.

– Гайри кори савоб ягон гунохе накардаем, – гуфт Фуруг.

– Хм…м. Ин… – Асо номуайян гур-гур кард.

– Бехуда намегуянд: ё хара пеши бор, ё бора пеши хар!

– Чи-и?! – Асо теги нигох суи пирамард кашид ва вачохаташро бадхайбат намуд, то ки дар ниходи мехмонон тарсу ларз ва харос эхё созад.

Тамоми вучуди Фуругро хиссиёти навмедона ва ноилочи фаро гирифт. Дилаш ях шуд. Тамом! Хамааш барбод рафт! Бача начот намеёбад. Дар вучудаш, хисси газаб ва дилхунуки нисбат ба чаррох пайдо шуд. Худ ба худ андешид, ки аз афташ бо сухани хуб бо у гуфтугу кардан бефоида аст.

– Инсони разил! Бешараф!

Нафасаш банд омад, лабонаш париданд. Пирамард хайратзада ба у нигарист. Вачохаташ дигаргун гашт.

– Писарам, ором, ором бош. Илтимос.

Фуруг худро ба даст гирифту фикри аз кучо пул ёфтан дар сараш чарх зад. Ва якбора симои як дусташ пеши назараш ба чилва омад. Зуд ру ба чаррох овард:

– Чанд сомони лозим?

– Чи-и? Сомони? Э, мо бо сомони кор намекунем.

– Бо чи кор мекунед? – хайрон ба руи чаррох нигариста пурсид Фуруг.

– Намедони? Не, ту намедони?

– Охир, аз кучо донам?

– Чаро худатро мусичаи бегунох мегири? Чаро худро ба нодони мезани?

– Нодони? – гашта пурсид Фуруг. – Агар медонистам, холо пеши шумо набудам.

– Чи, ту магар аз мох афтиди? Набошад бидон, бо доллар. Як ман не, хама духтурон бо доллар кор мекунанд. Умуман на танхо духтурон. Хама. Фахмиди?

Ранги сабзи доллар пеши чашмаш чилва кард. Ин чилва дилашро табдили ранг дод. Кунун дилаш ранги зард дошт.

– Хайр, чанд доллар лозим?

– Лозим нагуй, минат накун, – бо зарда гуфт чаррох. – Ман барои ту гадо нестам. Ман аз ту пул наметалбам. Ман хакки хизматамро мегирам. Фахмиди?

– Фахмидам. Гуй, чи кадар?

– Аслан, хакки хизмат сесад доллар мешавад, – гуфт чаррох. – Вале, майлаш, барои ту гузашт мекунам. Дусад доллар биёр мешавад.

Пирамард ба шур омад:

– Чи-и? Дусад доллар? О ин беинсофии руирост-ку! Мебахшед…

– Бахшиш-пахшиш нест!

– Дузд бошу бо инсоф бош гуфтаанд, – пирамард хост аз гиребони чаррох гирад. – Чаро дусад доллар? Чаро?

Фуруг чолокона пирамардро ба огуш гирифт, ба курси шинонд.

– Чаро?… Чаро?… – такрор мекард пирамард.

– Ором шавед, падар, хохиш мекунам, ором шавед! Чанчол накунед, падар. Пул ёфт мешавад, бача шифо ёбад шуд.

Дили пирамард боизтироб метапид, нафасаш дарун афтид.

Фуруг ба чаррох руй овард:

– Майлаш, ман рози. Ман ба хонаи як дустам меравам. Шумо чаррохиро сар кунед

Чаррох лабханд зад.

– Э, не-е! Ин чо бозор не. Мо насия кор намекунем. Биёред, мебинем.

– То омадани ман…

Аз ин тасаввур дилаш тах зад, баданаш ба ларза омад.

– Дунё чапа намешавад. Даматро ба дарун зану тезтар рав.

– Гуфтам-ку, аз дустам гирифта меорам.

– Надихад чи?

– Медихад. Вай дусти чони. Барои ман хеч гох «не» нагуфтааст.

– Хе, сода, сода! Холо медони дуст чи? Пул! Фахмиди?

Хост гуяд, ки хамаро ба худ чен накун. Вале нагуфт. Дигар гапро хайф донисту вактро ганимат.

 

*      *      *

 

– Ана дусад доллар!

Аз тез-тез рох гаштан Фуруг хаш-хашкунон нафас мекашид.

– Тиш-ш-ш! Охиста гап бизан! «Девор муш дораду муш – гуш!»

– Муш?..

Табассум дар лабони чаррох гул кард. Чашмонаш барк заданд. Оташи ин барк магз-магзи чони Фуругро сузонд.

– Ха, ин чо чи бисёр, мушу мушбача. Чашми хамаи онхо ба дасти ман чор.

Чаррох харисона пулро аз дасти у гирифта ба киса андохт.

– Ана ин гапи дигар. Мешудааст-ку! То сахт наои, аклатон намедарояд-а?

Фуруг то сухани ночое нагуяд, охи чукуре кашид.

– Шуд! Корро сар кардан мумкин, – гуён бешитоб аз уток баромад.

Ба тани Фуруг чон, ба дилаш мадор омад. «Худочон!» – гуён чанд ояти медонистагиашро хонд. Ва аз Худо шифои писаракро талабид. Вале чаррох чунон охиставу бепарво рох мерафт, ки гуё ба зиёфате равон аст. Гусса дили Фуругро фишор доду ба у ру овард:.

– Акочон, тезтар, илтимос…

Чаррох ба суи у нигохи ачибе партофт, гуё ба Фуруг каме нафрат дошт. Баъд кариб бо газаб дуг зад:

– Ту кори худатро дон! Ба ман акл нашав!

Сипас бо хамон оханг изофа намуд:

– Ман худам медонам чи кор мекунам.

Назди дари чарроххона чаррох ба суи онхо дуг зад:

– Харатона хай кунед!

Фуругу пирамард паси дар монданд.

– Худоё! – нолид пирамард. – Пулат набошад, мурдаатро зогон мехуранд!

– Бале, рост мегуед, падар.

– Ох, Худоё!..

Фуруг бекарор буду дар худ меларзид. Дилаш сип-сиёх. Пеши чашмонаш танхо писаракро медид, ки «Оча! Очачон!» мегуфт. У хам дар дил: «Худо! Худочон!» мегуфт.

Пирамард хам чои нишаст намеёфт. Ба Худо ру оварда, беист дуо мехонд.

 

*      *      *

 

Чаррох бо халоват ба хамшира амр кард:

– Ба чаррохи тайёр шав!

– Чаррохи лозим не, – охиста гуфт хамшира.

– Чи хел лозим не?! – ба суи у дуг зад чаррох. – Ки гуфт ки лозим не? Ки? Гап зан?

– Охир, дер шуд, – бо андух гуфт хамшира. – Дигар ба у хеч кас ёри дода наметавонад.

– Чи хел дер шуд? – бо хамон оханг гуфт чаррох. – Ба чи дер шуд?

– Бача мурд, – гунахкорона пичиррос зад хамшира.

– Мурд? – бепарвову бегамона пурсид чаррох. – Нахо-о-од? Хм…м. Хайр хеч гап не. Мурда бошад ба мо чи. Мо чаррохи кардан мегирем.

Ва у дар дил хандид: «Э гаранги Худо. Пулаш додаги, дар кисаам».

Дилаш фарах, вучудаш лаззате дошт.

«Чок мекунему медузем. Барои ман аз ин кор дида кори осоне нест. Мисли ду карат ду ду-чор. Бори аввал не-ку? Баъд худро андухзада мегирему мегуем, ки аз дастамон хар чи ки омад кардем. Такдираш хамин будааст. Чояш чаннату гураш пурнур бошад. Охир, мо Худо не-ку! Аз мо не, аз Худо домангир мешаванд. Тамом вассалом! То ба имруз ягон кас эътироз кард? Не! Чанг кард? Не! Гапи сахт гуфт? Не! Ба чое арзу дод бурд? Не!»

Чаррох дасти писаракро ба даст гирифт. Он ях барин хунук буд. Ба руяш нигарист.. Нигаристу нигарон монд. Шинос барин. Ки бошад? Дурустар зехн монд. Ва гуё барк зад, ки таконе хурд. Чаррох бачаро шинохт. Вай ягона писараш буд.

– Не-е! – дод зад чаррох. – Не! Не!

Вале ин хакикат буд, хакикати талх.

Дили чаррох сонияе аз кор монд, банди пойхояш суст ва бехол шуданд. Сараш чарх зад, нафасаш танг омад. Аз харакат монд, дар чояш шах шуд. Баъд ба худ омаду фигонаш ба фалак печид. Фигон мекашид, мую руй меканд. Сар ба дару девор мезад.

Аммо…

Вале…

Лекин…

Афсус, сад афсус!..

15 ноябри соли 2009

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …